05:44:03 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Пушкин ва шеъри форсӣ

Маҳмадёри Шариф, барои "Рӯзгор"

Александр Сергеевич Пушкин аз серхонандатарин адибони дунё ба ҳисоб меравад. Ашъори ҷаззобу дилнишинаш ба даҳҳо забонҳои дунё тарҷима шуда, боиси дилшодии хонандагонаш шудааст. Асарҳои ӯ дар замони шӯравӣ ба забони тоҷикӣ ҳам хеле зиёд  тарҷума шуда буданд. Аз мутолиаи осори Пушкин маълум мешавад, ки шоир ҳанӯз дар оғози фаъолияти эҷодиаш аз адабиёти форсу тоҷик то андозае огоҳӣ доштааст. Аз достони "Евгений Онегин" маълум мешавад, ки ӯ бо осори яке аз симоҳои бузурги адабии Шарқ ва ҷаҳон Саъдии Шерозӣ хуб ошноӣ доштааст. Чунончи, вай дар хотимаи ин достон аз ӯ ёд мекунад.

foto pushkin 454554Пушкин осори адабии дар Аврупо нашршударо ба зудӣ дастрас намуда мутолиа мекардааст. Шояд тавассути ин осор ва матбуоти даврӣ бошад, ки вай аз сафари  Ҳуте (Гете) ба вилояти Форс огоҳӣ пайдо кардааст. Чуноне ки маълум аст, Ҳуте 12 сол дар Шероз зиндагӣ кард, забони форсӣ омӯхт, бузургони адабиёти форсу тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи адабии устони Форс - Саъдӣ ва Ҳофизи Шерозиро арҷгузорӣ намуд. Ин ва дигар рӯйдодҳои адабӣ Пушкинро водор карда буданд, ки аз ин адабиёт ва аз шахсиятҳои он бештар маълумот пайдо намояд.

Муҳаққиқони ҳаёт ва фаъолияти илмиву адабии Пушкин муайян намудаанд, ки дар охири солҳои 20-уми асри XIX  Пушкин донишманди забон ва адабиёти форсӣ Мирзо Козимбекро, ки баъдан (соли 1835) узви вобастаи АИ Русия интихоб шуда буд, даъват намуда, аз ӯ хоҳиш кардааст, ки чанде аз ашъори шоири машҳури форсу тоҷик Ҳофизи Шерозиро ба ӯ тарҷума кунад.

Козимбек, ки бо худ девони Хоҷа Ҳофизро оварда будааст, ин хоҳиши Пушкинро ба ҷо меоварад. Пушкин аввал ба қироати форсии Козимбек гӯш дода, пас аз он ба тарҷимаву тафсири байтҳо диққат мекард. Ба ҳар ташбеҳу истиора, маҷозу киноя эътибор медод ва аз рамзиёти ашъори шоир хулосаҳо мебаровард. Чанд муддат давом кардани суҳбати онҳо ба мо маълум нест, вале пас аз хайрухуш Пушкин бо илҳоми тоза аз пайи эҷоди шеъре мешавад, ки баъдтар бо номи "Аз Ҳофиз" ё "Илҳом аз Ҳофиз" машҳур мегардад. Шеър ин аст:

Аз Ҳофиз

Машав мағрур аз он шуҳрат, ки дорӣ,

Ало зебо ҷавони неку хушкор.

Мазан бар ҷанги хунин ҷони худро,

Қаробоғ ар бувад майдони пайкор.

Чу Азроил миёни ҷангу куштор,

Бубинад рӯи хубатро ба такрор,

Таваққуф мекунад дар ғасби ҷонат,

Шавад мафтуну баргардад ба зинҳор.

Вале тарсам миёни ҷанги мудҳиш

Шавӣ маҳрум алорағме аз озарм.

Зи рафтори накӯву хоксорӣ,

Зи фаттониву ҷаззобиву ҳам шарм.

Агар ба мазмуни шеър диққат кунем, маълум мешавад, ки сухан дар бораи кадом як ҷавоне меравад, ки ӯ азми корзори Қаробоғ дорад ва ин корзор дар сарзамини Қафқоз ҷойгир аст. Шоир ҳарос аз он дорад, ки ин "зебоҷавони неку хушкор" дар ин корзор бо ҷангафзор медарояд ва он лутфу зебоиро дар миёни ҷангу куштор аз даст медиҳад. Дар асл истифодаи ин усул истифодаи як навъи маҷоз аст. Яъне, шоир дар мавриде  ки як чиз мегӯяд, чизи дигарро дар назар дорад.

Пушкин ин усул (приёми) и адабиро дар дигар маврид низ хеле устокорона ба кор бурдааст. Масалан, дар мавриди иншои шеъри "Бари фаввораҳои сарду форам", ки ба шоири литвониасли полшагӣ Адам Митскевич бахшида шудааст, вай ба эҷодиёти дӯсташ Митскевич баҳои баланд медиҳад. Шоир дар ин шеъраш аз ҳамин усул истифода бурда, номҳои хонҳои Қрим Гиреиҳо ва номи шоири шаҳири форсу тоҷик Саъдии Шерозиро зикр мекунад. Шеър ин аст:

Бари фаввораҳои сарду форам,

Ки нам дар рӯи девори бараш буд.

Ба доро шеър мехондӣ суханвар,

Садои дурри ғелон ҳампараш буд.

Кашида риштаи базмаш ба шадда

Ҳамоил карда он дастони пурзар.

Ба таъриф баста марҷоне, чи шаффоф,

Ҳама дар  сабҳаи дониш муҷовар.

Чу Саъдӣ пайравон дорад басе ӯ,

Қримро бас азиз донанд дар Шарқ.

Дар  ин ҷо карда во дафтари дил,

Ки Боғчасарой дар ҳайрат шудӣ ғарқ.

Ҳикояташ чу қолиҳои арман

Ба маъраз густурад баҳри намоиш.

Аҷаб ороише дар хони ҳашмат

Гиреиро зиёфат, ҳам ситоиш.

Вале аз шоирон бо дилрабоӣ,

Ки эшонрост сеҳру илм чандин.

Намедонист офаридан ҳарфи дилҷӯ,

Чунин шеъре ё ҳикоятҳои ширин.

Фаросатманданду ҷодуанду моҳир,

Ҳама он шоирони мулки эъҷоз.

Дар он ҷое, ки мардонаш вахиманд,

Валекин занҳошон ҳуранду танноз.

(Тарҷимаи шеърҳо аз Нерӯи Шариф)

Дар ҷои дигар қабл аз оғози манзумаи "Фаввораи Боғчасарой" чунин эпиграф оварда шудааст: "Многие также как и я, посещали сей фонтан; но иних уже нет, другие странствуют дальше. Сади.

Маълум шуд, ки Пушкин дар ин эпиграф мазмуни байтеро аз китоби "Бӯстон"-и Саъдӣ овардааст, ки он дар боби якуми китоби нашри тоҷикии "Бӯстон" сабт шудааст. Байт ин аст:

Бар ин чашма чун мо басе дам заданд,

Бирафтанд чун чашм барҳам заданд.

Ногуфта намонад, ки дар манзумаи "Фаввораи Боғчасарой" низ ба мисли шеъри боло лаҳзаҳо аз ҳаёти хони Қрим-Гирей оварда шудааст.

Дар шеъри дигар Пушкин аз "ҷомаи бухороӣ" ёдовар мешавад, ки ин ҳам як далели шайъие дар бораи иттилооти шоир оид ба ҳаёти мардуми Осиёи Миёна аст.

muhammadyor-sharif-444Дар ин маврид инро ҳам ёдовар шудан мехоҳам, ки боре бо як хешовандам, ки Би-Истади Малик ном дорад, вохӯрдам. Вай ҳикоят кард, ки чанде пеш бо аҳли оилаашон дар Қирғизистон, дар истироҳатгоҳ будааст. Боре, гуфт ӯ, суҳбати тоҷикии моро шунида, марди фаронсавие, ки забони форсиро хуб медонист, бо мо дар суҳбат шуд. Дар аснои суҳбат маълум шуд, ки ин сайёҳ дувоздаҳ сол қабл аз ватанаш берун омада то ин замон ба сайёҳати дунё машғул будааст.

Вай дар суҳбат ёдовар шудааст, ки забони форсии тоҷикӣ яке аз забонҳои ширинтарини дунёст. Меҳмон илова намудааст, ки ҳангоми сайёҳати давлати Русия, чунин иттифоқ афтодааст, ки рӯзе ӯро зиёрати осорхонаи Пушкин муяссар шудааст. Раҳнамои осорхона дар мавриде аз огоҳии Пушкин дар бораи латофати забони русӣ суҳбат намуда, ҳуҷҷатеро  нишон додааст, ки дастнависи Пушкин будааст.

Дар он аз хусуси назокати забонҳои англисӣ, арабӣ ва форсӣ сухан рафтааст. Аз ҷумла, дар он чунин андешаҳои заковатмандонаи ӯ сабт шуда будааст: (мазмунан) …агар хоҳӣ, ки суҳбати дилпазир кунӣ, пас бо забони инглисӣ суҳбат бикун ва агар хоҳӣ дуоеро бо қироати шево шунавӣ, онро бо забони арабӣ шунав ва агар хоҳиши хондани шеъри хуб дорӣ, онро бояд бо забони форсӣ бихонӣ.

Мутаассифона, сайёҳи фаронсавӣ манбаи дақиқи ҳуҷҷатро бо нишондоди рақами инвентарӣ, папка ё ҷузъдон, рақами саҳифа ва ғайраро сабт накарда будааст, аз ин рӯ, дигар дар ин бора аз ин зиёда чизе гуфта наметавонем. Вале, далели он ки Пушкин аз салосату фасоҳати забони форсии тоҷикӣ огоҳӣ доштааст, ҷои шубҳа нест. Чунонки маълум мешавад, дар осори чопшудаи шоир низ баъзе аз чунин мисолҳоро дарёфт кардан мумкин аст. Ва аммо чун мазмуни боло дар қолаби шеър омад, овардани чанд байти онро ин ҷо муносиб донистем:

Навишта чанд ҳарф аз дасти Пушкин

Ки монда ёдгор он хатти мушкин…

"Агар хоҳӣ, ки ҳамсуҳбат шавад мум,

Ба лафзи ингилис мекун такаллум,

Агар дорӣ дуое хуш таманно,

Арабро хушқироат дон ҳамоно.

В-гар ҳоҳӣ, ки шеъре хуб хонӣ,

Забони порсӣ бояд бидонӣ".

Дуруде бар равони поки шоир,

Ки ин ҳикмат аз ӯ монад фарогир.

 Гул

Гули хушкидаву берангу бӯе

Даруни дафтаре дидам баногоҳ.

Чу розомӯзи ғарқ андар хаёле,

Тахайюлро бад-он бурдам чу огоҳ.

Куҷо бишкуфтаву кай чида гашта,

Чи муддат руста андар навбаҳорон.

Чи дасте ҳам варо ин ҷо раҳо кард

Ҳувайдо буд ё аз дида пинҳон?!

Нишон аст он магар аз васли ширин,

Ва ё ҳиҷрон задаш теша ба реша?

Ва ё сайёҳи танҳояш биёвард,

Зи майдон аст ё аз қалби беша?

Магар он ошиқон ҳоло ҳаётанд?

Чӣҷое ҳаст ҷои зисти эшон.

Ва ё афсурдаву пажмурда гаштанд,

Чу ин гул андаруни рози пинҳон.

 Шуморо нағз дидам…

Шуморо нағз дидам: ишқ боқист,

Муҳаббат аз дилам берун нарафта,

Намехоҳам, ки бошӣ боз маъюс

Ба ғам печидаву бо дард хуфта.

Манат ошиқ будам ҳайрону дилгир,

Хиҷолатманду ҳам аз рашк хаста.

Чи ишқе, он пур аз меҳру латофат,

Чунин ёре куҷо ёбӣ хуҷаста.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №29, 18 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi