12:27:10 28-уми Июни 2025 сол

ПАНОҲГОҲ БАРОИ ЗАНОН: ХУДКУШӢ РОҲИ ҲАЛ НЕСТ

"Занони тоҷик маъмулан ба хушунат тоб меоранд, азият мекашанд, вале вақте вазъашон тоқатфарсо шуд, ба ҷойи додхоҳӣ даст ба худкушӣ мезананд." Ин суханони Рухшона Шоҳинова, равоншиносе аз шаҳри Қурғонтеппа аст, ки дар Маркази занони ин шаҳр фаъолият мекунад. Ин марказ тасмим гирифтааст барои занони хушунатдида нахустин паноҳгоҳ дар вилоятро бунёд кунад. Масъулони ин марказ эълом кардаанд, ки барои таъсиси ин паноҳгоҳ маблағи кофӣ дар ихтиёр доранд.

 

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Мавҷуда Шарипова, раиси маркази занони шаҳри Қурғонтеппа, теъдоди занони хушунатдида дар вилояти Хатлон, ки барои машварати ҳуқуқӣ ба ин марказ муроҷеъа мекунанд, афзоиш ёфтааст. Бархе аз ин занҳо, ба гуфтаи ӯ, аз манозили худ ронда шуда ва бархе дигар ҳатто ҳамроҳ бо фарзандонашон аз бими хушунат аз хонаҳояшон фирор мекунанд.

 

Хонуми Шарипова мегӯяд: "Мо ҳар рӯз бо занону духтароне сару кор дорем, ки дар хонавода мавриди хушунат ва лату кӯб қарор мегиранд. Онҳо воқеъан бо ҳолатҳои душворе рӯбарӯ шуда ва сипас ба назди мо меоянд. Мо барои ин гуна занон ва духтарон мехохем як паноҳгоҳи занонро таъсис диҳем."

 

Дар бештари маворид занону духтарони хушунатдида пас аз хушунати шавҳарон, падарон ва ё аъзои дигари хонавода ба додгоҳ шикоят намебаранд. Онҳо аз он бим доранд, ки маҷбуранд то замони баргузории додгоҳ, ҳамроҳи "ситамгарон" дар зери як сақф зиндагӣ кунанд, чун ҷойе дигар барои рафтан надоранд.

 

Аммо ба гуфтаи масъулони Маркази занон, таъсиси паноҳгоҳ барои ин гуна занону духтарон имкон хоҳад дод, ки муддате дар онҷо зиндагӣ кунанд. Хонуми Шароипова аз мушоҳидаҳои худ дар бораи паноҳгоҳҳое, ки дар кишварҳои урупоӣ дидааст, чунин гуфт: "Дар ҳар шаҳри урупоӣ ду ва ё зиёда "паноҳгоҳи занон" ё ба истилоҳ "шелтр"-ҳо фаъолият доранд. Ва занон дар он ҷоҳо барои муддати муъайян ба сар мебаранд."

 

Вай афзуд: "Дар ин кишварҳо қонуни вижа алайҳи хушунати хонаводагӣ вуҷуд дорад, ки тибқи он, ҳамсари зан дар сурати эъмоли хушунат нисбат ба ӯ, то шаш моҳ ҳақ надорад ба ҳамсараш наздик шавад, яъне дар тӯли мурофеъаи додгоҳӣ касе наметавонад ба зан ё духтари хушунатдида фишор оварад."

 

Аммо дар Тоҷикистон, ки мардум умдатан суннатӣ ҳастанд, ин бовар вуҷуд дорад, ки тарҳҳои мушобеҳ дар ҷомеъаи дорои дидгоҳҳои "мардсолорона" муваффақ нахоҳанд буд, зеро занҳо барои кумак ба чунин "паноҳгоҳҳо" муроҷеъа нахоҳанд кард.

 

Рухшона Шоҳинова, як равоншиноси маҳаллӣ дар ин бора мегӯяд: "Занони мо ба хушунати хонагӣ тоб меоранд, озору азиятро таҳаммул мекунанд ва билохира даст ба худкушӣ мезананд. Онҳо мушкилоти хонаводагиро берун аз хона намебаранд. Наздиконашон ҳам дар ин гуна маворид камтар ба равобити зану шавҳар дахолат мекунанд. Дар натиҷа, занҳое, ки дигар таҳаммули хушунати хонагиро надоранд, фақат ба фикри худкушӣ меафтанд. Ин доғи ҷомеъаи мо аст."

 

Дар ҳамин ҳол, Мадина Низомова, ҳуқуқшинос, мегӯяд, ки бештари занон аз ҳуқуқи худ огоҳ нестанд ва аз шавҳарон ва ҳатто падаршавҳаронашон хушунат мебинанд. Хонуми Низомова афзуд: "Вақте ки ниҳоде ба мисли "Шелтр" ё "Паноҳгоҳи занон" фаъол шавад, мо метавонем занҳоро дар он ҷо аз ҳуқуқашон огоҳ созем, онҳо дарк хоҳанд кард, ки алайҳи хушунат бояд иқдом кунанд. Мушкили дигар ин аст, ки бештари занҳои мо расман никоҳро сабт намекунанд ва фикр мекунанд, ки дар додгоҳ даъво карда наметавонанд, ки ин фикр ғалат аст."

 

Як зани ҷавон, ки модари се фарзанд аст, бидуни зикри номаш мегӯяд: "Дар рӯзҳои аввали хонадориям зиндагиямон хуб буд, вале падаршавҳарам, ки марди хеле бадқаҳр буд, ба писараш фармон дод, ки маро аз хона пеш кунад. Худам гуноҳамро намедонам."

 

Маркази занони шаҳри Қурғонтеппа дар ҳоли ҳозир маблағи зарурӣ барои таъсиси паноҳгоҳи занон дар ихтиёр дошта ва мехоҳад сохтмонеро барои фаъолияти ин паноҳгоҳ пайдо кунад. Масъулони ин марказ мегӯянд, ки анҷоми ин тарҳ ба ҳимоят ва ҳамкории ҳукумат ва Кумитаи умури занон дар вилояти Қорғонтеппа ниёз дорад, то ба занҳои хушунатдида кумаки мавриди ниёз фароҳам шавад.

 

Онҳо мӯътақиданд, ки фаъол шудани паноҳгоҳ барои занон мавориди хушунати хонаводагӣ ва худкушии занонро коҳиш хоҳад дод. Аммо Қурбонгул Пирхонова, раҳбари Кумитаи бонувони вилояти Хатлон, аз ибрози назар дар бораи тарҳи таъсиси паноҳгоҳи занон худдорӣ кард ва танҳо гуфт: "Ман дар ин бора чизе гуфтан намехоҳам."

 

Ин дар ҳолест, ки ҳамарӯза теъдоди 40 то 50 зани хушунатдида ба маркази занони шаҳри Қурғонтеппа барои дархости кумак меоянд ва ниёзи аслии онҳо пайдо кардани паноҳгоҳи муваққатист. Бо ин вуҷуд, мақомоти маҳаллӣ зимни шарҳи вазъият дар ин вилоят дар робита бо вуҷуди хушунати хонаводагӣ исрор мекунанд, ки шароити занон дар минтақа беҳбуд пайдо карда ва огоҳии ҳуқуқии занону духтарон низ афзоиш ёфтааст.

 

Орзӯи Карим, Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/zan-va-jomea/2576-2010-06-29-10-28-45.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ