10:17:59 13-уми Ноябри 2026 сол

«Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!»

Президент аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш дар пеш нишаста, пешво, раис - роҳбари интихобии давлат дар кишварҳои шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ мебошад. Дар ҷумҳуриҳои президентӣ президент дорои салоҳиятҳои васеъ мебошад, чунки ӯ функсияи Сарвари давлат ва Раиси ҳукуматро иҷро менамояд.

1212 RUZI-PREZIDENT-8Ба маънои расмӣ истилоҳи «президент» ҳангоми омода намудани Конститутсияи ИМА соли 1787 вақте, ки масъалаи номгузории шахси мансабдор, роҳбари интихобшудаи давлат пеш омад, мавриди истифода қарор гирифтааст.

Дар айни ҳол, президент рамзи муттаҳидии давлат, намоянда ва муҳофизи манфиатҳои шаҳрвандон, ҳам дар давлати худ ва ҳам берун аз он мебошад. Дар адабиёти ҳуқуқӣ институти президентӣ чун категорияи конститутсионӣ -ҳуқуқӣ омӯхта мешавад, ки ифодакунандаи маҷмӯи ваколатҳои ҳокимиятии Президент дар соҳаи идоракунии давлат мебошад, ки ба меъёрҳои конститутсионӣ асос ёфта, танзимкунандаи баамалбарории ҳокимияти президентӣ аст.

Таҳлили институти президентӣ дар кулли давлатҳои дунё нишон медиҳад, ки он дорои аломатҳои зерин аст: Президент шахси мансабдори интихобӣ аст; ӯ функсияи сарвари давлатро иҷро менамояд; ӯ Раиси ҳукумат аст; ӯ ба халқ содиқона хидмат менамояд. Президент дар низоми мақомоти давлатӣ мақоми олиро ишғол менамояд, ӯ субот ва муттасилии механизми ҳокимияти давлатиро таъмин мекунад, намояндагии олии кишварро дар арсаи байналмилалӣ ба амал мебарорад.

Дар моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.

Дар чунин шакли идораи давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) ҳомии конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян.мекунад.

Рӯзи 16 ноябр тибқи тағироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст,чунин тағироту иловаҳо санаи 14.05.соли 2016 (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1320) қабул гаштаанд.

Мансаби Президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст. Азҷумла дар боби 4, моддаи 64 чунин омадааст: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Меъёрҳои моддаи 67-и Конститутсия пешбинӣ менамояд, ки Президент пеш аз шурӯъи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад.

Салоҳиятҳои президенти кишвар бошад дар моддаи 69 ба таври пурра нишон дода шудаанд.

Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр рӯзи Президент пазируфта шудааст.

Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳасос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обруву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд.

Чунин шахсиятҳои барҷаста Ҷорҷ Вашингтон Президенти Амрикои демократӣ, ки то имрӯз мардуми Амрико ба эҳтироми ӯ зодрӯзашро ҳамчун рӯзи Президент ҷашн мегиранд, ё худ сарвари мамлакати Хитой Мао Сзе Дун, Туркия Мустафо Камол дар пешрафти кишварҳои худ саҳми арзишманд доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд, ки ба андешаи ман барои тасдиқу исботи ин гуфтаҳо зарурат ҷой надорад, зеро тавре халқ мегӯяд: «Он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест».

Дар воқеъ, таърихи навини давлатдории тоҷиконро бе заҳмату талош, хизматҳои арзандаву шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тассавур кардан имконнопазир аст. Мо аз он ифтихормандем, ки бо азму талошҳои пайгиронаи Сарвари маҳбуби Ватанамон Тоҷикистонро ҷаҳон шинохт, миллати тоҷик дар дунё муаррифӣ гашт, овози тоҷик ба гӯши аҳли башар расид ва садои тоҷик аз минбарҳои баланди созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ танинандоз гашт.Ҷойи фахр аст, ки аксарияти ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра, хосатан оид ба дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва дигар мушкилоти экологӣ аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид бо қаноатмандӣ пазируфта шудаанд. Гузашта аз ин, тӯли солҳои соҳибихтиёрӣ Тоҷикистон ба майдони баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва ҳаммоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ табдил ёфт. Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё ва гиромидошти суннату арзишҳои миллӣ, зинда гардонидани номи шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ, муттафакирони оламшумули тоҷику форс, чеҳраҳои шинохтаи динӣ ва аҳли илму адаб бисёр бузург ва беназиранд. Итминон дорем, ки кохи мӯҳташами сулҳи тоҷикон, ки бевосита бо дастони ин чеҳраи сиёсии эътирофшудаи сатҳи байналмилалӣ бунёд шудааст, ҳазорсолаҳо бегазанд хоҳад монд.

Яке аз ҳадафҳои асосӣ ва меҳварии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар солҳои истиқлолияти давлатӣ бунёди давлати иҷтимоӣ ва зина ба зина боло бурдани сатҳу зиндагонии мардуми кишвар ташкил медиҳад. Дар ҳамбастагӣ ба ин масъала мо шоҳиди ҳолем, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ғамхоронаи Ҳукумати кишварро таъмини шароити арзанда ва муносиби зиндагонии хуррам ва пурнишоти мардуми кишвар, дастгирии ҳамешагии маъюбону ятимон, бепарасторону бенавоён ва кафолати таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд такшил медиҳанд. Бо қаноатмандӣ ва изҳори хушнудӣ месазад қайд намуд, ки мардуми сарбаланду заҳматкаши тоҷик дар асоси сиёсати бобарор ва дурбинонаи Пешвои миллат дар тамоми самтҳои зиндагӣ ба дастовардҳои беназиру арзишманд муваффақ гаштанд.

Таъмиру сохтмон ва ба истифода додани роҳу нақбҳои нав барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мусоидат намуда, имкон фароҳам овард, ки дар чор фасли сол миёни тамоми минтақаҳои кишвар рафту омади сокинони он таъмин карда шавад. Бунёди роҳҳои байналмилалӣ барои пайвастшавии бемайлони Тоҷикистон ба кишварҳои дунё ва бозори ҷаҳонӣ заминаҳои мусоид муҳайё сохт. Иқтисодиёти кишвар пеш рафт, нерӯгоҳҳои нави обӣ, азҷумла 2 чархаи НБО-и Роғун ба кор андохта шуд. Ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқату вафодорӣ ба Президент, Ватани маҳбуб, миллати тоҷик, омили муҳими иттиҳод, сарҷамъӣ ва ягонагии мардуми кишварамон ба ҳисоб меравад. Таърих гувоҳ аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки киштии умеди мардуми тоҷикро ба соҳили мурод расонад.

Дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ бо назардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва авзои ноороми сайёра бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ифтихори волои ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ мо бояд атрофи сиёсати созанда, бомаром, бобарор ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, ҳамчун рамзи садоқат ба Президент ва Тоҷикистони азиз барои наслҳои оянда ва ободию пешрафт содиқонаву софдилона хизмат намоем.

Доир ба бартарияти шакли идоракунии президентӣ дар кишварамон бояд гуфт, қабули Конститутсияи кишвар, ки чанде пеш 32 солагии ин ҳуҷҷати муҳимро ҷашн гирифтем ба таври пурра созгор будани чунин навъи идоракуниро дар айни замон барои миллату давлати тоҷикон бо пуррагӣ бо дастовардҳои худ исбот намуд.

 Аз ин рӯ фикр мекунам, ки дар шароити имрӯзаи давлатсозӣ беҳтарин шакли идоракунӣ дар кишвари мо ин шакли идоракунии президентист ва он тавонист, ки дар муддати кӯтоҳ сулҳу суббот ва рушди босуботи Тоҷикистони азизро таъмин намояд.

Ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, рамзи садоқату вафодорӣ ба Президент, Ватани маҳбуб, миллати тоҷик, омили муҳими иттиҳод, сарҷамъӣ ва ягонагии мардуми кишварамон ба ҳисоб меравад.

Бо рӯзи Президент кулли мардуми кишвари азизамонро самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.

 Бигузор Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо сиҳату саломат, сарбаланд, хонаобод ва муваффақ бошад!

Варқаи Зайниддин, ёвари калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1,корманди фахрии макомоти прокуратура

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ