03:58:43 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Чанд ҳарфе ба зодрӯзи Нилуфар

Асли шиносоии ман бо Нилуфар аз як муколамаи кутоҳе дар фазои маҷозӣ оғоз шуд, ки баъдан идомаи он боиси рӯи кор омадани як мусоҳибаи хеле хубе дар бораи шоираи хушном Норинисо Алимуҳаммадова шуд.

nilufar vohidova 1254666Бо Нориниссо мо муддате дар радиои Тоҷикистон ҳамкор будем, он кас дар бахши сиёсӣ буданду барнома барои бонувонро омода мекарданд ва ман аввал дар бахши адабиёт ва ҳунар ва баъдан ба дар шуъбаи кишоварзӣ барномаи “Ҳаёти деҳот” таҳия мекардам.

Аниқ ёд надорам ҳамкории мо чанд сол буд, вале баъдтар марҳум ба ҷойи дигар кор рафта буданд.

Чун Нилуфар худро набераи Нориниссо ва духтари дӯстам Дилбар гуфт, аз гузаштаи шоираи шинохта суҳбат кардем. Нилуфар дар Хуҷанд зода шуд, вале бештари ҳаёти кӯдакиву навҷавонӣ ва ҷавониаш дар Душанбе, дар хонаи момояш Нориниссо гузашт. Аз ин рӯ ӯро беҳтар аз дигарон мешинохт ва ҳамин шинохт буд, ки суҳбати мо хеле шавқовар сурат гирифт ва он дар ҳаҷми ду саҳифаи Фараж чоп шуд.

Эҳтироми Нилуфар ба Норинисо ба ҳадде буд, ки “фариштаи ман” меномид ва лаҳзаҳои хотирмони бо ӯ бударо бо як ҳиссиёти тасвирношуданӣ нақл мекард. Бароям қиссаҳояш аз падари ҷавонмаргу модаркалони хушномаш як таассуроти дигар дошт. Ҳамин тасвири лаҳзаи баъди солҳо вориди хонаи модаркалон шуданаш аз пеши назарам дур намешавад.

“Аз ҳар як гӯшаяку канораки хона бӯйи модаркалонамро ҷустем...Хона таъмир шудааст, ҳусни дигар гирифтааст, Вале он нуру он ҳусну он гармии пешинаро модаркалонам бо бо худ бурданд... Ба меҳмонхона даромадем, ҳамон гулкоғазҳо, ҳамон қандил, ҳамон ҷевони калони дарозе, ки ман ба болояш ҷаҳидаву ба танаш часпида китоб мегирифтам...Ҳамагӣ дар назди он гирякунон расм гирифтем. Беҳуда намегӯянд, хона не, мона. Хона мемонад, боз чанд нафару чандин насл дар он тавлид шуда, ба воя мерасад, мераванду меоянд...Лек рафтани Бонуи ширингуфтори ин макон – Норинисо басо ҷоншикану тоқатнопазир аст. Мегуянд, дардро вакт аз байн мебарад, ҳаргиз! Бо гузашти вақт дард тозатар шуда, аз талафоти бузургу бедармон дарак медиҳад. Камина, ки бо модаркалонам бисёр мезистаму муносибатамон ҳамчун дугонаҳои ҷонӣ озоду гарму самимӣ буд, ин дардро ҳар соату ҳар лаҳза эхсос мекунам.

Баъди он ки суҳбати мо дар газета чоп шуд, баногаҳ фикре ба сарам зад ва Нилуфарро ба навиштан ташвиқ кардам. Чун аз ин суҳбат ким-чӣ хел ба назарам менамуд, ки як истеъдоде дар баробарам қарор дорад, вале шояд худ бехабар аст, шояд дар фикр ҳам бошад.

Пешниҳодам то ҷойе барояш ҷолиб намуд. Ман аз ӯ хостам дар наср худро санҷад. Вале ду рӯз пас хабар дод, ки шеър навиштам ва онро бароям равон кард. Ва таъкид ҳам карда буд: Руҳи модаркалонам ба кумакам омад.

Ман, ки устоди таҳлили шеър нестам, бо вуҷуд сатрҳоро равону бесакта ёфтам. Ба чанд иштибоҳи ҷузъӣ ишора кардам. Ва ҳамин тур муколамаи мо идома ёфту то кунун идома дорад. Ҳар шеърашро пеш нашр дар фазои маҷозӣ бароям мефиристод ва ман ҳам ба қадри дониши худ, аз ҳусну қубҳаш, мазмуну мундариҷааш мегуфтам. Шояд баъди як ё якуним сол гуфтам, ки дигар метавонӣ бе нишон додан ба ман дар саҳифа корӣ. Шеъраш пухтатар шуд, дар фазои маҷозӣ хонандагон хуш пазируфтанд ва чанде пештар Шоири халқии Тоҷикистон Аҳ мадҷон Раҳматзода низ дар фазои маҷозӣ аз навиштаҳояш ситоиш кардаву ба шевае фотеҳа ҳам доданд.

Китоби нахустанашро ҳам бо номи “Хумори дидар” бо расм рамзии худу модаркалону падари марҳум нашр кард.

Ҷолиб он буд, ки Нилуфар бо тоҷикиву русӣ хуб менависад ва китобаш ҳам шеърҳои ба ду забон навиштаашро дар бар мегирифт ва адибу мутарҷими рус, тарҷумони ашъори Норинисо Елена Печерская ба он пешсухани ҷолибе навишта буд.

Аслан мехостам чизе дар бораи шеърҳои Нилуфар нависам, аммо ба рӯзи зодрӯзаш, ки дирӯз буд, ин ҷумлаҳо рехтанд ва нақди шеърашро ба вақти дигар мегузорам, агар тавони нақд дошта бошам.

ЗОДРӮЗ МУБОРАК, БОНУИ ЭҶОДКОРУ ХУШҚАЛАМ!

ҚАЛАМАТ ВА НИҲОЛИ УМРАБ ҲАМЕША САРСАБЗ БОД!

Бобоҷон Шафеъ

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi