23:57:31 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

80-СОЛАГӢ МУБОРАК, УСТОДИ ГИРОМИҚАДР ИБРОН ШАРИПОВИЧ!

 

 

Имрӯз бе шаку шубҳа барои на танҳо Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ, балки барои тамоми аҳли илм як рӯзи нек аст. Имрӯз устоди ҳамаи мо, доктори илмҳои фалсафа, профессор Иброн Шарипов ба синни мубораки 80-солагӣ мерасанд.

/images/stories/2011/09/17_ibron-sharipov-1_16.9.2011.jpgСоли 1960 вақте, ки Иброн Шарифович аспиранти Шӯъбаи фалсафаи АИ Тоҷикистон шуданд, файласуфи барҷаста ва машҳури кишварамон академик Баҳоваддинов М.А., ки дар қаламрави собиқ  Иттиҳоди Шӯравӣ дар байни аҳли илм обрӯи баланд доштанд, роҳбарии кори илмии ҷавони ба ҷодаи пурзаҳмати илм ҷасурона қадам ниҳодаро ба зимма гирифта ба ӯ  мавзӯи «Ростқавлӣ хислати ахлоқии одами советӣ»-ро тавсия карданд.

Тавсия шудани ин мавзӯъ аз сӯи академик Баҳоваддинов А.М. шояд  амри тасодуф набуд. Академик Баҳоваддинов А.М., ки аввалин пажӯҳишҳои худро аз илми равоншиносӣ оғоз кардаанд, дар замири шогирди худ ҳақиқатҷӯиву адолатхоҳӣ, росқавливу ростгӯӣ барин хислатҳои неки инсониро пай бурда буданд, ки ин мавзӯъро маҳз ба ӯ тавсия намуданд. Ташаккули ин сифатҳо дар Иброн Шарифович аз даврони кӯдакиашон оғоз ёфтааст.

Устод Шарипов Иброн Шарипович 15-сентябри соли 1931 дар қишлоқи Алисурхон, собиқ ноҳияи Сангвор (ҳоло Тавилдара) дар оилаи деҳқон таваллуд шудаанд. Овони мактабхониаш дар хонаи бачагони ноҳияи Тавилдара, Сангвор ва собиқ ятимхонаи Орҷоникидзеобод, (ҳоло ноҳия Ваҳдат) гузаштааст.

Иброн Шарипович соли 1947 ба Омӯзишгоҳи педагогии Орҷоникидзеобод дохил гашта онро соли 1951 хатм кардаанд. Баъдан худи ҳамон сол ба Университети Давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1956 ба итмом мерасонанд. Сипас дар аспирантура ва докторантура таҳсил кардаанд.

Соли 1965 диссертатсияи номзадӣ ва соли 1979 дисертатсияи докториашонро дифоъ намудаанд. 12 феврали соли 1968 бо Қарори Комиссияи аттестатсионии олии СССР дар рутбаи илмии ходими калони илмӣ аз руи ихтисоси «материализми диалектикӣ ва таърихӣ» тасдиқ шудаанд.

Дар тӯли беш аз 50 сол дар вазифаҳои гуногуни масъулиятнок (директори мактаби миёна, мудири сектори Коммунизми илмӣ, Мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи педагогӣ, ташкилкунанда ва мудири кафедраи философия ва сиёсатшиносии донишгоҳи славянӣ-тоҷикӣ, котиби озоди ташкилоти партиявии Академияи Илмҳо) ба нафъи илму фарҳанг ва маорифи кишвар пурсамар фаъолият намудаанд.

/images/stories/2011/09/17_ibron-sharipov-3_16.9.2011.jpgАз солҳои 60-уми асри сипаришуда то ба имрӯз, аз ҷониби Шарипов Иброн Шарифович 8 монография, 6 китобча, ду китоби дарсӣ, як маҷмӯаи мақолаҳо, дар маҷмӯъ 140 номгӯй мақолаҳо ба табъ расонида шудаанд, ки ба масоили гуногуни мубрами ҳаёти ҷомеа, фалсафаи иҷтимоӣ, ахлоқ ва дигар ҷанбаҳои илми фалсафа бахшида шудаанд.

Монографияҳои фундаменталии устод дар инкишофи илми сиёсатшиносӣ ва фалсафаи иҷтимоӣ ҳамчун дастури методологӣ имрӯз низ аҳамияти худро гум накардаанд. Дар таҳқиқ ва ташаккули муносибатҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва маънавии ҷамъияти мо корҳои таҳқиқии устод аҳамияти хос доранд.

Дар асарҳои сершумори Иброн Шарифович, аз ҷумла «Заминаҳои дигаргуншавии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар роҳи ғайрикапиталистии инкишоф» (дар ду ҷилд, Душанбе, 1973, 1976), «Ташакулли ахлоқи коммунустӣ», Душанбе, 1975, «Воқеънигорӣ ҳамчун сифати ахлоқ», Душанбе,1965, «Гуманизм ва шахсият», Душанбе, 1975, «Дигаргунсозиҳои  муносибатҳои  идеологӣ  дар  Тоҷикистон», Душанбе, 1986 ва ғайра масоили гуногуни ахлоқӣ, инсондустӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, дигаргуниҳои маънавӣ дар муносибати халқи тоҷик хеле амиқ нуктасанҷона ва илмӣ баррасӣ гардидаанд.

Профессор Иброн Шарипов ҳамчун устоди сахтгир ва меҳрубон дар тарбияи кадрҳои баландихтисос заҳмати зиёд кашидаанд. Таҳти роҳбарии эшон 24 аспиранту унвонҷӯ рисолаи номзадӣ ва 5 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд.

Шарипов Иброн Шарифович алҳол дар шӯъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ дар вазифаи сарходими илмӣ адои вазифа менамоянд. Аъзои фаъоли Шӯрои диссертатсионӣ, аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Ахбор. Силсилаи фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ» мебошанд.

Кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ ва ҷамъи дӯстону шогирдон ин олими серкору сермаҳсул ва ин шахсияти наҷибро  бо 80-умин рӯзи мавлудашон табрику муборакбод гуфта ба эшон тани сиҳат, саодатмандӣ ва комёбиҳо дар корҳои эҷодиашон таманно доранд.

Кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ

ПРОФЕССОР ИБРОН ШАРИПОВ 80-СОЛА ШУД



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi