14:31:49 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҷоизаи зани шуҷоъ имсол ба Табассум Аднон дода шуд

Табассум Аднон - зани паштунтабори Покистон аз минтақаи дурафтода ва қабиланишини Вазиристони Шимолӣ барандаи ҷоизаи “Зани шуҷоъ” шуд.

zani-shujoa-5445122.jpgҶоизаеро, ки имсол ба Табассум Аднон, зани покистонӣ тақдим карданд, Амрико ҳар сол барои корномаҳое ба занон месупорад, ки онҳо барои адолати иҷтимоӣ ва ҳимоят аз ҳуқуқи инсон, ба вижа аз ҳуқуқи занон нишон додаанд.

Хонум Аднон дар минтақаи Свот зиндагӣ мекунад ва ин минтақаро соли 2009 Толибон зери тасаллути худ дароварданд. Баъд аз се соли он 9 октябри соли 2012 ба сари Малола Юсуфзайи 15 сола дар ҳамин водии ошӯбзада тир холӣ карданд.

Ҳоло Табасум Аднон дар ин водӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи занон бархостааст ва ба дарёфти ҷоизаи “Зани шуҷоъ” ноил омадааст. Дуруст як соли пеш дар ҳамин шабонарӯзҳо аз Тоҷикистон низ ҳуқуқдон Ойниҳол Бобоназарова - раҳбари созмони “Перспектива плюс” ин ҷоизаро дарёфт карда буд.

Дар мусоҳибае бо Довудхон Хаттак-таҳлигари умури Покистон дар ибтидо аз вай пурсидем, барои кадом корнамоӣ ё шуҷоат Табассум Аднон барандаи ин ҷоизаи пурифтихор шудааст?

Довудхон Хаттак: Бале, ин зан аз минтақаи Свот воқеъ дар шимоли Покистон аст ва Свотро дар соли 2009 Толибони Покистон ишғол карда буданд. Дар ин минтақа аслан паштунҳо ба сар мебаранд ва Табассум садои худро барои ҳимоят аз ҳуқуқи занони ин минтақа баланд кард. Дар ин ҷо мардон нақши тасмимгиранда доранд ва онҳо дар ҳамоишҳое, ки ба забони паштунӣҶирга мегӯянд, ҷамъ мешаванд ва масъалаҳороҳал мекунанд. Дар ин гуна ҷиргаҳо занон намоянда надоранд ва ширкат ҳам намекунанд. Барои ҳамин Табассум Аднон нахустин шахсест, ки аз миёни занон бархост ва ин масъаларо матраҳ кард, ки чаро занон ҳам Ҷирга надошта бошанд. Барои ҳамин вай бори аввал Ҷиргаи занонро дар минтақаи Свот ташкил кард ва дар он ҳоло масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи занону духтаронро баррасӣ мекунанд. Ман фикр мекунам, ки барои ҳамин корномааш вай барандаи “Ҷоизаи зани шуҷоъ” шуд.

-Чаро то ҳол занон дар ҷиргаҳо намояндагӣ намекунанд ва ё ҷиргаҳои худро надоштанд?

-Дар ҳеҷ минтақаи Покистон занон ҷиргаи худро надоранд. Биёед, ман чанд сухан дар бораи ҷирга ҳам бигӯям. Ҷирга як ниҳоди хос маҳаллист ва дар он мардон ба хусус калонсолон ҷамъ мешаванд ва роҷеъ ба масъалаҳои маҳаллӣ машварат мекунанд. Дар он занон роҳ намеёбанд. Ҷиргаи мардон чунин одат дорад, ки ҳатто гаҳ-гоҳе дар бораи доду гирифти занон баҳс мекунанд, онҳоро хариду фурӯш мекунанд. Табассум Аднон мегӯяд, ки бо ташкили Ҷиргаи Занон ба онҳо муяссар шудааст, ки аз чунин корҳо то андозае пешгирӣ кунанд. Онҳо тавассути ин ҷиргаи худ мехоҳанд ба чунин одатҳову суннатҳо хотима гузоранд.

-Ба ҳар ҳол дар ҷомеае, ки мардон нақши тасмимгирандаро доранд, занон чӣ тавоноӣ доранд?

-Бале, он гуна, ки шумо медонед, дар ин минтақаи дурафтодаи Покистони Шимолӣҳамеша занон аз тарафи мардон мавриди хушунат қарор мегиранд, таҳқир мешаванд. Масалан, занҳоро бидуни хости худашон ба шавҳар медиҳанд. Гоҳо занони 20 сола ё духтарони 16 соларо ба мардони 70 сола ба занӣ медиҳанд. Хонаводаҳояшон онҳоро ба ин арусиҳо маҷбур мекунанд. Занон роҳи дигари халосӣ ё додхоҳӣ надоранд. Мо имрӯз бо Табассум Аднон мусоҳибае анҷом додем. Вай мегӯяд, ки акнун ҷиргаи вай, яъне Ҷиргаи Занон ҳамаи ин масъалаҳоро баррасӣ ва дар ҷомеа матраҳҳоҳад кард. Онҳо мушовири ҳуқуқӣ низ доранд. Ин мушовир тасмимҳои онҳоро то ба додгоҳи Покистон мебарад ва додгоҳ онро баррасӣ хоҳад кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi