00:50:08 03-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/11_--01-a-aaaaaaahurinissaqaffarzadeh2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/11_--01-a-aaaaaaahurinissaqaffarzadeh2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/11_--01-a-aaaaaaahurinissaqaffarzadeh2.jpg'

ЗИМОМДОРОН АҚЛИ ЗАНРО НОДИДА МЕГИРАНД

Ҳуринисо Ғаффорзода, раиси созмони ғайридавлатии “Оштии миллӣ” мегӯяд, ки дар ҷомеъаи мардсолори Тоҷикистон мардони сиёсатмадор аз занони далеру ҷасур бим доранд. Хонуми Ғаффорзода, ки ба унвони яке аз фаъолони умури зан дар Тоҷикистон шинохта шудааст, ҳамчунин дар миёни дӯстдорони адабиёт бо ашъори худ бо тахаллуси Муътабари Раштӣ чеҳрае ошност. Ҳамкорамон Заринаи Хушвақт бо Ҳуринисо Ғаффорзода суҳбате ороста ва аз вай нақши занони сиёсатмадор дар боло бурдани дониши духтарон ва бедории сиёсии онҳоро ҷӯё шудааст.

 

Яке аз мушкилоти аслӣ дар роҳи бедории сиёсии занону духтарон камсаводии сиёсии онҳо хонда мешавад. Духтарон дар бархе аз навоҳии дуруфтода мактабро а клоси панҷум тарк мекунанд. Лутфан, бигӯед, ки сабаби аслии бетаваҷҷуҳии занон ба сиёсат чист?

 

Воқеъан, яке аз барномаҳое, ки созмони мо дар даст дорад, барномаи марбут ба омӯзишу парвариш аст. Ва ман гумон мекунам, ки сабаби аслие, ки чаро занони мо таҷрибаи сиёсии андак доранд, он аст, ки таҳкурсии дониши маъмулии аксари занон кофӣ нест.

 

Дувум ин ки худи онҳо ҷасорати сиёсӣ надоранд ва севум ин ки ҷонибдории воқеъӣ аз занону духтарон намешавад ва мо занон худамон иттиҳоди воқеъӣ бо ҳамигар надорем. Ва чаҳорум ин ки занони мо, барои боло бурдани саводи сиёсӣ ва маърифати худ кам талош мекунанд ва агар як ду зан то андозае дар ин ҷодда муваффақ шуд, аз сӯйи худи занони дигар саркӯб мешаванд.

 

Ҳарчанд масъулони бахши омӯзишу парвариши Тоҷикистон аз беҳбуди вазъият дар ин арса суҳбат мекунанд, аммо воқеъият ин аст, ин вазъият дар арсаи омӯзишу парвариш дар кишвар хуб нест. Духтарон аз мактаб канор мераванд, омӯзгорони боистеъдод кам дорем, кутубу васоили омӯзишу парвариш кам аст. Ва яке дигар аз бадбахтиҳои дигар ин хурофотӣ будани бархе аз хонаводаҳост. Яъне бархе аз духтаронро падарҳо ва ё бародарҳо аз мадраса барканор мекунанд.

 

Ва мутаъассифона, бархе аз модарон низ садди роҳи омӯзишу парвариши духтарҳояшон мешаванд. Чаро? Зеро он модарон худашон дониши кофӣ надоранд. Духтарон бояд аз рустоҳои дуруфтода берун биёянд ва барои омӯзишу парвариш кӯшиш кунанд.

 

Имрӯз мақомоти тоҷик ба сиёсати муҳоҷират бештар таваҷҷуҳ мекунанд. Магар мо тоҷикон барои кишварҳои хориҷӣ ғулом бузург кунем? Дар бораи омӯзишу парвариши духтарон ва боло бурдани сатҳи огоҳии онҳо, давлат ҳеҷ барномаи мушаххасе надорад.

 

Ҳамчунин, аҳзоби сиёсии Тоҷикистон низ барои боло бурдани мавқеъи занону духтарон ҳеҷ барномаи ҷолибе надоранд. Мо фаъолияти ин аҳзобро танҳо ба ҳангоми интихобот мебинему халос! Барои мисол кадоме аз аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон барномаи вижаи занону духтаронро дар даҳсолаи ахир таҳия кардааст? Аммо мо дар Тоҷикистон аз чанд нафар аз занони сиёсатмадор метавонем ёдовар шавем, вале ҳамаи онҳо дар муҳити маҳдуде танҳо мондаанд.

 

Хонум Ғаффорзода, лутфан бигӯед, ки он идда аз заноне, ки ҳоло дар арсаи сиёсат ҳастанд, метавонанд бо он фаъолияте, ки доранд, барои духтарони ҷавон намуна бошанд?

 

Мутаассифона не. Агар барои мисол, аз порлумони Тоҷикистон ва намояндагони зан дар он ёдовар шавем, чанд нафар аз заноне, ки дар порлумон намояндагӣ мекунанд, онҳо интихоб нашуда, балки таъйиншуда ҳастанд ва онҳо он ҷасоратеро надоранд, ки битвонанд аз мавқеъи занон ва духтарон дар ҷомаеъа дифоъ кунанд.

 

Онҳо наметавонанд на барои ман ва на барои духтарони дигар улгӯ (намуна) бошанд. Ман метавонам бигӯям, ки бештари он занҳо шахсиятҳои тасодуфӣ дар сиёсат ҳастанд ва он мақоми шоистаеро, ки сиёсатмадори воқеъӣ дорад, надоранд.

 

Мо мардҳои сазовори сиёсатмадор низ кам дорем. Ман ошкоро мегӯям, ки имрӯз сиёсати Тоҷикистон он чеҳраеро, ки мардум метавонанд аз пайи ӯ раванд, надорад, чи аз миёни занон ва чи аз миёни мардҳо фарди шоистаи сиёсие нест, ки тавонад барои мардум, бавижа ҷавонон улгӯ бошад.

 

Таҷрубаи худи Шумо барои таҳсил дар донишгоҳ хеле ҷолиб аст. Пӯшида нест, ки бештари волидон водии Рашт аз идомаи таҳсили духтаронашон монеъ мешаванд. Вале Шумо алорағми хоҳиши волидон ба шаҳр омадед ва вориди донишгоҳ шудед? Оё ин шуҷоъати шумо ба духтарони дигаре, ки дар шарқи Тоҷикистон ба сар мебаранд, таъсиргузор буд?

 

Оре, ростӣ, падару модарам бо интихоби ман розӣ набуданд. Аммо ҳоло дар ин робита ақидаи дигар доранд. Ва бо таваҷҷуҳ ба он дастовардҳое, ки ман ба он ноил шудам, бисёре аз волидон дар ин минтақа ҳоло таҳсили духтаронашонро иҷоза медиҳанд.

 

Ман метавонам бигӯям, ки дар чанд соли ахир созмони мо ва шахсан ман тавонистам ҳудуди 350 духтар аз ҷумлаи шогирдони мактабҳо дар водии Раштро, ки аз мактаб канор монда буданд, дубора ба мактаб бозгардонам.

 

Ҳатто ҳангоме ки ман бо падари як хонаводаи мазҳабӣ суҳбат мекардам, вай гуфт, ки “агар духтарам монанди Шумо бошад, ман розиям, ки вай бихонад”. Аз он ки ман то куҷо муваффақ шудам ё хайр, вақт нишон медиҳад. Аммо аз он ки ман фардо заминаро барои сарбаланд шудани хонумҳои тоҷик фароҳам мекунам, ман хушнуд ҳастам.

 

Вале ман хоҳиш мекунам, ки ҳукумати Тоҷикистон ин таҷрубаи моро эътироф кунад, ки монанди ман чанде дигар аз занони огоҳ дар ин кишвар, вориди порлумон ва ё давлати ин кишвар шавем, мо метавонем қадамҳои устуворе барои беҳбуди кишварамон гузорем.

 

Пас чаро Шумо кӯшиш намекунед, ки вориди порлумон ё давлат шавед?

 

Мутаассифона, ман нуқтаи назари худро дорам, ҷасорат дорам ва дар кишвари мардсолори Тоҷикистон мардҳо аз чунин занҳои далер метарсанд. Вале ман аз ин ҷасорат ва донишам фахр мекунам.

 

Пас мушкили аслӣ ҳамин мардсолорӣ дар ҷомеъа аст?

 

Оре, мардсолорӣ! Ман интизор дорам, ки занони фаъоли мо, ва шояд ман ҳам, дар интихоботи соли 2014 саҳмгузор бошанд ва ба ҳайси вазир ва ё сафир дар кишварҳои хориҷӣ бошанд. Вале мутаассифона, имрӯз давлати Тоҷикистон ба ин дониши чанд нафар занони боистеъдод чашм мепӯшад, ки ин бар зарари ҷомеъа аст. Агарчи бояд аз дониш, таҷруба ва қувваи ақлонии онҳо, сарфи назар аз андешаҳои сиёсии онҳо, бояд истифода шавад.

 

Яъне, гуфтан мумкин аст, ки ҳатто мардҳои сиёсатмадор аз қувваи ақлонии занон метарсанд?

 

Бале! Ман мутмаинам, ки монанди ман даҳҳо зан дар Тоҷикистон ҳастанд. Вале сад афсӯс, ки моро нодида мегиранд. Фарзи мисол, бархе авқот агар ман баъзан бо ягон коре вориди ниҳодҳои давлатӣ шавам, бархе аз раҳбарон бо дидани ман эҳсоси нороҳатӣ мекунанд.

 

Ташаккур аз суҳбат!

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/zan-va-jomea/2283-2010-05-11-17-38-52.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854