12:47:44 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Ҷомӣ ҳалқаи васл байни Хуросону Мовароуннаҳр буд

Дар сафорати Куброи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили бузургдошти 600 солагии Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардид, ки дар он адибон, мунаққидон, рӯзноманигорон ва дигар аҳли зиёи Афғонистону Тоҷикистон ва Эрони муқими пойтахти кишвар ширкат варзиданд. Дар оғоз қорӣ Мирзоӣ бо тиловати оёте чанд аз Каломуллоҳи маҷид фазои маҳфилро мунаввар сохт.

2-002

Сипас ҳозирин ба поси сурудҳои миллии Афғонистону Тоҷикистон ба по хестанд ва онҳоро шуниданд. Баъдан доктор Абдулғафури Орзу, сафири ҶИА дар ҶТ ҳозиринро хайра мақдам гуфта ҳамоишро маҳфили ишқу фарҳанг номид ва салому эҳтиромоти Раиси ҷумҳури Исломии Афғонистон Ашрафғанӣ Аҳмадзайро хидмати ширкаткунадагони ин нишаст тақдим кард. Ва гуфт: «Эшон бовар доранд, ки мо дар як ҳавзаи фарҳангӣ ва тамаддунӣ зиндагӣ мекунем. Ононе, ки сарнавишти таърихии муштарак дорем, бояд барои эҷоди як минтақаи муттаҳид бо дипломасии пӯёи фарҳангӣ дар ҷиҳати эҷоди ҳамгароии сиёсӣ талош намоем».

3-003

 Дар идома доктор Абдулғафури Орзу пайёми катбии вазири умури хориҷаи Афғонистон ҷаноби оқои Залолаҳмади Усмониро қироат кард. Дар он азҷумла омадааст: «Таҷлил аз 600-умин солрӯзи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ раҳматуллоҳи алайҳ ба маънои таҷлил аз ҳуввияти динӣ, фарҳангӣ ва тамаддунист. Таҷлил аз ҳамзабонӣ ва ҳамдилист. Ба бовари ман машруъияти робитаи Афғонистон ва Тоҷикистон мубтанӣ бар ҳуввияти ягонаест, ки бо шохисаҳои дин, забон ва фарҳанги муштарак таъриф мешавад. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ бузургоинаест, ки ҳамдилӣ ва ҳамовоии ду миллатро нишон медиҳад.

Ҳазрати Ҷомӣ бо «Нафаҳотулунс»-у «Ҳафт авранг»-аш дар асри понздаҳуми мелодӣ метавонад бо роҳбарии муқтадиронаи Султон Ҳусайн Мирзо ва мир Алишери Навоӣ пойбаст ва асоси маданияти темуриёнро пайафканад. Таърих баёнгари ин воқеъияти имконнопазир аст. Бинобар ин таҷлил аз Мавлоно Ҷомӣ ин таҷлил аз ҳафт авранги ишқу имон ва фарҳанг аст, таҷлил аз ҳамдилӣ ва ҳамовоии мардумонест, к и бо хирадварзӣ, сулҳҷӯӣ ва ҳамзистӣ тавонистаанд бо фаросат ва фарҳангҳои мутанаввир самимона зист намуда ва бӯйи ҷуйи Мӯлиёни таҳаммулпазирии фарҳангпарварро дар бистари таърихи муштарак ҷорӣ намоянд».

Доктор Абдулғафури Орзу дар пиромуни шахсияти Мавлоно Ҷомӣ аз ҷумла гуфт: «Шахсиятест, ки шуҳраи шаҳр аст ба ишқ варзидан. Чӣ гуна метавон дар пиромуни ишқ сухан гуфт. Шамсуддин Муҳаммади Ҳофиз муттасиф ба «Лисонулғайб» аст, Бедил муттасиф ба «Абулмаъонӣ», Мавлоно Ҷомӣ мулаққаб ба «Хотамушшуаро» шудааст. Чаро Ҷомӣ бузург аст? Ман мегӯям, ки чаро Ҷомӣ бузург аст-, мегӯяд доктор Орзу. Мо шахсияте ба мисли Ҷомӣ камтар дар ҳавзаи таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунии худ метавонем суроғ кунем.

Оне, ки муслиҳи иҷтимоист, оне, ки пажуҳишгари арсаи динист, оне, ки дар арсаи исломшиносӣ шохис аст, оне, ки дар арсаи ирфони назари ва амалӣ бидуну бегумон шахсияти баландқомат аст, оне, ки шогирди ибни Арабист ва дар айни замон дар шарҳи осори ибни Арабӣ бегумон то имруз ҳамсоне надорад, ҳамаи ин шохисаҳо нишондиҳандаи ин аст, ки Ҷомӣ бузург аст.

Ба хусус баъд аз фитнаи Чингизу муғул ва фитнаи Темур, ки дар минтақа меояд, сулолаи Темур, ки дунёеро ба оташ мекашад, калламанор месозад, вайрон мекунад, ягона чеҳраи баландқомате, ки зуҳур мекунад, метавонад аз ин сулола Султон Ҳусайн Мирзо бисозад, ҳамин Ҷомӣ аст. Ҷомӣҳалқаи васл байни Ҳироту Самарқанд буд. Баъди фитнаи Чигизу Темур ирфон хонақоҳӣ шуд. Ҷомӣ ирфони ибни Арабиро бо тамоми абъодаш эҳё кард.

4-004

Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ иброз дошт, ки Абдураҳмони Ҷомӣ аз чеҳраҳои барҷастаи асри 15 ба шумор меравад ва дар бораи аҳвол ва осори ӯҳам дар ҶИЭ, ҳам дар ҶИА ва ҳам дар Тоҷикистон тадқиқотҳои зиёде ба анҷом расонда шудаанд. Ашъори ғанӣ ва пур аз муҳтавои Ҷомӣ пур аз андешаҳои бикр ва салим дар бораи инсон ва мақоми инсон аст.

Дар ҳаёти Ҷомӣ сафари ӯ ба Самарқанд ва таҳсили ӯ дар ин ҷо нақши бузург дорад. Устоди Ҷомӣ Садриддини Қошғарӣ баъди он к и бо маърифати Ҷомӣ шинос мешавад, менависад, ки ҳеҷ як инсоне дар донишмандӣ болотар аз Ҷомӣ ба ин тарафи Омӯ убур накардааст. Абдураҳмони Ҷомӣ дар Самарқанд бо уламои илму фунуни зиёде шинос мешавад ва аз онҳо илмҳои замонаро меомӯзад. Ӯ маҳз дар ҳамин Самарқанд бо тариқати нақшбандия аз наздик шинос мешавад ва баъд аз ин таваҷҷуҳи ӯ ба ирфон зиёд мешавад.

Баъдан китоби «Нафоҳотулунс»-ро, ки дар бораи бузургони ирфон аст, менависад. Як хизмати Ҷомӣ дар ташкил кардану гузаронидани баҳсу мунозираҳои илмӣ буд, ки дар пай натиҷаҳои судманд доштанд. Абдураҳмони Ҷомиро дар баробари Саъдии Шерозӣ муаллими ахлоқ меноманд. Профессор Абдуҷаббор Раҳмонов аз он ибрози ифтихор намуд, ки дар замони шӯравӣ ба ӯ муяссар шудааст, ки чанд муддате дар шаҳри бостонии Ҳирот иқомат кунад ва ба зиёрати мақбараи ин абармарди ҷаҳони адаб ва ирфон шарафёб шавад.

5-005

Сипас бону Ягона Аҳмадӣ, наттоқи маъруфи эронии муқими Тоҷикистон, ду маснавии кутоҳеро аз»Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ бо як деклама ва шеваи зебое манзури ҳозирин кард.

Профессор Абдунабӣ Сатторзода гуфт, ки шоирон маъмулан ба се даста гуруҳбандӣ мешаванд: шоирони шоир, шоирони олим ва орифони шоир. Назар ба ин тақсимбандӣ Мавлоно Ҷомӣ аз гуруҳи шоирони олиму ориф аст. Вақте мо осори Мавлоно Ҷомиро баррасӣ мекунем бояд аз ҳама ҷиҳат ба ин осор назар кунем. Баъзе муҳаққиқон ба мероси Ҷомӣ танҳо нигоҳи шоир буданаш ё ин ки аз нигоҳи ориф буданаш ва ё олим буданаш баҳо додаанд.

6-006

Онҳое, ки аз нигоҳи шеъраш ӯро бо устод Рӯдакиву Ҳофизу Саъдиву Мавлавиву Низомиву бузургони дигар қиёс кардаанд, гуфтаанд, ки шоири заиф аст. Ва касоне, ки ӯро ҳамчун ориф арзёбӣ кардаанд, гуфтаанд, ки намешавад шеърҳои орифонаи ӯро дар баробари ашъори орифонаи Мавлавӣ, Саноӣ ва Аттор гузошт. Чунин арзёби албатта чандон мунисифона нест. Ба эҷодиёти Мавлоно Ҷомӣ бояд аз ҳама ҷиҳат назар андохт. Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ бахшида 600 солагии зодрӯзи назари хубе ба ҷомишиносӣ карданд.

Баррасӣ ва таҳлиле карданд, ки ҷомишиносӣ то куҷо расидааст. Изҳори хурсандӣ аз он карданд, ки дар рушди ҷомишиносӣҷомишиносони тоҷик саҳми босазое доранд. Ҷомишиносӣ маҳз ба шарофати ҷомишиносони тоҷик аз ҷумла устоди зиндаёд Аълохони Афсаҳзод ҷомишиносӣ шуд. Ва ҳамчунин зикр кардаанд, ки мо Ҷомиро ҳанӯз на дар Эрон, на дар Афғонистон, на дар Тоҷикистон ва ҷойҳои дигар дуруст нашинохтаем. Академияи Илмҳои ҶТ ба муносибати 600 солагии Ҷомӣ 14 ҷилд китоби осори Ҷомиро ба нашр омода сохт. Дар байни ин китобҳо мақолоти ҳазрати Ҷомӣҳаст.

Моҳияти осори Ҷомиро инсондӯстии ӯ муайян мекунад:

Эй ки мепурсӣ беҳтарин кас кист?

Гӯям аз қавли беҳтарин касон:

Беҳтарин кас касе бувад, ки зи халқ

Беш бошад ба халқ нафърасон.

7-007

Муҳаммад Довуди Мунир, устоди Донишгоҳи Ҳирот дар суханронии худ дар мавриди довариҳое, ки аз сӯи муҳаққиқин оиди ашъори Ҷомӣ сурат мегиранд, ҳарф зад. Дар навбати худ ӯ низ порае аз таҳқиқоти нодири худро пиромуни ғазалиёти Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҳозирин иброз дошт.

8-008

Муҳиддини Низомӣ, ҷомишинос аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар оғози суханронии худ шеъреро аз устод Халилуллоҳи Халилӣ дар васфи Мавлоно Ҷомӣ, ки ҳанӯз дар ҷашни 550 солагии Мавлоно Ҷомӣ, эҷод карда будааст, қироат кард

Пайғамбарони маънӣ равшангарони фикранд,

Дар ҳар куҷо тапад дил бошад ҷаҳони Ҷомӣ.

Аброр сабҳа созанд, аҳрор туҳфа оранд,

Хоки мазори Ҷомӣ, нақди равони Ҷомӣ.

Бархост боди шавқе аз ҷониби Самарқанд,

К-аз бӯйи мушкбезаш шуд зинда ҷони Ҷомӣ.

Аз Ғазна то Бухоро в-аз Вахш то Ҳирот аст,

Ҳам ҷилвагоҳи Ҷомӣ, ҳам ошёни Ҷомӣ.

Таҷлили ин бузургон таъзими илму фазл аст,

Фархунда бод ин ҷашн бар пайравони Ҷомӣ.

9-009

Дар хатми ин маҳфил ҳуззори он имкон доштанд аз тамошои маҳсули наққошиҳои ҳунарманди чирадасти Афғонистон ҷаноби оқои Шуҷоъмуҳаммади Фарирӣ, ки дар толори «Ҳафт авранг»- Сафорати Афғонистон ба намоиш гузошта шуда буданд, баҳраманд шаванд.

«Рӯзгор» 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi