12:31:48 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Муҳиддин Ҷӯраев: "Панҷ сенария дорам. Аммо ку сарпараст?"

Ин ҷавони ҳунарманд се сол қабл, баъди хатми Донишкадаи санъати Тоҷикистон филмеро бо номи "Ормонҳо" таҳия намуд, ки аз тарафи санъатшиносон чун падидаи тоза дар синамои мо эътироф шуд. Сафар Ҳақдодов, Раиси Иттиҳодияи синамогарони кишвар баъди нахустнамоиши филм гуфта буд, ки "бояд синамогарони касбии мо аз ин бачаҳо наворбардориву режиссёриву танзими филмро биомӯзанд".

1.muhiddin 25888Ҳамчунин Муҳиддин Ҷӯраев ду сол қабл барои намоиши "Модари аз тоқати таҳқир хаста" шоҳҷоизаи ҷашнвораи театрии "Нигоҳи нав"- ро соҳиб шуда буду баъди ин дигар аз назарҳо пинҳон монд. Ҳоло Муҳиддин Ҷӯраев дар зодгоҳаш Конибодом ба сар мебарад ва саркоргардони театри ба номи Туҳфа Фозиловаи ин шаҳр аст. Хабарнигори "Рӯзгор" Баҳман бо Муҳиддин Ҷӯраев суҳбате орост атрофи филми "Ормонҳо", рӯзгори имрӯзаш ва мо онро ба Шумо пешниҳод менамоем.

-Филми "Ормонҳо" - аз сӯйи аксар синамогарони кишвар, ки дар нахустнамоиши ин филм ҷамъ омада буданд, баҳои баланд гирифт ва қарор буд, ки дар ҷашнвораи байналмилалии синамоии "Дидор" муаррифӣ шавад. Ғояи ин филм аз кай дар сари шумо буд ва рафти банаворгирии он чӣ гуна сурат гирифт?

- Филми "Ормонҳо" филме буд, ки тамоми бачаҳои мо дар он барои идея ва ғоя бе пул кор карда буданд. Ё ба таври дигар гӯем, ин филме буд ба тариқи ҳашар сохта. Яъне, ҳама мехостем андешаамонро, орзуямонро рӯи навор биоварем ва худро бисанҷем… Ин як эътирозе буд нисбати филмсозиҳои бесаводона ва худфаъолиятона.

Моҳи апрели соли 2010-ум вақте мо наворгирии филмро оғоз кардем, дар даст ҳамагӣ даҳ ҳазор сомонӣ доштему халос ва ба он бовар будем, ки корро оғоз кунем мададгорон пайдо мешаванд. Аммо пас аз оғоз ва ҳатто пас аз анҷом ҳам касе аз ҳоламон напурсид. Мо дигар чора надоштем ба ҷуз бо қарз сохтани филм. Намехостем дар нимароҳ корро гузорем… Чи рӯзҳоро надидем, беҳтараш шумо напурседу ман нагӯям.

Баъзан менишастаму "хандаам" меомад, ки нодороне чу мо чиву филмсозӣ куҷо? Се нафар дӯстон менишастему фикр мекардем, ки аз кӣ қарз гирем, чун дигар ҳама дӯсту пайвандон аз мо мегурехтанд. Барои мо идея аз ҳама боло буд ва мо ба худ боварӣ доштем, аз ин рӯй шарм намекардем ва наметарсидем аз қарз гирифтан. Хушбахтона, ба ҳар сурат ба анҷом расид.

-Шумо дар суҳбате дар нахустнамоиши филм ҳам ба банда гуфта будед, ки филм бо харҷи 90 ҳазор сомонӣ рӯйи навор омада, шумо ин маблағро қарз кардаед. Оё филми "Ормонҳо" масрафи худро худро пӯшонида тавонист?

-Мо қариб, ки комилан филмро бо маблағи қарз рӯйи навор оварду будем. Ва баъди анҷоми сабти филм ҳам масъалае аз гиребони мо гирифт, ки чӣ хел карда филмро фурӯшему қарзҳоро баргардонем? Аммо ин масъалаи аз аввала ҳам вазнинтар буд. Ҳамин хел ним сол вақт гузашт ва мо кам-кам аз кинотеатрҳо маблағи қарзро ҷамъ мекардем.

Хайр ба ҳар сурат коре кардем, ки аз қарзҳо халос шудем. Аммо раванди филмсозӣ ва филмфурӯшӣ ба мо хеле чизҳоро омӯзонд. Мо бо тамоми системаи киносозӣ ва кинофурӯшӣ дар Тоҷикистон ошно шудем. Сарбозе, ки майдони ҷангро надидааст, ҳеҷ гоҳ дарк карда наметавонад, ки ҷанг чист? Барои мо ин як таҷрибае буд хеле бузург ва арзишманд… Имрӯз ҳамаи он қарзҳо софанд, вале дар хотири мардум филми "Ормонҳо" ҳаст ва моро мардум мешиносанд…

-Шумо ҳамчун коргардон комилан аз филми худ қаноатманд ҳастед?

-Ман гуфтанӣ нестам, ки филм олӣ аст. Не, филм пур аз камбудист. Ростӣ, барои ман тамошо кардани ин филм хеле вазнин аст. Ман мисли сарояндае ҳастам, ки пас аз сабти овозаш онро шунида аз ҷойҳои нохуши он ногувор мешавад. Аммо то насароӣ, нохуш ё худ фалш будани овозатро аз куҷо медонӣ? Сарояндагӣ ва ё филмбардорӣ корест хеле мушкил. Талабот ва қонуни аслии рушд дар ин соҳа танҳо такрор ба такрор хондан ва навор гирифтан.

Шахсиятҳои бузург дар ду рӯз ё бо як филм корро наомӯхтаанд. Дар кӯлбори ҳар яки онҳо ҳам чандин корҳои номуваффақ аст. Аммо "Ормонҳо" ҳам дар муқобили ҳамаи ин норасоиҳо чанд саҳнае дорад, ки бароям хеле писанд аст ва аз он шарм намекунам. Мо дар ин филм сахт кӯшиш кардем ки бозии актёрон табиӣ бошад ва дар нутқи онҳо сохтакорӣ ҳис нашавад. Аз забони онҳо сухане шунида нашавад ки бо ҳолату амалашон номувофиқ бошад. Танҳо ба хотири хамин чанд саҳна барои вақтҳои масраф кардам дар сабти ин филм розӣ ҳастам.

- Чаро дигар даст ба филмбардорӣ назадед?

-Аз ба рӯий навор омадани филми "Ормонҳо" се сол сипарӣ шуд, яъне се сол мешавад ки мо то ҳанӯз дигар филме нагирифтаем, дурусттараш натавонистаем. Айни ҳол дар дасти ман панҷ сенарияи хуби коркардшуда бо тамоми бизнес-плану харҷномааш омода аст. Аммо ку сарпараст ё продюсер? Муаллифони ин сенарияҳо хеле шахсиятҳои шинохтае назири устод Сорбон ё худ Бахтиёр Каримов ҳастанд. Ман  бизнес-план дар даст шаш моҳ дар ба дару утоқ ба утоқ давидам, ки сарпараст ёбам.

Шумо мепурсед ки чаро Муҳиддин Ҷӯраев баъди филми "Ормонҳо", ки аз тарафи мутахассисон баҳои баланд гирифт, дигар филм намеофарад. Охир имрӯз касе, ки пул дорад, филм ба навор мегирад, ҳунар доштани вай он қадар муҳим нест. Мисле, ки касе пул дорад, китоб чоп мекунад, новобаста аз он ки вай чи навишта. Усул дар дасти пулдор шудааст, на дар дасти нақорачӣ. Медонед, боз як чизи аҷиб ин аст, ки бо лоиҳаи филм пеши ҳар нафаре, ки барои пурсидани кӯмак меравӣ, аввал назди ту шарт мегузорад, ки "нақши асосиро ман бозӣ мекунам ".

-Худи филмсозони мо ҳам ин ҷо тақсир доранд, чун гумон мекунам дар аксар филмҳое, ки ҷавонони мо ба навор мегиранд, бозигарони нақшҳои асосӣ ё худашон ҳастанд, ё сарпарастони филм…

-Филмсозони мо филмро ба мардум чунин муаррифӣ кардаанд, ки гӯё касе хоҳад дар филм нақш офарида метавонад. Мафкураи мардум чунин шудааст, ки ҳама худашро актёр мегирад. Ин хизмати хирсонаи филмсозони мост, ки касе ду дирам диҳад, дар филм нақш меофарад. Ба ман низ чанд нафар пешниҳод карданд, ки барояшон нақше дар филм диҳам, пул медиҳанд. Бигзор нақшаҳои ман дертар амалӣ шаванд, аммо ҳеҷ гоҳ ман бо беҳунарони пулдор филм нахоҳам гирифт.

Филм сохтан ин кори шитобкорӣ нест. Як филм маҳсули меҳнати чандинсола бояд бошад. Ҳар гоҳ ки филми нави хуберо мебинам, дарун ҷӯш мезанад ва сахт асабӣ мешавам, ки кай нақшаву орзуҳои мо амалӣ мешаванд!?

-Оё дер намешавад?

- Ман ҳам дар ин бобат зиёд фирк мекунам. Ҳар вақт пас аз тамошои филми хубе ҳамеша эҳсос мекунам ки дер шуда истодааст. Мо қафо мемонем. Худ ба худ мегӯям, ки рӯз рафта истодааст, умр рафта истодааст, мо бошем бе амал нишастаем… Хайр чӣ илоҷ? Аз дастамон дигар чӣ коре ҳам меояд? Танҳо амале, ки метавонем анҷом бидиҳем, ин аст, ки сенарияҳоро дубораву себора коркард кунем, омодагӣ бинем…

Устодони ман мегӯянд, ки ту ҳанӯз ҷавонӣ, ҳоло вақташ меояд, ин рост, аммо дил мехоҳад зудтар биёяд ҳамон вақт…

-Сабаби дар театр чун коргардон ба фаъолият оғоз намудани Шумо ҳам шояд дар ҳамин ҷо бошад, ки чун Шумо барои сабти филм сармоя ёфта натавонистед, хостед маҳорати худро дар театр санҷед ё чизи дигар?

-Шояд, аммо ман бояд бигӯям, ки моҳи апрели соли равон аз тарафи Дафтари Швейтсария маро ба шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои таҷрибаомӯзӣ ба курси коргардонии театр фиристоданд. Пас аз нокомиҳои кори филм, пас аз сарпараст ҷустанҳои зиёду номуваффақ аз ин пешниҳод албатта, хеле хушҳол шудам. Мо дар Ӯзбекистон дар театри хусусии "Илҳом", ки онро коргардони машҳури ин кишвар Марк Вайл соли 1976-ум ташкил кардааст, курси лаборатории коргардонҳои ҷавони Осиёи Миёнаро гузаштем.

2.muhiddin 25888Дар ин курс аз се кишвари Осиёи Марказӣ-Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон чавонон иштирок доштанд ва ба онҳо чандин устодони варзида аз Русияву Туркманистон ва Қазоқистону Ӯзбекистон дарси маҳорат омӯхтанд. Тӯли якуним моҳи омӯзиш дар мафкураву ҷаҳонбинии ман тағйироти бузург ба вуҷуд омад. Ба мо Владимир Панков давоми якуним моҳ мактаби "саундрама"-ро омӯзонд. "Саундрама" тарзи нави ба саҳнагузорӣ дар театр аст, яъне саҳнаҳо дар ин жанр омехтаи мусиқӣ ва драма ҳастанд. Дар саундрама сухани актёр он қадр муҳим нест, балки тарзи ҳаракати актёр ва мусиқӣ муҳим аст. Масалан, дар намоишҳои Владимир Панков аксари актёрҳо мусиқинавозҳо ҳастанд ва онҳо дар саҳна ҳам нақш меофаранд ҳам мусиқӣ менавозанд. Ҳамин гуна як жанри бисёр аҷиб аст.

Ҳамчунин бояд гӯям, ки ман дар Тошканд аз бисёр ҷавонони боистеъдоде аз кишварҳои хориҷ ва устодон маслиҳат пурсидам. Ҳолати худро ба онҳо баён кардам, онҳо гуфтанд, ки "Муҳиддин, ба ту ҳеҷ чиз даркор нест, ҷуз саҳнаи як театр! Ту бояд театри худро дошта бошӣ, бояд гуруҳи худро дошта бошӣ. Ба ту пойтахт ҳам даркор не, баръакс як гӯшаи оромтар лозим. Театри Конибодом бароят беҳтарин ҷой аст, чун инҷо музофот аст ва ҳар "девонагие" мехоҳӣ, кардан мегирӣ ". Онҳо тамоми барномарезии маро ҳам карда доданд. Ва ин ҳама боис шуд, ки ман омадам ба театри Конибодом.

Боз худи Раиси шаҳри Конибодом маро фарёд карда, гуфтанд, ки мо тамоми шароитро барои Шумо муҳайё мекунем, ту саркоргардони театри шаҳр шаву лаҷоми кори театрро ба даст гир. Ман дигар розӣ шудам ва аввалин коре, ки ман дар театр кардам, ин буд, ки тамоми бачаҳои вилояти Суғдро, ки Донишкадаи санъатро хатм карда буданду ман онҳоро мешинохтам, ба кор даъват кардам.

-Шуморо табрик мегӯем, баъдан, имрӯз гуруҳи Шумо дар театри ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом пайи таҳияи кадом спектаклҳои нав ҳаст?

- Ҳоло мо намоиши "Модари аз тоқати таҳқир хаста"-ро ки дар ҷашнвораи театрии "Нигоҳи нав" Шоҳҷоизаро ба даст оварда буд, бо услуби "саундрама" таҳия карда истодаем. Мехоҳам ин намоиш бо забони мусиқӣ нақл карда шавад.

-"Саундрама" ба ҳар сурат як чизи нав аст дар театри мо…

- На танҳо барои театрҳои мо, балки дар тамоми Осиё ҳам ба ҷуз театри хусусии "Илҳом" -и Ӯзбекистон ягон театр дар репертураи худ спектакле бо услуби "саундрама" надорад. Ҳамчунин як саҳнаи нави дигар омода карда истодаем аз осори устод Айнӣ.

-Оё сари ин чиз боре фикр кардаед, ки Муҳиддин Ҷӯраев барои кадоме офарида шуда: коргардони театр ё коргардони синамо?

-Ҳанӯз ман худамро нашинохтаам. Ҳанӯз ман худамро барои худам муайян накардаам. Нафаҳмидаам ҳанӯз, ки ҷойи ман куҷо аст? Аммо ман то қатраи охирин мубориза мебарам, ки мавқеи худро пайдо намоям. Мехоҳам ба боварии устодон сазовор бошам.

-Ташаккур барои суҳбат.

Мусоҳиб Баҳман, «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #1 ҳунарGuest 15.11.2013 13:59
Худованд қувватат диҳад Муҳиддин.Заҳмат кашидӣ роҳат иншоолоҳ меёбӣ...
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi