01:36:36 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

Остондори Фалғарзамин - I

Қурбон Восеъ, академики Академияи улуми иҷтимоӣ-педагогии Россия, профессор

Сиддиқ Зарифов, яке аз ходимони маъруфи ҷамъиятиву сиёсии дар гузаштаи на чандон дури кишвари азизамон Тоҷикистон агар дар қайди ҳаёт мебуданд, имсол ба синни мубораки 90-солагӣ қадам мегузоштанд. Шодравон чун корҳои накӯ зиёд кардаанд ҳамсафону шогирдон ва пайвандонаш имрӯз зикри хайри ӯро мекунанд. Баъди хондани ин мақола як лаҳзаи ҳаёти ибратомӯзи ин марди бузург пеши назаратон ҷилвагар хоҳад шуд.

1-siddiq-zarifov 2145Воқеаи мудҳиш ба вуқуъ пайваст. Чархболе, ки баҳри иҷрои вазифаҳои давлатӣҷониби кӯҳҳои Панҷакент парвоз мекард, дар назди кӯлҳои Аловиддин суқут кард. Сарнишинони он ҳама шахсони масъули давлатӣ: аз ҷумла Эргашев С.Б.-котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зубарев Г.В.- муовини сарвазири кишвар, Зарифов Муллосиддиқ - котиби аввали Ҳизби комунисти шаҳри Панҷакент, Павлов - котиби дуюми Ҳизби коммунисти шаҳри Панҷакент ва се нафар намояндагони Масква буданд.

Баробари ба замин бархӯрдани чархбол, аксари сарнишинони он маҷруҳ гардида, як қисмашон аз садамаи ба замин бархӯрдан ҳалок шуда буданду иддае беҳушона месӯхтанд. Муллосиддиқ чашм кушода, худро дар миёни забонаҳои оташ дарёфт. Дарёфт, ки коре бояд бикунад, то ҳамсафаронаш аз таркиши пайдарҳами сӯзишвории чархбол эмин монанд, ба алангаи афзуншавандаи забонаҳои оташи либосҳои хеш аҳамият надода, ҷидду ҷаҳд менамуд се нафар меҳмонони масквагиро, ки дар бараш карахту мадҳӯш мехобиданд, ба масофаи дуртар бикашонад.

Дар он лаҳзаҳо ба назари Муллосиддиқ ин бағалкӯҳи касногузар гӯё ҳамвории мумфарш менамуд, ки ҳар кадом сарнишини аз ҳушрафтаро бисёр осон бар медошту аз паҳнои бузраҳа ба ҷои бехавфтаре интиқол медод. Агарчи ҷисми ҳузарбонаи Музиченкову Устинов хеле ванину сангин буданд, вале дар он лаҳзаҳо барои Муллосиддиқ гӯё бори гароне наменамуданд. Дар дар миёни фавтидагону маҷрӯҳон тани танҳо мадҳушона аз санг ба санг меҷаҳиду ҳамсафаронашро наҷот медод. Забонаҳои оташи либосҳои худаш ҳам акнун қасд бар ҷонаш мекардаанд.

Ин авзоъи ноҳинҷорро эҳсос намуда, мехост худро ба хок бизанад, вале дар ин бағалкӯҳи санглох хок ҳам набуд. Ба ҳар ҳол, ин марди ҷасур бо дастони уриён забонаҳои оташро пахш менамуд, то аз чанголи марг наҷот ёбад. То таркидани баки сӯзишвории чархбол ҳамаи ҳамроҳонро ба ҷои бехавфу хатар кашонида, худ аз ҳуш рафт.

Чашм кушоду худро дар беморхони шаҳрчаи тиббии шаҳри Душанбе дарёфт, ки дар болои сараш се нафар хилъатпӯш: вазири тандурустӣ Саженин И.А., духтурон Шодибой Амонов ва Хушвақт Назарович Халилов меистодаанд. Табибон кайҳо ба ӯ куртаи доруомези зарди банури баъди сӯхторро пӯшонида буданд. Муллосиддиқ ба дастону танаш назар афканда, ҳамаро ҳумосидаву докапеч дарёфт.

Сӯзиши ҷонкоҳеро эҳсос менамуду он ҳама лаҳзаҳои ба замин бахӯрдани чархбол, наҷот додани ҳамсафарон як-як ба пеши назараш мегузаштанд. Дар роҳраву ҳавлии беморхона издиҳоми мардуми ба аёдат омада меафзуд.

Дӯстони ҷониву рафиқони маслакӣ ва хешону пайвандон ашки чашмону қиёфаҳои пуризтироб дар андом баҳри шунидани хабари таскиндиҳандаи духтурон соф бар софу фавҷ-фавҷ меистоданд. Устод Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакару Фазлиддин Муҳаммадиев, Ҷалол Икромиву Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқиву Минҳоҷ Ғуломов, Холмурод Шарифову Қутби Киром, Лақай Кармишеву Мирзоазим Насимов, Исломхон Эшонову Мирзо Наимов, Комил Тоҷиеву Шокири Қосим ва шогирди зиндаёди устод Турсунзода Лоиқ ҳам дар қатори ба аёдат омадагон дар болои сари Муллосиддиқ меистоданд.

2-siddiq-zarifov 2145Ҳар нафар аз ёру бародарон, ки аз миёни ҳазорҳо чунин рафиқон ба ҷонибаш мешитофтанд, мекӯшиданд, то кору амалеро баҳри наҷоташ ба харҷ бидиҳанд. Муллосиддиқ ба ҳӯш омадан замон аз ҳолу аҳволи ҳамсафаронаш пурсон гардид ва аз табибон хоҳишу илтиҷо мекард, ки баҳри наҷоти онҳо бикӯшанд. Таъкид медошт: "баҳри Худо, аз ман хавотир нашавед, авзоъам хеле хуб аст, вале аз ҳамроҳонам хизмататонро дареғ надоред.

Охир, онҳо агарчи сафари кории давлатӣ дошта бошанд ҳам, меҳмонони ҷумҳурӣ, мушаххастар гӯям меҳмони ноҳияи мо буданд. Аз ин рӯ месазад, ки дар ҳама лаҳзаҳо ойини меҳмоннавозиямонро риоя дошта бошем".

Роҳбарияти кишвар навбатдории шабонарӯзӣ ташкил намуда, ба Масква низ иртиботи пайваста барқарор дошт. Дар кӯтоҳтарин маврид тамоми таҷҳизоту дорувориро дастраси духтурон  гардонида буданд.

Пас аз сипарӣ гардидани ҳафтаи аввал, ки Шодибой Амонов бо ҳамроҳии Хушвақт Халилов куртаи доруомези тани Муллосиддиқро кайчи мезаду пӯсти сӯхтаи андомашро якҷоя ба он докаҳо бармедошт, дарди ҷонкоҳе дар ҷисми Муллосиддиқ ба вуқуъ пайваст, вале чораи дигаре ҳам набуд, зеро табдили чунин либос ҳатмиву зарурӣ буд. Муллосиддиқ ба чобукии дастони ин ҷавонтабиби  ҳозиқ нигариста, дар олами ақлу имони ботинии хеш ифтихор ба доштани чунин табибон мекард. Ҳамин ифтихори ғуруромез сӯзиши дарди ноҳинҷорро низ барҳам мезад. Дар ин гуна лаҳзаҳо ин марди ҷомеадор ба худ андеша меронду шукр мекард. Шукр бар он дошт, ки зумраи чунин ҷавононро дар тамоми риштаҳои ҳаёт тарбият намудааст, ки Лоиқу Мастон, Қутбиву Султон, Ҷурабеку Мулло Қурбон, Бобораҷабу Хоҷамаҳмад, Рустаму Даврон ва садҳо чунин ҷавонон двр ҳама соҳаҳо ба камолоти маънавӣ бо дастгирии ӯ расидаанд.

Шукр мекард, ки дар куҷое, ки ифои вазифа дошта бошад, ба тарбияти қадрҳои маслакиву фарҳангии он ҷо аҳамияти бештаре додааст.

Шукр мекард, ки мардумро бузургтар аз хеш дида, дуои пирони рӯзгордидаро гирифтааст, шояд ҳамин хислатҳояш нигаҳдори ҷонаш шуда бошанд, ки аз осмон афтода, зинда монд.

Шукр мекард, ки ҳамеша аз рӯзе, ки худро шинохтааст, рӯ ба кори хайру пушт ба нияти бад доштааст.

Шукр мекард, ки дар миёни ҳамқавмону ҳаммеҳанон бо аззамату қудрати тафаккури дурандешонаи хеш ангуштнамост. Шукр мекард, ки бо саҳми бевосита ҳазорҳо бех ниҳол сабз кард, садҳо иншоотҳои маъмуриву ҷамъиятӣ ва ҳазорҳо манзилҳои раҳоишии ноҳияҳои масъулбудаашро пойгузору мададгор будааст.

Шукр мекард, ки дар он солҳои "пур аз бехудойии" котибони ҳизбӣ, ки аввалин кори идеологии хешро дар ба боди фано додани палосҳои масҷиду мадрасаҳо медонистанд, чунин иқдоми ноҷойро ба зуҳур напайвастааст. Охир, маркази маъмулу машҳури он азизмандону қадамҷойҳои онҳо низ мисли инсонҳои саршиноси рӯзгори мо будаанд, ки  кори хайреро дар миёни ҳамнавъон ба мавриди иҷро расонида, эҳтироми худро дар рӯзгори хеш дарёфт намуда ба гузашти рӯзгорон барои пасвандон чун андарзи ҷовидон намунаи ибрату исмат будаанд. Пас, ҳеҷҷои куфргузорӣ набуда, ки мушт бар сару каллаи он азизмардону марқади эшон бизанем, то азизи лаҳзинаи дафтари ҳизбии хеш гардем. Зеро он ҳама қадамҷойҳо на Малик ибнуррайбҳо будаанд.

Дар як замон ин ҳама шебу фарозҳои зиндагӣ аз пеши назари Муллосиддиқ мегузаштанд, ки вуҷуди атрофиёнро тафаҳҳус намекард. Рӯзҳо мегузаштанд мардум баҳри аёдати ин азизмард номнавис мешуданд, то эҳтироми ботинии худро изҳор дошта бошанд. Фотимабону ҳамсари -Муллосиддиқ ягона касе буд, ки духтурон дар паҳлӯи бемор буданашро иҷозат дода буданд. Мардум аз тамоми нуқтаи ҷумҳурӣ ва берун аз он меомаданду меомаданд.

Ҳар бегоҳ он ду ҳуҷрае, ки профессор Комил Тоҷиев барои шахсони ба аёдати бемор меомада ҷудо карда намуда буданд, нишемангоҳи шоирону нависандагону ҳофизон, олимону табибон ва сиёсатпешагону ҷомеадорон гардида буд. Аз котиби авали Ҳизби коммунистии Тоҷикистон - Ҷаббор Расулов, раиси Шӯрои вазирон  Р.Набиев ва раиси Президиуми Шӯрои Олӣ Маҳмадулло Холов сар карда, то котибони ҳизбии вилоятҳову ноҳияҳо на як бору ду бор, балки борҳо бо навбат ба аёдаташ мешитобиданд.

(Идома дорад)

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №24, 13 ноябри соли 2013

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi