20:41:57 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Сайрам Исоева: «Ба умедам, ки Барзу меояду…»

Агарчӣ то имрӯз дар театр зиёда аз дусад ва дар синамо ҳудуди панҷоҳ нақши асосӣ бозидаву образҳои офаридааш аз ҷониби мардум ва санъатшиносон баҳои баланд гирифта, аммо ҳамон мардум ӯро чун бозигари нақши қаҳрамондухтар Гурдофарид аз филми «Рустам ва Суҳроб» - и Борис Кимёгаров мешиносанду дӯсташ медоранд.

1.sayram-isoeva 458798Ҳамчунин, дигар нақшҳои синамоияш чун Нодирабегим аз филми «Танҳо дар байни мардум», Гулнора аз «Духтари сеюм», Саида аз «Як умр кам аст», Фарида дар «Балоғат» ва ғайра таҷассумгари ҳунари волои ин бонуи саропо ҳунар ҳастанд. Бемуҳобот ӯ Гурдофариди саҳнаи театру синамои тоҷик аст. Танҳо бо бозигарӣ ҳунари Сайрам Исоева хулоса намешавад. Ӯ то ба имрӯз чун коргардон зиёда аз 30 намоишномаро дар саҳнаи театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ва театри ӯзбекии драма ва мусиқии ба номи Шукур Бурҳонов таҳия намудааст.

-Шояд хонанда донистан хоҳад, ки Сайрам Исоева, маликаи саҳнаи театру синамои тоҷик имрӯз чӣ ҳол дорад, фаъолияташ дар театри Камоли Хуҷандӣ чӣ гуна аст?

-Ташаккур. Сайрам Исоева зинда аст, эҷод карда истодааст ва дар дил орзуҳои зиёд дорад. Панҷоҳ сол аст, ки ман дар ин боргоҳи ҳунар, ки бароям бисёр азиз аст, ҳамроҳи шавҳарам кор карда истодаам. Имрӯз дигар духтари азизамон Саодат Саломова ҳам ба сафи мо пайвастааст. Шукрона, ки то ҳол ба умеди он ҳастам, ки эҷод кунам, нақшҳои нав офарам.

-Дар ин чанд соли охир дар синамо, дар театр чӣ нақшҳои нав офаридед, чун чанд сол аст, ки Шуморо дар саҳнаи театр камтар мебинем?

-Дилам барои баромадан ба саҳнаи театр гум мезанад, ашк мерезад. Аммо ҳамеша худ ба худ мегӯям ки чаро режиссёре пайдо намешавад, ки бо як намоишнома бо ман ҳамкорӣ кунад. Чаро як таҳиягаре ҷуръат намекунад, ки дар айни камолоти Сайрам Исоева ӯро рӯйи саҳна оварад, Сайрам боз нақш офарад. Намедонам, рости гап ман ба он умед ҳастам, ки боз як бори дигар Барзу Абдураззоқов меояд ба ин театр ва орзуи маро ҷомаи амал мепӯшонад.

Аммо охирин нақше, ки ман дар театр доштам, ин нақши модар дар намоиши «Салом модар» буд, ки онро Барзу Абдураззоқов таҳия карда. Ин намоиш ҳамагӣ ду қаҳрамон дошт-модару писар. Нақши писари маро Даврон Алиматов бозӣ мекард. Ва ин нақш соли 2005-ум чун беҳтарин нақши занона дар фестивали театрҳои касбӣ «Парасту» эътироф гардид.

Баъди ин давоми чанд сол ман даст ба коргардонӣ задам, зеро ин ҳангом дар саҳна намоиш гузоштан бисёр мушкил буд. Аммо дигар имрӯз мехоҳам тамоми ҳунарамро дар саҳна, рӯ ба рӯ бо тамошобин боз кунам.

-Замони Шӯравӣ барои нақшофарӣ ба ӯзбекфилм бисёр даъват мешудед, имрӯзҳо чӣ?

- Имрӯз ҳам даъват мекунанд, чанде пеш ба филми «Модар», ки сенарияи онро драматурги маъруф, муаллифи «Исёни арӯсон» навишта, даъват шудам ва дар ин филм нақши асосӣ-нақши модарро бозӣ мекунам. Чанд муддат қабл ҳам дар филми афсонавии «Зумрад ва Қиммат », ки бисёр ҷолиб буд, нақш офарида будам. Мардуми Ӯзбекистон ҳам ин нақшҳоро хуб пазируфтанд, зеро ман аз соли 1964-ум то имрӯз соле набуда, ки ман дар ӯзбекфилм нақш наофарида бошам.

-Дар синамои тоҷик чӣ?

-Дар чанд соли охир ман дар се филми Саидҷон Қодирӣ - «Дар орзуи падар», «Гирдоб», «Умеди охирин» нақшҳои марказиро бозӣ кардам. Боз… интизори даъвати коргардонҳои дигар ҳастам.

-Шумо гуфтед ҳамасола дар синамои Ӯзбекистон нақш меофаред, дар филмҳои зиёди тоҷикӣ ҳам бозигарӣ кардаед, чӣ тафовутеро байни синамои тоҷику синамои ӯзбек мебинед?

- Албатта, фарқият бениҳоят калон аст. Баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо бисёр техникаи киностудия пароканда шуд, устодон рафтанд аз Тоҷикистон. Ҳозир ҳам ман медонам, ки дар киностудия бисёр ҷавонони баистеъдод ҳастанд, аммо афсӯс, ки баъзе мушкилот роҳ намедиҳанд, ки онҳо филмҳои мондагоре чун «Рустаму Суҳроб» ё «Достони Сиёвуш»-ро ба навор гиранд. Зеро барои таҳияи чунин филмҳо маблағи калон лозим аст. Новобаста ба ҳамаи ин ҷавонон кӯшиш доранд, ки техникаи ҳозиразамон пайдо кунанд, то сифати филмҳои ватаниро баланд баранд. Хайр дунё ба умед аст.

-Синамое, ки дар Ӯзбекистон офарида мешавад, бо буҷаи бузург ва технологияи муосир наворбардорӣ мешавад ё…

-Албатта, дар ин кишвар ҳам киностудияи давлатӣ аст ва ҳам тиҷоратӣ ва дар ин киностудияҳо ҳунармандону сенариянависон бениҳоят зиёданд. Дар мо ҳам мешавад ин чизро ташкил кард. Лекин боз мегӯям, ки барои ҳамаи ин пеш аз ҳама маблағ даркор аст. Зеро ягон киностудия бе маблағи кофӣ фаъолият карда наметавонад.

-Падидаи хуб аст, ки чанд соли охир ҷавонони эҷодкори тоҷик чандин филмҳои видеоӣ ба навор гирифтанд, ҷиҳати режиссураи ин филмҳоро биёед як тараф мегузорем, аммо боиси таассуф аст, ки сенарияи аксари онҳо дар як маҳдудаи танги мавзӯӣ, яъне моҷарои оилавӣ ва ё ишқу муҳаббати фарзандони оилаҳои нодору доро навишта шуда…

- Замони пеш бештар устодони барҷаста даст ба сенариянависӣ мезаданд. Ва сенарияи онҳо ҳам дард дошт, ҳам мағзу муҳтаво. Ҳозир аксар ҷавонони навроҳ сенаря менависанд ва филмҳои телевизионӣ мегиранд. Боз ин тарафи масъала ҳам ҳаст, ки имрӯз барои сенариянависон маблағи ночиз дода мешавад. Аз ин рӯ нависандагоне, ки филмномаи хуб навишта метавонанд, наменависанд ва дунболи навиштани китобҳои дигар ҳастанд. Сенария навиштан бениҳоят кори мушкил аст.

-Сабаби аслии рушд накардани синамои мо танҳо ба маблағ вобастагӣ доранд ё омилҳо дигар ҳам ҳастанд, чун набудани коргардонҳои хуб ва…

2.sayram-isoeva 458798- Чаро, ҳастанд коргардонҳои хуб. Дар Тоҷикфилм бисёр коргардонҳои хуб, коргардонҳои ҷавони баистеъдод ҳастанд. Баъд мо ҳунармандони бисёр дорем. Ман ҳар гаҳе ба фестивали «Парасту» меравам, мушоҳида мекунам, ки мо чӣ қадар ҳунармандони ҳирфаии зиёд дорем, ки дар саҳна аз чеҳраи онҳо нур меборад ва худ ба худ мегӯям, ки вақти он расида, ки онҳо дар синамо бозигарӣ кунанд. Барои онҳо махсус сенарияҳо навишта шавад, то тамоми паҳлуҳои ҳунари онҳо пешорӯи бинанда боз гардад. Аммо афсӯс, ки барои ин ҳама дасткутоҳӣ мекашем.

-Барои Сайрам Исоева офаридани нақш дар синамо душвортар аст ё дар театр?

-Дар синамо. Зеро дар театр ҳунарпеша аз оғоз то анҷоми намоиш иштирок мекунаду шоҳиди воқеаҳост ва метавонад ҳолати руҳии қаҳрамонро табиӣ офарад, аммо дар синамо ин тавр нест. Ҳар лаҳзаи киноро дар замонҳои гуногун ба навор мегиранд. Ҳунарманд ҷараёни воқеаҳоро аз сар нагузаронида, дар лаҳзае, ки ӯро ба навор мегиранд, он ҳамаро хаёлан бояд дарк кунад.

-Бархе аз ҳунармандони мо мегӯянд сатҳи намоишҳои театри мо рӯз аз рӯз паст меравад. Шумо сабаби инро дар чӣ мебинед?

-Дина Марямҷон (Марям Исоева дар назар аст) дар хонаи мо меҳмон буданд ва бо телефон бо яке аз дӯстонашон суҳбат карданду баъдан бо таассуф ба ман гуфтанд, ки «Сайрамҷон, афсӯс, ки се шогирди беҳтаринам аз театр рафтанд»… Медонед барои чӣ ин ҷавонҳо рафтанд? Барои он ки маоши ҳунармандон бениҳоят ночиз аст. Албатта, нафароне мисли мо, ки тамоми умри худро ба санъат бахшидаанд, дар ҳама ҳол дар театр мемонанд, аммо ба ҳар сурат ба ҳунармандони ҷавон дар замони мо кор дар театр мушкил аст. Ана ҳамин аст яке аз сабабҳои рушд накардани театр. Аз театри мо ҳам се-чор нафар ҷавонон рафтанд.

-Шумо чанд сол муқаддам ансамбли «Бибиҳо»-ро таъсис дода будед. Фаъолияти ин ансамбл имрӯз чӣ гуна аст?

-Дар замони Шӯравӣ ҳам дар даврони вазирии Романов як фармон баромад, ки бояд ҳунармандони нафақахӯр дар театр ҷойи худро ба ҷавонон бидиҳанд ва актёри бисёр романтикӣ Мирзо Мадаминов, оне ки Ленинро дар саҳна бозӣ карда, дар ҳамон ҳангом ба кӯча баромада дар таги дарахт мизе гузошту семичка фурӯхт. Ба наздикӣ ҳам ҳамин хел шуд-ку! Баъде, ки ҳамин гапҳо баромад, ман гуфтам, ки бояд имрӯз иқдоме гузошт, то мо ҳам дар пирӣ ба кӯча набароем. Рости гап аввал ин гуна ансамблро Муътабар Иброҳимова, ҳунарпешаи бисёр пуртаҷрибаву бомаҳорат ташкил карда буд, аммо дастгирӣ наёфт.

Баъд чун дидам, ки Муътабар Иброҳимова дар ин кор муваффақ нашуд, ман ин иқдомро рӯйи даст гирифтам. Дар маросими ифтитоҳи консулгарии Русия дар вилоят фестивали сурудҳои русӣ баргузор шуд. Аввалин бор ансамбли мо дар ҳамин фестивал баромад кард. Раиси вақти вилоят Қосимҷон Раҳбарович ҳамроҳи ҳайати Русия дар фестивал иштирок доштанд. Вақте ки мо, ҳашт нафар зан бо либосҳои миллӣ баромада, «Приходите свататься»-ро хондем, тамоми толор аз ҷой хеста, кафкӯбӣ карданд. Қисса кӯтоҳ, дар фестивал мо ҷойи аввалро гирифтем.

Пагоҳаш Қосимҷон Раҳбарович маро даъват намуда, пурсиданд, ки муаллима, ин чӣ хел ансамбл? Ман гуфтам, ки ин ансамблро ман таъсис кардам ва сабаби ташкилашро ҳам ба Раиси вилоят гуфтам. Он кас гуфтанд, ки инро давом диҳед, ман Шуморо дастгирӣ мекунам. Ман гуфтам, ки мо ҷой дорем, агар имкон бошад, аз ҷиҳати маблағ каме дастгирӣ кунед. Ҳамин тавр мо корро оғоз кардем. Дар аввал маоши мо бисёр ночиз буд, ҳозир санъаткорони мо дар ансамбл берун аз театр кор карда, ҳудуди 400-сомонӣ маош мегирад. Мо давоми ин солҳо бо ансамбли «Бибиҳо» қариб дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон барномаҳои ҳунарӣ нишон додаву «Бибиҳо»-ро мардум ҳам дар ҳама ҷо хеле гарм истиқбол мекунанд.

-Донистан мехоҳам, ки Сайрам Исоева, Гурдофариди саҳнаи тоҷик, дар айёми камолоти эҷодияш чӣ орзуҳое дар дил дорад?

-Якум орзу мекунам, ки ман сиҳату саломат бошам ва мехоҳам таҳиягаре ҷуръат кунаду барои Сайрам Исоева як намоишнома ба саҳна гузорад. Дар театру синамо нақши бисёр офаридаам, аммо нақши орзудоштаамро на. Медонед барои чӣ? Барои он ки ман ба шавҳарам, Ислом Саломов, ки солҳои дароз дар театри мо саррежисёр буд, ҷуръат намекардам бигӯям, ки ба ман ин нақш ё он нақшро диҳед. Он кас си сол ба ман танҳо он нақшҳоеро медоданд, ки бозӣ карданаш маҳорати баланди актёрӣ металабад. Сабабаш ҳамин буд. Намехостам дигарон бигӯянд, ки «вай зани саррежиссёр, аз ҳамин рӯ нақши мехостагияшро мегирад».

Мусоҳиб Баҳман, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi