13:01:19 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БАҲРОМ ФИРӮЗ ВА НАСРИ ВОҚЕЪГАРОИ Ӯ

Якшанбеи аввали ноябр 70-умин солгарди таваллуди Баҳром Фирӯз, шоъир ва нависандаи фақиди тоҷик аст, ки осораш дар даҳаи 1980-90, бавижа дар миёни ҷавонон, маҳбубият дошт. Ба ин муносибат фарҳангиёну мухлисони осораш 5 ноябр аз солгарди вай таҷлил мекунанд.

Табиъист, ки Баҳром Фирӯз монанди бисёре дигар аз шоъирону нависандагони даврони Шӯравии Тоҷикистон аз сабки дар он замон мусаллати "реалисми сусиёлистӣ" пайравӣ мекард, вале ба гуфтаи мунтақидон, вай аз ҷумлаи нависандагоне буд, ки дар тақвияти ҷанбаҳои миллию суннатии насри тоҷикӣ саҳми чашмрасе гузоштаанд. Дар мақолаи зер пруфессур Абдухолиқи Набавӣ, адабиётшиноси тоҷик, талош кардааст, назаре куллӣ ба осори Баҳром Фирӯз бияндозад ва муҳиммтарин хусусиятҳои ӯро ироа бидиҳад: Баҳром Фирӯз (1929-1994) аз нависандагони хушсалиқаи тоҷик аст, ки аз ибтидои солҳои 60 асри гузашта ба арсаи адабиёт қадам ниҳод ва дар имтидоди анқариб сиву панҷ сол дар инкишоф ва рушди назму насри тоҷикӣ ва тарҷумаи бадеӣ саҳми чашмрасе гузоштааст.

Вай зодаи деҳаи Бузургати ноҳияи Нурато, устони Самарқанди имрӯза Ӯзбакистон мебошад. Метавон гуфт, ки вай дар баробари бисёре аз удабои тоҷикзабони Ӯзбакистон тоҷикони ин кишварро, ки тақрибан даҳ милюн нафар арзёбӣ мешаванд, ба мардуми форсизабон муъаррифӣ мекард ва мекунад.

Баҳром Фирӯз солҳои 1956-1957 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Самарқанд таҳсили илм кардааст. Соли 1962 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров)-ро хатм намуда ва дар ин ҷо ба сифати устоди забону адабиёт ифои вазифа мекунад.

Сипас вай ба Душанбе, маркази ҷумҳурии Тоҷикистон, омада ва дар нашрияву матбуъоти адабӣ ва давлатии кишвар дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Дар охири умр ба Хуҷанд, шаҳри айёми ҷавонияш, кӯч баст ва дар он ҷо мадфун аст.

Фаъодияти адабии вай аз солҳои шасти қарни гузашта бо навиштани шеър оғоз шудааст. Аввалин намунаҳои шеъри ӯ, ки ба мавзӯъи ишқу муҳаббат, ранҷу кайфияти ошиқона, дӯст доштани диёр ва мавқеъи иҷтимоъии инсон бахшида шудаанд, дар маҷмӯъаҳои "Розҳои моҳтобшаб" (1967) ва "Силсила" ба табъ расиданд.

Муҳиммтарин хусусияти ашъори ӯ самияти баёну ифода будааст. Баҳром Фирӯз баъдҳо низ ба шеъру тарҷумаи осори назмӣ даст зад, ки ин шеъру манзумаҳо дар китоби "Тафти дил" гирд омадаанд. Аммо Баҳром Фирӯз баъди зиёда аз даҳ соли эҷоди шеър ба таълифи асарҳои насрӣ гузашт. Аввалин достони хурди (ҳикояи) ӯ "Бобо" ном дошт, ки соли 1970 навишта буд ва танҳо соли 1972 аз чоп баромад. Ғайри интизор ин ҳикояро чи аҳли адаб ва чи мунтақидони адабӣ хуш пазируфтанд. Ин ҳолат бовари Баҳром Фирӯзро ба таълифоти насрӣ тақвият дод ва дар натиҷа вай ба таври ҷиддӣ ба насрнависӣ машғӯл гардид.

Дар ин маврид ҳамин нуктаро метавон ёдовар шуд, ки шояд дар ҷибиллати ӯ ҳунари насрнависӣ бештар мақом дошт ва ё имконияти насрро барои ифодаи андешаву афкор ва дағдағаҳои худ мувофиқ ёфт, ки ӯ баякборагӣ ба эҷоди достонҳои хурду бузург пардохт ва дар ҷараёни адабии рӯз, бахусус дар пояи сабку савияи насри муъосири тоҷикӣ, мақоми хоссаеро пайдо намуд. Осори насрии ӯ дар китобу маҷмӯъаҳои ҳикоёти "Пайи ситора", "Ганҷ дар вайрона", "Ҳақиқати талх", қиссаҳои "Рухсора", "Ту танҳо не", "Ситораи думдор", "Тарма", "Агар вай мард мебуд", достони баланди (румони) "Ғафлатзадагон" ва бисёри дигар гирд омадаанд.

Аз нахустин маҳосини насри ӯ ҳамин аст, ки вай тавассути осори насрӣ – чи достони хурд ва чи достонҳои мутавассита (қиссаҳо) ба масоили муҳимми ҳастии инсон, ки шараф ва ҳимояти одамият аст, мутаваҷеҳ будааст ва ҷараёни ташаккули як инсонро барои расидан ба ахлоқи ҳамида ва некӯкорӣ, аз як ҷониб ва ҳамчунин танқиду инкори бадӣ ва бадхислатиро, аз ҷониби дигар, мавриди тасвир қарор додааст.

Масалан, шахси аввали достони хурди "Ҳақиқати талх" кӯдаки хурдсоле ба умеди он, ки саги дӯстдоштааш дар ҳифзи гӯсфандон манфиъатовар аст, онро ба чӯпон фурӯхт, аммо чун падараш ӯро мазаммат менамояд, ки фақат инсони "нокас дӯсташро мефурӯшад", аз карда пушаймон мешавад ва ин ормон барои як умр дар дилаш мемонад.

Нависанда дар ин маврид бачаро насиҳате накардааст, вале худи ӯ ба кунҳи ҳикмати халқ расидааст, ки одам аз дӯсташ ба осонӣ ҷудо нахоҳад шуд. Маҳз ҳамин нукта боъиси андешаи қаҳрамон гардидааст ва таъсири он ба хонанда низ хоҳад гузашт.

Ё ин ки Комил-полвон, шахси асосии достони хурди "Гӯштигирӣ", чун эҳсос намуд, ки шогирдаш Сангин дар набард рафтори нораворо истифода мекунад, ба дилаш ин андеша гузашт, ки: "Усули гӯштиро ёд додан кам аст, одамию одамгарӣ, ҷавонмардию тандеҳиро ёд додан даркор…"

Қайд намудан лозим аст, ки Баҳром Фирӯз дар ин тарзи гузориши масоили ахлоқиву маънавӣ ва равонӣ бо нависандагони ҳамзамони худ, монанди Фазлиддин Муҳаммадиев, Урӯн Кӯҳзод, Саттор Турсун, Сорбон, Абдулҳамиди Самад, ҳамъақида будааст, ки эшон тавассути эҷоди дастҷамъонаашон ба насри тоҷикии ахлоқиву равоншинохтӣ ва андешапарвар замина гузоштанд. Аксарияти шахсиятҳои асарҳои Баҳром Фирӯз бо амалҳои некӯ ва ибратбахши худ хонандаро ба андеша сари одаму одамгарӣ вомедоранд. Ҳамин тавр аст кӯшишу талоши қаҳрамони қиссаи (достони мутавассити) "Рухсора", ки дар роҳи расидан ба ишқи поки худ ва садоқат ба дилдодааш то охир кӯшишу ҷадал мекунад ва мушкилиҳои урфиро паси сар карда ва ба мақсади худ мерасад.

Ин ҷо лозим аст, ки боз аз хусусияти дигари насри Баҳром Фирӯз ёдовар шавем. Ин ҳам бошад асосу заминаи тарҷумаиҳолӣ (биогрофӣ) доштани онҳост. Хонанда аз ҳамон ҳикояи нахустини "Бобо" пай мебарад, ки он дар зимни таҷрубаи шахсӣ навишта шудааст.

Маҳосин ва ё ҷиҳати ҷолиби диққати ин гуна осор он аст, ки ҳамаи ҷузъиёти он ҳаётӣ ва воқеъӣ ҳастанд, бинобар ин боварибахш мебошанд. Вале нависанда бо ҷузъиёти муқаррарӣ ва воқеъаҳои ҳаррӯза имкон меёбад аз масъалаҳои муҳимми зиндагӣ сухан ба миён оварад.

Бинобар ин, андеша дар сари онҳо боъиси баёни маъниҳои ба назар пинҳон ва гузориши масъалаву мушкилаҳои ҳаёт мегардид. Бояд гуфт, ки ин тарзи гузориш ва ҳалли қазияҳои зиндагӣ дар он даврон он қадар ба доираҳои расмӣ хушоянд набуд.

Аз ҷумла, қиссаи "Тору пуд", ки дар асоси як воқеъа аз сафари муаллиф ба майдон омадааст, аз ҳамин қабил асарҳо ба шумор меояд. Масалан, қаҳрамони қисса Даврон, ки бо аҳли оилааш дучори сонеҳа шуд, вале ба қавле ба ҳилаву найранги бадгуҳарон гирифтор шуд, қариб буд, ки ин гурӯҳ ӯро гунаҳгор кунанд.

Аммо нависанда аз номи қаҳрамон чунин натиҷа мегирад, ки: "Ба ҳамаи ин пасту баландиҳо худамон гунаҳкор… Нуқсонро, ҷиноятро мебинему "ба ман чӣ" гуфта чашм пӯшида мегузарем."

Оре, ҳамин бетарафӣ буд, ки дар ҷомеъаи собиқ Шӯравӣ гоҳ-гоҳе мардум ба масали "гунаҳгорони бегуноҳ" монанд ба вазъиятҳои ногуворе меафтиданд ва нависанда бошад, ба назари доираҳои расмӣ хуш намеомад. Агар амиқтар назар кунем, румони "Ғафлатзадагон" киноя ё таъзири сахтест нисбат ба вазъи нобаҳинҷори афроди ҷомеъаи онрӯзаи Шӯравӣ

Ин хусусияти асарҳои насрии Баҳром Фирӯз аз ҷониби мунтақидон хуш пазируфта шуда буд. Аз ҷумла, яке аз мунтақидони пешрав, Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, дар китоби худ "Мактаби одамият", ки соли 1991 чоп шуд, дар ин бора менависад: "Чунонки шахс дар назди ҷомеъа ҷавобгар аст, ҷамъият ҳам барои ҳар як фард ва сарнавишти ӯ масъулият дорад. Чигунагии ташаккули шахсияти инсон, чӣ хусусиятҳо пайдо кардани роҳи ҳаётии одам на фақат ба худи ӯ, балки ба муҳити иҷтимоъӣ ҳам вобаста аст ва агар инсон ба роҳи бад дарояд, як қисми гуноҳ ба гардани ҷамъият ҳам мефарояд, ҳатто мумкин аст, ки гуноҳ тамоман ба гардани ҷамъият бошад."

Дарвоқеъ, тамоюли асосии мӯҳтаво ва дарунмояи осори достонии Баҳром Фирӯзро ҳамин нияти ҷиддӣ ташкил намудааст.

Баҳром Фирӯз ба ҷуз ин ба масъалаҳои экологӣ, ҳифзи табиъат, муносибати дилсӯзона ба он низ диққат ҷалб намудааст, ки ин дар қиссаи "Ту танҳо не" ифода ёфтааст. Аммо дар ин маврид ҳам омили асосии ҳамаи бадӣ ва некиҳо дар олами табиъат инсон ва амали он ба шумор оварда шудааст.

Агар сухан дар бораи қаҳрамонони насри нависанда равад, онҳо аз кӯдакони хурдсол то мӯйсафедони ҷаҳондидаву таҷрибаандӯхта, аз аҳли зиё то кормандони расмии ҳукумат, аз донишҷӯ то аҳли илму тадрис ва ғайраро фаро гирифтааст.

Чунонки аз гуфтаҳои болоӣ маълум мешавад, мӯҳтавои ин асарҳоро воқеъаву ҳодисаҳои зиндагонии хонаводагӣ, маъишати мардум, муносибати инсони муқаррарӣ ва доираҳои расмӣ, одамону олами гирду атроф, табиъат ва ҳифзи он фаро гирифтааст. Аз ин мӯҳтаво пайдост, ки Баҳром Фирӯз дар тасвир ба нигориши воқеъгароёна, ба ҳаводиси муқаррарӣ бештар майл дорад. Яъне вай дар услуби реалисми муқаррарӣ асар эҷод мекард, ки асосан аз ҷузъиёти зиндагӣ, шахсияти алоҳида ва кӯшиши ба вуҷуд овардани масъала ва манзараҳои таъмимии зиндагӣ ба ҳам омада, қонунияти ҳаракати ҷомеъаро ба самти неку бад ифода мекард. Сабки нигориши ӯ низ орӣ аз тасвирҳои хаёлангези сурреалистӣ ва маҷозу намод буда, суханаш бештар содаву фаҳмо, вале орӣ аз сактаҳо мебошад. 

Вай дар тасвири бадеъӣ аз намунаҳои адабиёти гузашта, аз пораҳои шеърии Фирдавсӣ, Саъдӣ ва Ҳофиз, ривоят аз рӯзгори бузургон ва латифаву суханони ҳикматомез фаровон истифода мекунад.

Ин чунин маънӣ дорад, ки ҳам сухани нависанда ва ҳам андешаву ормонҳои шахсиятҳои асари ӯ дар заминаи суннатҳои миллӣ ва мардумӣ сурат гирифтаву ҷараён доранд. Баҳром Фирӯз ба ин маънӣ дар тақвияти ҷанбаи миллии насри воқеъгарои тоҷикӣ саҳми чашмрасе гирифтааст. Дар айни замон бояд гуфт, ки ӯ дар кори тарҷумаи адабӣ, бахусус баргардони осори синемои ҷаҳонӣ ба забони тоҷикӣ саҳм гузошта ва ба ҳамин тартиб дар ғанӣ гардидани адабиёту фарҳанг ва забони форсии тоҷикӣ низ саҳим будааст.

Бинобар сифатҳои мазкур имрӯз ҳам навиштаҳои ин нависанда, шоъир ва тарҷумони хушзавқ дар байни хонандагони тоҷик ва фосизабон машҳур аст, онро мутолеъа мекунанд ва ёдбудашро ба ҷо меоранд. Яъне ӯ дар дили хонандагон ва ҳаводорони худ ҳамеша зинда аст.

Абдухолиқи Набавӣ

мунтақиди адабӣ, Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi