07:55:44 23-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 24 25 26 27
28 29 30 31      

Х. Юсуфӣ: Кору ибтикори Пешвои миллат бонувонро ба фардои равшан дилгарм кард

«Нақши Пешвои миллат дар рушди рисолати бузурги бонувони кишвар, фарзандони истиқлол ҳақиқати бебаҳсест, ки чун оинаи таҷассумгари ин даврони дурахшон аст. Барои исботи ин гуфтаҳо зарур аст, ки танҳо ба воқеияти рӯзгори занони мамлакат дар солҳои 90-ум назар афканем ва онро дар қиёс бо мавқеи кунунии бонувони кишвар дар мизони андеша қазоват кунем».

kh-yousufi_54874545.jpg

Ин нуктаро имрӯз, 25 январ зимни конфронси ҷумҳуриявии “Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мавқеи занону модарон дар даврони Истиқлолият» муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Юсуфӣ Хайриниссо ироа намуд.

Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, конфронси ҷумҳуриявӣ дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” имрӯз ба кори худ оғоз кард. Хайриниссо Юсуфӣ таъкид дошт, ки кору ибтикори Пешвои миллат буд, ки бонувон ба фардои равшан дилгарм шуданд. «Маҳз фармони таърихии Сарвари мамлакат аз моҳи декабри соли 1999 «Оид ба баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа» ва дигар амру қарорҳое, ки дар иртибот ба тақвияти нақши бонувон ба тасвиб расидаанд, самту сатҳи зиндагии бонувонро ба куллӣ тағйир дод ва ба онҳо қудрати эҷоду парвоз бахшид»,-илова намуд муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ.

Ҳадафи асосии таваҷҷуҳи роҳбарияти сиёсии кишвар ба таҳкими мавқеи иҷтимоии занон фаъолгардонии қишрест, ки вазифааш тарбияи наслҳост. Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти занони тоҷик низ таъсири амиқи худро гузошт. Ҳамчун фарзандони ин сарзамин, ҳамчун ободгарони ин марзу буми аҷдодӣ ба раванди созандагӣ фаъолона ворид гаштанд.

Лозим ба ёдоварист, ки яке аз иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат ин эълон шудани соли 2015 Соли оила буд, ки тадбирҳои дар доираи ин сол андешидашуда барои баланд бардоштани мавқеъ ва нақши оила дар ҷомеа ва пойдории ин ниҳоди муҳим мусоидати комил хоҳад намуд.

Дар кори конфронс масъалаҳои «Сарвари давлат пуштибони занон», «Бонувони Тоҷикистон»-минбари озоди занони тоҷик», «Конститутсия кафили баробарҳуқуқии занону мардон» маърӯзаҳо шунида хоҳанд шуд.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi