Мисли ӯ ҳеҷ касе хайр накишт
Сухане чанд ба ифтихори 85-солагии зодрӯзи Шоири Халқии Тоҷикистон устод Муъмин Қаноат
Моҳи феврали соли 1984 буд. Бандаи камтарин дар мақомоти амниятии Вилояти Автономии Бадахшони Куҳӣ (он вақт Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшонро ҳамин тавр меномиданд) ифои вазифа мекардам. Устоди гиромӣ Муъмин Қаноат ҳамон шабу рӯзҳо бо даъвати раҳбарони вилояти мазкур дар маркази ин вилоят, шаҳри Хоруғ бо як сафари хидматие ҳамчун депутати Халқии СССР ҳузур доштанд.
Сардори идораи мақомоти амниятии ин вилоят дар ҳамон давра Тағоймурод Маҳмадмуродов - фарди бо шеъру адаб хеле қарин буданд. Ҳатто китоб ҳам менавиштанд. Агар хато накунам як китоби қиссаҳои ёддоштии эшон дар ҳамон шабу рӯзҳо ба нашр расида буд. Хулоса, ҳамин марди фарҳангдӯст, яъне Тағоймурод Маҳмадмуродов, аз фурсати мусоид истифода бурда аз устод Муъмин Қаноат хоҳиш мекунанд, ки вақт ёфта бо кормандони ҳамин идора як мулоқоте баргузор кунанд ва аз шеъру шоирӣ барояшон қиссаҳо бигӯянд.
Устоди бузургвор розӣ мешаванд ва 20-уми феврали соли 1984 ин мулоқот дар толори идораи мазкур баргузор мегардад. Устод Муъмин Қаноат ба ин мулоқот бо ҳамроҳии котиби аввали Кумитаи вилоятии Ҳизби Коммунисти Бадахшон Бекназаров ташриф оварда буданд. Дар ин мулоқот дар баробари он ки устод порчаҳоеро аз ашъори ноби худ қироат карданд, инчунин ба саволҳои сершумори ҳозирин оиди рӯзгору осори худ посух доданд. Баъдан лаҳзаи соядастгирӣ фаро расид. Касе, ки китобҳои устодро дар даст дошт, ҳатман соядасти устодро мегирифт.
Аз сабаби он ки устод камбуди вақт доштанд ва сафи соядастгирҳо низ кам набуд, устод Муъмин Қаноат аксаран дар китобҳо фақат имзояшонро мегузоштанд. Аҷиб он буд, ки устод бо ду ҳуруф: форсӣ ва кириллӣ имзояшонро мегузоштанд ва инчунин таърихи рӯзро менавиштанд. Банда низ, ки дар дастам ҳамон лаҳза ҷилди дуввуми китоби «Осори мунтахаб»-и устод буд, барои соядаст навиштан ба устод дароз кардам. Устод имзо гузоштанд. Ва банда ин китобро то ба имрӯз бо худ нигоҳ медорам. Воқеан, аксбардори идора чанд лаҳзаеро аз ин мулоқот аксбардорӣ карда буд, ки яке аз он лаҳзаҳо лаҳзаи соядастнависии устод Муъмин Қаноат аст, ки онро мо пешкаши шумо, дӯстони азиз, мекунем.
Албатта барои ман ин бори аввал набуд, ки устодро аз наздик медидам. Солҳое, ки донишҷӯ будем, асосан бо ҳидояти устодони факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон мо, донишҷӯён, дар чандин маҳфилҳову мулоқотҳое, ки бо ҳузури устоди бузургвор Муъмин Қаноат доир мешуданд, ширкат мекардем ва борҳо аз файзи суҳбатҳои устоди бузургвор комёб шудаем.
Дар замони соҳибистиқлолӣ, махсусан баъди барқарории сулҳу субот дар кишвар, бо устоди бузургвор ҳамчун рӯзноманигор дар мавзуъҳои гуногун борҳо мулоқот кардам ва аз бардоштҳои худам аз ин мулоқотҳо дар навиштани мақолаву китобҳоям, махсусан китоби «Бурхи Валӣ-дӯсти Худо» , васеъ истифода намудаам.
Китобҳои устод китобҳои рӯи мизии ҳар яке аз алоқамандони шеъри ноб, азҷумла аз каминаи камтарин низ мебошанд. Ҳар гоҳе, ки онҳоро такрор ба такрор варақ мезанед, ҳатман барои худ байти муносиберо ба ҳолу руҳияи ҳамонрӯзаи худ мувофиқ ва ё ҷавобгӯ пайдо хоҳед кард. Мана имрӯз ҳам боз китоби «Меҳри Сипеҳр»-ро ба даст гирифтам.
Худамро мисли фарде дидам, ки вориди гулистони зебое мешавад, ки барояш гулҳову гиёҳҳояш ҳамагӣ шиносанд. Вале боз ҳам ба назараш меояд, ки гуле аз байни ин гулҳо аз дигаре хушбӯйтар ба машом мерасад ва аз бӯйи он нашъаи бештар мегирад. Ин гулчини байтҳо, ки дар зер оварда мешаванд, самараи ҳамин сайру гашти кутоҳи имрӯзаи банда дар гулистони шеъри устод Муъмин Қаноат аст.
Пеш аз он ки гулчини байтҳои устодро манзуратон созам, дӯстони азиз, мехоҳам устоди бузургвор Муъмин Қаноатро бо ҷашни 85-солагии зодрӯзашон, ки фардо фаро мерасад, самимона табрик гуфта, барояшон пеш аз ҳама тани сиҳату дили шод, рӯзгори хурраму хонаи обод ва комёбиҳои беназир дар корҳои эҷодиашон орзу намоям.
Илоҳо, ба бахти ин миллати азияткашида Устоди гаронқадр, даҳсолаҳои дигар ҳам бо шеъру достонҳои нав ба нав ва панду насиҳатҳои ҷовидонаи худ ҳидоятгари тоҷику тоҷикистониёни азиз ба роҳи росту ваҳдату дӯстӣ бошанд!
Гулчини байтҳо аз осори устод Муъмин Қаноат
Мавҷ мехезад зи ҳар чизе, агар беҷӯш нест,
Савт мехезад зи ҳар торе, агар хомӯш нест.
***
Дидаӣ ҳар гаҳ, ки ҳофиз нағмаро сар мекунад,
Тори танбӯраш ба тори дил баробар мекунад.
***
Шафақ аз теғаи Зартеғ ногаҳ нурборӣ кард,
Либоси оҳарии куҳҳоро зарнигорӣ кард.
***
Садои зангу овози хурӯсон ҷӯр мегардид,
Ба гӯши ман садои ғижжаку танбӯр мегардид.
***
Гарчи шамшер тезу буррон аст,
Сухани ҳақ буротар аз он аст.
***
Дарёи алам мегузарад аз дили тангам,
Бо рӯди равон ҳамдаму ҳамвор бигирям.
***
Ӯ биҳиштӣ буду ҷояш ба биҳишт,
Мисли ӯ ҳеҷ касе хайр накишт.
***
Ё Раб!
Бубахш меҳтари морову кеҳтари моро,
Бубахш ин сари танҳову бефари моро.
Кушо ба сулҳу саодат Ту равзани моро,
Зи таъни худкушӣ бинмо раҳо тани моро.
Биёр он хирадеро, ки бурдаӣ аз мо.
Биёр тобу тавоне фишурдаӣ аз мо,
Ҳамин ватан, ки ато кардаӣ ба исми шариф…
Каломи нури Туро карда аз ҳадис радиф…
Зи нури нур ламъа ба рӯзи сиёҳ деҳ,
Имон фарор мекунад, ӯро паноҳ деҳ!
***
Ба ҳангоми нумӯ аз меҳри зан меҳри Ватан рӯид,
Чӣ эъҷозе, ки аз шири сафеде сад чаман рӯид.
***
Нишастам бо умеде дар намози ваҳдати миллат,
Ки орад меваи тавҳид нахли заҳмати миллат.
***
Ту, эй Меҳан, ки будам рафт аз паи судат,
Вуҷудам об шуд дар ин набарди буду нобудат.
***
Аё модар, парешон гуфтаму кардам парешонат,
Кунун дарёфтам, дунёи ман будаст домонат.
***
Аз шаҳри ҷалолем, ҷамолем, камолем,
Бадгӯй нигорад, ки ҳаромем, ҳалолем.
Аз сифлаю номард нанолем, нанолем.
Дар номаи аъмол ҷавобему саволем.
***
Гар ҳаст яке толиби ин мулк, ҳамонем,
Матлуб ҳамин, толиби бегона надонем,
Эҳёгари ин мулку маконем, замонем,
Мо луқмаи худ аз даҳани шер ситонем.
***
Баҳорон сабз дидам теппаи сабзи шаҳидонро,
Шунидам аз нумӯи сабзаҳо набзи шаҳидонро.
***
Ту, эй рӯди кабуди осмонӣ, чӣ гуҳар дорӣ?
Чу сетори Шарифи Ҷӯра саҳроят садафкорӣ.
***
Пеш бирав ба сӯи Ҳақ, то ки биёӣ пешво,
Акс марав, ки сӯи Ӯ кас ба қафо намерасад.
Аз саҳифаи фейсбуки Султони Ҳамад