10:27:55 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЗИНДАГӢ ДАР СЕ ҚАРН. АЗОБИИ ПИРИИ "ЗАНОНИ ТАБАРРУК"

Ду сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки яке 112 ва дигаре 115 сол дорад, ниёзманди муроқибати доимии пизишкон будаанд. Аммо ба қавли пайвандони ин ду пиразан, ҳеҷ як корманди идораи беҳдоштии ноҳия аз ҳоли эшон хабар намегирад, то барои таскини "азоби пирӣ" ба онҳо тавсияҳо бидиҳад.

/images/stories/2012/03/29_modarbuzurg_29312.jpgЗулҳиҷҷа Ёфтуллоева, зани 115-соларо хирагии чашм, бехобӣ ва дарди бадан азият медиҳад. Қумриннисо Ёфтуллоева, арӯси момои Зулҳиҷҷа ва ягона парастори ӯ мегӯяд: "Роҳи беморхона дур аст ва худи кампир тавони аз ҷой бархостанро надорад. Танҳо як бор кормандони ҳукумати ноҳия омада, аз ҳоли ӯ хабар гирифтанд, аммо аз маркази саломатӣ ё аз беморхона ҳеҷ духтуре наомад. Ҳол он ки давлат бояд чунин одамони табаррукро зери парастории худ бигирад."

Хонум Қумриннисо афзуд, момои Зулҳиҷҷа то ду соли қабл нисбатан бардаму ҳушёр буд, вале пас аз фавти ягона писараш каме беҳуш ва зеҳнаш кунд шудаву аз пой дарафтодааст. "Пиразан чунин зарбаи тақдирро бардошт карда натавонист ва то ҳанӯз ба худ наомадааст",-мегӯяд Қумриннисо.

Дар шиносномаи Зулҳиҷҷа Ёфтуллоева санаи таваллуди ӯ 5-уми январи соли 1897-ум қайд шудааст, яъне ӯ зодаи асри 19 буда, шоҳиди бевоситаи рӯйдодҳои асрҳои 20 ва 21-и Тоҷикистон мебошад. Вай шоҳиди ҷанг ва гуруснагию қаҳтиҳои зиёде будааст. Ӯ гуфт, "дар давраи ҷавонии мо одамон аз гуруснагӣ мемурданд. Ҷавонони имрӯза ношукрӣ накунанд, нонрезаҳоро аз замин бардоранд ва қадри онро донанд."

Дар баробари момои Зулҳиҷҷа инчунин момои Бадан Исматова низ аз шумори солмандтарин сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ 8-уми марти соли 1900-ум дар водии Язғуломи ноҳияи Ванҷ ба дунё омада, солҳои 50-уми асри гузашта аз Ванҷ ба водии Вахш, ба ноҳияи Куйбишев (имрӯза Абдураҳмони Ҷомӣ) муҳоҷир шудааст. Момои Бадан, ки беш аз 80 набераю абераю чабера дорад, мегӯяд, ӯ ва фарзандонашро дар солҳои қаҳтии 30-юму 60-уми асри гузашта тути қоқу зардолу аз гуруснагию марг наҷот дод.

Ин зани кӯҳансол 7 сол дар мактаби тоинқилобӣ ва мактаби маҳви бесаводии Шӯравӣ таҳсил карда ва ҳоло агар аз ӯ навиштани ному насабашро хоҳиш кунанд, бо ҳарфҳои лотинӣ иншо мекунад. Аммо хеле ҷавон, дар синни 12-солагӣ Баданро ба шавҳар додаанд. Замоне ки ба дидорбинии момои Бадан рафтем, духтари калониаш Бибай Султоноваи 83-сола аз ноҳияи Ванҷ ба аёдати модари пираш омада буд.

Момои Бадан ҳоло тамоми сирри дилашро ба духтараш Бибай ва келини "кенҷагӣ"-аш, ки омӯзгори мактаби миёна аст, мегӯяд. "Дигар ба умри ман ягон дугона намондааст, бо ҳамин духтару келину набераҳо сӯҳбат мекунам. Таҳорат карда, 5 вақт намозамро мехонам. Фарзандон мегӯянд, ки кор накун, аммо ба худам мефорад, бекор нишаста наметавонам",-мегӯяд Бадан Исматова.

Чунин ба назар мерасад, ки момои Бадан дар бофтани ҷорӯб чирадасту беназир мебошад. Набераҳо "табаррукӣ" гуфта, барои ҳадя гирифтани ҷорӯби момои Бадан дар навбат меистанд. Ба ҷуз ин, момои Бадан 150 сомонӣ маоши бознишастагиашро низ барои харидани ҳадя ба набераю абераҳояш сарф мекунад. Дар ҳоле ки тамоми ҷавонони деҳа талош мекунанд, бо тӯҳфаҳо ба назди момо омада, дуои хайри ӯро бигиранд.

"Ҷавонон, мардҳое, ки ба муҳоҷирати корӣ рафтанӣ мешаванд, аввал омада аз момои Бадан дуо мегиранд. Ҳар касе, ки кореро оғоз карданӣ мешавад, аз момои Бадан фотиҳа мегирад, чунки ин кас пири деҳа ҳастанд, табарруканд",-мегӯяд Рухсора Алиева, келини хурдии момои Бадан.

Худи момои Бадан одат кардааст, ки дардҳояшро тавассути гиёҳҳо ва растаниҳои табиӣ дармон бахшад: "Сабаби дарозумрии ман аввал Худо аст, баъд боду ҳавои софи деҳа, тановули гиёҳҳо ва алафҳои табиӣ мебошад. Агар шумо ҳам бештар гӯшти кабку оҳу, меваи хушк, туту зардолу ва гиёҳҳои шифобахш, мисли пудинаро истеъмол кунед, иншоллоҳ, ки дарозумр мешавед."
Носирҷони Маъмурзода, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi