20 - КАЛИДИ ТИЛЛОӢ БАРОИ ЗАНОН
Солҳои охир дар кишвари мо фолбинӣ ва ҷодугарӣ зиёд шудааст. Дар наздикии хонаи мо як нафар фолбин зиндагӣ мекунад ва мебинам, ки афроди зиёде ба наздаш мераванд. Дар миёни занон ҳамеша сухан аз ин бора шунида мешавад.
Занҳо барои ба даст овардани дили шавҳаронашон дар ҷустуҷӯйи фолбину ҷодугар маблағҳои зиёдеро масраф мекунанд, дар ҳоле, ки бо сарф кардани камтарин маблағ ва сарф кардани як каме муҳаббату кушодарӯӣ метавонанд зиндагии худро бе ягон фолбину ҷодугар зебо ва саодатманд созанд. Ба ҳамин манзур мо чанд нуктаи муҳимро ба шумо бонувони азиз пешниҳод мекунем, ки дар ин росто шуморо роҳнамо бошанд. Аммо пеш аз ҳар чиз шумо ба худ бовар дошта бошед, бидонед ва бовар кунед, ки метавонед.
1- Шавҳаратонро ба унвони як мард бипазиред ва барои шинохтани дунёи мардонаи ӯ илму огоҳии худро афзоиш диҳед.
2- Шавҳаратонро ба унвони як чизи масъул нигоҳ накунед. Фикр накунед, ки вазифаи ӯ ин аст ва бояд чунин бошад. Балки ба шахсияти вуҷудии ӯ эҳтиром бигзоред.
3- Вижагиҳо ва сифатҳои хоссеро, ки дар шавҳаратон вуҷуд дорад ва ӯро аз дигарон мутамоиз мекунад, ёдовар шавед ва таҳсин кунед.
4-Барои онки шавҳаратон бо шумо рӯйрост бошад. Талош кунед, ки ӯро дарк намоед ва ба эҳсосоташ арзиш қоил шавед. Агар бар хилофи майли шумо сухане гуфт, шумо ӯро сарзаниш накунед, зеро тухми беэътимодиро дар хонаатон мекоред.
5- Ҳамеша ва доим аз шавҳаратон интиқод накунед, зеро ин кор сабаб мешавад, ки шавҳаратон аз шумо дурӣ кунад ва фосила миёни шумо рӯз ба рӯз бештар мешавад.
6-Шавҳаратонро муттаҳам накунед, ки шуморо дарк намекунад ва бе эҳсос аст, зеро ӯ самимият ва бо эҳсос буданро ба шеваи мардона нишон медиҳад.
7-Ниёзҳои воқеии шавҳаратонро бишносед. Вақте шумо метавонед, ниёзҳои ӯро бишносед, ки ӯ онҳоро ба шумо бозгӯяд. Бинобарин дар замони муносиб ва оромонаву бо мулоимӣ аз ӯ дар бораи ниёзҳояш ва таваққуоташ суол кунед. Бидонед, ки ӯ аз шумо чӣ интизор ва таваққуе дорад.
8-Замоне, ки ҳамсаратон бо шумо гап мезанад ба суханонаш бо диққат гӯш диҳед, зеро беаҳамиятии шуморо ӯ ба унвони бемеҳрии шумо мефаҳмад.
9- Ҳеҷ гоҳ аз корҳое, ки ҳамсаратон барои ҷалби ризоияти шумо анҷом медиҳад интиқод накунед. зеро ӯ бо равиши хосси худ ибрози муҳаббат мекунад.
10- ӯро ба равиши худатон дӯст надоред, балки ба вуҷуди ӯ низ аҳамият бидиҳед. Барои мисол агар дар рӯзи таваллудаш ба ӯ ҳадя доданӣ бошед ба чизи мавриди алоқаи ӯ фикр намоед. пештар бифахмед ки ӯ чиро дӯст медорад.
11- Аз шавҳаратон интизор надошта бошед, ки бо ҳама корҳо ва афкори шумо мувофиқ бошад ва онҳоро тасдиқ намояд. Воқеъбин бошед ва бигзоред назарашро дар бораи шумо ва корҳоятон баён кунад. Ҳатто агар мухолифи майлатон ҳам бошад.
12- Исрори зиёде барои ҷалби муҳаббати шавҳаратон надошта бошед, яъне дар ҳолатҳои асабонӣ будан ва нороҳат будани ӯ шумо аз ӯ муҳаббат нахоҳед, зеро ӯ ба шумо ҷавоби манфӣ ва баде хоҳад дод.
13- Барои шавҳари худ нақши як зани ҳассос ва зудранҷу шиканандаро бозӣ накунед. Зеро ин кор сабаб мешавад, ки шавҳаратон фикр кунад шумо заиф ва бетоқат ҳастед. Бинобарин бо шумо кам гап мезанад, то нороҳат нашавед. Кам гап задан сабаби дур шудани зану шавҳар аз ҳамдигар мешавад.
14- Талош кунед, ки дар иртибот бо шавҳаратон ҳамеша ҳувияти худро ба унвони як зан ва ҳамсар ҳифз намоед. Ба монанди раис ё ҳоким амал накунед. Ҷойгоҳи худ ва шавҳаратонро бишносед ва мутобиқ бо он амал кунед.
15- Агар эҳсос мекунед, ки дар робита бо шавҳаратон аз иззати нафси каме бархӯрдор ҳастед, ба назди ягон равоншинос равед, ё ҳадди ақал машварати телефонӣ анҷом диҳед. Аз шавҳаратон дар ин кор интизори кӯмак набошед.
16- Замоне шавҳаратон асабонӣ бошад, кӯшиш накунед, ки аз роҳи эҳсосот ба ӯ наздик шавед. Агар метавонед аз роҳи мантиқӣ бо ӯ гуфтугӯ намоед ва бо ӯ ҳамдилӣ намоед. Бо далел ва мантиқ ӯро ба сабру таҳаммул ташвиқ намоед.
17-Дар зиндагии муштаракатон саъй кунед, то худро масъули хушбахтии хеш бидонед. Агар масъулияти хушбахтиатонро бар гардани шавҳаратон бор кунед, худро асабӣ ва пархошгар ва ӯро асабӣ ва хашмгин хоҳед сохт.
18-Шавҳаратонро нагӯед, ки аз хона безор ва аз зану фарзандонаш гурезон аст. Зеро ӯ барои хушбахтии зану фарзандонаш бояд кор кунад. Ин кори шумо сабаб мешавад, ки ӯ ин сухани шуморо баҳонаҷӯӣ бидонад. Вақте баҳона зиёд бошад норозигӣ низ зиёд мешаад.
19-Вақте фаҳмидед, ки дар ба вуҷуд омадани мушкилот дар хона шумо низ саҳм доред, онро ба шавҳаратон бигӯед, зеро ин кор сабаб мешавад, ки бори дигар ишқу муҳаббат дар зиндагии шумо эҷод шавад. Инчунин дар баробари он шавҳаратон низ иштибоҳи худро мепазирад.
20- Ба шавҳаратон эътимод кунед. Аз қафои ӯ кофтуков накунед. Ба ҷойи он ба ибрози муҳаббат намоед ва аз муҳаббати худатон ба ӯ бигӯед, зеро лашкари муҳаббат фотеҳи сарзамини дилҳост!
Хулоса, он чӣ дар боло зикр кардем, метавонад аввалин қадами шумо ба сӯйи хушбахтӣ бошад,, ба шарте ки шумо онро бихоҳед ва барои ба даст овардани он кӯшиш намоед.
Манбаъ: сомонаи «Наҳзат»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/zan-va-jomea/3469-20----.html