00:20:00 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Зодрӯз муборак!

Сӯфиев Шодимуҳаммад Зикриёевич (Шодимуҳаммад Сӯфизода)27 – уми сентябри соли 1957 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, дар оилаи омӯзгор чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

shodi-muhammad 5689556Соли 1973 мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст. Дар давраи мактабхонияш дар дил шавқу ҳавас ва рағбати зиёди забондонӣ дошт. Ҳамон орзуи кӯдакии ӯ буд, ҳуҷҷатҳояшро баъди хатми мактаби миёна соли 1976 ба факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) супорида, сазовори номи донишҷӯйӣ мегардад. Соли 1980 ин даргоҳи таълимро бо дипломи аъло (сурх) хатм менамояд.

Баъд аз хатми донишкада ӯ ба мисли ҳазорон ҷавони шуҷои Ватан солҳои 1980 – 1982 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмати Модар – Ватанро бо сарбаландӣ адо намудааст.

Мавсуф фаъолияти кории худро моҳи июни соли 1982 дар Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси коршиноси бахши робитаҳои байналмилалӣ шуруъ намуда, сипас аз моҳи феврали соли 1983 ба таври гузариш ба шуъбаи Ҳинду Покистони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол гардидааст.

Моҳи октябри соли 1983 раҳбарияти Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои таҷрибаомӯзӣ ва таҳсил дар аспирантура ӯро ба Институти шарқшиносии АИ ИҶШС (Маскав) фиристод.

Соли 1985 ба аспирантураи Пажӯҳишгоҳи мазкур дохил шуда, соли 1986 баъди як соли таҳсил дар аспирантура ба ҳайси тарҷумон ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон фиристода шуд. Баъди адои хидмати тарҷумонӣ соли 1987 ба шаҳри Маскав баргашта, таҳсили хешро идома дод.

Ӯ соли 1990 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Соқиномасароӣ дар густураи адабиёти форсию тоҷикии асрҳои XVI – XVII» таҳти роҳнамоии адабиётшиноси машҳуру варзида, академик, аъзои хориҷии АИ ҶТ Муҳаммаднурӣ Усманов дифоъ намуда, ба Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) баргашт ва то замони бо қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудани Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (соли 1994), ҳамчун ходими илмӣ дар он ҷой фаъолият мекард. Ӯ дар як муддат солҳои 1995 – 2008 бо корҳои тиҷорат машғул буд.

Аз соли 2009 то моҳи апрели соли 2016 дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мудири шуъбаи Эрон ва Афғонистон (2009 – 2012) ва мудири шуъбаи Ҳиндустон, Покистон ва Бангладеш (2013 – 2014) ва аз соли 2015 то имрӯз ҳачун ходими пешбари шуъбаи таҳқиқ ва табъу нашри мероси хаттӣ фаъолият дорад.

Қобилияти ташкилотчигӣ, маҳорат ва истеъдоду лаёқати Сӯфиев Шодимуҳаммад Зикриёевичро ба инобат гирифта, роҳбарияти Академияи илмҳо моҳи апрели соли ҷорӣ ӯро ба вазифаи директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуд.

Мавсуф олими пурмаҳсул ва муваффақ мебошад. Масъалаҳои мавриди таҳқиқи Шодимуҳаммад Сӯфиев шеъри ирфонии форсии тоҷикӣ буда, муаллифи 2 китоб ва зиёда аз 70 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Пажӯҳишҳои ӯ ба ғайр аз забони модарӣ ба забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва ғайра дар Федератсияи Россия, ИМА, Эрон, Афғонистон ва ғайра нашр шудаанд.

Монографияи Шодимуҳаммад Сӯфиев таҳти унвони «Соқиномасароӣ дар густураи адабиёти форсию тоҷикии асрҳои XVI – XVII» соли 2011 дар нашриёти «Дониш» ба табъ расид. Соли 2015 маснавии машҳури «Гулшани роз» - и  шайх Маҳмуди Шабистариро бо пешгуфтор ва шарҳу тавзеҳоти муфассал чоп намуд, ки аз тарафи аҳли илму адаб хеле хуб пазируфта шуд.

Ӯ ба омӯзиши забонҳои халқҳои дигар низ пайваста таваҷҷуҳи хоса медиҳад. Натоиҷаш он аст, ки имрӯз ӯ донандаи хуби забонҳои русӣ, англисӣ, франсузӣ ва форсӣ мебошад.

Таҳти роҳбарии ӯ панҷ нафар шогирдон рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуда, сазовори унвони номзади илмҳои филологӣ гардидаанд ва теъдоди дигаре дар арафаи ба итмом расонидани рисолаҳои хешанд.

Дар ҳамоишҳои илмӣ дар шаҳрҳои Маскав, Теҳрон, Кобул, Ҳинд, Ашқобод, Боку ва кишварҳои дигар бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, сазовори таҳсинномаҳо гаштааст.

Шодимуҳаммад Сӯфиев дар авҷи камолоти умр, зиндагӣ ва кору пайкор аст. Ба муносибати зодрӯзаш ӯро табрику шодбош гуфта ба ӯ умри саъдиёна, дар ҷодаи фаъолият пешрафтҳои беназир ва саодати рӯзгорро таманно мекунем. Муваффақиятҳои нав ба нав ёрат бод! Тавре, ки пири мо, сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фармудааст:

Ҷуз он дуоят нагӯям, ки Рӯдакӣ гуфта,

Сад сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ!

100 сола шаведу баъд аз он пир шавед!Зодрӯзмуборак бошад!

Шервони УМРИДДИН

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi