12:01:36 01-уми Июни 2025 сол

Ҷашни Наврӯзӣ муборак бошад!

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон санаи 18 марти соли 2015, соати 16-00 Дар Маркази таълимии «Чароғиҳидоят» ҷашни Навруз-ро бо тантана қайд намуд.

navruzi-kumitai-zanon_2015.jpg

Раиси Кумита Хидирзода М.У. бо сухани ифтитоҳиву табрикотӣ дар ҷашни миллии Наврӯзи оламафрӯз иштирок намуда, дар бораи пайдоиш ва арзишҳоии миллии Наврӯзи аҷам ибрози ақида намуд.

Дар чорабинӣ мазкур ҳунарҳои дастии духтарони маркази таълимии «Чароғиҳидоят» аз қабили нонпазӣ, дузандагӣ, бофандагӣ, кашидадӯзӣ, шерозбофӣ, намудҳои гуногуни пухту паз ва дигар ҳунарҳои мардумӣ омода карда шуда, ба намоиш гузошта шуданд.

Ҳамзамон, духтарон назди ҳозирин бо барномаи фарҳангии муайян (рақс, суруду тарона, саҳначаҳои ҳаҷвӣ, қироати шеърҳои наврӯзӣ) баромадҳои хотирмон намуданд.

Ҳунармандони мартумии Тоҷикистон Лола Азизова, Муҳаррама Шарипова бо шеърҳои баландмазмун баромад намуда, таъби ҳозиринро боз ҳам шодтар намуданд.

Бояд тазаккур намоям, гарчанде ҷашни Наврӯзи аҷам дар сатҳи баланд ва хотирмон аз ҷониби Муассисаи таълимии маркази «Чароғи ҳидоят»-и Кумитаи баргузор гардида бошад ҳам, аммо дар чорабинӣ мазкур шабакаҳои телевизионӣ, ки аз тарафи бахши иттилотии Кумита даъват шуда буданд, ширкат напазируфтанд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854