ИНТИХОБИ “МАЛИКАИ ОРИЁӢ” ДАР ТОҶИКИСТОН
Бо вуҷуди нуқта назарҳои зидду нақиз дар мавриди баргузории озмуни “Маликаи хубон” дар миёни ҷомеъаи маданӣ дар Тоҷикистон ин озмун зеботарин "бонуи Ориёиро" интихоб кард. Доварони озмуни “Маликаи хубони Ориёӣ”, ки шоми шанбе, 26-уми декабр дар шаҳри Душанбе доир шуд бо аксарияти оро Тутиниссо Аллаеваро ба унвони маликаи хубони ин озмун интихоб карданд. Ҳарчанд ширкаткунандагон ва тамошочиёни озмун дар мавриди арзёбии доварон нуқоти назарҳои мутафовит доштанд.Ба ақидаи бархе аз соҳибназарон ва намояндагони мазҳабӣ, дар ҳоле ки беш аз 90 дар сади ҷамъият дар Тоҷикистонро мусалмонон ташкил медиҳанд баргузории чунин озмунҳо ба фарҳанг ва сунани миллии ин кишвар таъсири манфӣ хоҳад гузошт.
Вале иддае дигаре бар ин назаранд, ки барои бедории худшиносии занон ва духтарон дар Тоҷикистон ҷоиз аст, ки озмунҳо ва ҷашнвораҳое, ки дар он ҳусну латофат ва дониши духтарон арзёбӣ мешавад, дар ин кишвар баргузор шаванд. Ҷоизаи аслии ин озмун сафар ба Порис буд, ки доварон онро ба Тутиниссо Аллаева, ширкаткунандаи ин озмун аз шаҳри Душанбе доданд.
Бедории сиёсӢ ва иҷтимоъии бонувон
Парвина Мақсудова, раиси созмони “Пяр”, яке аз мубтакирони баргузории озмуни “Маликаи хубон” мегӯяд, ки ин дувумин озмуни маликаи хубон дар Тоҷикистон будааст. Хонум Мақсудова афзуд: “Ҳадаф аз баргузории ин озмун муъарифии зебосанаме аз Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ аст. Ҳамчунин мо мехостем дар ин озмун духтаронро гирдиҳам орем ва равобити ҷавонон миёни ҷавонони устонҳои мухталифро тақвият бахшем.”
Парвинабону мегӯяд, ки қарор буд дар озмун 20 духтар ширкат кунад, аммо яке аз ширкаткунандагон, ки бояд дар ин рӯзҳо издивоҷ мекард аз ширкат дар озмун даст кашидааст.
Мавҷуда Шерматова, модари Малика яке аз ширкаткунандагони озмун аст. Хонум Шерматова мегӯяд, ки аз он ки духтараш дар озмун ширкат дорад шод аст.
Вай афзуд: “Медонед дар шароите, ки мо ба сар мебарем, занон ва духтарон дар кишварамон дар зиндагии сиёсӣ ва иҷтимоъӣ ба нудрат ширкат мекунанд ва яке аз сабабҳои ин амр нобоварӣ ба худшиносӣ ва ҳиҷолати духтарон дар ҷомеъа аст. Фикр мекунам, чунин озмунҳо барои духтарон имкон медиҳад, ки ба қудрат ва маҳорати худ бовар кунанд.” Хонум Шерматова мегӯяд, ки се духтар дорад ва орзу дорад, ки дар озмунҳои оянда ду духтари дигараш низ ширкат кунанд.
Интихоби “ғайримунсифона”
Бо вуҷуди он ки Носир Сайидов, раиси доварони озмун қабл аз эъломи исми зеботарин хонуми Тоҷикистон аз саҳна ба ҳозирин итминон дод, ки ҳайати доварон ба ҳангоми мушаххас кардани қашангтарин бону аз миёни 19 нафар аз зебоён мушкил дошт, аммо ба гуфтаи вай ” мо зеботарини зебоёнро бар асоси имтиёзи ҳар яке аз панҷ довар муайян кардем.” Вале иддае аз ин арзёбии доварон норозӣ ба назар мерасиданд.
Дар толор бисёре аз пайвандони духтарони дигари ширкаткунанда дар озмуни “Маликаи хубони Ориёӣ” мегуфтанд, ки интихоби Тутиниссо Аллаева, барандаи ин озмун аз муддатҳо қабл таъин шуда буд. Як бонуи солманд, ки барои ташвиқи наберааш, яке аз ширкаткунандагони ин озмун омадааст, мегӯяд, ки қабл аз оғози озмуни ниҳоӣ ба вай гуфтаанд, ки Тутиниссо дар ин озмун пирӯз хоҳад шуд.
Бо вуҷуди он ки дар миёни бархе аз тамошочиёни озмун мубоҳисот дар мавриди арзёбии мунсифона ва ё ғайримунсифона идома дошт, дар саҳна духтарон Тутиниссо Аллаеваро барои пирӯзиаш шодбош мегуфтанд. Бештари духтарон аз он хушнуд буданд, ки имсол имкони ширкат дар ин озмунро доштаанд.
“ПӮшиши озод ва дониши зиёд”
Дархостҳои аслие, ки доиркунандагони ин озмун аз ширкаткунандагон доштаанд, пӯшиши озод ва дониши фарогири онҳо буд. Духтарони ширкаткунада се маротиба дар се навъи либос рӯйи саҳна омаданд ва ба саволоти гардонандагони озмун посух медоданд. Ағлаби духтарон донишҷӯёни донишгоҳҳои мухталифи Тоҷикистон буданд ва бархе аз онҳо ба ҷуз аз забони тоҷикӣ-форсӣ бо забонҳои хориҷӣ низ суҳбат мекарданд.
Бештари пӯшиши духтарон либосҳои замонавӣ буда ва ба гуфтаи Далер Меҳтоҷов, наққоши тоҷик ва яке аз доварони озмун бо дарназардошти сунани аксарияти мардум дар Тоҷикистон бояд бархе аз талаботи ҷомеъа ба назар гирифта шавад.
Аммо вай афзуд: “Қаблан дар даврони Шӯравӣ низ чунин озмунҳо баргузор мешуд. Ман худам ҷонибдори он ҳастам, ки чунин озмунҳо дар Тоҷикистон баргузор шавад, аммо бо муроъоти сунани вижаи миллии мо тоҷикон ба вижа дар пӯшиш либос, яъне либосҳои духтарон бояд зиёд аз ҳадд рӯбоз набошад.” Оқои Меҳтоҷов мегӯяд, ки умед дорад, ки яке аз "зебосанамони тоҷик" дар озмуни байналмилалӣ ширкат кунад.
Таърихи озмун
Дар давраи Шӯравӣ дар Тоҷикистон ва соири кишварҳои ин иттиҳодия мақомоти вақт мухолифи озмунҳое буданд, ки дар он ҳусну латофати занон ва духтарон арзёбӣ мешуд. Он замон чунин озмунҳоро хоси кишварҳои хориҷӣ ва мухолиф ба системи кумунистӣ мехонданд ва дар даврони Шӯравӣ бештар дар тоблуҳо занони коригар ва кишоварз бо дос ва васоили дигари корӣ мунъакис мешуданд.
Барои мисол дар маҷаллаҳо ва рӯзномаҳо аксҳои занон дар сохтмон дар миёни хишт ва ё духтарони памбачин бо пешдоманҳои корӣ чоп мешуд. Аммо дар авохири солҳои 1980-уми қарни гузашта нахустин озмунҳои “Маликаи хубон” дар Русия ва сипас дар шаҳрҳои марказии соири ҷамоҳири Иттиҳоди Шуравӣ баргузор мешуд.
Дар нахустин озмуни "Маликаи зебоӣ" дар Тоҷикистон Ситора Назарова пирӯз шуда буд ва сипас дар солҳои 1995 дар шаҳри Душанбе кӯшиши доир кардани чунин озмунҳо ба миён омад. Вале ба гуфтаи коршиносон ба сабаби нобасомониҳои он замон имкони баргузории дурусти ин омзунҳо фароҳам нашуд.
Мухолифи озмуни зебоӢ
Ҳарчанд ба гуфтаи масъулони озмуни “Маликаи хубони Ориёӣ”, ин озмун дар Тоҷикистон алоқамандони зиёде дорад, аммо бисере аз сокинон мегӯянд, ки мухолифи ширкати духтарони худ дар чунин озмунҳо ҳастанд. Ҳамчунин ба гуфтаи иддае аз соҳибназарон ҳадафи аслӣ аз баргузории чунин озмунҳо, барои бархе аз афрод ба даст овардани сармоя будааст.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони саршиноси тоҷик мегӯяд, ки дар кишварҳое, ки занон ва духтарон аз дониши хуби сиёсӣ бархурдор ҳастанд, доиркунандагони чунин озмунҳо бо мухолифати густардаи занон рӯбарӯ мешаванд. Вай барои мисол аз Ҳинд ёдовар шуд, ки созмонҳои занони фаъоли он кишвар ҳатто яке аз ширкатҳои бузурги доиркунандаи озмуни зебоӣ дар Ҳиндро муфлис кардаанд. Оқои Умаров мегӯяд; “Ин озмун шояд барои чанд духтари пирӯз каме суди иқтисодӣ орад. Аммо бархе аз афроди алоҳида бо ба намоиш гузоштани зебогии духтарон сармояи ҳангуфтеро ба даст меоранд.”
Мавлуда Султонзода, хабарнигори мустақили тоҷик мегӯяд, ки бо либоси нимбараҳна ба саҳна баровардани духтарон бар зарари худи духтарон тамом хоҳад шуд.
Хонум Султонзода, ки худ яке аз занҳои мазҳабӣ аст, меафзояд: “Ба назари ман зебоии ҳар як занро бояд ҳамсараш арзёбӣ кунад на доварону мардҳои бегона. Ҳамчунин мо шоҳидем, ки дар гузашта яке аз духтарони пирӯз дар чунин озмун қариб буд, ки дастхуши афроди силоҳдор шавад. Ва волидони вай водор шуданд, ки ин духтарро аз Тоҷикистон берун баранд. Ман фикр мекунам, мо набояд амнияти духтарони ҷавонро бо хатар рӯбарӯ кунем.”
Бо вуҷуди ақоиди зидду нақиз масъулони доиркунандаи ин озмун қасд доранд дар оянда озмунҳои “Маликаи хубонро” бо ҷалби духтарони бештар аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон баргузор кунанд.
Заринаи Хушвақт, Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/zan-va-jomea/1451-intikhobi-malikai-oriyoi-dar-tojikiston.html