Таҳкими марзҳо ва масъулияти муштарак: Соли 2027 раёсати СААД ба Тоҷикистон мегузарад
Соли 2027 раёсат дар Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад. Дар ин бора рӯзи 11 ноябр дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД дар шаҳри Москав эълон карда шуд.
Дар ин ҳамоиши сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуда, авлавиятҳои асосии кишварро дар давраи раёсат муаррифӣ карданд.
Зимни баромади Сарвари давлат нуктаҳои калидии зерин таъкид гардиданд:
- Фаъолияти Тоҷикистон дар соли 2027 ба тақвияти минбаъдаи амнияти минтақавӣ бар асоси шиори «Амнияти дастҷамъӣ: таҳкими марзҳо, суботи минтақавӣ, масъулияти муштарак» равона хоҳад шуд.
- Дар давраи раёсати Тоҷикистон ба баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд бахшида ба 25-солагии таъсиси СААД ва 35-умин солгарди имзои Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
Дар анҷоми суханронии худ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омодагии кишварро барои ҳамкории созанда бо ҳамаи давлатҳои аъзо изҳор намуда, бар зарурати ҳамдастӣ ва дастгирии амалӣ дар татбиқи ҳадафҳои пешниҳодшуда таъкид варзиданд.
“Рӯзгор”
















