15:51:14 28-уми Июни 2025 сол

Ваҳдати миллӣ – рукни асосии субот ва пешрафт

Ваҳдати миллӣ – неъмати бебаҳо ва муқаддас аст, онро бояд пос нигоҳ дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандусту ватанпарварро тарбият намоем.

Эмомалӣ РАҲМОН

Таърихи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол саросар пур аз ибрат, фидокорӣ, ранҷу заҳмат ва ҳикмату дарсҳои таърихист. Яке аз саҳифаҳои фоҷиабортарини ин таърих, ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 1992-1997 мебошад, ки кишварро ба гирдоби нобудӣ кашид ва хатари парокандашавии миллат ва аз байн рафтани давлатро ба миён овард. Аммо тавассути сиёсату раҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин миллати ба азоб кашида аз вартаи нобудӣ раҳонида шуда, ба сӯи Ваҳдати миллӣ ва рушду субот раҳсипор гардид.

3 vahdati milli 2332655412Баъди ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ (9-уми сентябри соли 1991), Тоҷикистони тоза ба истиқлолрасида дар баробари имкониятҳои рушди мустақилона, бо мушкилоти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Фаъол гаштани неруҳои мухталифи сиёсӣ ва гурӯҳҳои манфиатҷӯ бо пуштибонии хориҷӣ, фазои навташкили давлати миллиро ба як майдони муқобилият табдил доданд.

Ҷанги шаҳрвандӣ, ки соли 1992 оғоз ёфт, дар муддати кӯтоҳ зиёда аз 150 ҳазор қурбонӣ бар ҷой гузошт, беш аз 1 миллион нафар гуреза шуданд ва иқтисоди кишвар фалаҷ гардид. Ин ҷанг на танҳо харобии молӣ, балки латма ба пояҳои маънавӣ ва худшиносии миллии мардуми тоҷик буд.

Дар чунин як шароити ниҳоят вазнин, моҳи ноябри соли 1992, дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсе ба сари қудрат омад, ки на танҳо иродаи қавӣ, балки биниши сиёсӣ, ахлоқи баланди инсонӣ ва меҳру муҳаббат ба миллат дошт.

«Ман ба хотири ваҳдати миллӣ ва хотимаи ҷанг ҷони худро фидо мекунам» — рамзи ирода ва масъулияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам буд, ки барои расонидани миллат аз парокандагӣ ба сулҳ гардид. Ин суханон танҳо шиор набуданд.

Ниҳоят, пас аз музокироти тӯлонӣ ва мураккаб рӯзи 27-уми июни соли 1997, дар шаҳри Маскав Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ миёни ба имзо расид.

Ин созишнома оғози марҳилаи нави таърихи Тоҷикистон гардид. Ба ҷуз аз анҷоми ҷанг, аҳамияти ин сулҳ дар он буд, ки имкони дубораи эҳёи давлатдории миллӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ фароҳам омад.

Ҳамкории қишрҳои гуногун, таҳаммулгароӣ ва дӯстии байни халқҳо дар давраи баъди ҷанг асоси суботи сиёсӣ ва рушди иқтисодиро гузошт. Ҳукумати кишвар дар зарфи солҳои охир тавассути стратегияҳои давлатӣ ва ислоҳоти муассир тавонист ҷабҳаҳои мухталифи ҳаётро пеш барад.

Ҷойи ҳеҷ шакку шубҳа нест, ки Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбариву раҳнамоии хирадмандона, кору пайкори ҷавонмардона ва иқдому амалҳои ибратбахши созандаю омӯзанда Тоҷикистони тозаистиқлоли ба гирдоби ҷанги дохилӣ мубталошудаи моро аз ин вартаи фалокатбор берун кашид ва бо меҳнату заҳмати пайвастаи бедареғ, хизмати софдилонаи шабонарӯзӣ ба нафъи халқу ватан истиқлоли воқеии онро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъмин намуд.

Тоҷикистони азизи мо маҳз бо шарофати Ваҳдати миллӣ ба муваффақиятҳои бузург дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла обу энергетика ноил гардид. Барои рушду инкишофи соҳаи энергетика – ҳамчун соҳаи афзалиятноку муҳими иқтисоди кишвар, дар ин давра як қатор тадбирҳои муассиру созанда, аз ҷумла азнавсозиву барқароркунии иқтидорҳои истеҳсолӣ ва шабакаҳои интиқоли нерўи барқ амалӣ карда шуданд.

Хидматҳои беназири Президенти Тоҷикистон дар роҳи барпо кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор, ҳифз кардани тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон новобаста аз миллату нажод, забон ва дину оин муҳим ва қобили мулоҳиза арзёбӣ мешавад.

Дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон Пешвои миллат на танҳо дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини бақою ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё кардани арзишҳои волои фарҳанги миллӣ хизматҳои шоиста кардаанд.

Яке аз иқдомҳои муҳими Пешвои миллат дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ваҳдат, нашри китоби таърихии «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ба ҳар як хонадони тоҷик ройгон тақдим карда шудани он мебошад.

Китоби «Тоҷикон» оинаи таърих, фарҳанг ва давлатдории миллати тоҷик аст. Ин китоб дар шароити муосир, ки таҳдидҳои гуногуни идеологӣ ва фарҳангӣ домангир шудаанд, воситаи муҳими бедор кардани ҳувияти миллӣ ва таҳкими ваҳдат маҳсуб меёбад.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари ором, амн ва рушдёбанда аст. Ин ҳама маҳсули Ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар мебошад. Ваҳдат имкон дод, ки мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ низ обрӯ пайдо намояд ва равобити дипломатӣ бо кишварҳои дунё таҳким ёбад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист натанҳо равобити судманде бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шавад.

Воқеан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар сатҳи ҷаҳон бо ташаббусҳои оламгир ва созандааш мешиносанд ва тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат номи Тоҷикистон ва миллати тоҷик низ шуҳратёр гардидааст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи 5 ташаббуси бузурги ҷаҳонӣ дар соҳаи обу иқлим аст, ки дар сатҳи ҷаҳон аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид бо Қатъномаиҳои махсуси маҷмаа қабул гардидаанд.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон на танҳо як санаи таърихист, балки рамзи муқаддаси фидокорӣ ва иттиҳоди миллӣ мебошад. Бинобар ин, ҳифзи ваҳдат, пос доштани сулҳ ва тақвияти худшиносии миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бедордил ва ватанпараст мебошад. Танҳо бо роҳи ваҳдат мо метавонем истиқлолро ҳифз намуда, Тоҷикистонро ба давлати муосир, пешрафта ва соҳиби ҷойгоҳи шоиста дар арсаи ҷаҳон табдил диҳем.

Зоҳир НАБИЗОДА – сармутахассиси раёсати захираҳои оби Вазорат энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

www.mewr.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ