15:51:36 11-уми Ноябри 2026 сол

Амнияти дастҷамъӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ: Суханронии Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Москва

Рӯзи 10 ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии муҳим Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуда, дар нишасти умумии он таҳти унвони «Амнияти дастҷамъӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ» суханронӣ кард.

111 IMG-20261110-WA0025fswyhvvБино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, роҳбари ниҳоди сиёсати хориҷии кишвар дар баромади худ аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавиро дар шароити воқеии муосири геосиёсӣ махсус таъкид дошт. Ӯ бар зарурати такмили механизмҳои таъмини амният ва рушди муколамаи созанда миёни давлатҳо ишора намуд.

Дар ҷараёни ҳамоиш нуктаҳои калидии зерин меҳвари баҳсу баррасиҳо қарор гирифтанд:

-Ба зарурати таҳияи равишҳои ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати муқовимати муассир ба хатару таҳдидҳои нави замон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гарди.

- Иштирокчиёни нишаст атрофи масъалаҳои муҳими амнияти ҷаҳонӣ ва ҷойгоҳи созмонҳои минтақавӣ дар ҳифзу таҳкими суботи байналмилалӣ табодули афкор анҷом доданд.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ