18:46:29 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Мавҷи хун ба дилу ханда дар даҳон дошт (ВИДЕО)

 

Шералӣ ҳам аз дунё гузашт…

Омодагии хондани намози бомдодро доштам. Дар ин субҳи зуд баногоҳ занги телефони ҳамроҳам баланд шуд. Ба оинаи телефон назар дӯхтам. Абубакри Азиз зангам мезад. Дар садояш изтироберо эҳсос кардам. Ҳаяҷон пахшам кард. Баъди салому аҳволпурсӣ сабаби субҳи барвақт телефон карданашро пурсидам.

1-sherali-ashurov_1.jpgБаъди як лаҳзаи хомӯшӣ бо овози ларзон гуфт, ки акаи Султон, Шералӣ аз дунё гузашт… ва инони гиряро сар доду афзуд: «Навакак ба ман бародараш телефон карда гуфт, ки «дили акам Шералӣ аз кор монд». Хоҳиш кард, ки дӯстонашро ба ҷанозааш, ки дар масҷиди ҷомеъи ноҳияи Варзоб, имрӯз пас аз хондани намози ҷумъа баргузор мешавад, даъват намоем. Ман аввалин шуда ба Шумо занг задам. Аз ин хабар такон хӯрдам. Аз даҳонам беихтиёр ояти қуръонии «Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун» баромад. Мо аз Худо ҳастему ба ӯ боз бармегардем.

Ва ба Абӯбакр гуфтам, хуб кардӣ, ки занг задӣ, додараки азизам, Худо ба мо ва дигар пайвандону дӯстони марҳум сабри ҷамил диҳад, ба дигарҳо низ дукаса занг мезанем. Иртиботи телефониро бо Абӯбакр қатъ карда шумораи телефони ҳамроҳи худи марҳум Шералиро гирифтам. Аз он сӯ касе гӯшии телефонро бардошт. Садои гиряву нола ба гӯш мерасид. Гуфтам: «Шералӣ…?». Нафаре посухам дод: «Ман бародараш Қиёмиддин ҳастам. Аком, Шералӣ вафот карданд. Намози ҷанозааш баъди адои намози ҷумъа, дар масҷиди ҷомеи ноҳия баргузор мешавад… биёед ако.Тасаллият арз кардаму алоқаро қатъ намудам…

Пайвастани Шералӣ ба маҳфил

Рӯзи нахустини ба маҳфили дӯстдорони садои Аҳмад Зоҳир пайвастани Шералиро ба ёд овардам. Чордаҳуми июни соли 2012 буд. Баъди анҷоми маҳфили бузургдошти зодрӯзи Аҳмад Зоҳир дар толори ДОСААФ-и ҷумҳуриявӣ аксари аъзоёни нияти дар чойхонаи ҳамин идора як пиёла чой нӯшиданро доштем. Ғаниҷон Мӯминов, ки яке аз барпокунандагони ин маҳфил буд, ҷавонмардеро нишон дода гуфт «акаи Султон, Шералӣ ҳам таронаҳои Аҳмад Зоҳирро хуб месарояд. Мутаассифона, аз сабаби камбуди вақт ва зиёд будани овозхонҳо навбаташ нарасид, ки аз саҳна хонад. Агар хоҳиш дошта бошед, ин ҷо чанд суруде барои мо хонад.

2-sherali-ashurov 2Гуфтем: «Сад бор бо ҷону дил». Бо ӯ сухане чанд радду бадал кардам. Бо шеваи дӯстону бародарони суғдиям ҳарф мезад. Ҳайратам бештар шуд. Зеро аз бародарони суғдиямон дар қиёс бо дигарон камтар аҳмадзоҳирхон доштем. Чашмамро ба суи гитори зебои ҳафтторааш давондаму ишора кардам, ки шуруъ кун. Ва Шералӣ гиторашро гирифту бидуни микрафон ва дигар созҳои мусиқӣ оғоз кард ба таронасароӣ. Чи маҳшаре ба пой шуд дар он чойхона! Алоқамандони таронаҳои Аҳмад Зоҳир он ҷо ташнагонеро мемонданд, ки акнун ба лаби чашмаи оби софу зулоле расида буданд.

Гӯё он чор соате, ки дар толор нишаста буданду таронаҳои Аҳмад Зоҳирро пайваста дар иҷрои беҳтарин овозхонҳо мешуниданд, фаромӯшашон шуда буд. Ҳамроҳи Шералӣ суруд мехонданд, рақс мекарданд…Шералӣ бо шеваи ба худ хос, бо таровати дигар таронаҳои ноби Аҳмад Зоҳирро ҳадяи ҳозирин мекард. Дар садояш сӯзи ниҳоние дошт, ки ба дилҳо кора мекард. Беш аз як соат ӯ ба танҳои он ҷо суруд хонд… Аз ҳамон рӯз эътиборан Шералӣ дигар қариб дар ҳамаи маҳфилҳои дӯстдорони садои Аҳмад Зоҳир ширкат менамуд.

«Булбули шӯравӣ»

Шералӣ соли 1963 дар деҳаи Беғари ноҳияи Варзоб ба дунё омадааст. Дар пайравӣ ба бародари калониаш Абдулазиз, ки шавқи таронахонӣ дошту баъзан дар тӯю маъракаҳо тарона низ мехонд, аз хурдсолӣ ба суруду мусиқӣ дил баст. Абдулазиз мегӯяд, ки ман ҳам асосан таронаҳои Аҳмад Зоҳирро мехондам. Соли 1973 аз хидмати аскарӣ баргаштам. Худораҳматии падарам аз Шералӣ хоҳиш кард, ки таронаеро бароям бихонад. Ӯ суруди «Худо бувад ҳамроҳет»-ро замзама кард. Ин аввалин таронаи Аҳмад Зоҳир буд, ки ман дар иҷрои Шералӣ дар 10-солагиаш шунидам»,- ба ёд меорад он рӯзҳоро Абдулазиз.

3-sherali-ashurov 3Шералӣ баъди синфи ҳаштум ба омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (ҳоло Коллеҷи мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов) дохил мешавад ва баъди хатми он чанд муддат дар шуъбаи фарҳанги ноҳия низ кор мекунад. Соли 1983 ба хизмати аскарӣ даъват мешавад. Ӯ ҳамон солҳо орзуе дар дил дошт, ки давраи хизматро дар Афғонистон гузаронад. Зеро бисёр мехост, ки бо муҳите, ки Аҳмад Зоҳир дар он ба воя расида буду суруду тарона эҷод мекард, аз наздик шинос шавад. Ва ин орзуи ӯ ҷомаи амал пӯшид. Ӯро ба Афғонистон мебаранд…

 Ҳини хизмат дар Афғонистон боре дар Кобул бо ҳамон либосҳои сарбозии шӯравӣ ба дӯконе, ки дар он ҷо асбобҳои мусиқӣ ба савдо мерафт, ворид мегардад. Аккордеонеро гирифта нарм-нармак оҳанги таронаи «Лайлиҷон»-ро менавозад. Таваҷҷуҳи ҳама дар дӯконбудагон ба ӯ ҷалб мешавад. Ҳайрон мешаванд, ки як сарбози шӯравӣ ба ин нозукӣ оҳанги афғониро чи тавр хуб менавозад. Касе ба ӯ мегӯяд:

-Шӯравӣ, нағмаро ку хуб менавозӣ, таронаро низ бихон!

4-sherali-ashurov 4-Шералӣ магар интизори ҳамин ишора буд, ки шуруъ мекунад ба сароидани тарона. Вақте садои Шералӣ баланд мешавад, мардуми зиёде атрофи дӯконро печонда мегиранду кафзанон ӯро ташвиқ мекунанд, Баъзеҳо ҳатто дар ҳавои суруди ӯ рақс ҳам мекунанд. Баъди хатми суруд аз ӯ мепурсанд, ки аз куҷои Шӯравист, ки ин қадар хуб суруди дариро мехонад. Чун мефаҳманд, ки Шералӣ аз Тоҷикистон аст, ӯро як –як ба оғӯш гирифта, ҳурмату иззати бештар мекунанд.

Аз ин ба баъд Шералӣ бо чанд нафари дар он ҷо буда робитаи дӯстӣ барқарор мекунад ва бо иҷозати фармондеҳони қисми ҳарбияш дар тӯйҳои баъзе аз дӯстони наваш ширкат карда суруд низ мехонад ва ҳамагӣ сурудҳои Аҳмад Зоҳирро. Ба ӯ барои таронаҳои «Булбули Ҳабибия»-ро хуб хонданаш дӯстони афғонистонияш лақаби «Булбули шӯравӣ»-ро медиҳанд.

Шералӣ ва Аҳмад Зоҳир

 Баъди адои хизмати Ватан-Модар соли 1985 ба Душанбе баргашта чанд муддат ба ҳайси инструктори идораи ДОСААФ-и ҷумҳуриявӣ  кор мекунад. Вале баъдан тарҷеҳ медиҳад, ки як ронандаи оддӣ бошад. Ҳанӯз аз даврони шӯравӣ бо худрави сабукраваш дар хатти сайри Душанбе-Хуҷанд мусофир мекашонд. Ин коррро дар даврони соҳибистиқлолӣ низ идома медиҳад.

5-sherali-ashurov 5Дар вақтҳои истироҳату дамгирӣ таронаҳои Аҳмад Зоҳирро мешуниду азёд мекарду месароид. Ӯро махсус барои хуб хондани суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳир ба туйю маъракаҳо даъват мекарданд. Воқеан, дар хонаводаи Шералӣ ҳамаи бародаронаш: акаҳояш Абдулазизу Амиралӣ, додаронаш Искандару Бахтиёру Қиёмиддин алоқаманди ҳунари мусиқӣ ҳастанд. Бахтиёр ҳам мисли Шералӣ хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе аст.

 Дар Тоҷикистони мо таронаҳои Аҳмад Зоҳирро ҳама месароянд, ҳам овозхонҳои касбӣ ва ҳам сарояндаҳои ҳаваскор. Овозхонҳои касбӣ агар аз осори Аҳмад Зоҳир панҷ-даҳ ё камтару бештар таронаро гулчин карда месуруда бошанд, овозхонҳои ҳаваскор шояд зиёдтар сурудҳои Аҳмад Зоҳирро мехонанд.

Вале дар ин байн ҳастанд овозхонҳое, ки ба ҷуз таронаҳои Аҳмад Зоҳир дигар суруду тарона намехонанд. Шералӣ Ашӯров аз ҷумлаи онҳо буд. Ӯ дар байни аҳмадзоҳирхонҳои ҷумҳурӣ, ки шумораашон аз даҳ нафар ҳам зиёд ҳаст, аз ҷумлаи беҳтаринҳо буд. Матни таронаҳоро хуб медонист, қариб, ки бехато мехонд, чанд сози мусиқиро хуб менавохт. Садои фораму гиро дошт. Талош мекард, ки сурудҳои Аҳмад Зоҳирро бо тамоми нозукиҳояш иҷро намояд.

Марг ҳамеша дар камин аст…

Як ҳафта қабл аз марг баъди аз Хуҷанд баргаштан Шералӣ ба бародараш Қиёмиддин гуфтааст, ки дилаш дар роҳ зад. Худро бад ҳис мекунад. Ӯро оҷилан ба духтур мебаранд. Духтар баъди муоина мегӯяд, аҳволи дили бемор вазнин аст. Шералӣ ҳатман чанд ҳафтае бояд бистарӣ бошад ва ҷиддӣ бо табобати қалбаш машғул шавад. Аммо ӯ тавсияи духтурро нодида мегирад. Бо хӯрдани чанд қурс дору қаноат мекунад ва панҷ рӯз пас боз ба кор мебарояд.

6-sherali-ashurov 6Ин дафъа баъди бозгашт аз Хуҷанд худро дар надикиҳои Варзоб хеле бад ҳис мекунад. Бо таҳаммули як дарди ҷонкоҳе Шералӣ худро  ба хонааш ба деҳаи Ҷангалак мерасонад. Ва дар назди зану фарзандон ва дигар пайвандонаш ҷонро ба Ҳақ месупорад. Бале, билохира қалби софу бекинаи ӯ дигар ба он зарбаҳои ҷонкоҳи тақдир, ки болояш дар ин чанд соли ахир пайи ҳам фурӯ рехта буданд, тоб оварда натавонист. Марги фоҷиавии писари 21-солааш Парвизҷон, марги падар дар ду соли пеш ва порсол марги модар…

Баъди вафоти Парвизҷон Шералӣ бисёр орзу дошт, ки дар паҳлӯи чор духтари гулрӯяш Худованд ба ӯ боз писареро низ лоиқ донад. Ҳамагӣ ду моҳ пеш аз марг Офаридгор ӯро боз соҳиби писар кард. Номашро Аҳмад гузошт. Бале, ба хотири овозхони дӯстдоштааш Аҳмад Зоҳир ва яке аз бобоҳояш, ки ӯ низ Аҳмад ном доштааст.

Аз Шералӣ имрӯз ба мо ҳамин фарзандонаш ба ёдгор мондаанду он суруду таронаҳои зебояш, ки дар наворҳо сабт гардидаанд. Ин наворҳо ҳама акнун ба ҳукми таърих даромаданд.

Мавҷи хун ба дилу ханда дар даҳон

Яке аз сурудҳои Аҳмад Зоҳирро, ки Шералӣ ахиран зиёд такрор ба такрор дар маҳфилҳои хоса мехонд, таронаи «Бигзор бигирям ману бигзор бигирям» буд. Аҳмад Зоҳир оҳанги ин таронаро бар матни як шеъри шоири эронӣ Марям Малики Иброҳимӣ «Мурғи гирифтор» эҷод кардааст. Шабу рӯзи сохтани ҳамин тарона Аҳмади Зоҳир мушкилоти зиёде дошт.

7-sherali-ashurov 7Зани нахустинаш Ноҷия аз ӯ хатти талоқ гирифта бо фарзандаш Ришодҷон барои иқомати доимӣ ба Амрико рафта буданд. Баъдан дар ҳамин давра бо туҳмат бори аввал ба зиндон гирифтор мешавад. Ҳангоми дар зиндон будан модараш вафот мекунад. Чун бегуноҳии ӯ исбот мешавад Аҳмад Зоҳирро бо баҳонаи ширкат дар ҷанозаи модар аз зиндон озод мекунанд. Хулоса Аҳмад Зоҳир ҷавобгӯи ҳасби ҳолаш ҳамин шеъри Марями Малик Иброҳимиро ёфта онро ба оҳанг даровард. Ва соли 1977 дар студияи Афғонмузик сабт карда вориди албоми «Ёри бевафо» мекунад.

Рости гап, дар зиндагӣ ба чи мушкилот гирифтор будани «Булбули шӯравӣ»-ро  мо замони дар ҳаёт буданаш намедонистем. Зеро ӯ дар ин маҳфилҳо қариб, ки гап намезад. Агар савол медодем бо лаби пурхандаву табассуми ширин ҷавоби кӯтоҳ мегуфт. Гӯё аз рӯйи гуфтаи ҳамон як байти шаҳдрезе, ки Аҳмад Зоҳир дар аввали яке аз сурудҳояш мехонад, амал мекард:

Дило, ба боғ бирав, машраб аз анор омӯз,

Ки мавҷи хун ба дилу ханда дар даҳон дорад.

Акнун мефаҳмем, ки бо хондани суруди «Бигзор бигирям ману бигзор бигирям» Шералӣ низ мехостааст  оташи дар сина доштаи хешро каме ҳам бошад таскин бубахшад:

Бигзор бигирям ману бигзор бигирям,

Бигзор дар ин нимашаби тор бигирям.

Дар мотами пажмурдани гулҳои умедам,

Бигзор, ки чун абр ба гулзор бигирям.

Ӯ рафт умеди дили ман, дур шуд аз ман,

Бигзор, ки дар дурии дилдор бигирям.

Дар вартаи девонагиям мекушад ин ишқ,

Бигзор дар ин оқибати кор бигирям…

Он рӯз масҷиди ҷомеи ноҳияи Варзоб аз ҷумъаҳои дигар рӯзҳо дида серодамтар буд. Имом -хатиб домулло Сайидо баъди адои намози ҷумъа ва қабл аз гузоштани намози ҷаноза суханҳои неке дар бораи марҳум гуфт. Махсусан инсонгариву беозорӣ ва одоби ӯро сифат карда, таъкид дошт, ки дар рӯзи ҷумъа ба хок рафтани мусалмони тақводору накукор, Худо хоҳад, яке аз нишонаҳои ба раҳмати Худовандӣ гирифтор шудани он бародари мусалмон аст…

Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi