07:05:06 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ба дил гуфтам, кадомин шева душвор аст дар олам…

Меҳрнома ба журналисти шинохта Муҳиддин Идизода, ки ин ҳафта зодрӯз дорад

Дигаронро намедонам, вале барои ман басо душвор аст дар бораи шахсе бинвисам, ки хуб мешиносам. Ва мушкили дигар он аст, ки то ҳол дар бораи ҳеҷ ҳамсабақе сатре нанавиштаам, ҳарчанд мебояд бинвисам. Ҳоло ҳам қалам дар даст дар он фикрам, ки  дар бораи Муҳиддини азиз чӣ бинвисам ва аз чӣ оғоз кунам. Шояд аз он мужда, ки зодрӯз дорад ва беш аз ним аср аз умраш сипарӣ мешавад? Оре, маҳз аз ин, чун ҳадаф ҳам ин аст. Ва дар аввалин сархати навиштаҳо мехоҳам орзу кунам: БОЗ ЯК АСРИ ДИГАР БО МО БОШАД!

idizoda 454545Ҳанӯз ҳам боварам намеояд, ки пушти дар соли 2014 дар мекӯбад ва аз гузашти боз як соли умр ово медиҳад. Ҳанӯз ҳам боварам нест, ки аз хатми донишгоҳ каме бештар аз сӣ сол сипарӣ мешавд ва ҳанӯз боварам нест, ки Муҳиддин ҳам чун нигоранда ин сӣ соли баъди донишгоҳиро сарфи навиштан мекунад. Мо сӣ сари сол аст менависем, вале ҳарфу ҳиҷо поён надорад. Сӣ сари сол мо навиштем, вале куҷост девону дафтари ба ёдгор монда? Ва ин сӣ сол мо ҳамон дарду ранҷҳоро навиштем, ки худ гирифтораш будем. Ба гумонам Муҳиддин беш аз ҳар кадоми мо гирифтортар буд, мусибатҳояш бештар аз дигарон буданд.

Муҳиддин Идизода рӯзноманигори талхиву ширинии рӯзгори ҳиҷратро кашидааест. Замоне, ки пешопеши танку тӯпи душманони миллат фирор мекард, садҳо саҳнаҳои мудҳишро ба лавҳи хотир месупурд. Вай медонист, ки бояд рӯзе ин ҳамаро бинвисад. Зеро ин ҳамон расолати рӯзноманигории ӯ буд. Гарчанде медонист, ки то кунун даҳҳо ҳамқаламаш сари иҷрои ҳамин расолат қалам дар дасту дафтар дар бар қурбон шуданд. Гарчӣ медонист, ки замона қадри расолати касбии журналистро намешиносад ва боз медонист, ки расолат ҳам метавонад қурбонии манфиатҳо, қурбонии сиёсат бошад. Чун медид, ки даҳҳо тан аз ҳамқаламонаш ҳамин расолатро қурбонии зиндагонии осуда карданд. Аммо вай мегуфт, ки ҳола на, вале баъд бояд бинвисад. Ва навишт. Гузаштаи талхи миллатро дигарон шунида навиштанд, вале Муҳиддин дидаҳои худро рӯи коғаз овард. Аз сари эҳсос ҳам навишт, вале он навиштаҳо самимитар буданд, чун онҳо мушоҳидаҳо, дидаҳову шунидаҳо буданд.

 Пора-пора он хотиротро ба дасти чоп супурд, аммо куҷост он илҳоми саршору куҷост он имкони чоп, ки он хотирапораҳо дар шакли китоб интишор ёбанд?

 Вале он ҳама ба мусибате, ки ба хонаводаи ӯ расид, қиёснашавандаанд. Вай ҷигарбанди ҷавон ва фиребхӯрдаи худро бо дастони худаш ба хок супурд. Ҳанӯзам вақте аз он рӯзи мудҳиш ёдаш ояд, оҳи ҷигарсӯз аз сина берун мекунад ва ашки талх аз дидагонаш ҷорӣ мешаванд. Вай бо писари азиз, бо оне ки мебоист роҳашро идома медод, бо сад алам падруд гуфт. Чӣ мудҳиш аст ин рӯз, чӣ талх аст ин мусибат.

Ва хеле талош кард, то қотилони марги фарзанди ҷавонмаргаш пайдо шаванд. Аммо дар ин талош ҳам ноком монд. Ҳар боре бо ӯ рӯ ба рӯ меоям, мехоҳам бидонам, ки натиҷа чӣ шуд, вале аз пурсидан истиҳола мекунам. Чун намехостам ба торҳои дили ҳассосаш нохун занам, намехостам ҳаввосашро дигарбора парешон созам, зеро  медонистам, ки марги ҷигарбандаш хеле асароте ба саломатии ӯву ҳамсараш гузоштааст.

Вақте аз панҷоҳу панҷи ӯ гуфтанд, боз ҳам боварам наёмад. Гӯё дирӯз буд, ки мо шабҳои сарди тирамоҳро гирди шӯълаи базми шабона дар саргаҳи саҳрои пахта мехостем ба рӯз орем. Ва гирди ҳамон шӯъла таронахониву чак-чаку рақси ҳамдарсон ба авҷ мерасид. Муҳиддин ҳам ҳунари сарояндагӣ дошт ва гоҳ рубобу гоҳ таблак дар даст беҳтарин таронаи худро замзама мекард. “Нисоҷон гулаки ман, гулаки ман...” Ва ҳамин нақароти суруди ӯ, ки ҳар шаб дар фазои озоди саҳро танин меандохт, бо гузашти солҳо чун дигар таронаҳои ҷавонӣ дар лавҳи хотир нақш баст. Ва ҳар боре онро аз радио мешунавам, мегӯям, ки Муҳиддин ҳам инро месуруд. Гоҳо таронаҳо таърихи як лаҳзаи зиндагӣ мешаванд ва бо шунидани онҳо кас ҳамон лаҳзаи акнун зери чанги солҳо мондаро зинда мекунад.

Бо ҳамин ёд мехоҳам Муҳиддини азизро ба зодрӯзаш муборакбод кунам ва барояш беҳтарин хушиҳои рӯзгорро таманно намоям. Бигзор даҳсолаҳо саломату бардам бошад. Тӯли умр вай очерку мақолаҳои зиёде навишту чоп кард, вале беҳтарин асари ӯ ҳанӯз тавлид нашуда. Ва ҳоло бояд нависад, ҳоло мо интизор бошем, ки бихонем. 

Ба дил гуфтам, кадомин шева душвор аст дар олам,

Нафас дар хун тапиду гуфт поси ошноиҳо

Бобоҷони Шафеъ

Мо низ дигар аз аҳли эҷоди ҳафтаномаи «Рӯзгор» Муҳиддини гиромиро бо ин санаи фархунда табрику муборакбод гуфта барояш аз Худованди муттаъол саломатии бардавом, бахту саъодат дар рӯзгор ва барору комёбиҳо дар фаъолияти меҳнатиаш таманно дорем.

Бо эҳтиром.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi