17:16:32 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

БОЗГУЛ ДОДХУДОЕВА: «ЗАНОН ҲОМИЁНИ СУЛҲУ ВАҲДАТАНД»

 Муаррифӣ:

Бозгул Додхудоева дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чашм ба дунё кушода баъди хатми мактаби миёна омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлобро ба итмом мерасонад. Сипас факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи педагогии шаҳри Душанберо хатм мекунад. Аввал муаллим баъдан ҷонишини директор ва панҷ соли дигар директори мактаби рақами 38-и шаҳри Душанбе шуда, кор кардааст. 



Баъдан мудири маорифи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе, ҷонишини раиси ҳукумати ҳамин ноҳия, мудири маорифи шаҳри Душанбе ва аз соли 1976 то соли 1988 12 сол муовини вазири маорифи ҷумҳурӣ шуда кор мекунад. Аз соли 1988 то 1992 боз ба ҳайси мудири маорифи шаҳр фаъолият кардааст. Аз соли 1992 то соли 1994 вазири маориф, аз соли 1994 то 2000-ум муовини сарвазири ҳукумати ҷумҳурӣ будааст. Феълан раҳбари Маркази таълимии бонувони «Сарвар» дар шаҳри Душанбе мебошад. 

Бозгул Додхудоева ҳамчун ягона зан- узви Комиссияи Оштии Миллӣ дар барқарории сулҳу субот дар кишвар хизмати арзандае кардааст. Меҳвари асосии сӯҳбати хабарнигорамонро бо бону Бозгул Додхудоева асосан ҳамин мавзӯъ дар бар гирифтааст.


 - Рӯзи 27-уми июни соли 1997 хабари дар Маскав ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳу оштии миллӣ дар кишварро чӣ гуна ва дар кадом ҳолат қабул кардед? Ҳамон лаҳза ин мужда болои Шумо ва атрофиёнатон чӣ таъсири равоние дошт?

- Ман дар он давра муовини Сарвазири ҳукумати вақти кишвар будам. Агар хато накунам дар утоқи кориам будам, ки ин хабари хушро бароям аз дастгоҳи Раиси ҷуҳур занг зада гуфтанд ва илова намуданд, ки баъди чанд соат Президент аз тариқи ҳавопаймо ба Ватан бармегардад ва мо ӯро бояд дар фурӯдгоҳ пешвоз бигирем. Ман, ки он замон ҳамеша дар байни мардум будам ва аз орзуву омол, мушкилоти онҳо бевосита хабар доштам, бо шунидани ин мужда худро мисли инсоне эҳсос кардам, ки дилаш муддатҳои тӯлонӣ аз ҳавои боронӣ, аз дидани абрҳои сиёҳ ба танг омада буд ва акнун яку якбора болои сараш офтоби дурахшонро мебинад. 

Ин хабар гӯё абрҳои ғаму ғурбатро аз осмони орзуву умедҳои мо пароканда сохт. Мо, он касоне, ки ҳамон вақт дар ҳукумат кор мекардем, беш аз дигарон аз фоҷиъаи мардум огаҳ будем. Махсусан, ман ҳамчун зан аз ҳоли дили модарону хоҳарон ва бонувон хеле хуб огаҳ будам. Ман бисёртар барои он модароне хурсанд шудам, ки аз тақдири фарзандҳои худ ҳамеша дар ташвиш буданд, ҳар лаҳза дар воҳимаи шунидани хабари нохуше ба сар мебурданд, барои бонувоне хурсанд шудам, ки дигар хатари гум кардани ҳамсарони худро дар ин ҷанги хонумонсӯз эҳсос намекарданд. Хурсандиам то он ҳадде буд, ки як вақт бинам бо рӯмолчаам ашки чашмонамро пок мекунам. Ин ашки шодӣ буд…

- Апаи Бозгул, вақте, ки дар иҷлосия шонздаҳуми Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар Хуҷанд вакилони халқ ҳайати ҳукумати навро тасдиқ мекарданд, Шумо аз он нафарони камшуморе будед, ки пешниҳоди Раиси тозаинтихоби Маҷлиси Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оиди дар ҳайати ҳукумати нав ба унвони вазири маориф кор кардан дарав пазируфтед . Оё шумо эҳсоси тарсу ҳарос намекардед? Охир, вазъият хеле ҳассос буд! Ҳатто мардон дар он замон бо ҳамин далел аз гирифтани мансаби вазирӣ худдорӣ мекарданд.

- Росташро бигӯям, ман дар сессияи Хуҷанд набудам. Ҳамон шабу рӯз дар Душанбе дар ҷои корам будам. Мудири шӯъбаи маорифи шаҳр шуда кор мекардам. Муовини вазири маориф шодравон Абдубашир Рашидов ба ман занг зада гуфтанд, ки шиносномаамро гирифта тез ба ҳукумати ҷумҳурӣ равам. Ин дуюми декабри соли 1992 буд. Дар ҳукумат бошад ба ман гуфтанд, ки бояд бо аввалин парвоз оҷилан ба Хуҷанд биравам. Ба шавҳарам занг зада ӯро дар ҷараён гузоштаму бо як машаққате ( нақлиёт бад кор мекард) худро ба фурӯдгоҳ расондам… Хулоса, дар фурӯдгоҳи Хуҷанд маро пешвоз гирифтанду ба қасри Арбоб, ки иҷлосияи Маҷлиси Олӣ дар он ҷо мегузашт, бурданд. Дар сессия танаффус эълон шуда буд. 

Аз нигоҳи вакилон бармеомад, ки иҷлосияи вазнинеро паси сар кардаанд. Маро рост ба утоқе бурданд, ки дар он аъзоёни Раёсати Маҷлиси Олӣ кор мекарданд. Дар он ҷо аз одамҳое, ки мешинохтам, Рафиқа Мӯсоева ва шодравон Моёншо Назаршоевро дидам. Салом додам. Ман он вақт Эмомалӣ Раҳмонро (бисёр мехоҳам Эмомалӣ Шарифович бигӯям) намешинохтам. Он кас ба ман муроҷиат карда гуфтанд:

- Муаллима, мо кадрҳоро омӯхтем ва ба хулосае омадем, ки номзадии шуморо ба вазифаи вазири маорифи кишвар пешниҳод намоем. Шумо чӣ фикр доред?

Ман, ки одат карда будам гапамро рӯи рост бигӯям, гуфтам, ки дар ҳамин даврае, ки кори маориф тамоман фалаҷ шудааст, чӣ гуна ин бори гарони масъулиятро ба дӯши як зан бор мекунед? Эмомалӣ Раҳмон дар ҷавоб ба ман гуфтанд, ки «муаллима, шумо маро намешиносед. Ман шуморо мешиносам. Шумо чандин сол муовини вазири маориф кор кардаед, муаллимаи касбӣ ҳастед. Соҳаи худро нағз медонед. 

Боварӣ дорам, ки аз ӯҳдааш мебароед. Агар мушкилот пеш омад мо ёрдамчии шумо ҳастем». Ва каме пеш рафта мегӯям, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ваъдаи худ содиқона вафо карданд. Дар ҳақиқат, дар вақти дар вазифа буданам ба ман кӯмаки зиёд мекарданд. Ман миннатдорам аз он кас. Ҳамин тариқ ман розӣ шудам, ки дар ҳайати ҳукумати нав кор кунам. Чун дигар аъзои ҳукумат бароям муҳофизеро пешниҳод карданд, рад кардам. Шаб истодаму рӯзи дигар боз бо ҳавопаймо ба Душанбе омадам. Акнун ба ҳайси вазир ба Душанбе омадам. 

-Пас, шумо аввалин вазире будед, ки баъди ба сари қудрат омадани ҳукумати нав вориди пойтахт шуд, зеро дигарон баъдтар омада буданд. Оё буданд дигар заноне, ки дар иҷлосияи Хуҷанд вазир тасдиқ гардиданд?

На, заноне, ки дар иҷлосияи Хуҷанд вазир тасдиқ шуда бошанд, дигар набуданд.

- Чаро шумо нахостед, ки муҳофиз дошта бошед? Охир вазъият чандон хуб набуд. Магар ба ҷони шумо таҳдид намекарданд?

- Таҳдид мекарданд. Боре дар ҷои корам соатҳои шаши бегоҳӣ телефонам занг зад. Гӯширо бардоштам, ки сардори яке аз сарраёсатҳои вазорат Абдуҷаббор Сатторович Сатторов бо овози изтиробомезе «муаллима, дарро аз дарун қулф кунед» гуфту гӯширо монд. Ҳанӯз ба асли гап сарфаҳм нарафта будам, ки дар кушода шуду як марди бо автомати калашников мусаллаҳ вориди кабинетам шуд. Камтар нӯшидагӣ. «Э, муаллима, ин шумоед? О, ба ман гуфтанд, ки дар ин ҷо як занаки помириро вазир монданд. Ин шумо будаед-ку»! 

Бале, ин манам. Ман помириям. Лекин шуморо нашинохтам? Баъд он марди мусаллаҳ нақл кард, ки чӣ гуна дар замони директори яке аз мактабҳои ноҳияи Шӯрообод буданаш ман гӯё ҳамчун муовини вазири маориф барояш некие карда будаам. Дастамро бӯсиду гуфтаи худаш «поси некиҳоям» аз тирдони автоматаш ду тирро гирифта ба ман доду гуфт, ки кор кунед, муаллима ва баромада рафт. Вақте аз қафояш то қабулгоҳ баромадам, дар он ҷо Абдуҷаббор Сатторович ва котибаамро бо ранги парида ларзону ҳаросон дидам. Баъд фаҳмам ин шахс ба нияти баде вориди утоқи кориам шуда будааст, вале Худованди бузург хости худашро кард. Одаме, ки бо қасди куштанам омада буд, аз ман хурсанд баромада рафт.

-Муаллима, мегӯянд Шумо то узви Комиссияи Оштии Миллӣ шуданатон дар ҳамин вазифаи вазири маорифи кишвар корҳои зиёдеро барои барқарории сулҳу субот анҷом додаед. Мешавад, ки аз он амалҳои нек лаҳзаҳоеро ба хотир биёред?

- Бале, мешавад. 27-уми январи соли 1993 Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон маро ба наздашон даъват карда гуфтанд, ки «муаллима, ба Бадахшон рафтан даркор аст. Вазъият дар он ҷо чандон хуб нест. Мардумро аз мақсадҳои неки ҳукумати нав огаҳ кардан даркор, роҳ додан даркор нест, ки фурсатталабон домани ҷангро ба он ҷо низ бикашонанд. Гуфтам майлаш. Дар муддати як моҳ аз Қалъаи Хумб сар карда то ноҳияи Мурғоб ҳамаи ноҳияҳои Бадахшонро гаштаму бо мардум сӯҳбат кардам. Дар ҳама ҷо мақсаду мароми ҳукумати навро ба мардум мегуфтам, аз зарурати истиқрори сулҳу субот дар кишвар ҳарф мезадам. Мо се кас будем. Директори мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии рақами 37-и шаҳри Душанбе Сабоҳат Алиёрова, сардори раёсати корҳои умури дохилаи вилоят бо номи Саид, мутаассифона фамилияашонро фаромӯш кардам, ва ман. Сари мо дар ин мулоқотҳо шахсони алоҳида фишорҳои зиёде меоварданд, таҳқир мекарданд.

-Чӣ мегуфтанд?

-Шумо хизматгори кӯлобиҳо шудед, ватанатонро фурӯхтед. Мо шуморо дигар бадахшонӣ ҳам ҳисоб намекунем, мегуфтанд онҳо. Ман ҳам хомӯш намеистодам, ман ҳам мегуфтам. Мегуфтам, ки аз онҳо кӣ гунаҳкор аст, кӣ камбудӣ содир кардааст. Ҳамаашро мегуфтам. Манфиати барқарор кардани сулҳу суботро барои мардумони оддӣ мегуфтам. Нотарсида рӯи рост мегуфтам. Хулоса, то 26 феврал мо дар Бадахшон кор бурдем ва баъдан аз тариқи вилояти ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон ба Хуҷанд ва аз он ҷо бо ҳавопаймо ба Душанбе омада ба Эмомалӣ Раҳмон гузориш додам. Дар яке аз ҷаласаҳои ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон аз ин сафари ман ба Бадахшон ёдовар шуда гуфтанд, ки « кореро дар ин охир муаллима дар Бадахшон карданд, ягон мард накардааст». Моҳи апрели соли 1994 буд, ки маро ба вазифаи муовини сарвазир пешниҳод карданд. Дар ин вазифа шаш сол кор кардам.

- Қариб, ки ҳамзамон бо таъин шудани Шумо ба вазифаи муовини сарвазир музокироти сулҳи байни тоҷикон дар Маскав низ шурӯъ шуд. Оё ин маънои онро дошт, ки дар ҳукумат мавқеъи ҷонибдорони музокирот бо оппозитсия акнун мустаҳкам шуда буд?

-Бояд бигӯям, ки раҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз аввали ба сари қудрат омаданаш тарафдори сулҳ буд. Ҳамеша дар ҷаласаҳои ҳукумат аз боби сулҳу субот ҳарф мезад, аз зарурати оштӣ кардан бо оппозитсия мегуфт. Бо вуҷуди аз моён ҷавонтар буданаш суханҳои бисёр оқилона мезад. Албатта мо ӯро дар ин кори хайраш тарафдорӣ мекардем. Дастурҳояшро дар ин бобат иҷро менамудем. Буданд онҳое, ки мегуфтанд чӣ даркор музокирот кардан бо онҳо. Баромада рафтанд, монед зиндагӣ кардан гиранд дар ҳамон Афғонистону Эрону Русия.

 

Вале раҳбари давлат мегуфт не, онҳо дар Ватани худашон зиндагӣ хоҳанд кард. Ва чунин ҳам карданд. Ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳу субот имзо карданд.

- Бале, Созишномаи умумии Сулҳ ба имзо расид, вале онро ба ҳаёт татбиқ кардан даркор буд. Ин корро Комиссияи Оштии Миллӣ, ки шумо ҳам як узви он будед, дар зарфи қариб беш аз дуввуним сол иҷро кард. Шумо чӣ гуна вориди ин Комиссия шудед ва дар он чӣ гуна фаъолият кардед?

- Ҳамзамон бо вазифаи муовини сарвазир ман ҳамон вақт вазифаи ҷамъиятии раиси Иттиҳодияи занони Тоҷикистонро низ иҷро мекардам. Рӯзе раҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон маро ба наздашон даъват карда гуфтанд, ки «муаллима, Комиссияи Оштии миллӣ таъсис шудаасту шумо ҳамчун раиси Иттиҳодияи занон бояд узви он бошед, яъне аз занҳо намояндагӣ кунед дар он ҷо». Дар аввал ҳамин хел тасмимгирӣ будааст, ки касоне, ки аз ҷониби ҳукумат ба ин Комиссия аъзо мешаванд, аз вазифаҳои давлатӣ низ бояд ба истеъфо бираванд. Вале ман пешниҳод кардам, ки беҳтараст, ин ашхос дар вазифаҳои худ бимонанд ва ҳамзамон ду вазифаро иҷро кунанд. 

Зеро дар вазифаи давлатӣ будан ба онҳо дар кори Комиссияи Оштии Миллӣ кӯмак хоҳад кард. Онро қабул карданд. Баъдан исбот шуд, ки ин пешниҳоди ман ба манфиати кор ва сулҳу субот будааст. Масалан, ман узви зеркомиссияи оиди муҳоҷирони КОМ будам. Ҳангоми кор бо муҳоҷирини ба Ватан баргашта муовини Сарвазир буданам кор дод. Ман аз вазифаи худ истифода бурда дар чандин маврид масъалаи ба соҳибонашон баргардондани манзилҳои истиқоматии ғасбшударо ҳал кардам. Агар дар вазифа намемондам, Худо медонад, ки ин корҳо иҷро мешуданд ё не.

- Дар фаъолияти КОМ оё буданд лаҳзаҳое, ки 25 узви боқимонда, ки мардон буданд, ҳама бо як овоз дар ҷаласаҳо пешниҳоди Шуморо дастгирӣ карда бошанд?

-Бале, чунин лаҳзаҳо низ буданд. Масалан, саҳмияи сифоизаро дар ҳукумат, ки ҳини музокироти сулҳ ба ҷониби оппозитсия дода буданд, мо дар ҳамин КОМ тасдиқ мекардем. Яъне КОМ пешниҳод мекард, ки кӣ ба кадом вазифа таъин шавад ва баъд Раиси ҷумҳур фармонашонро мебаровард. Ҳамин тариқ ба вазифаи муовини вазири умури хориҷа оппозисиюн ду нафарро пешниҳод карда буд. Яке профессор Абдунабӣ Сатторзода ва дигаре ёвари ҷаноби устод Нурӣ Муҳиддин Кабирӣ буданд. Баҳсу мунозира асосан дар доираи намояндагони оппозисиюн дер давом кард. Ба хулосае омада наметавонистанд. 

Лаҷоми суханро ман гирифтам ва фикрамро гуфтам. Гуфтам, ки ҳарду номзад арзанда ҳастанд. Вале имрӯз профессор Абдунабӣ Сатторзода бо дар назардошти таҷрибае, ки доранд, бештар ба ин вазифа лоиқ ва омодаанд. Тарафи оппозитсия ин пешниҳоди маро қабул карданд. Масъала ҳал шуд. Умуман бояд бигӯям, ки ду марде, ки ба ин Комиссия роҳбарӣ мекарданд, яъне устод Нурӣ ва Абдумаҷид Достиев кори хеле хубу арзандаро ба иҷро расонданд. Сабру таҳаммул, хирадмандии ҷаноби Нурӣ ва донишу таҷрибаи кории ҷаноби Достиев сабаб шуд, ки кори КОМ бо муваффақият анҷом бипазирад. Иброҳим Усмонов, Кароматуллоҳ Олимов, Зуҳурҷон Шукуров, шодравон Отахон Латифӣ, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, З. Алиев, Ш.Шоев низ аз ҷумлае касоне буданд, ки хизмати хеле бузург карданд барои ин миллат.

- Хуб, дар КОМ ба ҷуз Шумо занҳои дигар набуданд. Вале ҳамчун собиқ раиси Иттиҳодияи занони Тоҷикистон оё саҳми занони дигарро дар сулҳи байни тоҷикон ёдовар шуда метавонед?

-Ҳазор бор. Ман хизматҳои чунин занони барӯманди тоҷик аз қабили Гулафзо Савриддинова, Рафиқа Мӯсоева, Надежда Соловьёва, Саёҳат Неъматова, Низорамоҳ Зарифова, Ибодат Раҳимова, Мағфират Каримова, Ҳусноро Мирзоева, Вилоят Мирзоева, Майсара Калонова, Адолат Раҳмонова, Адолат Узоқова, Қимматгул Рустамова ва дигарҳоро бо некӣ ба ёд наоварда наметавонам. Инҳо дар душвортарин лаҳзаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ корҳоеро анҷом доданд, ки ҳамааш барои барқарории сулҳу субот дар кишвар буд.

Ҳаминҳо буданд, ки дар мулоқотҳояшон бо мардум аз зарурати сулҳу ваҳдат гап мезаданд. Бояд рӯи рост бигӯям, ки он вақтҳо мардон камтар ҷуръат мекарданд, ин суханҳоро ба забон биёранд. Ҳаминҳо буданд, ки занҳоро дар душвортарин даврони ҷумҳурӣ, солҳое, ки гушнагӣ ҳар як шаҳрвандро таҳдид мекард, ташвиқ ба кори тиҷорат карданд ва занҳо дар таъмини мардуми ҷумҳурӣ бо маводи хӯрока саҳм мегузоштанд. Агар бигӯем, ки занҳо буданд, ки ҷумҳуриро аз гуруснагӣ наҷот доданд, хато намешавад.Оё ҳамин чиз хизмат барои сулҳ нест?

-Муаллима, мебинам, ки шумо бо фаъолияти худ дар «Маркази таълимии бонувон «Сарвар» ҳамчун раҳбари он боз ҳам масъалаи сулҳу ваҳдатро дар мадди аввал гузоштаед. Дар ин марказ ҷавондухтарони навоҳии мухталифи Тоҷикистон таълиму тарбия мегиранд ва бо ҳам аҳлона зиндагонӣ мекунанд.

Бале. Ман Худоро шукр ду писар дорам. Дар ҷавониям бисёр орзу мекардам, ки соҳиби духтар низ шавам. Инро бинед, ки Худованд имрӯз ба ман 180 нафар духтар додааст, ки намояндагони 45 ноҳия ҷумҳурӣ буда дар 10 мактаби олии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд. Ин марказ 11 сол қабл ба хотири кӯмак расондан ба духтарони кӯҳистоние, ки ба мактабҳои олӣ барои хондан меоянд, бунёд шудааст. 

Ин духтарон ба ғайр аз он, ки дар мактабҳои олӣ таълим мегиранд, дар ин ҷо низ забони англисӣ ва кор бо кампютерро меомӯзанд. Тарбияи ватандӯстии онҳо, пойбанди ғояи сулҳу ваҳдат кардани онҳо асоси чорабиниҳои моро ташкил медиҳанд. Мо аминем, ки ояндаи кишвари мо аз бисёр ҷиҳат ба мавқеъи занони мо вобастагӣ дорад, аз он ҷумла тақдири сулҳу ваҳдати мо. Модарону хоҳарон ва бонувони мо аз ҷангу тафриқа хориву азиятҳои зиёде кашидаанд. Аз ин рӯ сулҳу ваҳдатро чун тифли деринтизор парвариш хоҳанд кард.

Мусоҳиб 
Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi