06:55:04 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
25 26 27 28 29 30
31            

ПОЛКОВНИК Ҳ.ХУШДИЛОВА: ЗАНОН ДАР САФОРОӢ АЗ МАРДОН КАМӢ НАДОРАНД

Бори аввал дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқол, гурӯҳе аз занони низомӣ дар гузашти (паради) ҳарбӣ бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ, ширкат карданд.

/images/stories/2013/02/23_zanon-artish-230213.jpgБеш аз сад нафар бонувоне, ки имрӯз, 23-юми феврал дар паради ҳарбӣ ширкат доштанд, аксаран дар дастгоҳи марказии Вазорати мудофеаи Тоҷикистон кор мекунанд. Дар ростои рӯзи Артиши миллӣ, хабарнигори мо бо раиси шӯрои занони Вазорати мудофиа полковник Ҳусния Хушдилова ҳамсӯҳбат шуд.

-Шуморо чӣ водор кард, ки маҳз пешаи низомӣ буданро интихоб кардед?

-Ман дар оилаи як нафар ҳарбӣ ба дунё омадаам. Шодравон падарам корманди Вазорати корҳои дохила буданд. Бинобар ин, аз тифлиям либоси ҳарбиро дӯст медоштам ва орзу мекардам, ки низомӣ шаваму мисли падарам либоси ҳарбӣ ба бар кунам. Аммо ман саравал маълумоти олии мулкӣ гирифтам дар Донишгоҳи он замон давлатии Тоҷикистон.

Пас аз хатми он ҳам оиладор шудам ва имконияти ба соҳаи ҳарбӣ пайвастан набуд. Аммо пас аз истиқлолият ва ҳаводиси фоеҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ, Артиши миллии кишварамон таъсис ёфт ва дар дили ман ҳаваси пайвастан ба артиш дубора зинда шуд. Он замон артиши мо ҳам ба занон эҳтиёҷ дошт ва ман ҳам хоҳиши низомӣ шудан доштам.

Ҳамин тавр ман ба сафи қувваҳои мусаллаҳ пайвастам. Аммо баъдан ман давраҳои махсуси такмили ихтисосро дар Маскав хатм кардам. Чун қабл аз пайвастан ба сафи артиш низ касбӣ ман омӯзгорӣ буд, ҳоло низ дар артиш низ ман ба таълиму тарбияи афсарону сарбозон машғулам.

-Баландтарин рутбаи занони низомӣ дар Тоҷикистон кадом аст? Оё мо аз ҳисоби занон низ генералҳо дорем?

-Дар Артиши миллии мо то ҳол аз ҳисоби занон ҳеҷ кас ба рутбаи генералӣ мушарраф нашудааст. Баландтарин рутбаи низомии занон ин полковник ҳаст, ки хушбахтона ман ҳам ин унвонро дорам. Чанд нафар занон ба ин унвон мушарраф шудаанд ва бархеашон аллакай бознишаста шудаанд. Аммо боз ҳастанд заноне, ки унвони полковникӣ доранд ва дар қатори мо хизмат дар артишро идома медиҳанд.

-Маъмулан дар Тоҷикистон рӯзи 23-уми феврал на танҳо чун рӯзи Артиши миллӣ, балки чун Рӯзи мардон низ ҷашн гирифта мешавад. Вале имрӯз шоҳиди он шудем, ки занони низомӣ низ дар қатори мардон дар гузашти ҳарбӣ ширкат карданд. Оё бештар Шуморо бо ин рӯз табрик мекунанд ва ё Шумо дигар мардонро бо ин рӯз табрик мегӯед?

-Дар оилаи мо сараввал маро бо ин рӯз табрик мекунанду баъд ман мардҳоро бо ин рӯзашон муборакбод мегӯянд. Ин саҳар низ чун бо либоси ҳарбӣ аз хона берун шудам ҳама аъзои оила маро сараввал табрик гуфтанд. Яке аз ташаббускорони ширкати занҳо дар гузашти низомӣ ман будам.

Тавре худатон мушоҳида кардед, имрӯз занони низомӣ имрӯз дар майдони «Дӯстӣ» дар баробари мардон қадам заданд. Бонувони артиш имрӯз собит карданд, ки онҳо натанҳо дар сафи қувваҳои мусалаҳ хизмат карда метавонанд, зану модари меҳрубонанд, балки дар сафороӣ низ аз мардон камие надоранд.

-Оё барои як нафар зан дар сафи артиш хизмат кардан дар баробари мардон душвор нест?

-Албатта хизмат кардан дар сафи артиш душвориҳо ва махсусияти хешро дорад. Метавонанд нисфи шаб ба кор даъват кунанд, бонги хатар шуданаш мумкин аст. Бинобар ин, вақте занон барои кор кардан ба артиш меоянд, мо аз онҳо сараввал мепурсем, ки оё Шумо барои хизмат дар сафи қувваҳои мусалаҳ қарори қатъӣ қабул кардаед ё на?

Мефаҳмонем, ки Шуморо дар дилхоҳ ҳолат ва соати як шабонарӯз метавонад талаб кунанд, ки ба кор ҳозир шавед. Ё ин ки мешавад ҳолатҳое, ки дер ба хона меравед ё баръакс субҳи барвақт ба кор даъват мешавед. Вақте онҳо зери ин ҳама шарту шароитҳо ихтиёран имзо мегузоранд, баъд онҳоро ба кор мегирем.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi