13:32:29 01-уми Июли 2025 сол

ЗАНОЗОРИИ ГУСТАРДА ДАР ТОҶИКИСТОН

Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, як сеюми занони Тоҷикистон дар зиндагии рӯзмарраашон бо мавориди гуногуни хушунат рӯбарӯ ҳастанд.

 

Хайриниссо Юсуфӣ, раиси Кумитаи занони Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 19 октябр, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки ин танҳо арқоми афродест, ки расман ба ниҳодҳои давлатӣ аз мавориди хушунат шикоят бурдаанд. Ба гуфтаи хонуми Юсуфӣ, маъмулан ба далели нуфузи суннатҳои падарсолорӣ ва аз бими ангуштнамо шудан занҳои тоҷик дар бораи ҳодисаи лату кӯб, таҳқиру озор ва мавориди дигари зӯроварӣ нисбат ба худ хомӯшӣ ихтиёр мекунанд.

 

Аз ин лиҳоз, мушаххас кардани теъдоди воқеъии осебдидагони хушунат душвор будааст. Вале ба эътиқоди коршиносони созмонҳои мустақил, бархе аз заноне, ки ба таври мукаррар мавриди хушунат қарор мегиранд ва рози худро ошкор намесозанд, умдатан даст ба худкушӣ мезананд.

 

Бино ба иттилоъи манобеъи Кумитаи занони Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли ҷорӣ танҳо дар вилояти Суғд, дар шимоли ин кишвар, 234 ҳодисаи худкушӣ сабт шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта 21 маврид зиёдтар будааст.

 

Дар ин муддат теъдоди заноне, ки барои кумак ба Марказҳои буҳронӣ муроҷиъа карда ва дар паноҳгоҳҳои муваққатӣ ба сар мебаранд, то ба 1800 нафар афзоиш ёфтааст. Масъулони ин кумита илали афзоиши мавориди хушунат алайҳи занонро ба фақру бекорӣ, азияту озори шавҳару модаршӯй, муҳоҷирати мардон ба хориҷи кишвар ва вогузор шудани мушкилоти рӯзгор ба ӯҳдаи занон марбут хонданд.

 

Хайриниссо Юсуфӣ, раиси Кумитаи занони Тоҷикистон, мӯътақид аст, ки шӯроҳои рустою шаҳрҳо ва рӯҳониён метавонанд дар роҳи ҷилавгирӣ аз хушунат, бахусус, хушунати хонаводагӣ дар қиболи занон, саҳим бошанд.

 

Ӯ ба унвони мисол аз таҷрубаи шаҳри Турсунзода, дар ғарби Тоҷикистон, ёдовар шуд, ки бо мусоъидати шӯроҳои маҳаллӣ ва имомҳои масоҷид мушкилоти хонаводагии бархе занон ҳал шуда ва ин амр ба коҳиши мавориди хушунат ва ҳаводиси худкушии занон мунҷар шудааст. Зимнан, дар ин нишаст аз фаъолияти “Хадамоти дастгирии духтарон”, як созмони дифоъ аз ҳуқуқи духтарони синни 10 то 18-сола дар Тоҷикистон тамҷид шуд.

 

Ингрид Ҷонсон, раиси ин созмон, гуфт, ки то ҳол 12 духтари синни зери 15 сол, ки аз хушунати хонаводагӣ осеб дидаанд, дар паноҳгоҳи муваққатӣ ҷой дода шудаанд ва ба онҳо кумакҳои ҳуқуқию равонӣ ироа мешавад. Хонуми Ҷонсон мегӯяд, ки дониши ҳуқуқии аксари кулли духтарони тоҷик дар сатҳи пойин қарор дошта ва дар сурати мувоҷеҳ шудани онон бо хушунат, онҳо наметавонанд аз худ дифоъ кунанд.

 

Созмони “Хадамоти дастгирии духтарон” аз сӯйи Кумисиюни Урупоӣ сармоягузорӣ мешавад. Ин созмон қасд дорад фаъолияти худро дар 10 ноҳияи Тоҷикистон роҳандозӣ кунад.


Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ