13:29:57 27-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/05_--01-a-aaaaaaazarafokhajaeva226.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/05_--01-a-aaaaaaazarafokhajaeva226.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/05_--01-a-aaaaaaazarafokhajaeva226.jpg'

СИЁСАТ: ОРМОНЕ ДАСТНОРАС БАРОИ ЗАНОНИ ТОҶИК

Ҳамоиши занон

Намояндагони созмонҳои ғайридавлатии марбут ба занон дар Тоҷикистон хостори он шудаанд, аъзои порлумон дар сурати иҷро накардани ваъдаҳояшон бозхонда шаванд.

 

Масъалаи аслии матруҳа дар кунфронсе, ки рӯзи душанбеи 3 май бо номи “Нақши занон дар зиндагии сиёсӣ ва иҷтимоъӣ” дар Душанбе баргузор шуд, дур мондани аксари занону духтарон аз зиндагии сиёсӣ ва иҷтимоъӣ дар ин кишвар буд. Дар ин ҳамоиш, ки ба ибтикори созмони ғайридавлатии "Перспективо Плос" ва ҳимояти молии намояндагии Бунёди Сорос дар Тоҷикистон доир шуд, намояндагони созмонҳои ғайридавлатии занон аз саросари Тоҷикистон ширкат карданд.

 

“ЧАРО БАРНОМАИ ВИЖАИ ЗАНОН ИҶРО НАШУД?”

Масъулони ҳамоиши Душанбе гуфтанд, ки аввалин дархости онҳо аз мақомоти давлатӣ ”таъсиси кумисиюни вижа барои таҳқиқи раванди иҷрои барномаи вижаи давлати Тоҷикистон дар мавриди боло бурдани ҷойгоҳи занону духтарон дар ҷомеъа аст.”

 

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдон ва раиси созмони ғайридавлатии "Перспективо Плос", мегӯяд, ки қатъномаи ин нишаст ба порлумони Тоҷикистон, мақомоти баландпояи ин кишвар ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар ин кишвар ироа хоҳад шуд.

 

Хонуми Бобоназарова афзуд, ки бо пешниҳоди онҳо ба кумисиюни вижа намояндагони вазоратҳои зидахл, созмонҳои ғайридавлатӣ ва намояндагони расонаҳо шомил хоҳанд шуд: "Ин кумисиюн бояд дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла чаро тайи даҳ сол баъд аз тасвиби барномаи вижа барои боло бурдани ҷойгоҳи занону духтарон ин барнома иҷро нашудааст, таҳқиқоте анҷом диҳад.”

 

Ҳамчунин, ба ақидаи вай, яке аз пурсишҳои аслии масъулони ин кумисиюн бояд суоли “чаро дар Тоҷикистон аз ҷумлаи занон ягон вазир ва ё сафир нест?” бошад.

 

“БЕНАЗИР ВА МАРГАРЕТИ ТОҶИК”

Ба ақидаи ин ҳуқуқдони тоҷик, дар даҳ солаи ахир дар миёни масъулони бисёре аз намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ дар масъалагузорӣ дар назди давлатдорон гароиш ба худсонсурӣ эҳсос мешавад. Вале вай афзуд, ки “барои фаъолияти муассир бояд худсонсурӣ аз миён бурда шавад.”

 

Дар ин нишаст таъкид шуд, ки яке аз сабабҳои аслии дур мондани занону духтарон аз зиндагии сиёсӣ дар Тоҷикистон афзоиши камсаводӣ ё дур мондани теъдоди зиёди духтарон аз омӯзишу парвариш дар ин кишвар будааст. Бархе аз ширкаткунандагони ин нишаст бар он назар буданд, ки ҷомеъаи имрӯзии Тоҷикистон ба занони сиёсатмадори бузург монанди Индира Гондӣ ва Беназир Бҳутто ниёз дорад.

 

Ҳарчанд Ойниҳол Бобоназарова муътақид аст, ки дар Тоҷикистон ҳатто занони қавӣ ба монанди Маргарет Течер ҳастанд, вале ба ақидаи вай, дар ҷомеъаи имрӯзии ин кишвар даст ёфтани чунин занон ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё ҷо ёфтани онҳо дар системи давлатдорӣ душвор аст. Ба ақидаи Мунира Иноятова, коршиносои умури омӯзишу парвариш, тарбияти Маргарет Тетчер ва Индира Гондии тоҷикро бояд аз мадраса оғоз кард.

 

ХУРОФОТ, СУНАН ВА ДОНИШИ СИЁСИИ ЗАНОН

Бисёре аз занону духтарон бар ин ақидаанд, ки дар солҳои ахир теъдоди зиёди духтарон аз омӯзишу парвариш дар мадраса дар канор мондаанд. Зебо Шарипова, раиси созмони ғайридавлатии “Иттиҳодияи занони ҳуқуқдон”, яке аз сабабҳои онро таъассуби мазҳабӣ ва хурофотӣ будани бархе аз хонаводаҳо дар ин кишвар медонад.

 

Хонум Шарипова гуфт: “Дар кишвари мо тибқи суннати хонаводагӣ, замоне ки мавзӯъи идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои олӣ матраҳ мешавад, дар миёни фарзандони духтар ва писар маъмулан писарро интихоб мекунанд. Чунин хонаводаҳо дар Тоҷикистон аксариятро ташкил медиҳанд ва ба ақидаи волидони ин хонаводаҳо, барои фарзанди духтар модар ва кадбонуи хона будан кофӣ буда ва таҳсилу дониш зарурӣ набудааст.”

 

Зурафо Хоҷаева, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва яке аз занони фаъол, мегӯяд: “Беҳбудии вазъи занон ва духтарон ва бедории сиёсии онҳо ба худи онҳо бастагӣ дорад. Онҳо на танҳо бояд ҳуқуқи худро донанд, балки тавонанд аз ҳуқуқи худ ҳифозат кунанд.”

 

Хонуми Хоҷаева ба ин бовар аст, ки ин ҳуқуқро барои занону духтарони мусалмон дини ислом додааст, аммо ба ақидаи вай, бештари занону духтарон дар Тоҷикистон аз мушаххасоти ҳуқуқи худ огоҳ нестанд. Аз ин рӯ, вай пешниҳод мекунад, ки омӯзиши воқеъии дини ислом дар мадорис бо ҷалби устодони мумтоз метавонист дониши занон ва духтаронро дар ин замина мукамал кунад.

 

Иддае дигар аз ширкаткунандагони кунфронси “Нақши занон дар зиндагии сиёсӣ ва иҷтимоъӣба он назар будаанд, ки масъулияти ҷалби духтарони ҷавон ба омӯзишу парвариш, бавижа дар манотиқи дуруфтодаи Тоҷикистон, бояд ба дӯши мақомот вогузор шавад. Волидон барои аз мадраса берун кашидани духтарони худ ба маҳкама кашида шаванд.

 

Дар ин ҳамоиш таъкид шуд, ки замоне фаро расидааст, то масъулони зидахл, аз ҷумла намояндагони порлумон ва раҳбарони вазоратхонаҳо ва кумитаҳои мухталифи Тоҷикистон барои иҷро накардани масъулиятҳои хеш дар назди мардум ҷавобгӯ бошанд. Қавонини Тоҷикистон низ ба мақомот ва намояндагони порлумон дар сурати надоштани фаъолияти муассир ва бесалоҳиятии онҳо ҷазоҳои идориро пешбинӣ кардааст.

 

Заринаи Хушвақт, Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/zan-va-jomea/2246-2010-05-05-15-35-56.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ