15:51:36 11-уми Ноябри 2026 сол

Имзои Созишномаи ҳамкорӣ ва муаррифии рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» аз ҷониби Тоҷикистон дар Ереван

Рӯзи 10 ноябр дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон ҷаласаи 20-уми Шурои вазирони адлияи кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид. Дар ин нишасти муҳим Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ширкат намуда, оид ба рақамикунонии мақомот, дастовардҳои кишвар дар соҳаи адлия ва рушди ниҳоди пробатсия суханронӣ кард.

222 photo 2026-11-10 18-21-08Ҷаласа таҳти раёсати Вазири адлияи Арманистон Сбруи Галян ва бо иштироки роҳбарони ниҳодҳои адлияи Тоҷикистон, Русия, Узбекистон, Беларус, Қирғизистон ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ИДМ доир шуд.

Вазири адлияи Тоҷикистон зимни баромади худ таъкид дошт, ки рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ вокуниши саривақтии ҳуқуқиро тақозо мекунад. Дар ин замина ӯ ҳамоҳангсозии талошҳои кишварҳои ИДМ-ро дар самтҳои зерин зарур шуморид:

- Рушди адолати судии электронӣ ва такмили мубодилаи байнидавлатии иттилооти ҳуқуқӣ.

- Танзими ҳуқуқии зеҳни сунъӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва мубориза бо киберҷиноятҳо.

Қарорҳои муҳим ва ташаббуси Тоҷикистон

Дар доираи ҷаласа Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи кишварҳои аъзои ИДМ ба имзо расид. Инчунин, бо қарори Шуро таъсиси Шурои методии мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) пазируфта шуд.

Яке аз лаҳзаҳои хотирмони нишаст муаррифии нишонаи (логотипи) «Соли маърифати ҳуқуқӣ дар ИДМ-2027» буд, ки онро Музаффар Ашуриён пешниҳод кард. Ин рамз аз ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти заминавии ИДМ дар самти нотариат таҳия шуда, бо қарори Шуро расман тасдиқ гардид. Ҳамчунин, Нақшаи чорабиниҳои асосии Шуро барои соли 2027 низ қабул карда шуд.

Дар анҷом иштирокчиён бар он таъкид варзиданд, ки Шурои вазирони адлия минбаъд низ барои таъмини адолат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар фазои Иттиҳод нақши калидӣ хоҳад бозид.

“Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ