10:08:23 13-уми Ноябри 2026 сол

Душанбе ва Масқат роҳҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу сармоягузориро баррасӣ карданд

Рӯзи 12 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон Анвар ибни Ҳилол Ал-Ҷобирӣ мулоқот анҷом дод.

222 Safiri To-ikiston bo vaziri ti-oratБино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Умон, дар ин нишаст вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, саноатӣ ва сармоягузории ду кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷараёни гуфтугӯҳо ҷонибҳо ба самтҳои калидии зерин таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд:

- Баррасии роҳҳои афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот ва густариши содироту воридот миёни ду мамлакат.

- Ҷалби сармоя ба иқтисоди ҳар ду кишвар ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ.

- Роҳандозии ҳамкории мустақим байни ширкатҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Умон.

Дар анҷоми вохӯрӣ, тарафҳо барои идомаи муколамаи созанда ва андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда ба манфиати ҳар ду давлат изҳори омодагӣ карданд.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ