04:25:18 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ОВОЗА ВА ҲАҚИҚАТИ ГАРАВГОН АФТОДАНИ ВАЗИРИ АМНИЯТ

Ё чӣ гуна барои амнияти давлат кормандони ин хадамот ҷони худро ба хатар мегузоранд

Айёме, ки мо сари ҳокимият омадем, ноябри соли 1992 буд. Давлат, Ҳукумат, ин чизҳо ҳама рамзӣ буданд. Агарчи иҷлосияи тақдирсози Хуҷанд заминаи ҳукумати конститутсиониро тарҳрезӣ карда бошад ҳам, дар асл тарафҳо ҳоло дар сангар, зидди якдигар буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ давом мекард. Кушторҳо идома доштанд. Доду бедодӣ дар ҷомеа ҳукмфармо буд.

saydamirКулли нафарҳое, ки ба ҳайси роҳбар пешбарӣ мешуданд, бо ҳар баҳона рӯирост даст мекашиданд. Яке ба оянда боварӣ надошт, дигаре аз талвосаи ҷон Душанберо тарк карда буд. Дар кӯчаҳои Душанбе куштору ғорат ҷараён дошт. Сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ фалаҷ гардида буданд. Вазорати корҳои дохилӣ кайҳо боз дар низоми бенизомӣ буд. Суду прокуратура ба ном амал мекарданд.

Дар чунин шароите, ки авзои кишвар  печидаву сангин буд, дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ бо ризоияти сарвари тозаинтихоби Шӯрои Олии ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон Саидамир Зуҳуров ба вазифаи раиси Кумитаи амнияти миллӣ таъин шуд.

Аз рӯи ахбороти дақиқе, ки дастраси мо шуда буд, аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдор  барои дар иҷлосия пешниҳод кардани рӯйхати аъзоёни ҳукумати нав, лоиҳаи рӯйхати ҳукумати алтернативӣ таҳия гардида, ба вазифаи раиси Кумитаи амнияти миллӣ шахси дигарро пешбарӣ кардан мехостанд.

Интихоби Саидамир тасодуфӣ набуд. Аллакай дар солномаи фаъолияти ӯ собиқаи бобарори хизматӣ дар сохторҳои Кумитаи давлатии бехатарии Иттиҳоди Шӯравӣ ва  маъмурияти хизматӣ дар Афғонистон ҷойи намоён дошт.

Саидамир Зуҳуров дар байни роҳбарони батозагӣ интихобшуда нахустин шахсияте буд, ки баъди иҷлосия 4 декабр ба Душанбе омад. То ин замон ҳайати асосии кормандони бехатарӣ ба амалҳои беҳисоби фитнаву таҳрик ва шӯру шаромезиҳои мухолифин нигоҳ накарда, аз худ матонат ва хунсардӣ зоҳир намуда, тавонистанд, ки ба иғвову васваса дода нашавад, бошарафона вазифаи касбии худро ба ҷо оварад. Зеро, баҳри аксарияти кулли ходимони мақомоти Кумитаи амнияти миллӣ тақдири Ватану мардум азиз буд. Онҳо ҳар чӣ ки аз дасташон меомад, талош меварзиданд, вале вазъияти дилшикастагӣ дар тамоми мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, инчунин фаъолияти созмонҳои амнияти давлатӣ таъсир дошт.

Ҳарчанд созмонҳои амнияти давлатӣ дар давраи тайёрӣ ба гузаронидани Сессияи ХVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ кор мебурданд, вале дар шаҳри Душанбе, вилояти Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ онҳо аз фаъолият бозмонда ва фалаҷ гардида буданд.

Сарфи назар аз ин, ходимоне ҳам буданд, ки мавқеи бетараф доштанд, ё барои тезутунд гардонидани вазъият фаъолият мекарданд. Баробари ба фаъолият шурӯъ намудани роҳбарони нави Кумитаи амнияти миллӣ, ба онҳо зарур омад, ки сулҳу осоиш ва  якдилиро дар дохили худ таъмин намоянд.

Ба раиси нави Кумитаи амнияти миллӣ рӯйхати иборат аз 32 нафар кормандоне пешниҳод шуд, ки онҳо ҳамчун ҳамкосаву ёрдамчии фаъоли мухолифин буданд.

Замона пурошӯбу изтиробангез буд. Надидани чораҳо баҳри амнияти ин қабил кормандон оқибатҳои нохуши сангин дар пай дошт. Фаҳмондани саҳву хатоҳои онҳо осон набуд. Бо вуҷуди ин бо онҳо сӯҳбатҳо доир намуда, оқибати амалҳои содирнамуда ва нохушиҳои дарпайдошта  фаҳмонда мешуд. Онҳоеро, ки ҳаёташон воқеан ҳам зери хатар буд, ба рухсатии меҳнатӣ ё муваққатан ба рухсатии хизматӣ ба дигар минтақаҳо, ҳатто берун аз ҷумҳурӣ мефиристоданд.

Тавассути амалӣ кардани тадбирҳои оҷилӣ муяссар гардид, ки ихтилофи дохилӣ аз байн бардошта шавад. Соири зиёде аз ин кормандон бо даъвати дил ва иродаи қавӣ ба   кошифони амнияти кишвар даромехта, дар роҳи мубориза барои пойдор гардонидани сохти конститутсионӣ бевосита ширкат варзиданд. Байни онҳо одамони алоҳида сазовори мукофотҳои давлатӣ гардиданд ва соҳиби рутбаву боломақом гардиданд.

Ҳамаи ин чорабиниҳо аслан ба тадбиқи қарорҳои Сессияи ХVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ оиди тасбиту устуворӣ ва босуботии сулҳу ризоияти миллӣ нигаронида шуда буданд.

 

Вобаста ба вазифаҳои дарпешистода моҳи декабри соли 1992 ва январи соли 1993 дар   Кумитаи бехатарии давлатӣ баъзе тағйироти сохторӣ ворид гардид ва роҳбарони нави зерсохторҳои муҳим  таъин шуданд. Ҳайати бехатарии давлатӣ дар ҳолати фавқулодда қарор доштанд. Ба онҳо зарур меомад, ки дар вазнинтарин шароит фаъолият намоянд, собит ва ҷавонмардӣ зоҳир намоянд.

Вазъият вазнин, масъалаи дар рӯи харита боқӣ мондан ё намондани кишварамон дар миён буд. Возеҳ аст, ки дар чунин шароит гаронӣ ба дӯши хадамоти амният афтода буд. Вобаста ба шароит лозим меомад, ки Кумита доир ба ҳадафҳои стратегии мамлакат тарҳҳои тоза кашад. Албатта, онҳо ҳам ба таъмини оромию субот дар дохили кишвар ва ҳам таъсир аз хориҷи он равона карда шуда буданд.

Билхоса, раванди музокироти тоҷикон хеле печида ва мураккаб буд. Баъзан қатъ мегашту ба вақти дигар вогузор мешуд. Гоҳо аз идома ёфтани он умед канда мегашт. Мухолифин дар дархости худ устувор буд ва аз фишори рӯирост худдорӣ намекард. Дар робита бо ин сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону аъзоёни ҳукумат ва вакилон доимо ба иттилооти оҷил  барои қабули қарор ва интихоби роҳу усули дуруст бурдани музокирот эҳтиёҷ доштанд. Табиист, ки ин гуна иттилоотро пайдо кардан лозим буд. Ва ин аз кормандони амният касбияту заҳмату оҷилияту таҳлилҳои амиқро талаб мекард. Ин вазифа бо сарбаландӣ иҷро гардид.

Ба мақсади таъсир расондан ба роҳбарони мухолифини тоҷик аз нуфуз ва эътибори  роҳбарияти Ҷумҳурии исломии Афғонистон, аз ҷумла Аҳмадшоҳи Масъуд, Бурҳониддин Рабонӣ, А.Дӯстум ва дигарон дақиқназарона истифода бурда мешуд. Далели равшани ин муддао мулоқоти моҳи декабри соли 1996-уми Ҳукумат бо мухолифин аст. Вохӯрӣ дар мавзеи Хостдеҳ бо иштироки роҳбарони Афғонистон ва миёнравии Созмони Милали Муттаҳид ба дараҷаи олӣ баргузор гардид.

Дар он роҷеъ ба қатъ кардани амалиётҳои ҳарбӣ дар ноҳияҳои шарқии Ҷумҳурии исломии Афғонистон муҳимтарин ҳуҷҷатҳо имзо гардиданд. Он барои гуфтушуниди минбаъда заминаи боэътимод фароҳам овард. Вохӯрӣ дар Хостдеҳ ба мавқеи намояндагони олимақоми Афғонистон ва,  ҳамчунин,  роҳбарони мухолифини муттаҳидаи тоҷик таъсири бузург расонд.

Он  вақт кормандони  Кумитаи амнияти миллӣ  суханони зерини   Саидамир Зуҳуровро дуруст дарк карда буданд: «Ҳар қавме, ки аз ҳам ҷудо гардад ва дар муқобили ҳамдигар қарор гирад, оқибат аз миён хоҳад рафт». Ин ҳикмати раиси Кумита дуруст буданашро дар ҳаёт собит намуд.

Иттилооти фаврие, ки хадамоти амнияти миллӣ ба даст меовард, ба ҷомеаи кишвар, созмонҳои байналмилалӣ, намояндагон, гурӯҳҳои ҳамкору ҳамсоз ва ҳамчунин ба Комиссия роҷеъ ба назорати қатъи истифодаи силоҳ, ки аз рӯи шартномаи ҳарду тараф таъсис ёфта буд, дастрас мегардид. Мақсад аз истифодаи самараноки иттилоот огоҳонидани тарафдорони моҷарохоҳи қаноти мухолифин буд.

Онҳо на танҳо бояд мефаҳмиданд, балки возеҳ низ медонистанд, ки муборизаи мусаллаҳона ба муқобили ҳукумат, инкор намудани зарурати ҳарчи зудтар ба Ватан баргардондани гурезаҳо, нодида гирифтани талошу иқдомҳои роҳбари қонунӣ интихобшудаи мамлакат барои расидан ба сулҳи устувор ва ризоияти миллӣ бемаънист.

Дар рафти корҳои фаврӣ аз таъсири калони сиёсии ҳизби мухолифин ба вазъи воқеии мамлакат аз мухолифатҳое, ки дар сафи он байни аъзо ва гурӯҳҳо пайдо мешуданд, ба хотири нигоҳ доштани қисмати боэътимоди он, истифода мешуданд.

Далели ин муддао,  муносибат бо Ҳизби демократии Тоҷикистон буд. Амнияти миллӣ ихтилофҳоеро, ки байни аъзоёни ин ҳизби он замон бонуфуз ҷой доштанд, баръало дарк намуд. Онҳоро ба риштаи таҳқиқу таҳлил гирифт, натиҷаҳои дақиқу хушбинона эҳсос кард. Ҷудоӣ дар байни роҳбарони ҳизб имкон дод, ки қаноти солими он, ки барои бо роҳи сулҳу салоҳ ҳал кардани мухолифат, низои байни тоҷикон талош дошт, дастгирӣ ёбад.

Билохира,  тавассути заҳматҳо ва амали оҷил бо яке аз роҳбарони ин қанот он ҳамчун ҳизби мустақил бо номи платформаи Алма-Ато ба қайд гирифта шуд. Қаноти дигари ҳизби демократӣ, ки  бо моҷароҷӯӣ бадному беобрӯ шуда буд, баъдан аз фаъолият бозмонд.

Ва ин зарбаи вазнине буд баҳри мухолифин. Чунки, ҳамзамон, роҳи кӯмак аз хориҷа баста шуд.

Солҳои мухолифат, дар муқобили ҳамдигар қарор гирифтани мардуми тоҷик  барои  давлати ҷавони соҳибистиқлол, хадамоти амнияти миллӣ  басо мураккаб буд. Мухолифати дохилии миёни тоҷикон батадриҷ характери интернатсионалӣ мегирифт ва қувваҳои хориҷ аз кишвар ба он ҷалб мегардиданд. Ба муқобили Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоту созмонҳои бисёри тарафдори қатъии моҷароҷуйиву  террористӣ, гурӯҳҳои махсус таҳти сарварии идораҳои махсуси ҷосусии як қатор давлатҳо фаъолият мекарданд. Афғонистони ҳамсоя он замон майдони терроризми байналхалқӣ буд.

Ва Тоҷикистон давлати мобайнӣ ва ё возеҳтар аз ин садди мавҷшикан байни мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шуд. Табиист, ки дар чунин шароит созмонҳои бехатарии Тоҷикистон, амсоли дигар мақомотҳои қудратии ҷумҳурӣ аз ҳама бештар ва дар навбати аввал ба тадбиру чорабиниҳое аҳамият медод, ки оҳанги сиёсиву ҳарбӣ доштанд. Ва мақсади асосии ҳама  илоҷҷӯӣ ба фоидаи ҳарчи зудтар озод намудани Тоҷикистон аз қувваҳои моҷароҷӯи нерӯҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва қатъ кардани хунрезиву таъмини бехатарии мардум, ҳифзи иншооти ҳаётан муҳими хоҷагии халқ буд.

Ба замми ин, хизматчиёни хосаи тоҷик анъана ва шаклу услубҳои фаъолияти чекистиро (қабл аз ҳама, амалҳои оҳанги иктишофу алайҳи иктишофдоштаро) моҳирона дар кори ҳамарӯза тадбиқ мекарданд. Ин замоне буд, ки мутахассисон мисли паррандаҳои муҳоҷир аз кор мерафтанд. Бахусус, солҳои 1990-1992. Вале дар сафҳои Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон миқдори ба ҳадди андоза кифояи мутахассисони кордону коршинос боқӣ мемонанд. Ва онҳо устухонбандӣ, ё худ шоҳсутунҳои асосии созмонҳои амнияти миллии мамлакат буданду соҳиби таҷрибаи бузурги гаронбаҳо дар сохторҳои Кумитаи давлатии  бехатарии СССР.

 

Албатта, ҳанӯз ҳам аз боби ҳама амалу чорабиниҳои баҷоовардаи чекистон дар он рӯзҳо наметавон кушоду равшан ҳарф зад. Танҳо мехоҳам зикр намоям, ки ҳамагон дар комёб шудани сулҳу осоиши мардуми Тоҷикистон саҳми бузургу шоиста доранд.

Солҳои 1992-1993 барои Тоҷикистон махсусан тақдирсоз буданд. Дар оғози давраи муқовимати мусаллаҳона, замоне, ки, ба истилоҳ, аз дами теғ хун мерехт ва мардум ҳалок мешуданд, чекистҳо мубориза бурданд, ки ба домон густурдану васеъ шудани зиддияту душманӣ миёни тоҷикон, аз рӯи нақшаи душманони миллат порча шудани Тоҷикистон  роҳ надиҳад. Гурӯҳҳои мусаллаҳи қонунӣ ба роҳи худ мерафтанд.

Вале гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ҳам кам набуданд. Маҳз ҳамин гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ яке аз сабабҳои ҳама гуна бадбахтиҳои Тоҷикистону мардуми он буданд. Мо бо таҳқиқ дарёфтем, ки домонзанони оташи ҷанги бародаркуш ва ба  вартаи ҳалокат кашидани Тоҷикистон  киҳоанд. Бадхоҳон зиёд буданд. Гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар ин ҳисобанд.

Коршиносони амнияти миллӣ паст кардани шиддати вазъияти басо нохуши онрӯзаро дар зарурати ҳарчи тезтар аз байн бурдани гурӯҳу дастаҳои мусаллаҳонаи ғайриқонунӣ ва тоза кардани мамлакат аз онҳо диданд.

Замона ғуборолуду норавшан буд. Як қисми мардум аз фирор боз гаштанд ва боқимонда беруни сарҳад монданд. Байни онҳо кам набуданд одамоне, ки ба  дараҷае дар ходисаҳои хунине, ки дар вилояти Қӯрғонтеппа ба вуқӯъ пайваста буд, даст  доштанд. Ба мақсади ҳарчи зудтар бозовардани гурезаҳо аз Афғонистон, дар заминаи таҳқиқу омӯзиши тағйироту табаддулотҳое, ки миёни фирориён сурат гирифта буд, соли 1993 Кумитаи  амнияти миллӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ташкил намудани гурӯҳи корӣ  пешниҳод арз намуд.

Пешниҳод бахушнудӣ пазируфта  шуд. Барои амалӣ гардондани он аз рӯи Қарори Ҳукумат ва парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду гурӯҳи кории Маҷлиси Олӣ барои фаъолият намудан дар ҷойҳои муқимии гурезаҳо дар Ҳайратон ва Шерхонбандари   Афғонистон таъсис ёфт. Дар ҳайати гурӯҳҳо намояндагони парламент, Ҷамъияти «Пайванд» (оид ба робитаи ҳамватанони бурунмарзии Тоҷикистон), Кумитаи  амнияти миллӣ, роҳбарони вилояти Хатлон дохил шуданд.

Дар ин самт кормандони Кумитаи  амнияти миллӣ барои ба даст овардани  хабарҳои пурарзиши фаврӣ нисбати нақшаву амали хадамоти махсуси тарафи мухолифин, алалхусус роҳбарони бахшҳои моҷароҷӯйи иттиҳоди мухолифини тоҷик ва, ҳамчунин, дигар ташкилотҳои шӯрангезу бадхоҳ, таҳқиқу вазъи воқеӣ дар лагерҳои гурезаҳо ва гузаронидани таъсири мусбӣ ба онҳо тадбиру чорабиниҳои муҳим меандешиданд.

Дар роҳи иҷрои ин мақсад бо намояндагони Ҳукумати Афғонистон, бахусус бо роҳбарони Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон, аз ҷумла А.Дӯстум, ки ӯҳдадор шуда буд, бехатарии гурезаҳои тоҷикро дар лагери «КЕМПИ Сахӣ», ки калонтарин ба ҳисоб мерафт, таъмин намояд, алоқаи қавӣ барқарор гашт.

Баъдан, гурӯҳи чекистҳо ба тоза кардани сафи гурезаҳо аз харобкорон ҳангоми ба Ватан баргаштанашон машғул шуданд. Онҳо барои таъмини амнияти гурезаҳои ба ҷойҳои зисти доимӣ баргашта корҳои муҳимро ба анҷом расониданд ва дар ин роҳ дар таъмини ваҳдати миллӣ нақши бузург бозиданд.

Бо ташаббуси идораи амнияти миллии вилояти Хатлон баҳори соли 1993 барои аз музофоти шимолии Афғонистон овардани гурезаҳо, билхоса  шахсони обрӯманд, асосан собиқ раисони колхозҳои минтақа , намояндагон сафарбар шуданд. Ба онҳо муяссар гардид, ки аксарияти ҳамватанони худро баҳри бозгашт ба Ватан ҳамроҳи оилаҳояшон розӣ намоянд. Ходимони амният шабу рӯз заҳмат ба сар мебурданд.

Нооромӣ ва бесаранҷомии мардум, ба гумонам, беш аз беш онҳоро ба ташвиш меовард. Дар хориҷи ҷумҳур гумоштагони созмонҳои моҷароҷӯй ва террористӣ байни тоҷикони бурунмарзӣ аз пашша фил месохтанд, то ҷое аз дасташон меомад, аз дилҳои сиёҳашон дилсиёҳӣ мекарданду аз забони оташи дӯзахборашон оташи ҷанг мерехтанд. Ин ҳамаро кормандони амният дар пӯсту хуни худ пурдард эҳсос мекарданд.

Аз ин рӯ, бо тамоми ҳастӣ баҳри ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ талош меварзиданд. Баъзан онҳо шаклу усули ғайрианъанавии корро пеш мегирифтанд. Онҳо аз имкониятҳое, ки рӯҳониёни соҳибмартаба доштанд ва, ҳамчунин, аз барномаи фарогири радиои «Хоки Ватан», ки бо ташаббуси мақомоти амнияти миллӣ таъсис ёфта буд, моҳирона истифода мебурданд.

Дар чунин як замони пуризтироб ба кормандони амнияти миллӣ муяссар гардид, ки олими маъруфи олами ислом Мулло Муҳаммадиро барои бозгашт ба Ватан моил созанд. Ва ин заҳмати осон набуд.

Мулло Муҳаммадӣ байни сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон маҳбубияти хоса дошт. Ин аз тарафи масъулини Кумитаи  амнияти миллӣ иқдоми беназире буд, ки тӯли он аз ду сол мегузарад. Вале дар чунин як давраи доғ ба Тоҷикистон бозгаштани чунин ходими барҷастаи дини муъбини Ислом баҳри кормандони амнияти миллӣ комёбии азим буд. Аз пайи Мулло Муҳаммадӣ дусад ҳазор муридону ҳамдиёрони ӯ ба Ватан бозгаштанд.

Барҷастатарин далели ин огоҳӣ ва ворид намудани ислоҳот дар робитаи кормандони фаврии амнияти миллӣ бо сарвари гурӯҳҳои мусаллаҳи самти Бадахшон Саламшоҳ Муҳаббатов возеҳу равшан зоҳир мешуд. Ҳамкории якҷоя натиҷаҳои мусбии худро медод. Тамоил ва мавқеъи Саламшоҳ Муҳаббатов барои пойдор гардонидани сулҳ ва ризоияти миллӣ нисбат ба дигар қумандонҳои саҳроӣ афзалтар буд.

Соли 1994 баҳри шиносоии авзои рӯҳӣ ва фикру таҳаммули мардуми вилояти Кӯлоб аз ҳисоби шахсони обрӯманди размандагони самти Дарвозу Ванҷ гурӯҳе ташкил дода шуд. Гурӯҳ ба шаҳри Кӯлоб расид. Аъзоёни гурӯҳ дар чорабиниҳои гуногуни оммавӣ ширкат варзиданд. Дар ҳамон ҷо онҳоро бо шодии бузург ва  эҳсосоти гарму ҷӯшон истиқбол мекарданд.

Сафари шиносоии байни намояндагони мухолифин фоидаи калон дод. Аксарияти онҳо эътимоди комил ҳосил карданд, ки сокинони сарзамини Кӯлоб ҳам ташнаи сулҳу рӯзгори осоиштаанд. Ҳамон сол Саламшоҳ Муҳаббатов бо майли дил тавассути Москва ба Эрон ва аз он ҷо ба Афғонистон парвоз кард. Мақсад аз намояндагии ӯ ҳарчи зудтар бастани сулҳи тоҷикон буд.

Саидамир Зуҳуров баҳри пешгирии ҳодисаи нангине, ки сулҳу суботро халал мерасониданд, ба мақомоти болоӣ пайваста маълумот медод. Ба ин монанд, гузориши ӯ оиди ҳабси Бозор Собир буд, ки дар ҷомеа ангезаи нохуш пайдо карда буд. Он замон ҷонишини раиси Ҳизби демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова дар маҳбас ва раиси Ҳизб Юсуф Шодмон ба Ҷумҳурии исломии Эрон гурехта буд. Ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки дар як  вақт бо ҳамроҳии Бозор Собир Ойниҳол Бобоназарова ҳам ба озодӣ барояду Шодмон Юсуфро авф намоянд. Мақсади ниҳоии  ин амал танҳо устувор гардондани мавқеи роҳбарони батозагӣ интихобшудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ буд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  ин натиҷабардориҳои Саидамир Зуҳуровро шунид ва бо камоли майл писандаш омад ва супориш дод, ки ҳуҷҷатҳои марбут ба  ин қазияро тайёр намоянд. Хеле базудӣ супориши сарвари давлат иҷро шуд ва ҳуҷҷатҳо дар мувофиқа бо прокурори генералӣ моҳи июли соли 1993 ба имзо расиданд. Чунин амали инсонпарваронаро зиёиёни мамлакату мухолифин ва тамоми сокинони ҷумҳур  бохушӣ пазируфтанд.

Соли 1993 Эмомалӣ Раҳмон ба Кобул парвоз кард. Дар ин сафар ӯро Саидамир Зуҳуров ҳамроҳӣ намуд. Ин аввалин вохӯрии сарвари давлати тоҷикон бо вазири мудофиаи Ҷумҳурии исломии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Ҳангоми мулоқот сухан аз бозгардонии муҳоҷирони тоҷик ба Ватан рафт. Аҳмадшоҳи Масъуд дар рафти вохӯрӣ гуфт: «Ҳама имконот ва ғайриимконотро барои бастани сулҳ истифода баред, вагарна ҷанги партизании тӯлонии шаҳрвандӣ шуморо интизор аст».

Аҳмадшоҳи Маъсуд аз нерӯи харобиовари ҷанг сухан ронда, комбинати хонасозии шаҳри Кобулро мисол овард, ки сохтмони иморати он солҳо давом кард ва барои харобу валангор гардониданаш қариб бист кило моддаи тарканда басанда буд. Акнун, ҳоло баҳри аз нав бунёд кардани он маблағҳои бузург зарур аст.

Бедор кардани эҳсосот ва таваҷҷӯҳи вазири мудофиаи Давлати исломии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд нисбати сулҳи пойдору осудагии мардуми сарзамини Тоҷикистон аз пешомади бузурги давлати тоҷикон башорат дод.

Ҳангоми бозгашт бо хоҳиши сарвари давлати тозабунёди тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ва дахолати бевоситаи Аҳмадшоҳи Масъуд аз Бадахшони Афғонистон чор хизматчии ҳарбии хизмати ҳатмӣ ва як нафар капитани сарҳадбони Русия, ки асири қумандонҳои саҳроии музофоти Бадахшони Давлати исломии Афғонистон буд, ба Кобул оварда шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ҳамроҳи худ гирифт. Замоне самолёт аз дарёи Панҷ мегузашт, Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо мужда дод, ки ба Тоҷикистон омаданд. Капитани рус аз шодӣ гиря кард.

Хизматҳои шоистаи Саидамир Зуҳуров дар ҷодаи таъмини амнияти миллӣ, саҳмгузорӣ дар устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва давлатӣ, таҳкими суботи ҷомеа бо ордени Исмоили Сомонӣ, дараҷаи дуюм, унвони мӯътабари Корманди шоистаи Тоҷикистон ва чандин унвону мукофотҳои дигар қадр карда шудаанд. Барои тақвияти ҳиссагузориҳои зиёди Зуҳуров дар  арсаи ифои вазифаҳои хизматӣ, ҷасорату садоқат, муҳаббати саршору бепоёнаш нисбати Ватан ҳодисаи дигареро ба қалам медиҳем, ки пуровозаю камназир аст.

Аввалҳои феврали  соли 1997 як гурӯҳ кормандони расонаҳои хабарии Русия ва дигар давлатҳо, ки дар ҷумҳурӣ фаъолият мекарданд, вақти бозгашт аз сафари хидматӣ аз водии Қаротегин дар шоҳроҳи «Душанбе-Хоруғ», болотари шаҳрчаи  Обигарм, ба гарав гирифта шуданд. Гуфтушунидҳои намояндагони ҳукуматӣ бо Содиров Б. дар муддати якчанд рӯз натиҷа набахшид. Аз ҳамин лиҳоз моҳи феврали соли зикршуда вазири амният С.Зуҳуров ва муншии Аҳмадшоҳ оғои Солеҳ мувофиқа карданд, ки ба ситоди дар Обигарм будаи Горди президентӣ рафта, аз он ҷо кӯшиш мекунанд, ки дар гуфтушунидҳо гаравгонҳоро Содиров раҳо кунад. Номбурда дар навбати худ пешакӣ талаб  ба миён гузошта буд, ки фақат ба ивази бародараш Ризвон ва гурӯҳи дар Афғонистон будаи ӯ гаравгонҳоро аз банд озод мекунад.

11 феврали соли 1997 пагоҳии барвақт ман, чун ҳарвақта, ба дафтари кории вазири амният Зуҳуров ворид шудам. ӯ ғарқи хаёл назди тиреза истода буд. Аз чӣ бошад, ки хотирашро каме парешон дидам. Баъди саломуалейк аз ӯ пурсидам:

- Чӣ, ягон нохушие рӯй додааст, ба гумонам омодаи сафар ҳастӣ? - гарчанде худам баръало  медонистам, ки ташвиши ҳамаи мо, аз Президент сар карда,  аз дасти гурӯҳи Баҳром Содиров озод кардани гарвгонҳо буд.

Саидамир дар ҷавоб гуфт, ки аз рӯи маслиҳати шуда,  ӯ  омодаи ба Обигарм рафтан аст.

Ба либосҳои  дар тан будааш нигоҳ карда, маслиҳат додам, ки он ҷо  хунук аст, мумкин ки гуфтушунид тӯлонӣ шавад ва шаб монӣ ва таъкид кардам, ки ҳеҷ набошад, пойафзоли гарматро пӯш.

- Не, мумкин, ки то бегоҳ ба Душанбе баргардем ва агар монеа ё мушкилие ба миён ояд, дар ситоди Горди Миллӣ  мемонем. – гуфт ӯ.

Ҳамин ҷо мо бо якдигар хайру манзур карда, ман ба Қӯрғонтеппа рафтаму ӯ ба фурӯдгоҳ.

Ҳамон рӯз ман соатҳои ҳашти бегоҳ аз Қӯрғонтеппа баргашта рост ба дафтари кориам даромада, фаврӣ аз навбатдори Вазорат дар хусуси баргаштан ва ё барнагаштани Саидамир Зуҳуров пурсидам. Навбатдор хабар дод, ки то ҳол аз сабаби набудани барқ ва алоқа нисбати дар куҷо ҷой гирифтани вазир ягон маълумоти аниқ нест. Рости гап, тамоми рӯз ким-чӣ хел ҳиссиёти нохуше вуҷудамро фаро гирифт ва дилам гувоҳӣ медод, ки кадом як воқеаи  нохуше бояд сар занад. Чанде кӯшиш кардам, ки бо Обигарм телефонӣ тамос гирам, аммо ҳамеша аз телефончидухтар мешунидам, ки бо сабаби набудани барқ алоқа нест.

Қарибиҳои соатҳои дувоздаҳи шаб навбатдор ба ман хабар расонд, ба гуфти муншии Аҳмадшоҳ, ки  ҳамсафари Саидамир Зуҳуров буд ва барои гуфтушунид ба қароргоҳи Содиров рафта будааст, Зуҳуровро ба гарав гирифтаанд. Онҳо шарт мондаанд, ки Зуҳуров  ва дигар гаравгонҳоро фақат баъди ба назди онҳо овардани Ризвон ва зердастони ӯ, ки дар қароргоҳи Аҳмадшоҳ мебошанд, озод мекунанд. Пеш аз ҳама, барои боз як бори дигар аниқ кардани ҳолатҳои ҳодисаи ногувор ман Солеҳро назди худ хонда, дар кадом мавқеъ ва вазъ ба гарав гирифтани Саидамирро пурсидам.

ӯ дар посух гуфт: «Вақте  ки ман ва оғои вазир дар Обигарм аз чархбол фуромадем, намояндаи худро ҷониби Баҳром фиристодем, то ки ба мо иртибот гирад. Баъди сипарӣ шудани фосилае чанд нафаре аз гурӯҳи Содиров Б. моро ба мавқеи бетараф хонданд.

Азбаски нафарҳои дар гурӯҳи Ризвон шомилбуда аксарашон дар дараи Панҷшер тайи се сол дар парастории мо буданд, ман гумон кардам, ки намаки моро пос  медоранд. Ин ҳолатҳоро ба назар гирифта, бо оғои Зуҳуров ба хулосае омадем, ки  ба ҷои таъиншуда барои вохӯрӣ меравем ва ҳарду он ҷониб раҳсипор шудем. Ду нафари дигар аз кормандони амният ҳифзи ҷони  моро ба ӯҳда дошт. Лаҳзае, ки ба нуқтаи пешбинишуда шомил шудем, ба таври оҷил зердастони Баҳром ҳамсафарони оғои Зуҳуровро бесилоҳ гардонида, онҳоро ба қафо баргардониданд. Дар ҳайрат мондам, ки куҷо шуд хотири поси нону намаки мо, ки  ҳатто ба ҷойи шунидани гуфтаҳои ман дар ҷавоб маро бо гуфторҳои қабеҳ қафо гардониданд. Ман дарк кардам, ки зиндагӣ мард будаасту баъзе зиндаҳо номард».

Баъди ду-се рӯзи ин ҳодисаи нохуш як зумра одамоне пайдо шуданд, ки аз «хайрхоҳӣ» бошад ё нотавонбинӣ, овоза карданд, ки Зуҳуровро маҷбур сохтаанд, ки ба назди Содиров рафта, гаравгонҳоро озод кунад. Ва ба ҳамин васила роҳи аз байн бурдани ӯ гӯё ҳал мешуд.

Ин овозаҳо ҳама саропо дурӯғи маҳзанд. Дар ин ҷода ягон кас гунаҳкор нест. Ин амал бо хоҳиши худи Зуҳуров ба вуқӯъ пайваст. ӯ худаш, ки дили соф, дасти пок дорад, бо амри виҷдон баҳри адои вазифа рафта буд. ӯ нағз дарк мекард, ки ин амали ҷинояткорона фақат ба обрӯи миллати тоҷик зиён мерасонад. Фақат ба ҳамин хотир ва ҳамин сабаб ӯ ҷони худро зери хатар гузошт.

Чунин лаҳзаҳо дар рӯзгори Сайидамир Зуҳуров кам нестанд. ӯ ин ҳамаро як чизи маъмулӣ медонад. Зеро, садоқат ба Ватан, садоқат ба касби худ инро тақозо дорад. Дили гарму дасту дили пок марому мақсади ӯ ва ҳампешагонаш буд, ҳаст ва мемонад.

Саиданвар Камолов,

узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, генерал-лейтенант

Бознашр аз ҳафтаномаи «Тоҷикистон»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi