12:33:24 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Нуруллоҳ Абдуллоҳ: "Мо бо Лоиқ дар бобати ишқ суҳбатҳои зиёд доштем" – II

(Идомаи суҳбат)

-Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи театри тоҷик дар суҳбате, ки дар маҳфили "Гуфтугӯи тамаддунҳо" дошт гуфт, ки давоми ин чанд соли ахир аз осори аҳли қалами Тоҷикистон асареро дучор наомадааст, ки инсонро муассир гардонад ва то чанди рӯзи баъд ҳам ба руҳияи кас таъсир дошта бошад. Гумон мекунам ин сухани ӯ албатта ба драматургон ҳам дахл дошт. Шумо ба вазъи имрӯзи драматургияи миллии мо чӣ баҳо медиҳед?

1 nurullo 12544545-Драматургия умуман дар адабиёти мо жанри навтарин аст. Дар ин адабиёти ҳазорсола драматургия баробари театр пайдо шудаву қабл аз ин вуҷуд надошт. Ва шояд на ҳама ба он дар ҳақиқат одат кардаанд. Гапи Барзу дуруст аст. Вале боз чизи дигар ҳам ҳаст. Русҳо мегӯянд коргардони хуб ҳамон коргардонест, ки китоби таомҳоро мегираду аз рӯйи он спектакли хуб мемонад ё коргардони хуб ҳамон коргардонест, ки китоби рақамҳои телефонро гирифта, аз рӯйи он намоиш таҳия мекунаду ба саҳна мегузорад ва мардум онро тамошо мекунанд. Боз драматургия миллат надорад. Шекспир драматурги тоҷик аст, осори ӯро ба саҳна гузор. Фирдавсӣ драматурги тоҷик. Бузургони мо кам ҳастанд? Бояд осори онҳоро рӯйи саҳнаи театр овард.

-Ин корро устод Фаррухи Қосим карда буд. "Юсуфи гумгашта" ва дигар спектаклҳои ӯҷаҳонро тасхир карданд…

-Театре, ки Фаррух кушод ва чанд намоишномае, ки дар он театр таҳия кард, воқеан хеле муваффақ буданд. На Фаррух драматург аст на он шоирони классике, ки Фаррух аз ашъори онҳо кор бурд. Фаррух спектаклҳои хуб сохта тавонист-ку! Албатта, Барзу хеле коргардони барҷаста аст. Фикрҳояш ҳам фикрҳои хуб ҳастанд. Вале ба умеди драматургияи миллӣ шуда нишастан ё онро танқид кардан, ки мо драматургия надорем, аз ин вақти вай хуштар мешавад?

Бо "надорем" гуфтан чизе тағйир намеёбад. Ҳарчӣ, ки барояш писанд меафтад, гираду рӯйи саҳна оварад. Ва ин корро мекунад ҳам Барзу. Масалан ӯ дар театри мо пеш аз "Хизматгори ду хоҷа" намоиши "Маликаи Турандод"-ро ба саҳна гузошта буд. "Маликаи Турандод" дар асри шонздаҳ навишта шудааст. Аслан ҳамон Турандод Тӯрондухт аст. Вақти таҳияи ҳамин намоиш ман ба Барзу гуфтам, ки ин асар аз адабиёти мо дуздида шудааст.

Драматурги номие чун Карло Готси инро аз адабиёти классикии мо гирифтааст. Барзу ба ин сухани ман хандид. Рӯзи дигар  китоби Хрестоматияи адабиёти синфи нуҳум, ки ман дар даврони мактабхонӣ хонда будаму дар хонаи ман маҳфуз буд, назди Барзу бурдам. Дар ҳамон китоб ин песа ҳаст ва Авфии Бухороӣ онро дар асри даҳ навиштааст. Комилан ҳамон песа. Ба Барзу гуфтам, ки "ана гиру хон".

-Яъне Шумо ба он андеша ҳастед, ки бояд рӯй биёварем ба осори классиконамон ва аз рӯйи онҳо спектаклҳо таҳия намоем?

- Бале, Умари Хайём рубоие дорад, ки ин гуна аст:

Мо луъбатаконему фалак луъбатбоз,

Аз рӯйи ҳақиқат, на ки аз рӯйи маҷоз.

Бозича ҳамекунем бар натъи вуҷуд,

Як-як ба сандуқи азал афтем боз.

Тарафҳои фалсафии ин рубоиро як тараф мегузорем ҳамин тавр нигоҳ кунем, мефаҳмем, ки Хайём дар ин рубоӣ дар бораи театри лухтак гап мезанад. Яъне ки луъбатбоз ҳамонест, ки луъбатҳоро бо ангушт медораду рӯйи намад онҳоро бозӣ медоронад ва баъди он, ки намоишро тамом кард, ҳамаи лухтакҳояшро ҷамъ мекунаду дар сандуқ меандозад. Ман ба он боварам, ки Хайём дар асри худ аллакай аз вуҷуди театр ва театри лухтак огаҳ буд.

Барои чӣ масалан аз рубоиёти Хайё спектакле насозем, ки гирди ҷаҳонро гардад? Ман ҳам метавонам гӯям, ки мо режиссёри бақуввате надорем, ки ба осори бузургонамон таваҷҷуҳ бикунад. Аммо боз мегӯям, ки бо мо надорем гуфта нишастан ҳеҷ пешравӣ дар ин самт намешавад. Баъдан драматургҳо ҳам ҳастанд, аммо роҳҳои ҳавасмандкунии драматургон дар кишвари мо нест. Он маблағе, ки ба драматург барои заҳмати тӯлонияш медиҳанд, ӯро розӣ карда наметавонад. Аз ин рӯ наменависад. Зеро ӯ ҳам оила дорад ва мехоҳад оилааш таъмин бошад.

- Шумо муҷрӣ ва таҳиякунандаи барномаи панду ахлоқӣ ё худ насиҳатии "Беғараз панд" дар Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон ҳастед. Ман гумон мекунам, ки дигар мардуми мо насиҳатро қабул намекунад… Устод Урун Куҳзод гуфта буданд, ки насиҳат то ҷойе паст задании шаъни ҳамсуҳбат ҳам ҳаст. Дар ин бобат чӣ мегӯед? "Беғараз панд" оё бинандаи зиёд дорад ё чӣ Шуморо такон медиҳад, ки ҳар ҳафта ин гуна як барномаро таҳияву пешкаши бинандагон гардонед?

2 nurullo 12544545- Ман кор надорам, ки насиҳатҳое, ки ман дар барномаи телевизионии "Беғараз панд" мегӯям, ба гӯши чанд кас мерасад. Бисёриҳое ҳастанд, ки бо чашм гӯш мекунанд ва хондан барои онҳо хеле амали вазнин ҳам менамояд. Ба таври мисол агар як миллион нафар дар Тоҷикистон барномаҳои Шабакаи аввалро пайваста тамошо бикунанд ва дар байни онҳо як нафар бошад, ки баъди барномаи мо ба модари худ бо чашми дигар нигарад, ман аллакай аз ин хурсанд мешавам. Барои ман ва иштирокчиёни дигари ин намоиш бисёр маблағи кам медиҳанд. Ин он маблағе нест, ки барои он шуда, инсон раваду вақти зиёди худро сарф кунад. Лекин ман ба умеди он як нафаре, ки насиҳату маслиҳати мо барояш муассир мегардад, кор мекунам.

-Дар ин чанд соли охир дар театру синамои мо чӣ чизҳои тозаеро дидед ва кадоме аз онҳо ба Шумо писанд омад?

-То имрӯз мо на қонуни театр ва на қонуни синамо дорем. Ин чиз гӯё ки вуҷуд надорад ва дар ин майдони беқонунӣ аз тарафи роҳбарони хурдакак (манзури устод роҳбарони сатҳи поёнӣ) хеле корҳои ноҳинҷоркунанда ҳам карда мешавад. Ба ин чиз аҳамияти бештар бояд зоҳир кунем. Бубинед, замоне хонаҳои истиқоматии актёрони мо дар шафати манзили роҳбарони кишвар буд. Ҷаббор Расулов, Раҳмон Набиев, Аслӣ Бурҳонов, Муҳаммадҷон Қосимов, София Тӯйбоева ва Ғанӣ Абдулло дар як кӯча зиндагӣ мекарданд. Яъне роҳбарони мамлакат ба ҳунармандону актёрон таваҷҷуҳи хос зоҳир мекарданд.

Ҳамчунин ман гумон мекунам, ки имрӯз тамоми адибону ҳунарпешагони мо ниёз ба он доранд, ки атрофии як мизи мудаввар ҷамъ шаванд ва як баҳси хеле тӯлонӣ созмон бидиҳанд. Ин ҳам дар ҳақиқат бе дастгирии боло намешавад. Гарсиа Маркес Лорка як сухани бисёр аҷиб дорад. Ӯ мегӯяд, ки "миллате, ки театр надорад, он миллат нест, ё миллатест, ки рӯ ба таназзул ниҳодааст". Имрӯз сатҳи намоишномаҳои театрҳо хеле поён рафтааст, тамошобин гум шудаааст, на эълоннома аст, на кассаҳои театр кор мекунанд. Аммо ба ҳар сурат ба ҳамон театре, ки саҳнаи хуб таҳия мекунад, мардум мераванд.

-Баъдан, аксаран спектаклҳои мо дар театрҳо соати шонздаҳ оғоз мешаванд. Замоне ки ҳанӯз соати корӣ дар корхонаҳо тамом нашудааст…

-Дар тамоми ҷаҳон намоишнмаи театрӣ соати ҳафту ними бегоҳ оғоз меёбад. Яъне агар кор то соати панҷ бошад, он одаме, ки ба театр чипта харидааст, бояд ба хонааш равад, ғизо хӯрад ва баъд омада намоишномаро бубинад. Барои ҷорисозии ин иқдом лозим аст, ки тамоми шароитҳои шаҳрӣ, махсусан нақлиёт ба сокинон дастрас бошад.

Албатта, дар ин марвид бисёр кор мекунанд. Ду сол пеш вақте гуфтем, ки намоишнмаҳоро бегоҳӣ, баъди соати ҳафт гузорем, Раиси муҳтарами шаҳр фармон доданд, ки автобусҳо дар назди театрҳо рафта истанд, то онҳое ки ба театр омадаанд, баъди тамошои спектакл муддати зиёд дар кӯча воситаҳои нақлиёти ҷамъиятиро интизор нашаванд. Ин тарафаш аз худи театрҳо вобаста. Яъне, онҳо оё намоишномае доранд, ки соати ҳафту ними бегоҳ мардумро аз пеши телевизор ва хонаи гарму рохат канда, ба театр биёрад?

-Шумо дар як мусоҳибаатон гуфта будед, ки дигар ишқи ман байни мардум паҳн шуда ва хурду калон онро медонанд. Устод Нуруллоҳ Абдулло дар айни камолоти синниву ҳунарӣ ба ҳамон ишқи овони ҷавонияшон чӣ гуна нигоҳ мекарда бошанд?

- Ишқ як беморие аст, ки на ягон табиб ва на ягон мулло онро табобат карда наметавонад. Ин он ёдест, ки фақат бо туст ва ман гумон мекунам, ки барои шахси сеюм ба онҷо роҳ нест. Шахси сеюм ишқи байни ду нафарро дарк ҳам карда наметавонад. Ва ҳамин ёди ишқи ҷавонӣ бештари мӯйсафедонро ба по нигоҳ медорад. Мо бо устод Лоиқ дар бобати ишқ суҳбатҳои зиёд доштем. Бо вуҷуди ҳамаи он суханҳое, ки дар ҳаққи ӯ мегӯянд, Лоиқ ҳам ишқ ба як нафарро дӯст медошт.

-Шумо ҳунари хуби нависандагӣ доред ва чаро хотироти ишқи худро наменависед… Гумон мекунам, агар хотираҳоятонро аз ин ишқ мунташир кунед, серхонандатарин китоби Тоҷикистон мешавад. Чун ҳам Шумо ва ҳам маҳбубаатон ду шахсияте ҳастед, ки мардуми мо хеле дӯст доранд….

-Шояд навишта ҳам бошам.

-Хуб сипос барои суҳбати ошкор.

Суҳбати Баҳман, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №31, 30 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi