13:35:28 01-уми Июни 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Июн 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ПӮШИШИ ҲИҶОБ: МАҲРУМИЯТ ВА СУД

Бархе аз духтарони донишҷӯйи донишкадаи исломии Тоҷикистон дарёфти ҷои кори доимӣ баъд аз анҷоми таҳсил дар ин муассисаро мушкилоти аслии духтарони ҳиҷобпӯш дар ин кишвар медонанд.

/images/stories/2012/11/13_studentsislam-131112.jpgИн дар ҳолест, ки духтарони сатрпӯш мегӯянд, ки ба хотири ҳеҷ фарде ва ё фаъъолияте даст аз пӯшиши сатри исломиро намекашидаанд. Бо вуҷуди манъи пӯшиши сатри исломӣ дар муассисаҳои омӯзишӣ дар Тоҷикистон шумори духтарони ҳиҷобпӯш дар ин кишвар сол то сол меафзояд.

Таманнои Сироҷиддин, яке аз духтарони ҳиҷобпӯш мегӯяд, ки бо хоҳиши хеш сатри исломиро пӯшида ва таҳсил дар донишкадаи исломии Тоҷикистонро ихтиёр кард. Вай афзуд, ки то ҳол муассисаеро барои фаъъолияти баъд аз таҳсилаш интихоб накарда, вале таманно аз он бим дорад, ки пӯшиши ҳиҷоб метавонад барои пайдо кардани кор ба вай мавонеъ эҷод кунад.

Ӯ афзуд: “Мо мехоҳем, ки ҳар куҷое ки равему кор кунем, пӯшиши мо озод бошад. Вале ҳарчанд давлати мо демукротист, вале моро тавре, ки мо мехоҳем бипӯшем, иҷоза намедиҳанд. Масалан бархе аз падару модарон духтарони худро аз мактаб бо он ки барои шогирдони мактаб ҳиҷобпӯширо иҷоза намедиҳанд, канор мегиранд.”

Ҳарчанд Таманно бо ишора ба манъ будани кашидани чеҳраи инсон дар ислом ба ман иҷоза надод, ки аз вай акс бигирам, аммо вай мегӯяд, ки омӯхтани воқеъияти дини ислом ҷавононро аз гароиш ба ҳар гуна гурӯҳҳои тундрав ва даст задани онҳо ба ҷиноёт бозмедорад.

Дар гузашта дар бархе аз донишгоҳҳои олӣ дар Тоҷикистон ба дунболи роиҷ шудани пӯшиши вижаи донишҷӯйӣ иддае аз духтарони ҳиҷобӣ бо душвориҳои пӯшиши ҳиҷоб рӯбарӯ шуданд.

Ҳамчунин чунин душвориҳоро занон ва духтарон ба ҳангоми фаъъолият дар муассисоти давлатии ин кишвар низ доштаанд.

Аммо Сулаймон Давлатов, раиси ин донишгоҳ мегӯяд, ки дарёфти кор барои донишҷӯён баъд аз хатми донишгоҳ масъулияти онҳо набуда ва афзун бар он мушкили пайдо кардани ҷои кор дар Тоҷикистон танҳо мухтаси духтарон ва занони ҳиҷобӣ набудааст.

Дар донишкадаи давлатии исломии Тоҷикистон беш аз як ҳазору 300 нафар донишҷӯй таҳсил мекунанд ва беш аз 240 нафарро аз ин ҷумла духтарон ташкил медиҳанд. Ин донишкада танҳо муассисаи омӯзишии давлатӣ дар Тоҷикистон аст, ки духтарони донишҷӯй бидуни мушкиле бо ҳиҷоб дар дарсҳо ширкат мекунанд.

Бо вуҷуди он, ки пардохти як сола барои таҳсил дар ин донишгоҳ ҳудуди 500 дулорро ташкил медиҳад, вале шумори духтарони довталаб барои таҳсил дар донишгоҳ кам намешавад. Ин дар ҳолест ки маъоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон ҳудуди 80 дулор будааст.

Аксари духтарони донишҷӯйи донишгоҳ мегӯянд, ки пӯшиши ҳиҷобро бидуни фишор аз сӯйи волидон, яъне ихтиёран пазируфтаанд.

Арӯсони фармонбардор

Заррина Урунова, донишҷӯйи ин донишгоҳ мегӯяд, ки ҳатто волидони вай мухолифи пӯшиши сатр ва таҳсили ӯ дар донишкадаи исломӣ буданд. Вале вай афзуд: “Волидонам мехостанд, ки ман пизишк шавам. Аммо ман орзу доштам, ки илми мазҳабиро ёд гирам ва бар асоси қонуни ислом зиндагӣ кунам.”

Заррина мегӯяд, ки дар оянда мехоҳад, ки омӯзгори таърихи ислом шавад, вале ӯ афзуд: “Дар сурате, ки шавҳарам ба ман иҷоза диҳад, ки кор кунам ман ҳатман дар мадрасае ва ё донишгоҳе омӯзгор мешавам. Ҳарчанд динни мубини ислом ба зан ҳаққи фаъъолият карданро медиҳад, аммо ин корро зан танҳо бо иҷозаи шавҳараш бояд бикунад.”

Хонум Урунова ба ин бовар аст, ки зани мусалмон бояд ба шавҳараш итоъаткор бошад.

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи иддае аз донишҷӯён ва устодони онҳо, бисёре аз донишҷӯйдухтарони ин донишгоҳ дар солҳои ахири таҳсил издивоҷ мекунанд, аммо таҳсил дар донишгоҳро ба нудрат тарк мекунанд. Яке аз омӯзгорони ин донишгоҳ мегӯяд, ки бо таваҷҷӯҳ ба одоб ва дониши мазҳабии духтарон, бархе аз модарон барои интихоби арӯси оянда ба дари ин донишгоҳ меоянд.

Мулкия Насриддинова, яке аз омӯзгорони ин донишгоҳ мегӯяд, ки одоби хуби духтарони донишгоҳ онҳоро ба арӯсони талабманд табдил додааст. Хонум Насриддинова гуфт: “Бисёре аз модарон, бо таваҷҷӯҳ ба он ки духтарони донишгоҳ саводи диннӣ доранд ва ороиши рӯйро истифода намекунанд, маҳз духтарони ҳиҷобпӯш, аз ҷумла донишҷӯйдухтарони донишкадаи моро барои писаронашон интихоб мекунанд.”

Вай мегӯяд, ки ҳарчанд дар донишгоҳҳои дигар бисёре аз духтарон баъд аз издивоҷ аз таҳсил канор мегиранд, вале барои духтарони ин донишгоҳ баъд аз издивоҷ шавҳарҳо иҷоза медиҳанд, ки таҳсилро дар он идома диҳанд.

Як соли қабл масъулони Кумитаи занон ва хонаводаи Тоҷикистон, ниҳоди вобаста ба давлат назарсанҷие анҷом доданд ва бар асоси он 55 дарсади занон ва духтарони сатрпӯш дар ин кишвар гуфтаанд, ки иҷборан ҳиҷобпӯш шудаанд. Ҳамчунин ин назарпурсӣ муаъйян кард, ки 45 дарсади занон ва духтарони пурсидашуда гуфтаанд, ки худашон довталабона пӯшиши сатри исломиро ихтиёр кардаанд.

Масъулони кумитаи зан ва хонавода мегӯянд, ки бештар аз он нигаронанд, ки аксари духтарони ҳиҷобпӯш аз омӯзишу парвариш дар канор мемонанд ва ё ба таҳсил танҳо то синфи нӯҳум фаро гирифта мешаванд.

Ин дар ҳолест ки давлати Тоҷикистон пайваста аз он ибрози нигаронӣ мекунад, ки пӯшиши исломӣ аз кишварҳои бегона вориди Тоҷикистон шуда ва мумкин аст ҳамроҳ бо ҳиҷобу рӯсарӣ афкори тундрав ва ифротӣ низ вориди ин кишвар шавад.

Мақомоти Тоҷикистон маъмулан кишварҳои бегонаро омили афзоиши ифротгароӣ ва пайвастани ҷавонон ба ҷараёнҳои тундрави мазҳабӣ медонанд ва иқдомотеро барои таҳти кунтрули давлат нигаҳ доштани умури мазҳабӣ анҷом додаанд, ки муҷиби интиқоди созмонҳои дифоъи ҳуқуқи башар шудааст.

Вале ба гуфтаи таҳлилгарон, фақру бекорӣ ва фасоди густарда ва набуди барномаҳои вижаи сиёсӣ барои ҷавонон дар дохили кишвар мӯҷиб шудааст, ки онҳо ба гурӯҳҳои мухталифи мазҳабӣ бипайванданд.

Зарринаи Хушвақт, Би-би-сӣ, Душанбе



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi