15:51:36 11-уми Ноябри 2026 сол

Рушди фазои ягонаи таҳсилот: Натиҷаи ҷаласаи Шӯрои маорифи ИДМ дар Душанбе

Дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид. Муовини якуми Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода баргузории ин ҳамоишро дар соли 35-солагии таъсиси ИДМ нишонаи эътимод ва имконияти муҳим барои густариши муколамаи созанда миёни кишварҳо арзёбӣ кард.

666 7683722986097134801 nЗимни суханронӣ таъкид шуд, ки маориф ҳамчун омили асосии рушди зеҳнии ҷомеа ва рақобатпазирии иқтисодӣ нақши калидӣ дорад. Бо назардошти рушди зеҳни сунъӣ, рақамикунонии босуръат ва тағйирёбии бозори меҳнат, зарурати бознигарии равишҳои анъанавии таълим ва мутобиқ намудани омодасозии кадрҳо ба касбу ихтисосҳои нав ба миён омадааст.

Дар ин робита, «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳамчун санади калидӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ муаррифӣ гардид.

23 масъала дар рӯзномаи ҷаласа

Дар ҷараёни нишаст иштирокчиён 23 масъалаи марбут ба рушди ҳамкориҳои маорифиро дар фазои ИДМ баррасӣ карданд, ки муҳимтарини онҳо инҳоянд:

-Муҳокимаи ташаккули фазои ягонаи таҳсилот барои солҳои 2027-2035 ва татбиқи фаъолияти Донишгоҳи шабакавии ИДМ.

- Баррасии дурнамои омодасозӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои педагогӣ, инчунин рушди таҳсилоти фарогир ва махсус.

- Таъмини сифати таҳсилоти касбӣ, фаъолияти ташкилотҳои базавӣ дар самти забону фарҳанг ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои ҳамкориҳои илмӣ.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ