04:25:58 18-уми Сентябри 2026 сол

ФАЙЛАСУФЕ БО ҚАЛБИ ШОИР ВА ШОИРЕ БО ДИДИ ФАЙЛАСУФ

Рӯзгори мо пур аз тазодҳост ва дар ин миён пайдо кардани инсоне, ки ҳамзамон дар ду дунёи ба куллӣ мутафовит — мантиқи сарди фалсафа ва эҳсоси гарми шеър — парвоз мекунад, як ғанимати бузург аст. Меҳмони имрӯзаи сомонаи «Рӯзгор» маҳз аз ҳамин зумра шахсиятҳост. Мо бо шоир, файласуф, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Аълочии маориф ва илми кишвар, устод Мирзоҳусайни Бадалипур ҳамсуҳбат шудем.

1 ustod badalipur 45451245Устод Бадалипур аз он донишмандонест, ки хушкии илмро бо латофати шеър нарм кардааст. Агар аз як соҳил таҳқиқоти ҷиддии ӯ дар бораи фалсафаи ҳаёту мамот ва сирри тасаввуфи орифони муосир, пирони тариқати нақшбандия дар китоби «Ҷилои оинаҳо» бошад, аз соҳили дигар ашъори нобаш, махсусан суруди маъруфи «Дар оғӯши ту мемирам» бо овози Нигина Амонқулова, қалби ҳазорҳо нафарро тасхир намудааст.

Мо бо устод дар бораи сирри зиндагӣ, фалсафаи муосир, парвози илҳоми шоирӣ ва рӯҳияти ҷавонони имрӯз суҳбати самимӣ анҷом додем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо, хонандагони азизи сомонаи «Рӯзгор», мегардонем.

ЗИНДАГИНОМА ВА АЙЁМИ ҶАВОНӢ

- Шумо дар деҳаи зебоманзари Хеки Дарвоз ба дунё омадаед. Табиат ва муҳити Дарвози бостонӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии аввалини Шумо чӣ нақше доштанд?

- Бале, ман дар ин деҳаи зебоманзари ноҳияи Дарвоз ба дунё омадам. Табиати дилкашу дилнавози деҳа дар чаҳор фасли сол, чашмасори зулолу покаш, пуштаҳои сабзу гулпӯшаш дар фасли баҳор, садои дилнавози обшоронаш, боду ҳавои фораму руҳнавозаш, хониши мурғаконаш аз ҳар кунҷу канор симфонияи зиндагӣ ё суруди руҳангези ҷовидонаи умрбоди ман аст.

Шакароби назди дегдони модар бо обу нони гарм, паниру қаймоқи айлоқ, чигинасаворӣ дар болои дарзаҳои гандум, хирманкӯбии шабҳои маҳтобии мардони деҳқон, мавсими алафдаравӣ, боғу роғи ҳавлии падарӣ, ки тамоми намуди мевагиро дошту тамоми сол шаҳди мева мечашидем, манзараҳои обмонии падари азизам дар шабҳои маҳтобӣ ва таровати он, рӯзгори босаодату хушҳолонаи мардуми деҳ дар он даврон, покизагии ахлоқ ва меҳнати ҳалолу ибратбахши мардону занони боиффати қишлоқ, тую сури домодиву арӯсӣ, ки бо истифодаи асп анҷом дода мешуд, базмҳои гуногуни хотирмони сарояндагони мардумӣ, салобату шукуҳи муйсафедони ҳакиму суфимашраби бообрӯй дар маъракаву маросимҳои мухталиф, тоқидӯзии бо сад ҳаваси модари ҷонам дар пешорӯи идҳо бароям ва ғайраву ҳоказо нахустин мактаби шинохту маърифати ибтидоии оламу одам ва ҳикмати зиндагию рӯзгорам бароям буданд.

Бахусус, барои мо бачаҳои бесари деҳа мавсими овардани ҳосили гандум бо воситаи барзагову чигина хушҳолтарин аёми зиндагӣ буд. Ба хотири чигинасаворӣ чанд масофаро тай мекардам ва мисли палангчаҳои саҳроӣ ба болои ғарами дарзаҳои гандуми талзада мепаридем ва то хирмани гандум савор меомадем. Хирмани гандум дар поёни боғамон буд ва баъзе вақт дар шабҳои маҳтобии хирмакубӣ ва бод кардани ғалла дар фасли тирамоҳ шабро ҳамроҳи бодгарон рӯз мекардем.   

Дар илми фалсафа қонуни таъсири мутақобилаи табиат ба инсон ва инсон ба табиат аст, ки раванди маърифати одамиро дар бораи ҳастии худ ва муҳити атроф ифода менамояд. Шояд ҳамаи ҳамин ангезаҳои рӯзгор буданд, ки ман файласуф ва шоир шудам. Яъне рӯ ба шинохти ҳикмати зиндагӣ ва зебоишиносию зебоипарастӣ овардам. Дар як шеърам дар бораи Дарвоз бо унвони "Мумиё зиндагӣ" ҳамин гуфтаҳоро таҷассум кардаам:

Эй сароғози ҳама оғози ман,

Аз канорат сар шуда парвози ман.

Хоку обу ту маро парвардааст,

Матлаи нуру сафо Дарвози ман... 

 

Сабзаҳои пуштаҳои сабзи ту,

Хуррамӣ ба ҷони ман бахшидааст,

Чашмаҳову рӯдҳои поки ту,

Покии ҷони маро афзудааст...

- Хатмкардаи факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳастед. Чӣ чиз боис шуд, ки Шумо аз таърих ба самти фалсафа ва диншиносӣ гароиш пайдо кунед?

- Албатта дар он даврон агар факултети фалсафа мавҷуд мебуд, ман ҳатман шомили он мешудам. Афсӯс, ки вуҷуд надошт. Шукри Худо, ки соли 2000 –ум дар Донишгоҳи миллӣ факултети фалсафа таъсис ёфт ва банда яке аз поягузорон ва муассиси он мебошам. Имрӯзҳо факултети фалсафа яке аз бонуфузтарин даргоҳи маърифати Донишгоҳи миллӣ бо фарогирии 8 кафедра мебошанд.

Сабаб ҳамин буд, ки ман аз ибтидо шефтаи илми ҳикмат будам. Падари бузургворам солҳои зиёд то ба муҳоҷиратамон ба ноҳияи Файзобод дар мағозаи китоби маркази ноҳия кор мекард, яъне китобдор буданд. Қиблагоҳӣ марди босавод ва соҳибмаърифате буданд. Мутоилаи зиёд доштанд ва аз донишҳои динӣ ва дунявӣ хуб огаҳ буд. Китоби бисёр барои мо меовард ва таъкиди хондан мекард. Ёд дорам, вақте китоби саргузашти Ҳотами Той ва дигар адабиёти маъмулиро меовард бо ҷиддияти том мегуфтанд, ки ҳамсоя набинанд ё нафаҳманд, зеро моро суд мекунанд. Сухан дар бораи сензураи даврони Шуравӣ меравад, ки то ин ҳадд монеъи маърифати умумии мардум буд.

Ҳамин муҳити маърифатпарвари хонаводагӣ буд, ки ман ва бародаронам, агар ба забони ҳисоб бигӯем ба таври рекордӣ китоб мехондем ва ҳамагӣ имрӯзҳо саводу дониши лозимаро соҳиб гаштем. Ман аз даврони хурдӣ ва ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳ ба диду биниши фалсафӣ ва назариёти фалсафии андешамандони бузург таваҷҷуҳи хосса доштам ва шавқу мароқи зиёд зоҳир менамудам.

Ҳамин ҳавову ҳаваси доимӣ нисбат ба илму ҳикмат ангеза ва такону тавони таҳсил дар аспирантураро бароям фароҳам овард. Солҳои 1993-96 дар Академия илмҳо дар Институти фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов, шӯъбаи фалсафа ва таърихи дин ба таври рӯзона таҳсил кардам ва аз олимони барҷастаи илмҳои фалсафӣ устодони зиндаёд: академик Мӯсо Диноршоев, узви вобастаи АМИТ, профессор Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев, донишмандони маъруф, ки имрӯзҳо ҳамроҳи мо кору фаъолият доранд, академик Кароматулло Олимов, узви вобастаи АМИТ, директори Маркази антропологияи АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳаммадалӣ Музаффарӣ, устод Шерзод Абдуллозода ва дигарон илму маърифат омӯхтам. Аз соли 1996 то ба имрӯз дар факултети фалсафаи ДМТ ба ҳайси устоди илмҳои фалсафӣ кору фаъолият дорам. Ба гуфти файласуфи маъруфи гурҷӣ: Мераб Мамардашвили "Файласуф будан - ин тақдир аст".

- Аз даврони донишҷӯӣ ва устодони аввалини худ, ки дар зиндагиатон нақши калидӣ доштанд, кадом хотираҳоро устувор нигоҳ доштаед?

- Даврони таҳсил дар Донишгоҳ, банда яке донишҷӯёни аълохон будам. Барои ман ҳама устодонам муътабар ва муҳтарам ҳастанд. Ҳар ки бароям як ҷумла ва ё як дарсе омӯхт, бароям ҳаққи устодӣ дорад. Агар ба таъбири устоди зиндаёд Лоиқ, ки дар тасвири ҳастии воқеаҳои гуногун "Ту ба ман ҳаққи модарӣ дорӣ" шеъри мондагоре дорад, бигӯем, шиори ман нисбати ҳама устодонам ҳамин аст - Ту ба ман ҳаққи устодӣ дорӣ...

ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ФАЛСАФӢ

- Рисолаи номзадии Шумо ба проблемаи «ҳаёт ва марг» дар динҳои монотеистӣ бахшида шудааст. Чаро маҳз ин мавзуи ҳамешагии инсониятро барои таҳқиқ интихоб кардед ва ба кадом хулосаи муҳими фалсафӣ расидед?

- Масъалаи ҳаёту марг чун раванди диалектикии таҳаввулу тағйироти олами вуҷуд ё қонуни тағйироти миқдорию сифатӣ аз қадим то ба имрӯз мавзӯи меҳварии афкори фалсафӣ, фарҳангӣ ва ахлоқию динии инсоният аст. Агар ба таърихи андеша ва афкори фалсафӣ назар афканем, ҳанӯз яке аз саромадони фалсафаи аҳди бостон Суқроти юнонӣ «Зиндагиро машқи мурдан» номидааст. Дар таҳқиқоти худ банда яке аз масъалаҳои мураккаби ҳаёти инсонӣ шинохти фалсафаи зиндагию маргро дар динҳои тавҳидӣ –зардуштия, яҳудия, масеҳият ва ислом ҳамчун василаи худшиносӣ ва худогоҳии инсон мавриди омӯзиш ва таҳлилу баррасӣ қарор додаам. Аз ҷиҳати илмӣ шарҳу тавзеҳи мавзуи мазкур, яъне муносибати инсон ба зиндагию марг ин муносибати тадриҷии зиндагишиносии ӯ ба олами ҳастӣ аст. Ҳаёту маргро тазоди ҳамдигар ва баръакс пурракунандаи якдигар меҳисобанд. Инсон ягона мавҷудест, ки ҳодисаи мурдани худро дарку фаҳм мекунад ва хоҳу нохоҳ дар бораи марг андеша меронад. Барои инсон маърифати муҳиммияти ҳаёту марг арзиши беандоза дорад. Маърифати марг ва дар бораи марг андешидан маънои мурданро надорад. Масъалаи марг барои инсон, яке аз умдатарини масоили олами маънавии ӯ маҳсуб мешавад. Андеша барои марг василаест, ки инсонро ҳар чи бештар ба дарку фаҳми арзиши ҳаёт, зиндагии бомаром, худшиносӣ ва худогоҳӣ водор месозад. Ҳанӯз Конфутсий мутафаккири Чини қадим гуфта буд: «Чи гуна мефаҳмем, ки марг чист, дар ҳоле мо намедонем зиндагӣ чист?».

Масъалаи ҳаёту марг, ба худ масъалаи ҳадаф ва мақсади зиндагӣ, масъалаи барои чӣ ва барои кӣ зистани инсонро ба миён меорад. Ҳамзамон ҷиҳатҳои субъективӣ ва объективӣ ва нақшаи назарандозӣ ва андешарониву мулоҳизаро оид ба ҳастии шахс ва инсоният рӯнамо месозад. Тарафи фардӣ-субъективии масъала агар фарогири ҷаҳонбинӣ, ҷаҳоншиносӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ дар кору фаъолияти як шахс бошад, паҳлӯи дигари он аҳаммияти умумиинсонӣ, умумибашарӣ дорад.

Фаҳмиши фалсафаи зиндагию марг барои беҳдошти асолату рисолат ва ташаккули гавҳари инсонии шахсият дар роҳи худшиносӣ ва худгоҳӣ сабаб мешавад. Ончи дар умум аз таҳлилу баррасӣ ва омӯзиши мавзуъ бармеояд ин таҳаввули фикрии инсон, ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншиносии ӯро дар масири зиндагӣ фарогир буда, масъулияти ҳарчи бештари фардро дар шинохти арзиш ва қимати ҳаёту рӯзгор, меҳнату маърифат, донишу таҷриба бозгӯ менамояд. Мавзуи зиндагию марг чун мавзуи меҳварии таълимоти динию фалсафӣ ва ахлоқию фарҳангӣ диалектикаи тазодҳоро дар таъмини гармонияи ҳастӣ ва вуҷуд ва ҳамзамон пурракунандаи якдигар ба намоиш мегузорад. Афзун бар ин мо ба дараҷаи таҳаввулоти андешаҳои инсонӣ аз қадим то ба имрӯз нисбат ба масъалаи мазкур ошно мегардем, гуногунрангӣ ва якрангии ақида, андеша ва амалу рафтори онҳоро дар шинохт ва ҳаллу фасли ҳикмати зиндагию марг дарку фаҳм менамоем. Натиҷа ва хулосагирӣ аз таҳқиқу баррасии мавзуъ ҳамин аст, шинохти арзиши зиндагию марг инсонҳоро бо диалектикаи зистан ва будан ошно месозад, онҳоро дар дарку фаҳм ва маърифати масъалаҳои гуногуни ҳаёт фаъол мегардонад.

Ҷанбаи бисёр муҳимму арзишманди омӯзиши мавзуъ аз он иборат аст, ки маргро на ҳодисаи тасодуфӣ, бозича ё фанои абадии инсон, балки василаи худшиносӣ, худогоҳӣ ва худошиносӣ қаламдод менамояд ва барои ҳар фард сарчашмаи таъмини саодати дунё ва охират таъкид месозад. Арзиши аслии зиндагиро ба мисли заминӣ будани таълимоти кору кӯшиш, талош барои беҳдошти рӯзгори маишӣ, беҳтар кардани рӯзгори моддӣ, камолоти ҷавҳари инсонии одамӣ, дарки дурусти маънии зиндагӣ, барои ҷомеа манфиатрасон будан, табиатро солим нигоҳ доштан, низому гармонияи табиӣ ва инсониро риоя кардан, адолатпеша, маърифатгаро ва соҳиби ахлоқи ҳамида будан, таҳзибу тазкияи рӯҳиву ҷисмонӣ ва ғайраро тарғибу ташвиқ, тавсия ва дастур медиҳад. Азбаски доманаи мавзуъ хеле васеъ аст, дар ин мусоҳиба ба таври мухтасар дар хусуси таълимоти ду дини тавҳидии пазируфтаи аҷдодонамон –зардуштия ва ислом нисбат ба масъалаи ҳаёту марг сухан мегӯем.

Ҷаҳоншиносӣ, ҷаҳонбинӣ, фалсафа, ҳикмати тоисломии тоҷикон то имрӯз дар адабиёти илми ҷаҳонӣ бо унвонҳои «ҷаҳоншиносии авестоӣ», «зардуштия», фалсафаи тоисломӣ ва умуман фарҳанг ва тамаддуни ориёни бостонӣ ёд мешавад. Зардуштия ба ҳайси мактаби динию фалсафии аҷдодону гузаштагони мо таълимоти гуногунҷабҳаеро доро мебошад, ки таҳлилу баррасӣ ва омӯзиши онҳо арзиш ва аҳамияти умумибашарӣ ва умумиинсонӣ доранд. Китоби Авесто қадиматарин осори динӣ, таърихӣ, фалсафӣ, ахлоқӣ, зебоишиносӣ, адабӣ, табиатшиносӣ, тиббӣ, астрономӣ ва ғайраи мардуми ориёнажод аст, ки бо таъкиди академик Ёқубшоҳ Юсуфов аз рӯйи гуфтаҳои муаррихи юнонӣ Плиний аз 2 млн. байт иборат будааст. Худ унвони Авесто аҳаммияти бунёдии тамаддунӣ дорад. Маънии онро аслан “веста”(хабар, дониш, дастур) таъбир намуданд, ки далолат ба сухани хушку холӣ надорад. Муҳақкиқи маъруфи Авесто А.Ҷаъфарӣ онро ҳамчун сухани нуҳуфта, рози осмонӣ баён кардааст. Масъалаи ҳаёту марг яке аз мавзуъҳои меҳварии таълимоти зардуштия аст. Аҷобати динҳои мардуми ориёӣ дар аҳди бостон ин аст, ки бо ҳама печидагиҳои рӯзгор, ҷангу кашмакашиҳо ва зӯроварии аҷнабиён бисёрхудоӣ (политеизм) дину эътиқоди ҳукмрони онҳо нагардид. Зардуштия аввалин динест, ки дар таърихи афкори эътиқодӣ ва эътимодии инсонӣ манзараи ҳаёти баъди маргӣ (охират)-ро ба таври комил баён намудааст.

Авесто инсонро ба шинохти воқеии фалсафаи ҳаёту марг, арзиши умр, кору фаъолияти бомарому босамар, зиндагии шоиста, амалҳои солеҳу накӯ ва касби ахлоқи ҳамида дастур медиҳад ва даъват менамояд. Аз ин рӯ мувофиқи таълимоти Авесто муъмини зардуштӣ бояд саодату хушбахтии охиратро дар дунё ҳосил намояд. Дар таърихи афкори динию фалсафӣ аҷдодони гузаштаи мо аввалин шуда, оид ба консепсияи ҳастии ду ҷаҳон: ҷаҳони маънавӣ(минуи) ва ҷаҳони моддӣ (гетиёнӣ, моддӣ) ибрози андеша намудаанд. Вуҷуди ҳаёти баъдимаргӣ (растохез, маод) низ яке аз мавзуъҳои марказии Авесто ва умуман таълимоти зардуштия аст. Масъалаҳои зиёди эътиқодии ҳаёту марг, аз қабили намози панҷгона, биҳишт, дӯзах, пули Чинвот(Сирот), рӯзи растохез, рӯҳ, ҷон, фариштаҳои ҳафтгона, Накиру Мункар, олами руҳӣ, Иблис(Аҳриман), тӯфони ҷаҳонӣ ва ғайра маҳз дар назариёти динии зардуштия баён гардидаанд. Баррасии тафовут ва умумияти масъалаҳои номбаршуда, дар динҳои баъд аз зардуштия  пайдошуда- яҳудия, масеҳият ва ислом, масалан, намозҳои панҷгонаи зардуштия ва ислом, ки билкулл аз ҳамдигар фарқ доранд ва дар умум, дигар масъалаи эътиқодии зикршуда, дар динҳои сомӣ ба як таҳлилу баррасии алоҳида ва фарохтар ниёз дорад ва аз доираи баҳси навиштаи мазкур хориҷ аст ва умедворам, ки  хонандагони арҷманд нуктаи назари муаллифро дуруст мефаҳманд.

Барои баррасӣ ва таҳлили мавзуи мазкур аз нигоҳи ислом беҳтарин ҳикмат оятҳои гуногуни Қуръони карим мебошанд. Марг дар таълимоти Қуръон як ҳодисаи тасодуфӣ ва бозича нест, балки василаи ҳушдории худшиносӣ ва худогоҳии инсон дар масири зиндагии хеш аст, дарку фаҳми қимат ва арзиши умр аст, ки дигар ба ин ҷаҳони ҳастӣ бозгашт нест, омад нест, гузар нест...

Бедил ба ин маънӣ фармудааст:

Зиндагӣ маҳруми такрор асту бас,

Чун шарар ин ҷилва як бор асту бас…

Қуръон марги инҷаҳониро барои инсон фанои абадӣ намегӯяд ва баръакс ҳушдораш медиҳад, ки барои ӯ зиндагии дигаре низ баъд аз марг вуҷуд дорад. Саодат ва хушбахтӣ дар он дунё насиби мардумест, ки дар зиндагии заминӣ аз рӯи дастуроти қуръонӣ амал намуда, корҳои шоиста ва накӯ анҷом додаанд ва растагории худро таъмин сохтаанд.

Қуръон инсонро ба иртиботи доимӣ ба Худои хеш даъват мекунад ва ёдовар мешавад, ки: “Мо аз они Худоем ва ба сӯи Худо бозмегардем” (Сураи Бақара, ояти 156)  ва ё ки: “Ҳар ҷони зинда чашандаи марг аст”(Сураҳои Оли Имрон, Анбиё, Анкабут оятҳои 185, 35, 57), “Фармонравоии  осмонҳову замин аз они Ӯст ва ҳамаи корҳо ба Худо гардонида мешавад» (Сураи Ҳадид, ояти 5), “Аз они Худост ончи дар осмонҳову замин аст ва корҳо ба сӯи Ӯ боз гардонида мешаванд” (Сураи “Оли Имрон”, ояти 109),”Ғайби осмонҳову замин аз они Худованд аст ва тамоми корҳо сӯйи Ӯ бозгардонида мешавад, Ӯро бипараст ва бар Ӯ таваккул кун” (Сураи “Ҳуд”,ояти 123) ва мазмуни оятҳои 28, 210, 245-уми сураи “Бақара”,ояти 44-уми сураи “Анфол”, оятҳои 4, 34-уми сураи “Ҳуд”, ояти 86-уми сураи “Ҳаҷ”, ояти 60-уми сураи “Муъминун”, оятҳои 42, 64-уми сураи “Нур”, оятҳои 70, 88 сураи “Қасас”, оятҳои 17, 57-уми сураи “Анкабут”, ояти 22-юми сураи  “Луқмон”, ояти 11-уми сураи “Саҷда”, ояти 4-уми сураи “Фотир”, ояти 44-уми  сура “Зумар”, ояти 21-уми сураи “Фуссилат”, ояти 53-юми сураи “Шуро” ва ғ. ба ҳамин маънӣ далолат дорад. Яъне, ки марг руҷӯъ ба сӯи Парвардигори хеш аст, ба сӯйи дидори Худованд аст, интиҳои зиндагӣ нест. Аз ин ҷост, ки бузургмарде чун Мансури Ҳаллоҷ маргро «меъроҷи мардон» номида аст. Агар ба таври воқеӣ дар шинохти ин ду масъала андеша намоем, ҷавҳари ҳама гуна афкор ва осори фалсафиро ҳамин ду мавзуъ ташкил додаанд.

Худованд дар оятҳои зиёде арзиши зиндагӣ ва маргро барои худогоҳии инсон рӯшан сохтааст. Аз ҷумла, дар ояти 28-уми сураи “Бақара” мефармояд:(Чӣ гуна кофир мешавед ба Худо, дар ҳоле ки шумо беҷон будед, пас шуморо зинда кард, боз мемиронад шуморо, сипас зинда мекунад шуморо, боз ба сӯйи Ӯ бозгашт дода мешавед.)

Агарчи дар оғози ин ояти карима танбеҳу итоби бандагони мункири Худо омадааст, вале асли оят амр ба шинохти арзиши ҳаёту марг аст. Бархе муфассирон гуфтаанд, ки ояти ёздаҳуми сураи “Ғофир”: (Гӯфтанд: Эй Парвардигори мо, мурда сохтӣ моро ду бор ва зинда гардонидӣ моро ду бор, ишора ба мазмуни ҳамин оят аст, яъне манзараи “ду маргу ду ҳаёт”-и инсон. Тафсири“ду маргу ду ҳаёт”-и инсон ин аст, ки бо амри Худои таъоло аз олами адам банда ба олами халқ ва вуҷуд оварда мешавад, сипас миронда мешавад ва боз дар рӯзи ҳашру нашр барои подошу ҷазо зинда карда мешавад. Соҳиби тафсири «Маориф-ул-Қуръон» дар тафсири ин ояти 28-уми сураи “Бақара”, ки дар фавқ овардем, дар мавзӯи зиндагӣ ва марг сухани таъсирпазире дорад, ки чунин аст: “Агар зиндагӣ набошад аз ҳеҷ неъмате наметавон истифода кард. Пас зиндагӣ бузургтарин неъмат аст, ки ба инсон ато шудааст. Дар ин оят марг ҳам дар радифи неъматҳо башумор меравад, зеро марг даричае аст, барои вуруд ба зиндагии ҷовиди дигар, ки баъд аз он марг вуҷуд надорад, бинобар ин марг ҳам неъмат аст”.

Қуръон дар масъалаи шинохти марг инсонро ҳушдор медиҳад, ки ҳама дороиву сарват, молу фарзандон зинати ҳаёти дунёӣ ҳастанд ва баъди марг барои инсон, фақат ва фақат аъмоли нек ва солеҳе, ки дар дунё анҷом додааст, мояи саодат ва растагорӣ аст. Худои бузург дар ояти 110-уми  сураи "Бақара" мефармояд: (Намоз бигузоред ва закот бидиҳед! Ҳар некиро, ки пешопеш барои худ равона медоред, назди Худояш хоҳед ёфт. Ҳар оина Худо ба корҳое, ки мекунед, биност).

Ва инчунин дар ояти 286-уми ҳамин сура омадааст: (Худо ҳеҷ касро ба ҷуз андозаи тоқаташ мукаллаф намекунад. Некиҳои ҳар кас аз они худи ӯст ва бадиҳояш аз они худи ӯст.)

Ин ҷо ҳикмати қуръониро дуруст бояд фаҳмид, ки ҳадаф он нест, ки инсон зиндагии хушу бофароғат ё сарвату мол ё фарзанд надошта бошад. Чуноне ки медонем барои зиндагии дунявии инсон ин чизҳо ногузир ва ҳатмӣ буда, соҳибият ва дороии онҳо, то ҷое асли тавозуни ҳаёт аст ва Қуръони карим ҳам аз роҳҳои ҳалолу машрӯъ ба даст овардани ҳама сарвату неъматро ҷиҳати хушҳолӣ ва фараҳмандии инсон иҷозат медиҳад. Даъвати қуръонӣ барои ҳамагон ба он ҷиҳат аст, ки фирефтаи лаззату шириниҳои муваққатии зиндагии дунёӣ нагарданд ва аз маргу охират ғофил набошанд. Мавзӯи мазкур дар ояти 14-уми сураи "Оли Имрон", ояти 32-юми сураи "Анъом", ояти 24-уми сураи "Юнус", ояти 46-уми сураи "Каҳф", ояти 26-уми сураи "Раъд", ояти 39-уми сураи "Ғофир", ояти 20-уми сураи "Ҳадид" баён ёфтааст:(Ва зиндагии дунё чизе ҷуз бозичаву лаҳв нест ва парҳезгоронро сарои охират беҳтар аст. Оё тааққул намекунед? Ояти 32-юми  сураи «Анъом»).

(Дороиву фарзанд пирояҳои ин зиндагонии дунёст ва кирдорҳои нек, ки ҳамвора бар ҷой мемонанд, назди Парвардигорат беҳтар ва умед бастан ба онҳо некӯтар аст. Ояти 46- уми сураи «Каҳф»).

(Худо ҳар киро хоҳад, рӯзии бисёр диҳад ё рӯзии андак. Ва мардум ба зиндагии дунё хушнуданд, ҳол он ки зиндагии дунё дар баробари зиндагии охират ҷуз матои андаке нест. Ояи 26-уми сураи «Раъд»).

(Эй қавми ман, ин зиндагии дунё мояи андак хушгузаронист. Ва охират сарои оромиш аст. Ояти 39 –уми сураи «Ғофир»).

Таъкиди қуъонӣ дар бораи ногузир ва ҳатман омадани марг дар ояти 78-уми сураи Нисо: «Ҳар ҷо ки бошед, марг шуморо дармеёбад, агарчи дар кохҳои баланд бошед» сареҳан рӯшан аст. Баъзе муфассирон ва тарҷумонҳо ибораи қуръонии ояти мазкур «фӣ буруҷин мушаййадатин»-ро, ки банда аз тарҷумаи донишманди маъруфи миллат устоди зиндаёд Муҳаммадҷон Умаров баргирифтам, ба маънии «дар кохҳои баланд» низ маънидод ва таъбир кардаанд, ки хеле рамзӣ ва ибратбахш аст.

Қуръони карим қавму миллатҳоро дар таъйини сарнавишти хеш масъул медонад ва даъват менамояд, ки эшон бояд рӯзгор ва зиндагии шоиста ва муносибро касб намоянд, то мояи саодат ва хушбахтию хушҳолиашон бошад. Қуръон барои ҳар як фард ва дар маҷмуъ барои тамоми бошандагони ҷомеа ба зарурати эҳсоси масъулияти имонӣ, виҷдонию инсониро дар таъмини саодат ва пешрафту тараққиёт дастур медиҳад. Худои бузург инсонҳоро ба таҳаввулу ташаккули ҳамешагӣ, фаъол ва кушо будан бо шинохти моҳияти ҳикмати зиндагию марг дар кору пайкори худ фаро мехонад. Аз ин ҷост, ки ояти 53-уми сураи Анфол ва ояти 11-уми сураи Раъд ба ҳамин мазмун далолат мекунанд: “Худованд ҳоли ҳеҷ қавмеро дигаргун накунад, то замоне худи он қавм ҳолашонро тағйир кунанд”. 

Ҳамин тавр аз нигоҳи фалсафӣ андеша ва тафаккур кардан дар бораи зиндагиву марг барои ҳалли масъалахои мушаххас, ки ба раванди мурдан, муайан ва аниқ сохтани лаҳзаҳои фарорасии марг ва пешгирии даҳшату тарси он алоқамандӣ доранд, мусоидат менамоянд. Фаҳмиши фалсафаи марг ҳамчун талабот ва фарҳанги маънавии инсон ба ӯ имконият медиҳад, ки ҳамчун шахсият бо марг рӯ ба рӯ шавад, яъне бо мардонагии ақлӣ ва бе аз дастдиҳии шарафи инсонии худ дунёи ҳастиро падруд гӯяд. 

- Ҳамчун дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, имрӯз таваҷҷуҳи ҷавонон ва донишҷӯёнро ба илми фалсафа чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Оё насли навро ба ин илми душвор ҷалб кардан осон аст?

- Фалсафа илми андешапарварӣ аст ва аз замони қадим то ба имрӯз, яъне дар тамоми даврони зиндагии инсоният ҳамчун сарчашмаи ҷаҳоншиносию ҷаҳонбинӣ ва шинохти асрори вуҷуд хидмат намудааст. Фалсафа илмест, ки инсонро ба қонуниятҳо ва диалектикаи инкишофи табиат, ҷамъият ва худи моҳияти инсон ошно месозад. Бино ба ақидаҳои фалсафӣ ҳама чизҳо ва ҳодисоти олам бо ҳам алоқаманд буда, ба туфайли таъсири мутақобилаи доимӣ ва зиддиятҳои дарунӣ ҳамеша дар ҳаракат ва инкишоф мебошанд. Шинохти ин қонуниятҳои рушду инкишоф ва таҳаввулоту тағйироти доимӣ инсониятро ба дарку фаҳм ва маърифати воқеии олами вуҷуд бо гуногунрангии тамоми падидаву ҳодисаҳо мерасонад.

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки ба қавли устоди зиндаёд М. Шакурӣ маънавиятситезӣ авҷ гирифтааст ва мардум ҳама рӯй ба илмҳои техникӣ доранд, ҷалби донишҷӯён ба ихтисосҳои фалсафӣ ва таълими фанҳои фалсафӣ бисёр мушкил аст. Зеҳни ҷавонони имрӯз бо пешрафти техникӣ ва ҳуши маснуъӣ хеле қолабӣ ва коста шудааст, аниқтараш таваҷҷуҳашон ба улуми ҷомеашиносӣ камтар шудааст. Масалан, агар солҳои пеш теъдоди донишҷӯни ихтисоси фалсафа аз 20 то 30 кас мерасид, имрӯзҳо ҳамагӣ 5-10 нафар асту халос. Ҳама сола мувофиқи нақшаи қабул 25 нафар шомили ихтисоси фалсафа мешаванд, вале бисёрашон баъди курси дуюм ба ихтисосҳои дигари Донишгоҳ мегузаранд, яъне интиқол мешаванд. Таассуфовар он аст, ки бисёре аз унвонҷӯёну магистрантҳои ихтисоси фалсафа аз сабаби камии маош ё дигар сабабҳои мушкилафзои зиндагӣ низ тарки касбу кор мекунанд ва ба давлатҳои Аврупо ё Русия мераванд. Ин ҳолат як фазои холии маънавиро дар ин соҳа ба миён меорад, ки хеле ташвишовар аст. Мақсад ин аст, ки дар макотиби олии кишвар, техникуму коллеҷҳо улуми иҷтимоиро хатмкунандагони ихтисоси фалсафа дарсу таълим медиҳанд, ки онҳо бояд дорои донишу маърифати баланди фалсафӣ бошанд, то дар боло бурдани тафаккури фалсафии насли донишомӯз саҳми сазовор гузоранд. Илму дониши фалсафӣ асоси ташаккули ҷаҳонбинии солими инсоният аст, ки инро бояд ба инобат гирифт...  

Вале ба гуфти файласуфи маъруфи юнонӣ Суқрот мо бояд таълим кунем, на таҳрим...

Аз ин рӯ бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда, ҷалби донишҷӯён ба фарогири илми фалсафа аз ҳунару истеъдоди устодон, донишу маърифат ва маҳорати онҳо вобастагӣ доранд. Мо дар факултети фалсафа фанҳои мухталифи фалсафӣ ва дар тамоми факултаҳои Донишгоҳи миллӣ  фанҳои  “Фарҳангшиносӣ” ва “Ахлоқ ва зебоишиносӣ”-ро дарс медиҳем. Аз таҷрибаи устодии худаммедонам, ки донишҷӯён ба омӯзиши ин фанҳо мароқ ва таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Мо масъулияти зиёде бар дӯш дорем, ки ба фарзандони мардум ҳикмати зистан, одамият, фарҳанг, ахлоқи некӯ ва зебоишиносиро таълим медиҳем, яъне роҳҳои ташаккули бедории маънавӣ ва ҷавҳари инсониро меомӯзем, ҳастии онҳоро ба ҳаёти ҳадафмандона ва бомаром равона месозем. Рисолати инсонӣ ва имонии мост, ки дар ин ҷода гомҳои устувор дошта бошем. Ман ба ташаккули донишҳои фалсафӣ дар замири ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ хушбин ҳастам.

Имрӯзҳо бо роҳбарӣ ва ташаббусҳои доимии ректори Донишгоҳи миллӣ, муҳтарам Насриддинзода Эмомалӣ ҷиҳати таҳсил ва илмомӯзии ҳама ихтисосҳо, аз ҷумла фалсафа барои ҳама қишрҳои муҳассилин: донишҷӯён, магистрантҳо ва унвонҷӯён шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст, ки бовар дорам, дар оянда самари хуб хоҳад дод.

- Ба назари Шумо, дар асри технология ва зеҳни сунъӣ, фалсафа барои инсони муосир чӣ аҳамияте дорад?

- Масъалаи асосии мавриди назар фалсафаи техника ва фарҳанги истифодабарии он дар шароити муосир мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки инсоният дар рӯзгори имрӯза ба дастовардҳои беназири техникӣ муяссар шудааст. Техникаро ҳам худи инсон офаридааст ва ба ин васила садҳо мушкилоти худро ҳал менамояд. Ҷанбаҳои мусбати ихтироъ ва истифодаи техникаҳои гуногун он аст, ки даҳҳо ва садҳо мушкилоти ҷисмонию маънавии башарият рафъ шуда, саҳлу осон гардидааст ва зиндагию маишати онҳо ба тағйироти куллӣ дучор шудааст. Масалан, бо воситаи телефон, интернет, асбобҳои муҷаҳҳази ҳисоббарор, компютер, воситаҳои ахбор, ба хусус телевизион ва ғ. муоширату муносибат, маънавиёт, ахбор, ҷаҳонбинӣ, ҷаҳонфаҳмӣ ва ҷанбаҳои дигари ҳаёти маънавии одамон тамоман дигаргун гаштааст. Техникаи иттиллотии имрӯза дар як они воҳид тамоми таҳаввулоту дигаргуниҳои оламро ба ҳама гушаву акнофи дунё паҳн менамояд. Бо воситаи нақлиёти ҳавоию баҳрӣ, заминӣ сафар як шаҳр ба шаҳри дигар, аз кишвар ба кишвари дигар дар давоми чанд соат сурат мегирад. Парвози инсон ба кайҳон  натиҷаи дастовардҳои  техникии худи ӯст. Дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти хоҷагии халқ, идораву муассисаҳо, сохтори мудофиавию ҳарбӣ, зиндагии рӯзмарраи шахсиятҳои алоҳида ва умуман афроди ҷомеаи муосир тадқиқоту кашфиётҳои илмии техникӣ нақши калидӣ дорад. Ягон соҳаи илми имрӯз ба хусус, илмҳои табию дақиқ, тиб, маориф, санъат, фарҳанг ва ғ. бе истифодаи ҷиҳози техникӣ тасаввур кардан ғайримикон аст. Имрӯз аз кӯдаки худро ношинохта то ба шахсиятҳои умрафта соҳиби телефон, планшет, компютер ҳастанд ва бо воситаҳои техникӣ сару кор доранд. Қариб аксари одамон соҳиби нақлиёти шахсӣ мебошанд. Ҳаёти имрӯзаи ҷомеа бо истифодаи ҷиҳози техникӣ дар ҳар сония ва дақиқаю соат зарурат, пайвастагию иртибот дорад. Мусаллам аст, ки техника ва дастовардҳои техникии инсоният дар ташаккули фарҳанг нақши азим дорад. Техника ва технология рӯзгори мардумро фаровонӣ медиҳанд, мушкилоти ҷисмонию моддии одамонро сабук мекунанд ва роҳату фароғати рӯзафзун меоварад. Мисоли оддӣ, ихтирои трактор, ки қувваи кориаш барорбари 500 асп аст, дастгоҳи китобчопкунӣ, ки таҳаввулоти азими фарҳангиро барои башарият ба миён овард, ихтирои мавҷҳои радио, заррабин, рентген, кашфи хусусиятҳои атом, фатҳи кайҳон, нанотехнология, ҳазорҳо намуди асбобҳои техникӣ ва техникаҳои пуриқтидор ва ғ. аз дастовардҳои бузурги фарҳанги моддӣ ё техникии инсон аст. Хуллас, тамоми соҳаҳои зиндагии имрӯзаи инсоният: иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва зебоишиносии он ба техника ва технологияи замонавӣ вобастагӣ дорад. Мусаллам аст, ки ҳамаи ин аз одамон шуури нав, тафаккури пешқадам, муносибати ратсионалӣ, фаҳмишу тарзи дурусти корбарӣ, истеъдод, қобилият ва ҷаҳоншиносию ҷаҳонфаҳмии навинро талаб ва тақозо менамояд.

Ин ҳама ҷанбаҳои мусбати дастовардҳои техникаю технологӣ дар ҳаёти инсонӣ мебошанд. Вале дар қатори ин аз нуқтаи назари илми фарҳангшиносӣ фаҳмидани таносуби прогресси техникӣ, ҷавҳари инсонӣ, тақдири инсон дар масири ояндабинӣ масъалаи муҳим аст. Аз як тараф кашфиётҳои рӯзафзуни техникӣ рӯзгори моддии инсонро фаровониву роҳат бахшанд, аз тарафи дигар сабаби бекории миллионҳо одамон, қашшоқии беамон, шикасту маҳв шудани ҳунарҳои нодири дастӣ ва умуман беқадрии инсон мешавад. Ҷанбаи аз ҳама хавфноки рушди техникӣ дар он аст, ки инсонро ба як мавҷуди танбал, коҳил, бефикр, беҳаракат ва ба қавли маъруф “тайёрахӯр” табдил медиҳад, ки оқибаташ аз байн рафтани шахсият ва ҳувияти он аст. Ин ба он мазмун аст, ки бо иҷроиши корҳои гуногун аз тарафи техника инсонро як ҳолат ва рӯҳияти бепарвоӣ, бемасъулиятӣ ва ишрату маишат фаро мегирад, ки ба кори амалию фикрӣ машғул намешавад, ки аз ҷиҳати биологию рӯҳӣ, яъне маънавӣ зарари фаровон ба ҷисму танаш мерасад. Ҳам меҳнати фикрӣ ва ҳам ҷисмонӣ манбаи ҳаракат, қувва, нерӯ, фикр, андеша, инкишофи ҷисмонию маънавӣ, эҷод, масъулият ва дар умум фаъолияти бомарому ҳадафмандонаи фард мегардад.

Масъалаи асосии ҳаллу фасли муаммоҳои техника ва технология ин аст, ки инсон бояд аз рӯйи ақлу хиради хеш дар ҳама ҳолатҳо кор бигирад. Идора ва истифодаи техникаи оддитарин то мураккаби замонавӣ дар соҳаҳои гуногун аз ҳар фард, дониш, маҳорат, ақл, бинишу фаҳмиши амиқ, фаросат, ҷасорат ва чустию чолокӣ ва дигар сифатҳои баланди инсониро талаб менамояд.

Аз ин ҷиҳат зуҳури масоили гуногуни ҳалталаб дар коркард, бунёд ва истифодаи техника ва технология шохаи мустақили илми фалсафа –фалсафаи техникаро ба миён овард. Асосгузори ин соҳаи фалсафа, файласуфи олмонӣ Эрнст Капп (1808-1896) шинохта шудааст. Дар ташаккули ин илм файласуфону донишмандоне чун Фред Брон, Пётр Энгелмейер, Эспинас Алфред, Чиммер Эберхард, Дессауэр Фридрих, Мамфорд Люис, Ортега-и- Гассет, Симондон Жилбер, Хайдеггер Мартин, Эллюл Жак, Карл Ясперс ва дигарон саҳм доранд. Фалсафаи техника қисмати илми фалсафа буда, қонуниятҳои инкишофу рушди техника, технология, фаъолияти муҳандисию техникӣ ва ҳамчунин мавқеи онҳоро дар фарҳанги инсонӣ дар замони муосир мавриди омӯзиш қарор медиҳад.

Барои донистани предмет ва объекти фалсафаи техника лозим аст фарқияти фаъолияти техникӣ, донишҳои техникӣ ва шуури техникӣ муайян карда шавад. Предмети технология фаъолияти техникӣ, предмети илмҳои техникӣ, донишҳои техникӣ ва предмети фалсафаи техника рушд ва инкишофи маърифат ва шуури техникӣ аст. Фалсафаи техника ба сифати манбаъ ва сарчашмаи фаҳмиши техникаю технология ва илмҳои техникӣ хизмат менамояд. Техника, фаъолияти техникӣ ва шуури техникӣ, рушду инкишофи шуури техникӣ ҳамчун хориқа (феномен)-и фарҳанг объект ва предмети ин соҳаи илми фалсафа мебошанд.

Вазифаи асосии фалсафаи техника – ин таҳқиқи муносибати техникии инсон бо олами ҳастӣ, яъне ҷаҳонфаҳмии техникии он мебошад. Дар маркази омӯзиши фалсафаи техника ин мазмун, моҳият ва фаҳмиши техника меистад. Кашфиёти техника ҳамчун нишонаи фарҳанги маънавӣ ва бунёду истифода ва корбасти он фарҳанги моддии инсон аст. Аз даврони қадим то ба имрӯз аз сохтану бунёди техникаҳои оддӣ то мураккаб ҳама натиҷаи ташаккул ва пешрафти ақлу хиради инсоният, василаи беҳдошти рӯзгори худ, такмили ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳонфаҳмии ӯст.

Фалсафаи техника ба таври маҳдуд ва васеъ фаҳмиши техникаро аз тарафи инсон фаро мегирад. Техника маҷмуи артефактҳои бо усули муҳандисӣ (инженерӣ) сохташуда ва истифодашавандаро меноманд, ки муносибати техникии фаъолияти инсониро дар соҳаҳои мухталиф ифода менамояд. Фалсафаи техника моҳияти ақлонии шинохти назарӣ ва амалии бунёд ва истифодаи технологияи гуногунро фаро  мегирад

Муҳаққиқони олмонӣ тавсияҳоеро ҷиҳати арзиш ва баҳои техника пешниҳод кардаанд, ки аз шаш хусусият иборат аст: чортоаш ба зиндагии инсонҳо, яъне маишат ва саломатии одамон, бехатарии онҳо, сифати экологӣ, мусоидат ба ташаккули фард ва ҷомеа ва дутоаш вобаста ба худи техника (самаранокию бардошт ва аз ҷиҳати иқтисодӣ каммасраф) таалуқ дорад.

Дар шароити кунунӣ маърифати фалсафаи техника ва зеҳни сунъӣ яке аз рукнҳои донишҳои бунёдии инсоният, шарти зиндагӣ ва кору фаъолияти бомароми ӯст. Фаразан, барои як устоди мактаби олӣ донишҳои техникӣ ва истифодабарии онҳо ногузир ва ҳатмӣ аст. Ҷаҳони имрӯза ҷаҳони рушди бемайлони техника, ҳунару фазилат ва фарҳанги техникӣ аст, ки тамоми ҷанбаҳои моддиёту маънавиёти инсониятро фаро мегирад. Чунин муносибат ба истифодаи зеҳни сунъӣ низ дахл дорад.

ЭҶОДИЁТ ВА ҶАҲОНИ ШЕЪР

- Шумо ҳам файласуф ва ҳам шоири нозукбаён ҳастед. Фалсафа ба шеъри Шумо чӣ медиҳад ва шеър ба фалсафаатон чӣ гуна ранг мебахшад? Кадоме аз онҳо бар дигаре ғолиб меояд?

- Файласуф- шоир ё шоири файласуф будан як суннати барҷастаи фарҳангу адаби мо дар тамоми раванди таърих мебошад. Шуруъ аз Одамушшуаро, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то ба Аҳмади Дониш ва шоирони имрӯзаи мо устодони зиндаёд Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва чанде дигарон қисмати зиёди ашъорашон мазомини фалсафӣ доранд. Ба гунаи мисол, ҳамин рубоии устод Рӯдакӣ:

Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад,

Не бад-он чашм к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-з накукорӣ,

Киштие соз то бадон гузарӣ.

Аҷибаш ҳам ҳамин аст, ки аксари файласуфону донишмандони мо ҳунари баланди шоирӣ низ доштанд ва осори пурғановати адабию иҷтимоӣ, ирфонию фалсафӣ ва ахлоқиро дар ин ҷода ба мерос гузоштаанд. Магар ин рубоии Ибни Сино мазмуни фалсафӣ надорад:

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,

Кардам ҳама мушкилоти гетироо ҳал.

Берун ҷастам зи қайди ҳар як мару ҳиял,

Ҳар банд кушода шуд магар банди аҷал.

Ба ин суханон, ки дар сарчашмаҳо дар бораи вохӯрии Ибни Сино бо Шайх Абусаиди Абулхайр манқул аст, диққат диҳед. Шайхурраис ин рубоиро ба унвони ин ки “Мо такя ба раҳмати Ҳаққ дорем, на ба амали хештан” иншо кард:

Моем ба авфи ту тавалло карда.

В-аз тоату маъсият табарро карда.

Он ҷо, ки инояти ту бошад, бошад,

Нокарда чу карда, карда чун нокарда.

Абусаид филфавр гуфт:

Эй нек накардаву бадиҳо карда,

Он гаҳ ба халоси худ таманно карда.

Бар авф макун такя, ки ҳаргиз набувад,

Нокарда чу карда, карда чун нокарда.

Метавон садҳо мисол аз эҷодиёти шуарои ориф низ овард. Магар ашъори Ҳаким Саноӣ, Фаридаддуни Аттор, Мавлоно Ҷаололидини Балхӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ва даҳҳо дигар орифони забардаст таҷассуми афкори фалсафӣ нест? Фақат «Маснавии маънавӣ», ки баландтарин қуллаи афкору андешаи Мавлоно шинохта шудааст, бо фарогирӣ ва таҷассуми мазомини ғаврмояи ирфонӣ, ҳикмату фалсафаи олӣ, мантиқи хос ҳайратовар аст ва ҳамзамон бо тараннуми фарҳанги зиндагисоз, ахлоқи ҳамидаву накӯ, зебоишиносии писандидаю марғуб чун мадраки худшиносию худогоҳӣ арзиш ва аҳаммияти умумибашарӣ дорад. Ин шоҳасари таърихӣ дар ҳудуди 26 ҳазор байт суруда шуда, ба иттифоқи ҳамаи донишмандону донишварон ва муҳақкиқону ихлосмандон, доиратулмаорифи тасаввуф, ирфон, фалсафа, дин ва маърифат ба ҳисоб меравад. Муҳаққиқони “Маснавӣ” бар ин андешаанд, ки Мавлоно дар ин асари мондагори худ 1280 мавзуъро матраҳ кардааст.

Дар рӯзгори муосир дар эҷоди ашъори фалсафӣ ва ирфонӣ касе дар пояи устоди зиндаёд Муъмин Қаноат қарор надорад. Худ навишти даҳ достон гуногунмазмун бо диду андешаи фалсафӣ тақияти ин гуфтаҳо аст. ШукриХудо банда чанд сол аст, ба навиштани рисолаи илми таҳқиқотӣ бо унвони “Инъикоси фалсафа таърих дар достони Гаҳвораи Сино”-и устод машғулам, ки аз нигориши фалсафии ҳар як “Мушкилот”-и асар ҳайратзада ҳастам. Чанд муште аз ин хирвор:

Ки ҳар чӣ реша дорад, пеша дорад,

Зи ашколи муҳит андеша дорад...

                        ***

Агар фар нест, марде тоҷвар нест,

Ба ҷуз исме мар он чизи дигар нест...

                        ***

Агар ҷавҳар ба зоташ устувор аст,

Варо не хавфи оташ не фишор аст...

                        ***

Бузургон чу тухми сухан коштанд,

Халоиқ аз он баҳра бардоштанд...

                       ***

Давлати дидори модар кимиёст,

Ки ба дарди бедавоиҳо давост...

                       ***

Разми мо боқист бо назми куҳан,

Дасти мо болост аз гӯру кафан...

Чун дар фавқ сухани мо дар бораи фалсафаи ҳаёту марг рафт, мехоҳам ин ҷо манзумаи “Мадҳияи аҷал”- устоди зинданом Лоиқ Шералиро ҳамчун инъикоскунанда ва фарогири мавзуоти мазкур барои хонандагон ба пуррагӣ биёрам. Устод Лоиқ дар ин шеър бори дигар ҳунари волои шоирӣ ва дидгоҳи хоси худро дар тарҳи яке аз масъалаҳои мубрами башарӣ, масъалаи марг ба намоиш мегузорад. Аҷобат ин аст, ки устод дар пайравӣ ба дигар бузургони шеъру адаби мо маргро чун як ҳодисаи воқеӣ ва табиӣ, на мазаммату накӯҳиш, балки ситоиш мекунад. Ин гуфтаҳо дар ибтидо ва оғози ҳар банди шеър, ки бо мисраи «Меситоям маргро» шуруъ мешаванд, собитанд. Шоир диалектикаи ҳаёту маргро чун як раванд ва ҳодисаи таваллуду таҳаввул ва навшавии дунёи ҳастӣ, ба қалам дода, хонандаро дар шинохти ин тазодҳои ҳастӣ ба фикру андешаи дуруст равона ва водор месозад. Матни пурраи шеъри «Мадҳияи аҷал»-и устод Лоиқ Шералӣ, ки сирф мазмуни фалсафӣ дорад, чунин аст:

Меситоям маргро!

Баски ӯ ҳам офаридгор аст монанди табиат.

Баски ӯ ҳам офаридгор аст монанди муҳаббат,

Баски ӯ дар халлоқият чун модар аст,

Дар назар қонуншикан бошад,

                                         вале қонунгар аст.

Меситоям маргро!

Мурдаҳоро аз сари раҳ мерабояд,

То ки насли тоза ояд, пешпо нохӯрда

                                       бар он мурдаҳо

Ҷониби оянда осон бигзарад. 

 

Меситоям маргро!

Зиндагии тозарӯ меофарад.

Наслҳои тозаҷӯ меоварад.

Маргро беҳуда коҳиш мекунанд.

Барабас аз дасти ӯ фарёду

                                      нолиш мекунанд.

Ҷурми ӯ нест!

Ҷурм ҷурми зиндагист!

Зиндагӣ аз рӯзи зодан то ба баъд

Мурдани пай дар пай аст,

Марг бар он нуктаи таммат гузорад. 

 

Қомати хамгашта аз тазйиқи бори рӯзгор.

Дастҳои раъшадор,

Чашмҳои обрав

Гӯшони кар

Узвҳо коҳида аз ҳам рехта,

Устухонҳо об гашта,

Бандҳо бигсехта,

Сар дигар фикре надорад ғайри мурдан…

Дар ҳамин соат аҷал

Мешитобад зуд бар имдоди мо.

Ӯ фақат дар ин ҷаҳон,

                              ки кай ба доди мо расад

Мерасад бар доди мо 

 

Меситоям маргро!

Кушта наслеро, ки баҳри зиндагонӣ мурдааст,

Насли дигарро музаффар мекунад.

Зиндагониро ҷавонтар мекунад. 

 

Меситоям маргро!

Ки мисоли барфи нав

Оби дарёро мутаҳҳар мекунад,

Зиндагиро мекунад таҷдидҳо,

Кушта моро мекунад тавлидҳо!

Хоса он аст, ки ӯро одамизод интизор аст. 

 

Хоса он аст, ки ӯро пири маслухе

Синааш абгору чашмаш бешарор аст.

Дар раҳи ӯ чашми чор аст

Аз фишори зиллату ранҷи ано

Лобаҳо дорад ба даргоҳи Худо

Эй Худоё, марги осонам бидеҳ!

Интиҳои коҳиши ҷонам бидеҳ! 

 

Меситоям маргро!

Меситоям маргро, ки зиндагиро тоза медорад,

Ҷойи холӣ мекунад бар наслҳои навписанд,

Ҷойи холӣ мекунад бар бузрукони ҳушманд. 

 

Меситоям маргро!

Баҳри он ки гар Дақиқиро намекушт,

Номе аз Фирдавсии Тусӣ набуд! 

 

Мурдани мо ҳам ба сони зодани мо

Зиндагиро нав кунад.

Пас чунон ки зодани одам сазовори муборакбодҳост,

Мурдани дар вақти ӯ ҳам лоиқи табрикҳост.

Пас барои мурдани дарвақт бояд шод буд.

Пас барои мурдани дарвақт ҳам бояд

                          сазовори муборакбод буд! 

 

Меситоям маргро бо он ки моро мекушад!

Меситоям маргро, ки зиндагиро сӯйи фардо мекашад! 

 

Меситоям маргро!

Ҳамду сано мехонамаш!

Чунки бе ӯ зиндагӣ як қолаби афсурда аст,

Чунки бе ӯ зиндагӣ як саҳнаи пурмурда аст…

Аз шоирони  имрӯза таҷассуми андешаҳои фалсафиро дар ашъори Аскар Ҳаким, Назри Яздонӣ, Рустам Ваҳҳобзода, Давлати Раҳмониён, Толиби Луқмон мушоҳида менамоем. Ман дар радифи ин гуфтаҳо ду ғазали худро пешкаши хонандагон месозам ва қазоватро дар бораи ҳусну қубҳи онҳо ба онон вогузор мекунам.

Хотири ғамзадае шод намудан, ҳунар аст,

Хубии ҳар нафаре ёд намудан, ҳунар аст.

Оҳ, аз ҷангу ҷидоли ҳама қудратталабон,

Ваҳдати мардума бунёд намудан, ҳунар аст.

Расму ойини ватандору ватанпарварӣ чист!?

Тоҷикистон зи нав обод намудан, ҳунар аст.

Дар раҳи ҳифзи Ватан аз дилу ҷон ҷаҳд кунем,

Нақшаи душмана барбод намудан, ҳунар аст.

Макри Хусрав бари Ширин сабақеву масалест,

Номи худ зинда чу Фарҳод намудан, ҳунар аст.

Ишқ бе амри Худо майл ба ҳар дил накунад,

Шукри ин дарди Худодод намудан, ҳунар аст.

Шарти инсофу адолат бари қозӣ чӣ бувад!?

Бандаи бегунаҳ озод намудан, ҳунар аст.

Бар ятимону гадоёну фақирони Худо,

Бахшишу ҳадяву имдод намудан, ҳунар аст.

Ҳайфи он шеър, ки бошад ҳамагӣ гӯри сухан,

Ғазали ноб ҳам эҷод намудан, ҳунар аст.

                               ***

Умре гузашт, ҳайф, ки аз иштибоҳ пур,

Гаҳ сӯфии замонаву гоҳ аз гуноҳ пур.

Сахт аст зиндагӣ бари ҳар фарди покдил,

Атроф гар шавад ҳама аз рӯсиёҳ пур.

Саҳрои хушк нест, сиришти вуҷудамон

Дашти замири мост зи мардумгиёҳ пур.

Ҳар гаҳ, ки бигзарад зи раҳам ёр, сӯйи ӯ,

Са то ба по чашм шавам, аз нигоҳ пур.

К-ӯ он ҳама шабони худододи дилнавоз,

К-аз ишқ маст гаштаму аз нури моҳ пур.

Мардони раҳ намоз, на аз баҳри риё кунанд,

Марди Худост ҳар нафаре бурда роҳ пур.

Соҳибхирад чи нек шиносад ҷилои Ҳақ,

К-ойинаҳо пур аст, пур аз «Ло Илоҳ» пур.

Идома дорад...

Ҷаҳонгири Султон, “Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ