03:14:02 28-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Муҳаббати Юсуф: Наср осори ҳаёт аст

Наср бо нигориши моҳирона рухдодҳои ҳаётро метавонад воқеӣ иникос кунад. Муҳаббати Юсуфӣ тавониста дар ин ҷода гоми ҷиддӣ бардорад. Сӯҳбати мо бо Муҳаббат сари воқеияти асарҳои ӯст:  

- Аз мазмуни матну мубоҳисаҳо бармеояд, ки «Пайванди шикаста» зиндагиномаи худи Шумост. Қадами аввалатон дар эҷоди наср аз ҳамин ҷо рӯҷуъ шуд. Чаро?

muhabbat-yousufi_45455.jpg- То ин замон андеша мекардам, ки ҳама навиштаҳои адибон бофтаи хаёлиянд. Аммо, баъдан пайхас кардам,ки дар ҳар навиштаи шоир ё адиб порае аз зиндагии воқеӣ ҳасту шояд пайванд ба рӯзгори ӯ, мисле, ки дар «Пайванди шикаста»-и ман. Оғози эҷоди ман бо назм буд, вале баъдтар эҳсос кардам,ки дар қолаби шеър ғунҷонидани ҳама дарду доғ ва шодиву нишоту рухдодҳои ҳаёт ғайриимкон асту воқеоти аслиро тасвир кардан мушкил. Биноан, рӯ овардам ба наср, то он ҳама диду даркамро озодтару возеҳтар иншо кунам.

- Аз журналистика то назму наср чандфосила роҳ аст? Дар ин роҳ душвориҳо набуд?

-  Гарчи ин ду ба ҳам пайванди ногусастанӣ доранд, баъзан фикр мекунам, ки тафовуташон аз замин то осмон аст. Дар воқеънигорӣ журналистика албатта мушкилтар аст, чун аз ту ҷасорату ҷиддияти хосса талаб мекунад. Бояд журналист устувортар, ҷасоратмандтар гом бардораду фидоӣ бошад. Нависанда бошад, дар нигориш озодтар аст ва дилхоҳ камбуду беҳбуди ҷомеарор пардапушона баён мекунад. Шояд саҳлу сода вориди ин майдон шудан ҳам ҳамин бошад, гарчанде наср ҳам мавзӯи хос ва истеъдоди баланди матраҳ намудани онро мехоҳад.  

- Қиссаи «Зиндадаргӯр» чун «Пайванди шикаста» нақшаи филм шуданаш ҳаст. Кадоме воқеитар омадааст?

- Ин қисса асари мустанад аст. Фикр мекунам воқеоти Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳануз ковишҳову нигоришҳо мехоҳад ва ин асар низ тақрибан таърихисту мавзуаш бо тобиши тоза пешкаш шудааст. Зеро, қонун талаб мекард, ки баъзе қаҳрамонҳоро «ноқаҳрамон» ва «хоин» унвон кунанду кору зиндагӣ ва дарёфти қутти лоямут барои ин ашхост хеле мушкилӣ пеш меовард.

Онҳое ҳам ҷасорат нишон дода, чунин нафаронро ба кор мегирифтанд, гарчанде ким кадом фармон иҷозат намедод. Паҳлуҳои пуртаззоди ана ҳамин воқеотро ёфтану нигоштан бурди ман буд, чун қаҳрамони ман ихтиёрӣ ба майдони ҳарб меравад ва рухдодҳои зиёде думболагираш мешавад. Ин насл ҷонисориҳое доранд, ки бояд дар ин бора гуфт. Ана ҳамин ихтиёрӣ миёни хоку хун рафтан, навобаста аз кадом миллат будан худ қаҳрамонӣ аст.

- Дар ҳоле, ин замон адабиёти бачагона мавриди таваҷҷӯҳ ҳам бошад,кам аст, қиссаи «Дӯстии ношикастанӣ» то куҷо барои хонанда дастрас аст?

- Хушбахтона дар арафаи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китобҳои кӯдакону наврасон» ин қиссаи ман дар шакли китобча чоп шуд ва фикр мекунам хеле барои хонандаи насли нав муҳим аст.Чун дар замони пургирудор мавзуи дӯсти яке аз мавзуоти марказист, ман тариқи дӯстии байни тоҷику русписар талқини рафоқатро кардам, ки гумонам ҳадафрас баромадааст.Онҷо воқеоте ҳам ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун рабт мегирад,ки аз мавзуоти марказист.

- Нақши хонавода дар пешравии Шумо то куҷо назаррас аст?

- Бе оромиву осудагии оила кас бамақсад намерасад, хосса зани эҷодкор. Албатта дар ҳаёти манн муҳити оилавӣ нақши зиёд дорад, чун ҳамеша аз ҷониби шавҳар, ки худ эҷодкор ҳастанд, дастгирӣ меёбам. Ду духтари дустру дорам, Шоира ва Фархунда, ки мехоҳам яке шоира шавад, дигаре духтур.

Зулолаи Нур, барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi