01:13:32 21-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

«Ҳар шаб, ки барои ҷалби муштарӣ берун меравам, пойҳоям меларзад»

Тайи ҳафтаҳои ахир бо дастури Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони пулис амалиёти мухталифе алайҳи заноне, ки руспӣ ё фоҳиша хонда мешаванд, анҷом додаанд.

sex worker 2322Аз ҷумла, дар як маврид пулис аз кашфу боздошти муваққат ва сабти беш аз 500 зан ба иттиҳоми руспигарӣ дар Тоҷикистон гузориш дод. Руспигарӣ ё фаҳшо дар ҷомеъаи суннатии Тоҷикистон башиддат мавриди накӯҳиш ва нафрати мардум аст ва руспиён пайваста бо хатароти ҷиддие мувоҷеҳанд.

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи таҳлилгарон, фақри густарда ва фасод дар сутӯҳи мухталифи давлатӣ, набуди машоғил ва муҳоҷирати садҳо ҳазор нафар аз мардон ба Русия боъис шуда, ки иддаи зиёде аз занони танҳо ва нодор аз рӯи ночорӣ ба саффи "руспиёни ҳирфаӣ" бипайванданд.

Ҳамкорамон Искандари Фирӯз бо анҷоми мусоҳиба бо зане, ки ба ироаи хадамоти ҷинсӣ машғул аст, талош карда достони ин қишр аз ҷомеъаи имрӯзини Тоҷикистонро аз забони худи онҳо бишнавад. Номи мустаъори ӯ Диля аст ва суханонаш ҳам то ҳадде таҳрир шудаанд:

Мешавад чанд калима дар бораи худатон гӯед?

Ман зодаи ноҳияи Муъминобод ва 38-сола ҳастам. Ва 6-7 сол шуд, ки дар Душанбе зиндагӣ мекунам.

Ба олами руспигарӣ чӣ гуна роҳ ёфтед?

Дар замоне, ки дар мактаб таҳсил мекардам, шароити зиндагиям бад буд. Падару модарам ҳанӯз барвақт аз ҳамдигар ҷудо шуда буданд. Зиндагии сахте доштем. Аз замони донишҷӯӣ ба ин кор машғул шудам.

Он замон дар Душанбе таҳсил мекардед?

Бале, дар коллеҷи тиббӣ. Он замон аз сахтиҳои зиндагӣ маҷбур шудам, ки ба ин кор даст занам. Чун барои хӯрок ва сару либос пулам намерасид. Ба ин кор аз бесоҳибӣ даст мезананд. Вақте падар набошад, аз дасти модари танҳо чӣ меояд? Ҳоло падарам бо як духтари ҷавон издивоҷ карда ва соҳиби панҷ фарзанди дигар аст. Вале ӯ моро ҳамчун фарзанд эътироф намекунад.

Дар ин ҳолат чӣ кор кунам? Мактабро нотамом хатм кардам. Чун пул надоштам. Ҳама мардҳо маро фиреб медоданд ва оҳиста-оҳиста ба ин роҳ рафтам. Каме маблағ ба даст оварда ва ба бародару хоҳаронам кумак кардам. Ҳамаи онҳо акнун аз пайи зиндагии худ ҳастанд ва дар ин рӯзҳои душвор дар фикри ман нестанд.

Ба ин шуғл рӯй овардани ман ба далели мушкилоти иқтисодӣ, камсаводӣ ва падари номеҳрубонам рух дод.

Хонаводаи Шумо аз чанд нафар иборат аст?

Мо панҷ нафар хоҳарону бародаронем. Ман духтари калонӣ ҳастам. Ва то ҳол зиндагии хубро надидаам. Тӯли ин солҳо мардони зиёде буданд, ки издивоҷ бо маро ваъда мекарданд, вале баъд аз истифодаи (ҷинсӣ) онҳоро дигар пайдо карда натавонистам.

Дигар ба мардхо ҳам бовар намекунам. Ҳангоми мулоқот танҳо аз онҳо мепурсам, ки оё пул дорӣ ё на? Чун аз зиндагӣ дилшикаста шудаам.

Дар Душанбе дар куҷо зиндагӣ мекунед?

Дар Душанбе хонаи майдаеро ба иҷора гирифта, ҳар моҳ 120 дулор пардохт мекунам. Ҳоло зиндагӣ душвор аст. Ҳар рӯз моро боздошт мекунанд. Ба ин далел мехостам бо ҳамкасбони худ якҷо утоқеро иҷора бигирам. Вале фарзандонам бузург шудаанд ва аз онҳо шармам меояд, ки аз шуғли ман огоҳ шаванд.

То ҳоло ба онҳо мегӯям, ки дар тарабхонае зарфшӯ ҳастам ва баъд аз ба даст овардани маблағе назди фарзандонам бармегардам.

Шумо шавҳар доред?

Шавҳар надорам. Вале дӯсти доимие дорам, ки дар назди ҳама ӯро ҳамчун шавҳари худ муъаррифӣ мекунам. Вале вай ба ман кумак намекунад. Баръакс мо то 50 дарсади маблағи коркардаи худро барои ӯ сарф мекунем. Бештаре фоҳишаҳо ҳамин тавр зиндагӣ мекунанд. Зеро дар назди ҳамсояҳо ва пайвандон мо ӯро ҳамчун шавҳари худ муъаррифӣ мекунем.

Ин вазъи мо ба он далел аст, ки дар вақташ таҳсил накардем. Ба ин хотир волидайни фарзандонро хоҳиш мекунам, ки зиндагии осоишта дошта бошанд. То ки духтаронашон ба ин роҳ нараванд. Ва худи фарзандон бояд доимо аз пайи таҳсил шаванд, то зиндагии сазоворе дошта бошанд.

Оё касе аз пайвандонатон аз шуғли Шумо огоҳ ҳастанд?

Як замон ба амакам муроҷиъа кардам, ки вазъам бад аст ва кумакам кунад, то ба ин роҳ наравам. Вале вай маро сарзаниш кард, ки агар бо падарат мебудӣ, ба ин ҳол гирифтор намешудӣ. Ҳарчанд сарватманд буд, вале кумакам накард.

Ман хоҳиш доштам, ки кӯдакам бемор аст ва кумакам кунад. Ҳатто нонпулӣ ҳам надод. Замоне модарам аз шуғли ман огоҳ буд. Вале ҳоло барояш мегӯям, ки аз ин роҳ берун рафтаам ва ҳоло зарфшӯ ҳастам.

Пас Шумо фарзанд доред?

Бале. Як духтару як писар дорам. Шавҳар ҳам доштам. Он замон донишҷӯ будам ва барои хатми коллеҷ ба бист сомонӣ ниёз доштам. Вале падарам ин маблағро надод. Он замон водор шудам, ки бо ин мард издивоҷ кунам. Фарзанди бузургам дар синфи ҳафтум таҳсил мекунаду дувумиш хурдтар аст.

Онҳо аз шуғли Шумо огоҳ ҳастанд?

Не, намедонанд. Бо онҳо чунон суҳбат мекунам, ки аз шуғли ман огоҳ нашаванд, зеро эҳсоси нанг мекунам.

Пас бо муштариҳо дар куҷо дидор мекунед?

Дар канори роҳ вомехурем. Баъд аз он ки пулашонро гирифтам, мегӯям, ки ҳар куҷое хостӣ, бар. Маъмулан ба ҳаммом ва ё хонаҳои иҷора мебаранд. Ҳамашон шахсони коргар ва соҳиби мошину маъоши хуб ҳастанд.

Дар як рӯз бо чанд муштарӣ дидор доред?

Маъмулан бо ду ва ё се нафар. Вале ҳолатҳое мешавад, ки дар сари роҳ то дерии шаб меистам. Ин кор хатар ҳам дорад. Баъзе аз соҳибони мошинҳо аз дохил сӯйи ман тухм, помидор (гавҷафарангӣ) ва ранг мепошанд.

Миёни муштариҳои Шумо мансабдорони давлатӣ ҳам ҳастанд?

Гоҳо маврид мешавад, ки ин гуна одамон ҳам вомехуранд. Мо онҳоро аз мошинҳояшон ва либоси зебояшон мешиносем. Боре ба хонаи як мансабдор рафтем, ки хеле пурҳашаммат буд. Ман ҳамроҳи дугонаи худ будам. Ӯ моро зад ва чанд кӯзаи хонаашро ҳам шикаст. Баъд ҳуҷҷати сурхеро бароварда нишон дод, ки дар як муассисаи давлатии бонуфуз кор мекунад.

Ин хел ҳодисаҳо зиёд рух медиҳад. Чанд маротиба шуда буд, ки ман баъд аз ин гуна ҳодисаҳо ба қасди худкушӣ доруҳои зиёдеро хӯрдам.

Дар кори худ ягон раҳбар, ҳидоятгар ё пуштибоне ҳам доред?

Не. Мо ҳар кадом мустақил ҳастем. Вале дар миёни мо рашку ҳасудӣ зиёд аст. Буданд ҳолатҳое, ки дар маҳалли кори мо агар духтари ҷавоне пайдо шавад, ӯро дастаҷамъона латукӯб мекунем. Зеро вай бо ҷавониву зебоии худ ба кори мо халал мерасонад.

Рӯзҳои ахир пулиси Тоҷикистон алайҳи руспиён иқдомоте рӯйи даст гирифтааст? Оё Шумо ба маъмурони пулис коруфтода шудаед ва масалан дар сурати зарурат ришва медиҳед?

Дар ин ҳама солҳо, ки сари роҳ меистам, боре ҳам ба милисаҳо (пулис) пора (ришват) надодаам. Ҳатто дар миёни онҳо ягон шиносе ҳам надорам. Фақат замоне ки навкор будам, як бор маро ба боздоштгоҳ бурда буданд.

Оё орзу доред, ки шавҳари хубе ёбеду ва хонавода барпо кунед?

Кошкӣ. Чун ҳар шаб, ки барои ҷалби муштарӣ сари роҳ мебароям, дасту пойҳои маро ларза фаро мегирад. Ҳар рӯз ҳатто фикр мекунам, ки кош пирамарде ҳам бошад, ки бо ман издивоҷ кунад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi