10:37:40 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 26
27 28 29 30 31    

Ба шастат шасти навро орзумандем

(Муаррифӣ ва номаи табрикотии КИМ ҲСТ ба муносибати 60-солагии М. Нарзиев)

Мирҳусен Нарзиев ходими шинохтаи ҷамъиятӣ-сиёсии Тоҷикистон буда, дар риштаи ҳайёти илмӣ-фарҳангӣ ва ташаккули маърифати сиёсии шаҳрвандон дар мамлакат фаъолияти густурдаеро дорост. Номбурда 28 январи соли 1954 дар яке аз қадимтарин деҳаҳои Бутамони миёна (ноҳияи имрӯзаи Айни) - деҳаи Дарғи шариф дар оилаи яке аз бунёдгузорони сохти сотсиализм дар болооби Зарафшон - Саидмиров Нарзӣ ба дунё омадааст.

mirzohysayn-544545Ӯ соли 1972 мактаби миёнаи ба номи М.А. Бедилро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, ҳамзамон фаъолияти меҳнатиашро солҳои 1972-1973 ба сифати муаллими физикаю математика дар мактаби ҳаштсолаи рақами 120 – и ноҳияи Ленин оғоз намудааст. Соли 1973 ба факултаи физикаи Универститети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил шуда соли 1978 онро бо баҳои хубу аъло хатм намуда бо роҳхат ба шӯъбаи шиҳобии Институти астрофизикаи Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор фиристода мешавад. М. Нарзиев фаъолияти меҳнатиашро аз лаборанти калон оғоз намуда баъдан дар вазифаҳои ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ ва ходими калони илмии пажуҳишгоҳи мазкур раҳандозӣ намуда истодааст.

Номбурда номзади фанҳои физикаю математика буда, дар ҷодаи таҳқиқи табиати физикавию кинематикии ҷирмҳои шиҳобӣ дар асоси мушоҳидаҳои муштараки радиолокатсионию оптикӣ тадқиқотҳои илмӣ гузаронида истодааст. Ӯ бори аввал дар асоси мушоҳидаҳои муштараки радио-телевизионӣ 57 шиҳоби қадри ситорагиашон аз –3 то + 4 - ро ошкору таҳқиқ намуд (олимони Америка 32 метеори қадри ситораниаш +4 - +8 ба қайд гирифта буданд), ки чунин мушоҳидаҳо аз лиҳози илмӣ арзиши хосаро ноил буда, дар дунё нодиранд.

Дар асоси натиҷаҳои муштараки радиогиву оптикӣ ба муаллиф имконпазир шуд, ки бори нахуст дар дунё параметрҳои кинематикию физикавии метеороидҳо (аз ҷумла робитаи байни дурахшонӣ ва ионизатсияро барои ҳадди фарохи суръатҳо ва қадри ситорагии шиҳобҳо омӯхта, массаю зиччӣ ва табиати онҳоро дар асоси назарияи квазипорашавӣ) мавриди таҳқиқ қарор диҳад, ки ба чунин самти таҳқиқ донишмандони Институти астраномияи Академияи илмҳои Россия (зимни пешниҳоди маърӯза дар семинари илмӣ дар соли 2011) баҳои сазовор дода, ба муҳаққиқ ҳамзамон тавсия доданд, ки дастранҷҳои илмии худро ҳамчун рисолаи докторӣ мураттабу пешниҳод намояд. Солҳои баъди ба таври фарох ба роҳ мондани мушоҳидаҳои муштараки радио-оптикӣ дар Канада,

Япония ва ИМА худ бозгӯи авлавиятнокии самти интихобнамудаи тадқиқоти илмии М. Нарзиев мебошад.

М. Нарзиев ҳамчунин дар асоси мушоҳидаҳои базагии радиолокатсионие, ки дар расадхонаи астрономии Ҳисор бо ширкати бевоситаи ӯ баргузор шудаанд, каҷиҳои ионизатсионии 690 шиҳоб, инчунин суръат, координати радианҳо ва элементҳот орбитаи зиёда аз 9000 метеорҳоро муайян намуда, дар заминаи таҳлили маводҳои мушоҳидавӣ 214 селҳо ва ассотсиасияҳои шиҳобии қадри ситорагиашон аз +5 равшантарро таҳқиқ намудааст, ки наздикии панҷоҳ фисади онҳо бори аввал кашф карда шудаанд. Фарқияти тақвими селҳо ва ассотсиятсияҳои шиҳобие, ки М. Нарзиев омода намуда истодааст аз тақвимҳои қаблие, ки дар ИМА (Гарвард), Австралия (Аделаиде), Россия (Обнинск, Казонь), Украина (Харьков) мураттаб гардидаанд дар он аст, ки ин тақвим дар баробари параметрҳои кинематикӣ инчунин параметрҳои физикавии ҷирмҳои шиҳобии селҳои шиҳобро дарбар мегирад.

Солҳои охир таваҷҷуҳи олим М. Нарзиев ба ҳалли проблемаи энергетикии мамлакат равона шуда, дар ин ҷода бо донишмандони ватанӣ мақолаю гузоришҳои ҷолибро пешкаш намуда аст. Ба қалами М. Нарзиев зиёда аз 45 мақолаҳои илмӣ тахассусӣ ва зиёда аз 160 мақолаҳову гузоришҳо оид ба масоили сиёсиву иҷтимоӣ дар ВАО муттаалиқанд. Номбурда соли 1985 бо назардошти дастовезҳои илмӣ дар соҳаи физикаи метеорҳо бо нишонаи биринҷии “Молодой гвардеец пятилетки”- и ЦК ВЛКСМ қадршиносӣ карда шудааст.

Фаъолияти сиёсии М. Нарзиев аз соли 1996 яъне аз дохил шудан ба сафи Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон оғоз мегардад. Кобилияти ташкилотчигии ӯро ба назар гирифта, роҳбарияти ҲСТ ҳанӯз июли соли 1997 ӯро мудири шӯъбаи ташкилии КИМ ҲСТ таъин менамояд. Хотирнишон менамоем, ки то ба ин вазифа интихоб шудани М. Нарзиев созмонҳои ҳизбӣ асосан дар қисмати шимоли мамлакат – дар собиқ вилояти Ленинобод нисбатан фаъолияти густурда доштанд.

Агарчи дар Конференсияи таъсисии ҲСТ, ки дар вилояти Суғд декабри 1997 баргузор шуда буду дар он сотсиалистон аз аксарияти шаҳру ноҳияҳои мамлакат ширкат доштанд, вале ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби сотсиалистӣ ва конфронсҳои таъсисии ҲСТ ҳанӯз дар вилояти Хатлон баргузор нашуда буданд. Дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва водии Рашт бошад, умуман ягон нафар аъзои ҲСТ набуд. Аз ин рӯ масъули асосӣ дар таъсиси сохторҳои ҳизбӣ ва ташкилу баргузор намуданӣ конференсияҳои таъсисии ҲСТ дар вилоятҳои Хатлон, водии Рашт ва ВМКБ аслан ба ӯҳдаи М. Нарзиев гузошта шуда буд, ки ӯ аз ӯҳдаи ин вазифаҳои пурмасъулият бо сарбаландӣ баромада тавонист.

Дар анҷумани IV ҲСТ (23 июли соли 2000) М. Нарзиев ба вазифаи муовини аввали раиси ҲСТ интихоб гардида, марти соли 2001 бо қарори КИМ ҲСТ ба ҳайси и. в. раиси ҲСТ таъин мегардад. Бо сайъу кушишҳои бевоситаи М. Нарзиев бори аввал созмонҳои ибтидоии ҲСТ дар вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи республика, ВМКБ ва водии Рашт таъсис дода шуда, ҳамзамон даҳҳо конфронсҳои таъсисию ташкилӣ ва ҳисоботиву интихоботии ҲСТ гузаронида шудаанд. Номбурда дар анҷумани V ҲСТ аз августи 2004, ҳамчунин дар Анҷумани VII ва VIII ҲСТ (аз сентябри соли 2006 ва августи 2011) дар асоси алтернативӣ раиси ҲСТ интихоб шуда аст. Оиланок, соҳиби чаҳор фарзанд ва шаш набера мебошад.

Ҷиноҳи ғайриҳукуматии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲСТ Мирҳусен Нарзиевро сидқан ба шаст солагии зодрӯзашон табрику муборакбод намуда, ба фаъолияти илмии ӯ бурдбориҳо ва дар фаъолияти ҷамъиятию сиёсиашон баҳри тантанаи адолати иҷтимоӣ дар мамлакат барору комёбиҳоро таманно менамояд.

Ш.С. Кенҷаев – муовини авали раиси ҲСТ,

М. Ҳорисова, А. Умаров, Ф. Олӣ - муовинони раиси ҲСТ,

Ш. Зарифов, Ҳ. Фозилов, Ю. Каримов, М. Шоев, А. Умаров … (ҷамъ 17 нафар) узви Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон.

Имрӯзҳо аз номи бахшҳои шаҳриву ноҳиявии ҲСТ, олимони маъруфи кишварҳои мухталиф, дӯстону ҷонибдорони раиси бахши ғайриҳукуматии ҲСТ, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи Илмҳои Тоҷикистон Мирҳусейн Нарзиев номаҳои табрикоти ба муносибати 60 – солагии мавлудашон омада истодаанд. Аз ҷумла ба суроғаи номбурда олимони маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ: аъзо корреспонденти Академияи илмҳои Украина, мудири шуъбаи астрометрия ва ҷирмҳои хурди низоми Офтобӣ, доктори фанҳои физикаю математика - Чурюмов Клим Иванович, Мудири шӯъбаи астрометрияи кайҳонии Институти астраномияи Академияи илмҳои Россия, доктори фанҳои физикаю математика Рихлова Лидия Василевна, собиқ директории обсерваторияи Энгелгард, профессори кафедраи физикаи назариявию эксприменталии Университети давлатии ш. Казон Белкович Олег Игоревич ва дигарон барқияҳои шодбошӣ расидаанд, ки ба номбурда таманоиёти хешро иброз намуда дар фаъолияти пурсамари эшон комёбиҳои беназирро тақдим намудаанд. Миёни номаҳои табрикоти мо шеъри шоири мубориз устоз Абуев Пулодро интихоб намуда, лозим шуморидем, ки пешкаши хонандагони гиромиқадр гардонем.

Ба 60 – солагии инсони мубориз Мирҳусейн Нарзиев

Ҳақиқатро намуди чун ливое,

Муқаддас донӣҷуз адлу вафое.

Чу мардон пешаат доим ба майдон,

Нагарди з-ин раҳат то дар бадан ҷон.

Чу одам бо шараф ҳам олими ту,

Чу инсони баҳикмат сархами ту.

Ба беадливу ҷаҳле дар набардӣ,

Мубориз дар амал доро чу фардӣ.

Ба назди нокасе сар хам накардӣ,

Ба дил меҳри касонро кам накардӣ.

Ғуломи нафсу мансаб қорунат шуд,

Дуруғӯ, дузди, горат душманат шуд.

Бигӯӣ рӯ ба рӯ дуздон чу дузде,

Бигӯи пора бар ҳоким чу музде.

Аё Мир(зо)ҳусейни Нарзизодӣ,

Чу мардони наҷибе дил кушодӣ.

Бизӣ садсолаҳо инсони доро,

Кунад васфат Камун чун марди маъно.

Абуев Пулод

 

 

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi