ГУЛРУХСОР: ”САКАРОТ”-И ШОҲОН ВА ГАДОЁН
Дар Тоҷикистон румони ҷадиде аз шоъир ва нависандаи саршинос, Гулрухсор Сафӣ, бо номи “Сакарот” дар чопхонаи Эр-граф мунташир шудааст. Ба гуфтаи ноширон, ин китоб бо теъдоди як ҳазор адад ба чоп расида ва дар муддати камтар аз як моҳ беш аз ними он ба фурӯш расидааст. Мунтақидони адабӣ румони ҷадиди Гулрухсорро бо таваҷҷуҳ ба матолиб ва паёмҳои сиёсии рамзомезе, ки дар бар дорад, дар ду даҳаи ахир дар минтақа беназир медонанд. Ба гуфтаи онҳо, ин китоб яке аз пурфурӯштарин китобҳо дар Тоҷикистон дар як даҳаи ахир маҳсуб мешавад ва хонуми Сафӣ мойил аст онро дубора мунташир кунад.
"Рама ва чӯпон"
“Рама чӯпонро интихоб намекунад.” Бо чунин суханон румони “Сакарот”–и шоъир ва нависанда, Гулрухсор, оғоз меёбад. Ва тавре ки худи ӯ мегӯяд, муносиботи байни шоҳ ва гадо, ду қаҳрамони барҷаста дар осори клосикии форсӣ, асли муҳтавои ин румонро ташкил медиҳад.
Шоҳу гадо дар осори клосикии форсӣ ба шеваҳои мухталифе, гоҳ дар пероҳани қаҳрамонони хубу бад, яъне гоҳ дар муқобили ҳам ва гоҳ бо ҳам наздик ва гоҳе ҳам барои баёни андешаҳои сӯфиёна ба ин маънӣ, ки шоҳу гадо ҳарду аз дунё чизе бо худ намебаранд ва нахоҳанд бурд, тасвир шудаанд. Аммо "шоҳу гадои" Гулрухсор чеҳраҳои тозаеро бозтоб медиҳанд ва ба назар мерасад, ки нависанда аз мубоҳисот ва гуфтмонҳои ҷаҳони имрӯз дар бораи ихтилофи демукросӣ ва истибдод, нақши мардум ва сарвари он дар сиёсат ва давлатдорӣ илҳом гирифтааст.
Хонуми Сафӣ худаш дар ин бора мегӯяд: “Агар таърихи адабиёти форсу тоҷикро ба ёд биёрем, дар бештари осори шуъарои клосик ва муъосири форсу тоҷик, аз омма ва ё мардум ситоиш мешавад, аммо ба эҳтимоли зиёд, румони “Сакарот” яке аз асарҳои камчинест, ки дар он мардум ва омма барои “шоҳсозӣ” маҳкум мешаванд.”
Хонуми Сафӣ бахши аввали румони “Сакарот”-ро, ки унвони он маънии "ҷонканӣ" ё бехудиҳои қабл аз маргро мерасонад, бо муъаррифии ҳувияти "шоҳ" ё "малик" оғоз мекунад. Дар ин бахш ҳангоми муъаррифии шоҳон вай навиштааст: “Ҳар қадар мулкаш пасмондаву халқаш муфлису ҳақир бошад, ҳамон қадар сураташ сер, симояш мағрур, нигоҳаш осмонбӯс аст. Мазори аъмолаш пур аз тобуту ҷанозаву гӯри шахсиятҳост.”
Дар ин бахши румони “Сакарот” ҳамчунин қаҳрамони дигари он – омма ё мардум низ муъаррифӣ шудааст, ки ба қавли нвисанда аз офаридгори худ бим дорад. “Омма худро ихтиёрӣ ба барраи қурбонӣ табдил додааст, баррае, ки пайваста дар дами теғи тези ишқ қарор дорад. Халқ аз офаридаи худ тарсиданро дӯст медорад, зеро зиндагии бидуни биму ҳарос барояш маънӣ надорад.”
Дастнависҳои сӯхта
Шоъир ва нависанда Гулрухсор мегӯяд, ки навиштани румони “Сакарот”-ро ҳанӯз дар авоили даҳаи 1990, замоне ки ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон даргирифт, оғоз карда буд, борҳо дастависи онро ба коми оташ супурд ва боз ба навиштани нусхаи дигаре аз он шурӯъ кард. Бону Гулрухсор мегӯяд, ки таълифи ин асар бисёр хастакунанда буда ба ин далел худаш ҳам аз ин асар чандон хушаш намеояд ва шояд, ки “Сакарот”-и мунташиршуда нусхаи ёздаҳумин дастнависи вай бошад. Вай афзуд: “Ман намедонам, ки чаро ҳаждаҳ соли умрамро ба як мавзӯъи зиште бахшидам. Ман ба шоҳ ва ҳам ба гадо нафрат дорам. Зеро шоҳ ва гадо ҳамдигарро бидуни ҳам таваллуд мекунанд. Дар поёни румон ҳангоме, ки малик ҷони худро аз даст медиҳад, танҳо гадо барои вай гиря мекунад.”
Зимнан, ин севумин румони бону Гулрухсор аст, ки дар Тоҷикистон мунташир мешавад ва ба гуфтаи бархе пажӯҳишгарон, вай батадриҷ аз як шоъир ба як нависанда табдил мешавад. Зеро Гулрухсор дар миёни дӯстдорони адабиёт бештар бо шеърҳояш ошност.
Ҷавомеъи худкома
Рустами Ваҳобниё, шоъир ва мунтақиди адабӣ , ки румони тозаи хонуми Сафиро мутолеъа кардааст, мег ӯ яд, ки румони “Сакарот” падидаи хоссе дар адабиёти муъосири форсу тоҷик аст.
Оқои Ваҳобниё афзуд: “Румони “Сакарот”- ро метавон гуфт, ки як помфлет ё нигоҳи танзолуд ба воқеъиятҳои як ҷомеъаи баста, ҷомеъаи султасолор ё ба истилоҳи имрӯзии мо, ҷомеъаи яккаҳукмронӣ аст, ки дар он инсонҳо ба ҳадде хурд ва ночиз шудаанд, ки нисбат ба шахсияти худ ҳеҷ эҳтироме ва арзише қоил нестанд. Онҳо ҳамаи ҳастӣ ва вуҷуди худро дар вуҷуду симои як нафар мебинанд.
Ва ин кор то ба ҳадде ба ифрот мекашад, ки ин ифтизоҳро худи он як нафар, ки маъбуд ё султон ё шоҳ қарор дода шудааст, эҳсос мекунад ва омма низ ба ин шикасти худ мутаваҷеҳ мешавад.”
Ба гуфтаи оқои Ваҳобниё, бо вуҷуди он ки дар румони тозаи Гулрухсор дар бархе маворид ба баъзе орояҳои ҳунарӣ ё тундравӣ дар истифода аз биниши ҳунарӣ роҳ дода шудааст, аммо ба гуфтаи вай “Сакарот” дар адабиёти форсу тоҷик як падидаи ҷадид ва дар навъи худ беназир аст. Ба гуфтаи ин муҳаққиқ ва мунтақиди тоҷик, румони “Сакарот” барои ҳамаи қишрҳои мардум қобили фаҳм аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, бархеҳо муътақиданд, ки ин асар мумкин аст "азҳони рокид дар ҷомеъае олуда ба фақру фасод ва бемор аз ҷаҳолатро" ба ҷунбиш дароварад.
Дар ҳамин ҳол, чопхонаи “Деваштич” низ маҷмӯъае аз ашъори шоъир ва нависанда, Гулрухсор Сафиро бо номи “Ҷовидона” ба табъ расондааст, ки дар он шеърҳои тозаи шоъир гирдоварӣ шудаанд.
Заринаи Хушвақт,
Би-Би-Си