08:16:10 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳунарпешае, ки ӯро ҳама мешиносанд

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Раҳмондӯсти Қурбониёнро дар ҷумҳуриамон дӯстдорони санъати кинову театр хуб мешиносанд. Ҳини ба саҳна баромадан ва ё дар пардаи экрани синамо намоён гардиданаш ҳамоно бо ҳунару маҳорати табииаш диққати тамошобинро ҷалб менамояд. Чунонки  худи ӯ мегӯяд, меҳри санъаткорӣ дар замираш ҳанӯз аз овони мактабхонӣ ҷой гирифта буд.

rahmondustii-00012532Аз ҳунари санъаткорони асили соҳаи кинову театр ба ваҷд меомад ва орзу мекард, ки дар оянда ҳунарпеша шавад. Орзуяш, ки қавӣ ва самимӣ буд, пас аз хатми мактаби миёна соли 1960 ба студияи актёрии назди Театри академӣ - драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ки бо номи асосгузори театри касбии тоҷик Ефим Исаевич Мителман ҳамчун "Студияи  Мителман" маъруф аст, дохил гардид. Онро хатм намуда, соли 1964 ба Театри халқии ноҳияи Москва  (ҳоло ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) ба кор рафт. Тӯли даҳ сол дар театри мавсуф ба сифати ҳунарпеша, коргардон ва роҳбари бадеӣ кору фаъолият намуд. Дар аксари чорабиниҳои ҳудуди ноҳия иштироки фаъолона намуда, дар тарғиби санъати театрӣ ва фазои фарҳангии он  саҳм гузошт. Ба ҳар сурат, эҳсос кард, ки паҳлуҳои дигари роҳбарӣ дар фаъолияти ҳамарӯза ва сайқали маҳораташ боз ҳам ҷиддитар омӯхтану амал кардан лозим меояд.

Бинобар он, соли 1974 ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил гардида, нозукиҳои касби коргардониро аз худ намуд. Дар ин ҷо боз аз устодони асили соҳаи санъат касб омӯхт, малакаи касбиашро равнақ дод, то минбаъд дар фаъолияти кориаш истифода барад. Натиҷаи ҳамин буд, ки бо саъю талошҳои мунтазами ӯ солҳои 1960 - 1980 Театри халқии ноҳияи Москва яке аз маъруфтарин театрҳои халқии ҷумҳурӣ шинохта шуда, мавқеи муайян пайдо намуд.

Таҷрибаи зиёди кориаш имкон дод, ки чандин намоишномаҳоро ба саҳна гузорад, дар басаҳнагузории барномаҳои сатҳи ноҳиявию ҷумҳуриявӣ саҳм бигирад. Ҳамин суботкорӣ ва навҷӯиҳояш буд, ки маҳорати ӯ аз таваҷҷуҳи устодони санъати тоҷик дур намонд. Соли 1988 бо даъвати  Вазорати фарҳанг ба Душанбе омад ва дар ансамбли фолклорӣ - этнографии "Ганҷина", ки дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон бо роҳбарии шодравон Зафар Нозимов - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ба фаъолият шуруъ карда буд, ба вазифаи коргардони он таъин гардид.

Дар муҳити дигар, хусусан, бо ҳунармандони машҳуру соҳиби сабку салиқаи хосаи худ кор кардан барояш писанд омад. Аз тозаҷӯиву навгониҳои онҳо ба ваҷд омадаву илҳом мегирифт. Дар чанд чорабинии фарҳангӣ маҳсули кори ӯро дида, мутахассисон баҳои баланд доданд. Ниҳоят ҳашт соли минбаъда (солҳои 1992 - 2010) ҳамчун ҳунарпеша ва коргардони фаъоли Театри намунавии минётураи "Оина" дар таҳияи консертҳо, намоишномаҳо ва чорабиниҳои муҳими сиёсӣ - фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ ширкати бевосита дошт.

Солҳои 2010 - 2012 ба ҳайси коргардони дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, барномаҳои хурду бузургҳаҷми хеле ҷолиби онҳоро барои ширкат дар ҷашнҳои миллӣ ва байналмилалӣ (Истиқлолияти  давлатӣ, Наврӯз ва ғайраҳо) таҳия намудааст. Имрӯз дастаҳои ҳунарии "Шашмақом", "Гулрез", "Дарё", "Ориёно" аз дастаҳои шинохташудаи назди ин Кумита аст, ки ҳаводорони зиёде  дорад. Раҳмондӯсти  Қурбониён аз он ифтихор дорад, ки дар пешрафт ва такомули аксари ҳунармандони ин ансамблҳо андаке ҳам бошад, саҳми худро гузоштааст.

Вай минбаъд ба ансамбли "Наврӯз" - и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор гузашт ва роҳбарии ансамблро бар дӯшаш гузоштанд. Фаъолияти рӯзафзуни ин ансамблро боз ҳам инкишофу сайқал дод. Яке аз паҳлуҳои эҷодиёти Раҳмондӯсти Қурбониён даст доштани ӯ дар санъати киност. Ӯ аз солҳои аввали донишҷӯйӣ ба синамо рағбати беандоза калон дошт. Ҳанӯз соли 1962 дар филми Бенсион Ариевич Кимёгаров - "Коваи оҳангар" нақши нахустини худро иҷро намуда буд. Нақшҳои офаридаи Раҳмондӯсти Қурбониён дар филмҳои "Братан", "Қош ба қош"- и Бахтиёр Худойназаров, "Ситораҳои сари танӯр"- и Сайф Раҳимзоди Афардӣ, "Сароби биҳишт"- и Юнус Юсуфов, "Муҳаббат" - и Умед Мирзоширинов, "Баҳори як кӯча"- и Саидҷон Қодирӣ, "Баррачаи хаёлӣ"- и А.

Зокиров ва чандин филмҳои дигар гувоҳи ҳунарманди асил будани ӯст. Маҳз чунин филмҳои ҷанбаи иҷтимоидошта вайро дар байни тамошобинон маъруфу маҳбуб гардонд ва  ин филмҳо аз ҷумлаи филмҳои офаридаи мондагори таърихи соҳа арзёбӣ шудаанд. Хизматҳои хоксоронаи ин марди ҳунар бо мукофотҳои зиёду ифтихорномаҳои соҳавӣ қадрдонӣ шудаанд. Барои равнақи театрӣ ва рушу нумуи кинои тоҷик вай бо унвонҳои Корманди шоистаи Тоҷикистон (соли 1996) ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (соли 2002) мукофотонида шудааст.

Муҳимтар аз ҳама ӯро халқ шинохтаву ҳамчун ҳунарпешаи баркамоли театру кино эътироф намудаанд.Нақшҳои офаридааш аз рӯзгори воқеии мардуми мо қисса намуда, паҳлуҳои рӯзгорро барои мо бо забони бадеияту образҳо бозгӯ менамояд. Воқеан, рисолати санъат ҳам дар ҳамин аст ва аз санъаткор худафрӯзиро талаб дорад. Ба қавли Раҳмондӯсти Қурбониён санъаткор ҳаққи пир шудан надорад, ӯ бояд як умр, то ҷон дар рамақ дорад, бояд болои саҳна бошад, ҳодисаву воқеаҳои рӯзгорро болои саҳна ва пардаи театр биорад ва агар рассом аст, бо сеҳри мӯқалами худ тавонад дунёи воқеии моро тасвир кунад. Маҳз бо ҳамин васила зиндагӣ рангомезиҳои худро таҷаллӣ мекунад, бо ин роҳ дили инсонҳо ба зиндагӣ боз ҳам гармтар мешавад.

Худи Раҳмондӯсти Қурбониён тӯли 50 - соли фаъолияти эҷодии хеш кӯшидааст, ки бо ҳунару маҳорати табииаш ҳамин рисолатро ба ҷо орад. Вай то кадом дараҷа ба ин мушарраф шуд, аз суҳбати ҳунарпешаҳои шинохта, ҳамкорону дӯстон ва мухлисонаш шунидан гуворост, ки дар ҷашни 70 - солагии зодрӯзаш дар Хонаи кино (кинотеатри "Зебуннисо") ҷамъ омада буданд.

Убайдуллоҳ Раҷабов - Ҳунрпешаи халқии Тоҷикистон:

ubaedulloh-r-01240015-Банда Раҳмондӯстро ҳамчун як нафар дӯсти содиқу вафодор, фурӯтану шикастанафс дарёфтаам. Сифатҳои зиёди инсониашро медонам, ки танҳо марди ҳақиқӣ метавонад ба он сазовор бошад. Шукр, ки дар тинати ӯ ҳамин гуна сифатҳо нуҳуфтаанд. Вай метавонад, ки мусоҳибашро дар як лаҳза аз ҳама ноомадии кор барканор кунад, ба дили ӯ шодиву сурур биорад. Ҳамчун санъаткор ва режиссёр тавонистааст, ки бо ҳунару маҳораташ дар қалби мухлисонаш ҷой бигирад. Шодӣ овардан ба дили мардум, рангин сохтани ҳаёти маънавии онҳо аз мақсадҳои  ниҳоии ӯст, ки дар ин роҳ аллакай муваффақ ҳам шудааст. Барояш саломатӣ ва  комёбӣ мехоҳем.

Тӯрахон Аҳмадхонов - Арбоби ҳунари Тоҷикистон:

-Ифтихормандам, ки як муддат ба Раҳмондӯст аз ҳунар ва маҳорати режиссёрӣ дарс гуфтаам. Вай ҳамон вақтҳо ҳам чун имрӯз ҳамеша аз пайи ҷустуҷӯ ва бозёфтҳои нави ҳунари актёриву режиссёрӣ буд. Сабақи гирифтаашро дар фаъолияти ҳамарӯзааш истифода бурда, дар баробари ин, ба шогирдон - ҷавонони ин касбро интихобнамуда, талқин менамояд. Чунин анъанаи аҳли ҳунарро ӯ идома дода истодааст. Ҳунармандест, ки дар ду ҷабҳаи ҳунар - ҳам актёрӣ ва ҳам басаҳнагузории нақшҳо дастболост. Ин на ба ҳар ҳунарманд даст додааст. Ӯро бо ҷашни фаъолияти эҷодӣ табрик мегӯям.

Ҳабибулло Абдураззоқов - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон:

habibulloh-a-0001122-Шояд Раҳмондӯсти Қурбониён андаке дертар ба саҳнаи театр ворид шуд, вале вай тавонист новобаста ба ин дар жанрҳои санъат, махсусан кино чанд образе офарад, ки хеле мондагоранд. Нақши Бекмурод аз филми "Ситораҳои сари танӯр" аз ҳамин қабиланд. Ба он хотир, ки ботини қаҳрамонашро хеле хуб кушода тавонистааст. Агар гӯем, ки дар ин нақш ҳунарпешаи дигаре ҷалб мегардид, шояд филм муваффақият пайдо намекард. Он ҷо чанд импровизатсияе ҳаст, ки махсус аз ҳунари хосаи худи Раҳмондӯст дарак додааст.

Озодамоҳ Муҳтарамова, Маҳмадбек Ғаниев - Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон:      

-Устоди азизи мо нозукиҳои ба саҳна баромадану бо кадом тарз иҷро кардани сурудро ҳанӯз замони дар театри халқии ноҳияи Москва фаъолият намуданамон омӯзонда буданд. Инсони шарифанд устоди мо. Барояшон тандурустии комилу умри бардавом хоҳонем.

Муҳаммадҷон Шодиев -Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон:

muhamadjon-sh-0100223322-Устод Раҳмондӯсти Қурбониён  маросимҳои фолклории тоҷикро саҳнавӣ кунонданд, ки кори ҳар ҳунарманд нест. Барои ин, диди тозаи басаҳнагузорӣ лозим буд, ки он кас бемуҳобо, аз уҳдаи чунин кори сангин баромаданд.

P.S: Дар маҳфили бахшида ба фаъолияти эҷодии Р. Қурбониён, ҳамчунин, доктори илми фалсафа Саъдуллоҳ Раҳимов, ҳамсабақи соҳибҷашн аз шаҳри Хуҷанд Абдуллоҷон Юнусов, Раиси иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов, намояндагони Вазоратҳои маориф ва илм ва фарҳанги Тоҷикистон, иттифоқҳои эҷодӣ аз хизматҳои ӯ дар соҳа ёдовар шуданд. Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон О.Муҳтарамова, М. Ғаниев, Ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон Ф. Юсуфова, Ч.Холов бо сурудҳои хеш хотири меҳмононро болида гардонданд.

Ҳотами Ҳомид барои "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №11, 19 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi