БАҲСИ ЗАНОЗОРӢ ДАР ҲАМОИШИ ҚУЗЗОТИ ГУРӮҲИ ШОНГҲОЙ
Дар нишасти раисони додгоҳҳои олии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳоии Шонгҳой дар Тоҷикистон шеваҳои расидагии қонунӣ ба масоили ҷинсиятӣ ва шиканҷа дар ин кишварҳо баррасӣ мешавад.
Дар ин ҳамоиш, ки субҳи рӯзи панҷшанбеи 27 май дар бустонсарои давлатии Пугус, дар шимоли шаҳри Душанбе, оғоз шуд, намояндагони кишварҳои Осиёи Миёна, Русия ва Чин ширкат доранд. Баробарии ҷинсиятӣ ва расидагии қонунӣ ба ин масоил мавзӯъи баҳси ин ҷаласа пеш аз зуҳр буд ва намояндагони кишварҳои узв масоили мавҷуд дар кишварҳои худ дар ин заминаро матраҳ карданд. Гуфта мешавад, ки ҳар чаҳорум зан дар кураи Замин бо хушунат аз тарафи мардон рӯбарӯст.
Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, сурат гирифт, гуфта шуд, ки кишварҳои узв бояд барои мубориза бо хушунати хонаводагӣ, ки маъмулан занон дастхуши он қарор мегиранд, талошҳои бештаре анҷом диҳанд.
Аз ҷумла, намояндагони Қазоқистон дар ин ҷаласа гуфт, ки қонунҳо вуҷуд доранд, вале меконисми иҷрои онҳо муассир нест, ба ин далел лозим аст ҳуқуқдонҳо меконисмҳои иҷрои қавонин дар бораи хушунати хонагӣ, аз ҷумла занозориро, таҳия кунанд.
Масоили ҷинсиятӣ ва хушунати хонаводагӣ дар ҷаласаи қуззоти кишварҳои узви Гурӯҳи Шонгҳой дар Душанбе дар ҳоле баррасӣ мешавад, ки мудофеъони ҳуқуқи башар ҳамвора аз вазъияти бади занон ва хушунат ва табъиз нисбат ба онҳо дар кишварҳзои минтақа интиқод мекунанд.
Аз ҷумла, дар гузорише перомуни вазъияти ҳуқуқи башар, ки созмони Афви Байналмилалӣ, рӯзи чаҳоршанбе интишор дод, аз ин ки давлати Тоҷикистон натавонистааст, аз хушунати густарда алайҳи занон дар ин кишвар ҷилавгирӣ кунад, башиддат интиқод шудааст.
Дар ин гузориш таъкид шуда, ки занозорӣ дар саросари минтақаи Осиёи Миёна ба таври фарогир, сарфи назар аз синну сол ва мавқеъиятҳои иҷтимоъӣ, мушоҳида мешавад, вале гурӯҳи андаке аз занон дар бораи хушунат нисбат ба худ шикоят мекунанд.
Афви Байналмилал мегӯяд, ки занон маъмулан аз тарси интиқоми шавҳарон ва ё мардони дигари хонавода, аз бими "нанг ва шармсории" хонавода, фишори иҷтимоъӣ ва ё надоштани истиқлоли молӣ аз шикоят нисбат ба озордиҳандагони худ худдорӣ мекунанд.
Ҳамчунин, бархурди дур аз инсофи ҷомеъа нисбат ба занони озордида, нуфузи суннатҳо ва урфу одоти маҳаллии мардсолорона боъис шудааст, ки бисёре аз қурбониёни хушунати хонагӣ аз хадамот ва ҳифозати муассири давлат бебаҳра монанд.
Аз ҷумла, ба навиштаи ин созмон, дар Тоҷикистон ҳеч гуна паноҳгоҳе барои занони озордида вуҷуд надорад. Занону духтарон дар ин кишвар ба хотири издивоҷҳои зуд ва бидуни сабти расмӣ ва тарки мактаб нисбат ба соири кишварҳои минтақа бештар дар маърази хушунат ва озори мардон қарор мегиранд.
Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон аз баррасии тарҳи қонуне дар бораи хушунати хонаводагӣ, ки чанд сол пеш теъдоде аз созмонҳои ғайридавлатӣ таҳия карда буданд, то кунун худдорӣ мекунад. Лариса Қодирово, қозии Додгоҳи Олии Тоҷикистон мегӯяд ин тарҳи Қонун таҳия шудааст, вале муаллифони он бояд силсилаи ислоҳот ва тағйирот ба қонунҳои дигарро низ дар иртибот бо ин қонун ва меконизми иҷрои ин қонунро низ таҳия ва пешниҳод кунанд.
Дар ғайри ин сурат ба гуфтаи ин қозии Додгоҳи олӣ, "қонун қабул шуда, вале бидуни иҷро мехобад." Вай афзуд: "чунин қонунҳо ба мо лозим нест!" Вале созмонҳои ғайридавлатӣ мақомоти Тоҷикистонро ба бетаваҷҷуҳӣ нисбат ба масоили занон муттаҳам мекунанд, вале мақомот мегӯянд, ки давлат имконоти кофӣ барои таъсиси паноҳгоҳҳо барои занони озордида ва ҳимоят аз онҳоро надорад.
Дар ин миён, ба гуфтаи бархе соҳибназарон, он чи бештар мақомоти Тоҷикистонро нигарон кардааст, эҳтимоли тавонманд шудани занон, истиқлоли иқтисодӣ ёфтани онҳо ва латма задани ин санад ба арзишҳо ва қарордодҳову иҷтимоъии роиҷ аст, ки ҳокимияти мард бар занро таъйин ва таъмин мекунанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/zan-va-jomea/2372-2010-05-27-12-01-30.html