22:55:20 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Қодири Рустам: "Адами андеша яке аз дардҳои ҷомеаи имрӯзи мост"

Қодири Рустам интиҳои солҳои ҳаштодум бо диду нигоҳи тоза ба майдони адабиёт омада буд. Осори адабии ӯ амсоли "Рӯдакӣ, фаромӯшӣ, Чингизхон ва хар", "Чойхонаи Роҳат ё қисса ва ҳикоёт барои хониши пеш аз хоб" мавриди истиқболи гарми адабиётшиносон ва аҳли адаби кишвар қарор гирифтаанд.

rustami-qodir-54545Ҳамчунин Қодири Рустам солиёни дароз машғули таҳқиқ ва пажуҳиши адабиёти классику муосири тоҷик буда ва дар масоили умдаи забон ва адабиёти мо мақолаву пажуҳишҳои зиёдеро ҳам мунташир кардааст. Ӯ соли 2007-ум "Девон"-и нахустин гӯяндаи соҳибкитоби шеъри форсӣ устод Рӯдакиро дар шаҳри Алматои Қазоқистон таҳияву ба нашр расонид. Хабарнигори "Рӯзгор" Баҳман бо Қодири Рустам дар мавриди ҷараёнҳои насри имрӯзи тоҷик, забони адабиёт ва бедор кардани фарҳанги китобхонӣ дар кишвар суҳбате дошт, ки онро манзури Шумо мегардонем.

- Устод, ҷараёнҳои имрӯзи насри моро чӣ гуна баҳо медиҳед?

- Барои ба ин суол ҷавоб додан бояд як шиносоии комил аз насри муосири тоҷик дошта бошӣ. Ман ба чанд далел ин гуна шиносоии комилро надорам. Аввалан, ман солҳои тӯлонӣ берун аз кишвар будам ва аз падидаҳои адабие, ки дар Тоҷикистон зуҳур меёфтанд, чандон хабаре надоштам. Баъдан, ман дар китобхонӣ дар панҷоҳ соли умрам таҷрибаҳои зиёд андӯхтаам, аз ин рӯ ҳар чизро ҳам намехонам. Ман як саҳифа аз китобро мехонам ва агар хушам омад идома медиҳам агар на, онро канор мегузорам. Чун вақте надорам, ки ҳар чизи дар адабиёт падидомадаро бихонам, дар сурате, ки дар адабиёти ҷаҳон осори хуби хонданӣ хеле зиёданд.

-Ба ҳар сурат осореро ҳам аз адабиёти мо имрӯзи мо мутолиа кардаед…

-Аз он чизҳое, ки ман хондам, ба ду натиҷа метавон расид: натиҷаи хушбинона ва натиҷаи бадбинона.

-Натиҷаи хушбинонааш кадом аст?

-Натиҷаи хушбинонааш ин аст, ки насри тоҷик ҳарчӣ бештар ба адабиёти ҷаҳон ворид мешавад ва ҳампо бо адабиёти ҷаҳон қадам мезанад, ба мактабҳои адабии ҷаҳонӣ, ба сабкҳое, ки имрӯз дар насри ҷаҳонӣ мутадовиланд (маъмул), наздик шудааст. Ин навоварӣ аслан аз эҷодиёти нависандагоне мисли Баҳманёр, Сайф Раҳимзод, Муҳаммадзамони Солеҳ дар насри мо шуруъ шуда.

То ин нависандагон ҳам адабиёти мо албатта пайвандҳое бо адабиёти ҷаҳон дошт, вале он пайвандҳо аслан бо адабиёти Шуравӣ, махсусан бо адабиёти рус буданду ҷанбаи публисистии хеле қавӣ доштанд. Насри мо имрӯз аз мактабҳои ҷадиди адабӣ таъсир мегирад. Албатта ин ҳанӯз ба он тавре нест, ки гӯем мо як насри неруманде дорем, вале агар нависандаҳои тоза ба тоза аз насли ҷавон пайдо шаванд, метавон умедвор шуд, ки мисли шеъри имрӯзи мо насри қавие ҳам дар адабиёти тоҷик ба вуҷуд меояд.

-Шеъри имрӯзи мо аз кадом нигоҳ шеъри қавист?

-Албатта, имрӯз шеъри мо аз назари танаввуи сабкӣ ва лаҳни баёну андеша хеле шеъри қавист. Шеъре, ки сифатан тафовут дорад аз шеъри Қаноату Бозору Лоиқ ва Гулрухсор. Ман намехоҳам бигӯям, ки шеъри имрӯз аз шеъри онҳо бехтар аст, вале танаввуаш бештар аст, лаҳни баёну сабк ва андешааш дигар аст. Забони шеър ҳам имрӯз тағйир ёфта. Забони шеър имрӯз бо забони асри фанниву техникӣ ҳарчӣ бештар мунтабиқ (мувофиқ) мешавад.

-Дар ин чанд соли охир чӣ асарҳоеро аз адабиёти мо мутолиа кардед, ки дархӯри завқи Шумо буд?

-Аз он чизҳое, ки ман дар солҳои охир хондам, романи "Шинак"-и Юнус Юсуфӣ, қиссаи Шаҳзодаи Самарқандӣ "Замини модарон" ва силсилаи ҳикояҳои Анвар Олимов, ки дар маҷаллаи "Садои Шарқ" мунташир шуд. Романи Юсуфӣ аз назари сабки нигориш, забон ва истифодаи вожаҳо тақрибан барои адабиёти мо беназир аст. Ин роман дар равияи адабиёти муосири ҷаҳонӣ офарида шудааст, романи мудерн аст. Гарчанд мавзӯъ куҳна аст, вале Юнус Юсуфӣ бори аввал як ривояти афсонагунаро бо сабки реалистӣ иншо намудааст.

-Дар мавриди забони адабиёти имрӯзи мо чӣ андеша доред?

-Забон бо андеша пайванди қавӣ дорад. Вақте ки андеша нест, забон ҳам аз назари корбурди вожагон бисёр маҳдуд, аз назари сарфу наҳв ноқис ва хароб мешавад. Барои нависанда ду бол вуҷуд дорад, яке андеша ва дигар забон. Андешае, ки бар асоси отифаи инсонӣ бошад. Бештари нависандагони имрӯзаи мо, мутаассифона, забони бисёр маҳдуд ва ноқис доранд. Барои он ки аз адабиёти классикӣ ва забони зиндаи халқ омӯзиш надоранд ва дигар ин ки андеша надоранд.

Адами андеша яке аз дардҳои ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон аст. Ҳамчунин дар ҷомеаи мо фарҳанги китобхонӣ аз байн рафтааст. Нависандаи бузург хонандаи бузург аст. Бубинед, Ҳерман Ҳессе дар тӯли умраш ба китобҳои дигарон беш аз ду ҳазор тақриз ва китобиёт навиштааст. Шояд ин як бахши кӯчаке бошад аз китобҳои хондаи ӯ. Гарсиа Маркес мегӯяд, ки китобхонаи ман барои ман коргоҳ аст. Яъне вақте ки хонанда нест, чи тавр нависанда ба вуҷуд меояд?

-Шумо ҳанӯз солҳои навадум дар мавриди аз китоб дур шудани мардум мақолае навишта будед, ки атрофаш сару садоҳои зиёд баланд шуда буд. Имрӯз дар ин маврид чӣ мегӯед? Шояд як сабаби рушди бештар надоштани адабиёти мо ҳам ҳамин кам будани хонанда бошад?

- Он солҳое, ки ман ин мақолаи интиқодиро навишта будам, шумораи нашри китобҳо ба забони тоҷикӣ аз панҷ ҳазор шуруъ шуда, то ба сад ҳазор мерасид. "Исёни Муқаннаъ" ва "Темурмалик"-и устод Айниро нашриёти "Маориф" бо теъдоди сад ҳазор нусха, "Дасти дуои модар"-и устод Лоиқро бо шумораи ҳафтод ҳазор нусха мунташир карда буд. Осори дигар адибон бо шуморагони аз ҳафт то чордаҳ ҳазор чоп мешуд ва ба фурӯш мерафт.

Имрӯз бошад китобҳо бо теъдоди ҳазор нусха ва аз он камтар ба чоп мерасанд ва ҳамон ҳам ба фурӯш намеравад. Бубинед, ягона маҷаллаи адабии Тоҷикистон "Садои Шарқ" шуморааш ҳазор нусха аст. Барои миллате, ки даъвои бофарҳанг буданро мекунад, даъвои Рӯдакиву Фирдавсӣ мекунад, ин як айб аст. Дар ҷомеаи мо дигар касе китоб намехонад ва дар ҷомеае, ки китоб намехонанд, андеша вуҷуд надорад ва чун андеша вуҷуд надорад, ягон гуна пешрафт ҳам намешавад. Барои ин мо бояд аз дигарон на, аз худамон нолем.

-Барои бедор кардани андеша дар ҷомеа чӣ бояд кард?

-Устод Шакурӣ як замон пешниҳод карда буданд, ки дарси адабиёт дар мактабҳои миёна ба гунаи дигар гузашта шавад. Ман ҳам ба он фикрам, ки бояд дарси адабиёт дар макотиби миёна яке аз дарсҳои асосии инсонӣ қарор бигирад. Мо айни ҳол дар мактабҳои миёна таърихи адабиёт мегузарем на худи адабиёт. Масалан мо мегузарем, ки Рӯдакӣ кай таваллуд шуд, Низомии Ганҷавӣ чӣ навишт, Абдураҳмони Ҷомӣ бо образи Искандар чӣ хост бигӯяд ва ҳамин гуна.

Дар сурате, ки кофист барои синфи ҳаштум як "Гулистон"-и Саъдиро гузоранд. Бо як "Гулистон"-и Саъдӣ метавонӣ ҳам забонро биомӯзӣ, ҳам ахлоқро биомӯзӣ ва ҳам худи адабиётро. Дар мактабҳои мо соати дарсии забон ва адабиёти тоҷик зиёд аст, аммо мутаассифона, хонандагон чун аз мактаб бурун меоянд, ягон китоби бадеӣ нахондаанд. Ба ман ҳикоят карданд, ки профессор Худойназар Асозода чордаҳ нафар донишҷӯйи курси чоруми факултаи филологияро аз имтиҳонаш гардонд, чун онҳо на китобе аз Айнӣ хонда буданду на аз Улуғзода. Ва ҳамин донишҷӯён пагоҳ дар мактабҳои миёна дарси адабиёт медиҳанд.

-Биёед сари эҷоди Шумо меоем. Ман қиссаи "Рӯдакӣ"-и Шуморо хондам. Дар ин қисса Рӯдакӣ дар ҷомеаи сотсиалистӣ гӯё дубора зинда мешавад, аммо чаро он қадар фаъол нест?

-Бале, устод Рӯдакӣ дар ин қисса он қадар фаъол нест ва ин шояд аз камбуд ва нақзи нигоранда бошад. Вале мақсади ман фаъол будани Рӯдакӣ нест. Мақсади ман муносибати мардум ба устод аст. Он солҳое, ки ман ин қиссаро навиштам, худатон огоҳ ҳастед, ки вазъи ҷумҳурӣ чӣ гуна буд. Сабаби асосии фоҷеаҳои ҳамон давраро ман дар он мебинам, ки мардуми авоми тоҷик ба дарки гуфтаҳои раҳбарони худ намерасиданд.

Дар ин қисса муносибати авом ба як нобиға нишон дода шудааст. Як нобиға дар як ҷомеа ҳамту пайдо намешавад, балки мардум ҳастанд, ки нобиғаро ба вуҷуд меоранд. Ва мардум масъул ҳастанд, ки нобиғаро бифаҳманду қабул дошта бошанд. Дар қисса ҳадафи аслии ман ҳамин аст. Бубинед, чунон устод Рӯдакиро маҷбур карданд, ки дубора худаш ночор шуд ба гӯраш равад. Ин чиз барои ман муҳим буд. Вале боз мегӯям, ки шояд ин нақзи ман бошад ва агар ман таҷдиди назар бикунам, мумкин Рӯдакиро фаъолтар нишон бидиҳам.

-Қодири Рустам қалами буро дорад, аммо чаро кам менависад?

-Китоби аввалини ман соли 1987-ум чоп шуда буд. Баъд аз он дар Тоҷикистон он воқеаҳо шуруъ шуд ва ман як муддате ба он натиҷа расидам, ки адабиёт ба мардум чизе намедиҳад. Ба он бовар будам, ки агар адабиёт ба мардум чизе медод, мо ба ин ҳол гирифтор намешудем. Баъди ин ман аз адабиёт худамро канор кашидам ва чанд сол на танҳо чизе нанавиштам, балки умуман китоби бадеӣ намехондам. Ба ҳамин минвол ҳафт- ҳашт сол аз байн гузашт, вале боз андешаам тағйир ёфту дубора рӯй овардам ба адабиёт.

ӣ чиз муҷиби тағйири андешаи Шумо шуда бошад?

-Ҳоло ёдам нест, ки чӣ чиз буд, вале ба ҳар сурат ман дубора баргаштам. Баъдан, дигар чӣ суд аз бисёр навиштан? Ман бисёр фикр мекунам, ки ман барои кӣ менависам? Охир ман дар Тоҷикистоне, ки ҳудуди ҳашт миллион аҳолӣ дорад, шояд камобеш панҷсад нафар хонанда дорам. Пас чаро бисёр нависам?

-Ташаккур барои суҳбат.

Мусоҳиб Баҳман, «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №18, 02 октябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi