07:54:28 24-уми Июни 2025 сол

ГУЛРУХСОР ВА ТАРҲИ "РОҒУН"

Рӯзи панҷшанбеи 17 декабр хонум Гулрухсор Сафӣ, шоъири маҳбуб, ҷашни таваллуд дошт. Дар соли 2009 се китоби вай бо номҳои "Сакарот", "Ҷовидона" ва "Чанги гӯё" мунташир шудааст.

 

Хонум Гулрухсор дар мусоҳибае бо мо аз орзӯҳояш чунин гуфт: “Орзӯи ман ин аст, ки ватани ман, миллати ман, фарзандҳои мо ва набераҳои мо битавонанд бо сари баланд дар ватани худашон ба сар бибаранд ва бигузор фарзандони тоҷик аз ғарибиҳо ба хонаҳояшон бозгарданд. Орзӯ дорам, ки фарҳанги муштараки мардумони ориёӣ дар хидмати форсизабонон бошад." Вай афзуд, ки мутаассифона он фарҳангу тамаддуни бузург тамоми мардуми ҷаҳонро бофарҳанг намуда, вале "худи мо имруз то андозае аз он дар канор мондаем.”

 

Шоъир Гулрухсор гуфт: “Соли 2009 дар маҷмӯъ барои ман соли хубе буд, ки тавонистам китобҳои ҷадидамро монанди “Сокарот”, “Ҷовидона” ва “Чанги гӯё” ба чоп супорам. Ин китобҳо аз ҷониби хонандаҳо низ хеле хуш пазируфта шуданд ва ҳар рӯз наздам донишҷӯён ва шоъирону рӯзноманигорон барои дастрас намудани ин китобҳо меоянд, ки аз ин чиз хеле хушбахт ҳастам.”

 

Ба суоли ман ки оё хонум Гулрухсор намехоҳад саҳмияҳои нерӯгоҳи обии "Роғун"-ро харидорӣ кунад, вай гуфт: “Намедонам ин хабар аз куҷо сачашма гирифта, ки гӯё ман як милюн сомонӣ барои сохтмони нерӯгоҳи обии "Роғун" медиҳам. Аввалаш, ман аз соли 1992 ба ин сӯ дар ҷое кор намекунам ва чунин маблағ ҳам надорам. Баъдан агар ман ин маблағро медоштам, ба қавму наздикон ва ба занҳои бешавҳар ва бесаробон медодам."

 

Аммо дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" хонуми Гулрухсор гуфт, ки ин тарҳ ҳамон гуна ки ӯ мехоста, ба иҷро даромадааст.

 

Вай афзуд: "Роғунро акнун бо пули худи мардуми тоҷик месозанд, ва дигар таҷовуз ба мазорҳо намешавад, он 56 ҳазор ҳектор замин зери обанбор нахоҳад монд, набототу ҳайвонот зери об намемонад. Ва ин ватан ва ин миллат баъди сари мо низ зиндагӣ мекунад ва ифтихор аз он мекунад, ки онҳое ки дар сохтмони ҳамин нерӯгоҳ буданд, ба ҳеҷ гуна харобкорӣ роҳ надоданд ва барои истиқлоли энержии давлати худ коре анҷом доданд.”

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/zan-va-jomea/1366-gulrukhsor-va-tarhi-qrogunq.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ