11:40:55 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"Куллиёти осор"-и профессор Абдулманнон Насриддин муаррифӣ шуд

Китобхонаи миллии Тоҷикистон "Куллиёти осор"-и шодравон профессор Абдулманнон Насриддинро, ки ахиран интишор ёфта буд, муаррифӣ кард. Асари ҳафтҷилдаи олими баруманд кулли рисолаҳои пажуҳишии эшонро, ки баъзе замоне чоп шудаанд ва баъзеи дигар ҳанӯз интишор нашуда буданд, дар бар гирифтааст. Ҳамчунин хотироту ёддоштҳои то ба имрӯз чопнашудаи олими машҳур гирдоварӣ ва ҷо дода шудаанд.

nasruddinov 45455Профессор Абдулманнон Насриддин 20-уми ноябри соли 1953 дар ҷамоати деҳаи Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омада, таҳсилоти ибтидоиро дар мактаби зодгоҳаш гирифтааст. Вай соли 1974 Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинободро бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷик хатм намудааст. Фаъолияти кориаш аз рӯзномаи "Маҳорати педагогӣ" чун муҳаррир оғоз шуда, солҳои 1975-1976 дар сафи артиш хизмати аскарӣ кардааст. Баъди хизмат то ба охири умраш дар факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров омӯзгор, дотсент, мудири кафедра ва декан буд.

Соли 1983 рисолаи номзадӣ ва соли 1990 рисолаи доктории худро марбут ба мавзӯи фарҳангнигорӣ ва шарҳнигорӣ дифоъ кард.

Профессор Абдулманнон Насриддин муаллифи 25 монография, аз қабили "Шарҳнигорӣ дар адабиёти форсу тоҷик", "Донишмандон ва сухансароёни Хуҷанд", "Достонҳо аз "Бӯстон"-и Саъдӣ", "Шарҳи "Гулистон"-и Саъдӣ", Фарҳанги тафсилии "Шамс-ул- луғот", Фарҳанги мушкилоти адабиёт, "Сухани фаришта", "Сеҳри мубин" ва беш аз 500 мақолаю рисолаҳои илмӣ буда, яке аз маъруфтарин адабиётшиносон ва муҳаққиқони адабиёти класскии тоҷик ба шумор меравад.

Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон ба профессор Абдулманнон Насриддин ҳамроҳ бо ду тани дигар аз устодони барҷастаи забон ва адабиёти форсӣ дар саросари ҷаҳон, ҷоизаи "Чеҳраи боризи забон ва адабиёти форсӣ"-ро эъто карда буд.

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Замира Ғаффорова дар хотироташ менависад, ки "соли 2003 аз ҷониби Абдулманнон Насриддин китобе бо номи "Донишмандон ва сухансароёни Хуҷанд" рӯи чоп омад, ки дертар бо номи "Тазкираи шоирони Хуҷанд" ду маротиба ба хатти форсӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон чоп шуд, ки воқеан ин дастоварди беназире дар шинохти ҳавзаи адабии Хуҷанд дар қаламрави таърих маҳсуб меёбад".

 Шоҳмансури Шоҳмирзо, пажуҳишгари тоҷики муқими Теҳрон мегӯяд, устод Абдулманнон Насриддин шахси хеле мутавозеъ, донишманд ва дарёдил буд. Шоҳмансури Шоҳмирзо, ки ахиран бо "Рӯзгор" суҳбат мекард, гуфт: "Аз сафари Эрон ҳама писта мебурданд, устод Насриддин даста-даста китоб мекашиданд. Мактаби шарҳнависиро дар Тоҷикистон асос гузоштанд, ки собиқа надошт. Дар амри муаррифии чеҳраҳои фарҳангии Тоҷикистон ва минтақа дар Эрон даҳҳо мақолаҳо ва рисолаҳо навишта буданд. Эшон дар китобашон "Ошноӣ бо тарҷумаҳои Қуръон дар Эрон ва Тоҷикистон" ва мақолаашон "Тарҷумаҳои варорудӣ ва шарҳҳо дар феҳристи библиографии Чарлз Сторӣ" маълумотҳои ҷолибе дар бораи таърихи Қуръон ва як қатор шарҳҳо дар асрҳои Х-ХII овардаанд, ки арзиши бебаҳои илмӣ доранд".

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi