17:43:04 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Шералӣ Мӯсо: "Дардҳои ҷомеа аввал аз дили адибон мегузаранд"

Шералӣ Мӯсо соли 1973-ум бо ихтисоси муҳандиси мошинсоз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимиро (собиқ Институти политехникии Тоҷикистон) хатм карда, фаъолияташро чун муҳандис дар заводи "Тоҷикгидроагрегат", котиби дуюми созмони ҷавонони ноҳияи ҳозира Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе оғоз мекунад.

1 sherali-muso 545445Ҳамчунин чанде сарвари заводи таҷрибавии таҷҳизоти ғайристандартӣ ва маҳсулоти пластмасии НПО "Восход" ва дар дигар вазифаҳои масъули давлатӣ кор кардааст. Ҳоло ӯ вазифаи раиси комиссияи тафтишотии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда дорад ва корашро бо шоистагӣ пеш мебарад. То имрӯз китобҳои зиёди публисистиву бадеии Шералӣ Мӯсо  амсоли "Асоси ғалабаҳои меҳнатӣ" "Боғи падар" "Интихоб" "Қадр ва ҷазо" "Нек ва бад" "Дурбин", "Сӯг" , "Осоиш" "Тулӯъ дар ғуруб" "Ошёни уқобон" "Қомати сабзи имон" (2011), "Қиссаи баҳорӣ" "Чеҳраи модар" ба дасти хонанда расидаанд. Дорандаи нишони "Сухан" ва ҷоизаи адабии ба номи устод Айнӣ. Хабарнигори "Рӯзгор" Баҳман бо Шералӣ Мӯсо атрофи вазъи имрӯзи очерк дар адабиёти тоҷик ва эҷодиёти худи ин нависандаи шинохта суҳбате орост, ки онро пешкаши Шумо мегардонем. 

- Устод, мегӯянд, ки нависандагӣ дард аст. Шералӣ Мӯсо ҳамчун адиб чӣ дард дорад?

- Ҷои шубҳа нест, ки танҳо дард аст адибро маҷбур мекунад, ки қалам ба даст гирад. Ва барҳақ дардҳои ҷомеа пеш аз ҳама, аз дили адибон мегузарад. Соиби Табрезӣ эҳтимол ҳамин тоифаро дар мизони таҳқиқ баркашида, бо ҳасрат гуфтааст:

Ҳар кӣ по каҷ мегузорад, хуни дил мо мехӯрем,

Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо…            

- Агар ба эҷодиёти Шумо бингарем мебинем, ки аслан дар жанри очерк бештар эҷод кардаед. Шояд очерк бештар барои гуфтани  мушкилу камбуд ё худ дарди имрӯзи ҷомеа бароятон созгортар буда?

- Мушоҳидаи шумо аслан дуруст аст. Ман, ки фаъолияти меҳнатиамро дар муҳити наҷиб ва руҳи оливу бешикасти коргарӣ оғоз карда, баъдан тадриҷан дар зинаҳои роҳбарӣ боло рафтам, ба жанри очерк дил бастам. Жанри очерк ва публисистика аз жанрҳои муҳими адабӣ ба шумор меравад. Онро жанри фаврӣ гуфтан ҳам мумкин аст, чун ба рӯзнома хеле муувофиқ аст. Аз ҷониби дигар жанри очерк жанри фаъол, яъне мубориз мебошад.

Муборизи зидди нуқсу камбудҳои ҷомеа. Он диққати хонандаро ба масъалаҳои доғи зиндагӣҷалб менамояд. Ва ин доғҳо дар мисоли инъикоси ҳаёти инсони воқеӣ сурат мегирад. Барои нависанда бошад, очеркнависӣ қаламро пухтаву суфта мекунад ва очеркнависро дарси ҳаёт меомӯзад. Чун нависанда дар ҷараёни эҷоди очерк хоху нохоҳ бо одамони бисёре рӯ ба рӯ гашта, шинос мешавад, ҳаёти онҳоро меомузад ва дарк мекунад, ки ҳар як одам дар худ оламе дорад.

-Шояд ҳамин буда, кӣ Шумо навиштанро  аз очерк оғоз карда, баъдан пардохтед ба навиштани қиссаву ҳикояҳо? 

-Албатта. Навиштани очерк барои ворид шудан ба майдони адабиёт пайроҳа мекушояд. Ин аст, ки бисёре аз адибони номдори мо аз ин пайроҳа ба шоҳроҳи адабу ҳунар расидаанд. Очеркнависӣ худ омӯзиши ҳаёти инсонҳо ҳаст. Зеро барои офаридани очерки хуб танҳо истеъдоду тахайюли бадеӣ камӣ мекунад. Барои очерк бар замми истеъдоди нависандагӣ доштан боз дарёфти қаҳрамони воқеӣ ва ё санад зарур аст, ки ин нигорандаро маҷбур мекунад, то инсонҳо ва ҳаёту фаъолияти онҳоро омӯзӣ.

-Аммо сабаб чист, ки имрӯз адибон ба жанри очерк кам рӯ меоранд?

-Ҳақиқатан имрӯз дар адабиёти мо ба навиштани очерки проблемавӣ ва сюжетдор хеле кам рӯ меоранд. Ба ҳар сурат дар адабиёту матбуоти мо очерк офарида мешавад, аммо бештар очерки портретӣ, ки ин навъи очерк он қадар ба дарди ҷомеа намехӯрад. Сабаби камтаваҷуҳии адибон ба ин жанр шояд дар он бошад, ки аслан офаридани очерк заҳматталаб аст. Ба таъбири ҳазрати Бедил «куҳу кӯтал» дорад ки гузаштани он маблағ ва вақти зиёдро талаб менамояд. Имрӯз синну соли очеркнависони мо хам ба ҷое расидааст. Дигар ҷавононе лозиманд, ки бори ин бахши адабиётро ба дӯш бардоранд. Бе ҷавонони навқалам ояндаи жанри очерк равнақ намеёбад.

-Барои ҷалби ҷавонони эҷодкор ба навиштани очерк ё осори публисистӣ аз ҷониби Иттиҳодияи адибон дар ин чанд соли ахир  оё тадбире андешида шуда?

-Албатта, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ин маврид чорабиниҳое зиёдеро гузаронид ва мегузаронад, ки гумон мекунам ин барои ҷалби ҷавонон мусоидат хоҳад кард.

-Шумо чанд муддате сарвари Шӯрои очерк ва публисистикаи Иттифоқи нависандагон будед ва суолам ин аст, ки имрӯз кадоме аз адибони мо воқеан бо ҳисси масъулият дар рушди ин жанри муҳим дар адабиёти мо саҳм мегузоранд?

-Имрӯз дар бахши очерк ва публисистика дар адабиёти тоҷик адибоне маъруфе амсоли Ато Ҳамдам, Равшани Ёрмуҳаммад, Бахтиёри Муртазо, Раҷаби Мардон, Раҷабалӣ Аҳмадов, Ҷамолиддин Тошматов, Холназар Муҳаббатов, Худойназар Асозода, Маҷид Салим, Мирзо Қосим ва Исроили Иброҳиму Муҳаммадҷон Мирзошоев ва чандин нафарҳои дигар хизмати арзанда кардаву ин ҷодаро идома дода истодаанд. 

Ҳамчунин бояд ёдовар шуд, ки дар ин радиф устодони насри муосири тоҷик Меҳмон Бахтӣ, Абдулҳамиди Самад, Кароматуллоҳи Мирзо, Саттор Турсун, Ӯрун Куҳзод бо сахтгирӣ ва фидокории хеш на танҳо дар ривоҷу равнақи жанри публисистика, балки дар тарбияи маънавии мардум ва рушду нумӯи ҷомеа саҳми босазо доранд. Онҳо бештар мақолаҳои публисистии худро ба мавзуъҳои муҳим, чун тақдир, қадру манзалат ва рисолати инсон, ба адабиёт, сиёсат ва рисолати инсон ихтисос дода, бо баёни покизаву бо дард пешкаши хонанда гардонидаанд.

- Устод, дар ин чанд муддати охир чӣ асари тозае навиштед?

- Соли ҷорӣ ду китобам - "Мардистон" ва "Ситам" чоп шуда ба дасти хонанда расид. "Мардистон" китобест хонандаро ба заҳмат, бурду бохт, талошу набард ва рӯзгори сохтмончиёни нақбҳои Шаҳристон ва Чормағзак ошно месозад.

Ватандӯстӣ, фидокорӣ, ҳифз кардани шарафи инсонӣ, масъулият дар назди дирӯз, имрӯз ва фардо хислатҳои ҳамидаи қаҳрамонҳои асосии достонанд.

"Ситам" бошад оиди тахту ҳамвор набудани роҳи зиндагӣ, гардишҳо, пастиву баландиҳо ва фарозу нишебҳои бисёре дорад, қисса мекунад. Тай кардани ин роҳ, ки барои ҳар як инсон озмоишу имтиҳон аст, ба қудрату ирода, дилу ният, рафтору кирдору шахс вобаста аст.

-Аммо хонанда имрӯз Шуморо ҳамчун нависандаи осори бадеӣ ҳам мешиносад. Махсусан қиссаҳои Шумо "Тулуъ дар ғуруб" ва "Қомати сабзи имон" аз ҷониби хонандагону мунаққидон баҳои сазовор гирифтанд. Чӣ чиз мӯҷиб шуд, ки устод Шералӣ Мӯсо рӯ овард ба навшитани осори бадеӣ? Дар мавриди ин қиссаҳо чӣ мегӯед?

- Ман дар мавриди навиштаҳои худам чизе гуфта наметавонам.  Инро хонандаи хушмутолиа ва муҳаққиқони сахтгиру борикбин беҳтар медонанд. Вале чун Шумо аз ин бобат маро пурсидед, мехоҳам инҷо андешаҳои олимони тавонои тоҷик Мисбоҳиддин Нарзиқул ва Шамсиддин Солеҳро оиди қиссаҳои "Тулуъ дар ғуруб" ва "Қомати сабзи имон" оварам.  

2 sherali-muso 545445"…Қиссаи "Тулуъ дар ғуруб"-и Шералӣ Мӯсо аз дигар асарҳое, ки бо унвони қисса пешниҳод шудаанд, аз нигоҳи ҳаҷм имтиёз дорад. Бунёди қисса ҳаёти воқеии шахсиятҳо аст ва нависанда бо рангу бори адабӣ асари хондании хубе офаридааст. Симои духтари фиребхӯрда, ноҷавонмардии булҳавасона ва паёмади зиндагии онҳо баёнгари гӯшае аз зиндагии ҳамзамонони мо мебошад. Дар хилоли воқеоти қисса нависанда ба масъалаҳое, амсоли муносибати муғризонаи устоду донишҷӯ, ки оқибат ба тағйири шахсият анҷомидааст, муҳити ҷавонони булҳавас, воқеаҳои баҳманмоҳи хунин, даҳшати ҷанг, меҳри фарзанд ба падар… дахл кардааст, ки дарак аз вазъи носолими ҷомеа медиҳад.

Бо вуҷуди он ки қисса аз оғоз бо рӯзгори фоҷиабори шахсият алоқаманд аст, анҷоме нек дорад. Яъне, дар зиндагӣ некбин бояд буд, он сарфи назар аз нокомиҳо идома дорад. Маълум мешавад, ки нависанда дар тасвири рӯҳияи шахсияти асосии асари худ кӯшиши зиёд ба харҷ додаст…" 

Шамсиддини Солеҳ дар мавриди қиссаи "Қомати сабзи имон" гуфта, ки "нависанда масъалаи нангу номус ва ифтихору шарафи инсонро тавассути дар рӯзнома ба нашр расидани эълон дар бораи орденхарӣ ба миён мегузорад. Бобои Расул шахсест, ки як умр ба хотири нангу номус ва бадастовардани ифтихору шарафи инсонӣ мубориза бурдаасту зиндагӣ намудааст. Вале дар пирӣӯ ба беномусиҳое дучор меояд, ки онҳо таҳаммулнопазиранд.

Ин пеш аз ҳама орденхарию орденфурӯшӣ, ғоратгарию бадахлоқии Аҷик, ҳаромхӯрию нокасии Зафари Саид, сардори милисаҳо, бешарафию ноодамии сардабир ва ғайра. Ҳамаи ин косаи сабри пирамардро лабрез мекунад. Вай ба муқобили ин беадолатиҳо мубориза кардан мехоҳад, вале такягоҳе, дастгире надорад. Ноодамону хилофкорон замонаро баҳона карда, амалҳои ношоистаашонро чун талаби давру замон сафед кардан мехоҳанд.

Вале ин чун сарнавишти Аҷик ва қасри  бебақост. Зиндагӣ худаш довари якрӯст ва он тадриҷан ҳамаро дар ҷои худаш мегузорад. Зимни мутолиаи қиссаи номбурда хонанда худаш ба чунин хулоса мерасад. Воқеаҳои мавриди тасвир, шахсиятҳо ва бархӯрдорҳои Бобои Расул бо касони пастфитрату каммоя, сӯҳбату муколамаҳои ӯ хеле пурэҳсосу пуршиддат мебошад. Аз ин ҷиҳат, чеҳраи бадеии Бобои Расул бисёр ҷолибу хотирмон мебошад.

Бояд гуфт, ки ҳунару истеъдоди чеҳранигории муаллиф дар тасвири шахсиятҳои рӯзгордидаю соҳибтаҷриба дар симои Бобои Расул равшан ба назар мерасад. Дар тасвири нависанда образи рамзии орден нақши созмондиҳандагиро дар сохтори қисса ифо менамояд ва онро метавон аз ҷумлаи бозёфтҳои эҷодии ӯ маҳсуб кард. "Қомати сабзи имон" аз нигоҳи мазмуну муҳтаво, сабки нигариш ва консепсияи эҷодии нависанда аз ҷумлаи қиссаҳои хубу хонданӣ ва хотирмони насри имрӯза аст…" Манзур аз овардани ин иқтибосҳо аз адабиётшиносон на худситоӣ, балки дар он буд, ки хонандаи нуктасанҷи "Рӯзгор"-ро бо муҳтаво ва мундариҷаи ин қиссаҳо ошно карда бошам. Агар воқеан ин навиштаҳои ман дар адабиёти имрӯзи тоҷик мавқеъ пайдо карда бошанд, худро ҳамчун қаламкаш хушбахт меҳисобам.

-Аз рӯи мушоҳидаҳои ман Шумо дар бисёр маҷлисҳои Иттиҳодияи адбион ва умуман дигар маъракаҳо, телевизиону радио сухан меронед. Дар кадом маврид сухан меронед ва оё ин нафъе дорад?

- Албатта, ман ҳамеша сухани нек, хайр ва хубро мегӯям. Зеро чуноне ки Ширин Бунёд ,руҳашон шод бод,  гуфтаанд:

Гуфтори накӯ накӯтарин ихлос аст,

Буррандатар аз теғи алмос аст.

Берун бикашад мор зи сӯрох аҷаб,

Ин хикмати аҷдод ба мо мерос аст.

Агар шахсеро бинам, ки ғамгин нишастааст, байте ва ё латифае мегӯям, то ғуссаро аз қалби ӯ берун кунам. Аксар маврид ин рафторам  ба он шахс маъқул шуда, хушҳол мегардад. Руҳи хастааш ҷон медарорад. Ҷавони сархушеро бинам, ки табъи ҳампаҳлуҳояшро хира карда истодааст, ҳамзамон панде аз пирони рӯзгордида мегӯям. Ва сари маст паст мешавад, чуноне Соиб гуфтааст:

Сухангӯ ҳаме бояд, ки ҳангоми гуфт,

Тавонад дили мустамеъро шукуфт.

- Имрӯз машғули кадом коред?

- Солҳост, ки рӯйи китобе дар бораи Неругоҳи барқи обии Роғун, ки онро Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "ҳастии миллати мо ва ҳаёту мамоти давлати Тоҷикистон" номидааст, кор мекунам. Аз Худо кушоиш мехоҳам, ки соли оянда ба поён расад.

-Хуб ташаккур барои суҳбат…

Суҳбати Баҳман, «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №21, 23 октябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi