11:59:47 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ёди модар

Гавҳар Муродова, муовини директори "Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов"-и шаҳри Душанбе

Аё модар! Имшаб асири ёди ту будам. Миёни ангораҳои хаёл, даме ки мардуми даҳр хуфта буд, миёни андешаҳои чигил, аз дунёи нофармон ба танг омадам.

gavhar-00012001Миёни рӯзгори пурпечутоб, он даме ки ахтарони сипеҳр зери абри бадгуҳар мондаву нолаи мурғи шаб ба дилҳо ваҳм меандохт, чеҳраи нурониат пеши назарам ҷилвагар бишуд. Ҳар саҳар аз хоби ноз хезондаву бо дуои нек ба дабистон гуселам мекардӣ. Гузашта аз ин сарамро рӯи зонувонат гирифтаву қиссаҳои ширин мегуфтӣ.

Оҳ модар! Ягона ғамгусорам!

Ту чӣ олиҳаи тобнокӣ! Аз бари домани ту бузургон ба дунё омаданд ва ба авҷи аъло расидаанд. Ҳастии пайғамбарон аз вуҷуди туст. Мардони паҳлавон, донишмандони олишон ва сиёсатмадорони соҳибтадбирро ту ба воя расондаӣ, ту нерӯи Яздонӣ додаӣ!

Агар падар  қиблагоҳам буд, ту паноҳгоҳам,такягоҳам будӣ. Имрӯз баъди 23 соли рафтанат боз ба рӯҳи ту роз мегӯям, дардҳои дари дил мекушоям. Ягона ҳамрозам ту будиву ту ҳастӣ. Ҳатто дар лаҳзаҳои охирини умрат, даст ба дуо бардошта: ту духтар будӣ, вале хизмати писарро баҳрам адо кардӣ, ва ин тавр арзи сипос намудӣ, модаро!. Баъди сари ман рафту омадро аз наздиконам барнакан, илм омӯзу бузургонро эҳтиром намо, сари ятимонро сила кун, то яздони пок баҳрат баракати умр ато намояд. Модаро! Ягона шахсӣ, ки меҳрубониҳои зиёдро нисори фарзанд сохта, ҳамеша дар орзӯи бахти неку зиндагии хуши ӯ будӣ. Барои он ки фарзанд хоксору нексиришт ба воя бирасад, чӣ азобҳое кашидӣ.

Фозилони дунё мудом бузургиатро васф намудаанду менамоянд. Ва ин гуфтаи ононро бори дигар исбот намудӣ. Аз бузургии аҷдодат шаҷараат гувоҳ аст. Хоҳарону додарони зиёд дорӣ. Вале аз баҳри он, ки ман заҳри мусофириро начашам, худро то абад мусофири ватани ман сохтӣ. Ҳар вақте, ки ба хонаи бародарам Файзуллоҷон ба меҳмонӣ равам, ҳама лаҳзаҳои беҳтарини умрамро,ки ҳамроҳат гузаронидам, мисли китобе варақгардон менамоям.

Ниҳоле, ки бародарам ба номат ва ёдат шинондааст, то ба хонаам баргаштан об медиҳам, навозишкунон бо ӯ сӯҳбат меороям, гӯё ки бо ту сӯҳбат дошта бошам. Ҳамсояҳои вафодорат маро модарвор навозиш мекунанд, то ки холӣ будани ҷоятро ҳис накунам. Албатта, ман низ онҳоро дӯст медорам, сипосгузорам. Вале дареғу сад дареғ, ки ҷои навозишҳои туро ягон навозиши дигар гирифта наметавонад.

Аз Худои яккаву ягона умеди онро дорам, ки хонаи охирати шумову падари бузургворам, ки дар панҷсолагиам чашм аз дунё пӯшиданд, обод ва ҷоятон ҷаннат шавад.

Дӯсти ҷонию зиндагибахшам, модар, модаро!

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №12, 26 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi