| МАҶАЛЛАИ АМРИКОИИ “АЗИЗА” ВА ВАЗЪИ ЗАНОНИ ТОҶИК |
| Мақолаҳо - Зан ва ҷомеъа | |||
| 04.10.2011 21:36 | |||
Тайиба Тейлор ба кишварҳои зиёда сафар карда, дар бораи ҳаёти занони мусулмон, расму оин, сарулибос ва таомҳои миллии ақвоми мухталиф, ҷойгоҳи занон дар сиёсат ва бизнес навиштааст. Аз эҳтимол дур нест, ки хабарҳои маҳдудиятҳо дар озодиҳои динии занони тоҷик ӯро ба сафари Тоҷикистон водор карда бошад. Маҷаллаи “Азиза”, ки дар соли 2000 таъсис ёфтааст, дифоъ аз ҳуқуқи занони мусулмонро яке аз аҳдофи хеш қарор дода, дар соли 2009 барандаи ҷоизаи миллии журналистикаи этникии Иёлоти Муттаҳида ва дар соли гузашта аз номзадҳои асосии Ҷоизаи FOLIO Eddie Award гашт. Худи хонуми Тайиба Тейлор низ борҳо ба ҷоизаҳои маъруфи Амрико ноил гаштааст. Вай инчунин дар бораи ислом ва ҳаёти занони мусулмон дар ҳамоишҳои байнулмилалӣ ва донишгоҳҳои гуногун суханронӣ кардааст. Тайиба Тейлор пас аз таҳсил дар Донишгоҳи Торонто дар бахши биология ва фалсафа улуми исломӣ ва забони арабиро дар Донишгоҳи Шоҳ Абдулазиз дар Ҷиддаи Арабистони Саудӣ омӯхтааст. Вай қаблан насронӣ буда, ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна ба ислом гаравидааст. Тайиба Тейлор яке аз 500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон дар соли 2009 шумурда шуда, барандаи Ҷоизаи Лигаи занони мусулмони ҷаҳон мебошад. Вай модари панҷ фарзанд аст. «Озодӣ»
|






