11:43:56 26-уми Июни 2025 сол

РӮЗИ МОДАР ДАР СОЯИ МУҲОҶИРАТИ НАЗДИКОН

Фаъолони умури зан мегӯянд, давлати Тоҷикистонро мебояд, барои ҳалли мушкилоти занон ва духтарон дар муҳоҷират як ниҳоди вижаеро таъсис кунад. Ҳарчанд омораи дақиқи расмӣ дар мавриди теъдоди занони муҳоҷири тоҷик то ҳол мунташир нашуда, вале бар асосии гузоришҳои ғайрирасмӣ беш аз 20 дар сади муҳоҷирони кориро занон ва духтарон ташкил медиҳанд.

 

Дар ҳамин ҳол бархе аз коршиносони тоҷик мегӯянд, ки бонувони Тоҷикистон дар дохили кишвар низ бо душвориҳои зиёди иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ рӯбарӯ ҳастанд.  Ба гуфтаи онҳо агарчӣ дар даҳсолаи ахир давлат ба манзури беҳбуди вазъи занону духтарон бархе аз қонунҳоро ба тасвиб расонидааст, вале иҷрои ин қонунҳо ба кундӣ анҷом гирифтааст.  Аз сӯйи дигар муҳоҷирати корӣ рӯйи зиндагии занон ва духтарон дар дохили Тоҷикистон низ таъсироти манфӣ гузоштааст.

 

Аммо аз “Рӯзи модар” ва ё “Рӯзи байналмилалии занон”-ро, ки имрӯз 8 март аст ва дар забони мардум маъмулан ба номи "рӯзи ҳаштуми март" ёд мешавад, модарони тоҷик чӣ тавр таҷлил мекунад?  Бисёре аз занони туҷор мегӯянд, ки дар ин рӯз онҳо маъмулан дар ҷои кор, яъне дар бозор ҳастанд ва бархе аз занони тоҷик, ки фарзандони онҳо дар муҳоҷирати корӣ ҳастанд, мегӯянд, ки ҳамон вақт аз ин рӯз таҷлил хоҳанд кард, ки фарзандони онҳо дар наздашон бошанд.

 

Занони муҳоҷир

Ойниҳол Бобоназарова, коршиноси умури зан дар Тоҷикистон мегӯяд, ки таҷлил аз “Рӯзи модар”-ро дар гузашта ва имрӯз низ дӯст надорад. Хонум Бобоназарова мегӯяд, ки орзу дорад, ки барои хонумҳо ҳама рӯз монанди рӯзи вижае ба хубӣ ва хурсандӣ сипарӣ шавад. Ин коршиноси тоҷик ба вижа аз вазъи занону духтарони тоҷик, ки ҳоло дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебаранд нигарон аст.

 

Аз ин рӯ ба гуфтаи Ойниҳол Бобоназарова, давлат барои беҳбуди вазъи риқатбори муҳоҷирони зани тоҷик бояд як ниҳоде таъсис диҳад ва ё барномаи дарозмуддатеро роҳандозӣ кунад.

 

Хонум Бобоназарова афзуд: “Мо чанде қабл ба Русия, яке аз кишварҳои умдае ки муҳоҷирони мо дар он бо фаъолиятҳои мухталифе машғуланд сафар доштем. Бо зиндагии муҳоҷирони зан ошно шуда ба натиҷа расидем, ки онҳо бештар аз ҳама ниёз ба беҳбудии вазъияташон доранд. Мо як “Анҷумани байналмилалии занҳои муҳоҷир”-ро таъсис додем. Ба ин анҷуман се созмони ғайридавлаии Тоҷикистон ва ду созмони мушобеҳ аз Русия шомил шудаанд.”

 

Масъулони созмонҳои ғайридавлатӣ муътақиданд, ки муҳоҷирати занону духтарон ба кишварҳои хориҷӣ бо назар дошти мушкилоти иқтисодии Тоҷикистон дар оянда низ идома хоҳад дошт.

 

Модарони танҳо

Ба бовари коршиносони тоҷик муҳоҷират ба зиндагии иҷтимоъӣ дар дохили Тоҷикистон низ таъсироти ногуворе гузоштааст. Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик мегӯяд, ки муҳоҷирати корӣ ва рафтани бисёре аз мардҳо ба хориҷ занонро дар Тоҷикистон бо бадбахтиҳои зиндагии хусусӣ мувоҷеҳ кардааст.

 

Оқои Муллоҷонов афзуд: “Шумо бубинед, ки бархе аз мардони тоҷик баъд аз муддати тӯлонӣ аз муҳоҷират бармегарданд ва солҳои зиёде аз хонавода дуранд. Дар ин сурат занони тоҷик ба ҳар коре, ки аз он ҳатто сармояи ночиз дарёфт мекунанд розӣ ҳастанд. Онҳо рӯзи дароз бо фаъолиятҳо машғул мешаванд ва ҳатто модар буданашонро аз ёд мебароранд.”

 

Ба гуфтаи оқои Муллоҷонов духтарони зиёде дар солҳои ахир ба сабаби мушкилоти аксари хонаводаҳои камбизоъат бесавод мондаанд, ”вале ин духтарон фардо модарон ҳастанд, пас онҳо чи тавр метавонанд ба тарбияти фарзанд даст бизананд.”

 

Ба бовари коршиносон барои ҳалли ин мушкил давлат ва ҷомеъаи маданӣ дар Тоҷикистон бояд ҳамкорӣ кунанд. Аз сӯйи дигар коршиносон ширкати занон дар фаъолиятҳои созмонҳои ғайридавлатиро пешрафт дар заминаи зиндагии иҷтимоъии занон унвон кардаанд.

 

Бисёре аз коршиносони иқтисодӣ хушбахтӣ ва беҳбуди вазъи зиндагии занону духтарони тоҷикро марбут ба тақвияти истиқлоли иқтисодии онҳо хондаанд. Ба эътиқоди онҳо дар сурати дастёбӣ ба чунин истиқлол мавориди худкушӣ миёни занони тоҷик, ки дар ҳоли афзоиш гузориш шуда, низ аз миён хоҳад рафт.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/zan-va-jomea/1889-2010-03-08-19-31-49.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ