01:46:27 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ду сафари «Сафари ҳавоӣ»

Филми "Сафари ҳавоӣ", ки дар студияҳои "Тоҷикфилм" ва "Art-Vision" таҳия шудааст, ба намоиш баромад. Нахустин рӯзи намоиши филми мазҳакавии "Сафари ҳавоӣ" бо иштироки ҳунармандон ва дӯстдорони синамо дар толори «Кохи Ҷомӣ», дар маркази шаҳри Душанбе гузашт.

1_safari-havoi_2015.jpgАз гирд омадани тамошогарони зиёд дар саҳни Кох ин адеша ангезанда буд, ки кинои тоҷик рӯз ба рӯз ҷалбкунанда шудааст.  Вақте аз оғозбахшандаи барномаҳои радиои «Ватан» Субҳон Ҷалил, ки онҷо ҳозир буд, назар пурсидан хостем, гуфт, ки дар ин филм ӯ низ як лаҳза нақши журналистро бозидааст, аммо беҳтараш аввал ин саҳнаро бубинему баъд сӯҳбат, то ҷозибияти филм нигоҳ дошта шавад. Раиси «Тоҷиккино» Сафар Ҳақдод низ, ки ба қавлаш, аз ҳар филм хубиеро интизор дорад, ҳамин иддаоро ҷонибдорӣ намуд.

Ба ҳар сурат, чун то оғози филм чанд дақиқаи башумор буд, назари насли ҷавонеро дар мавриди филмҳои пайдарпайи таҳияшуда, ки онҷо бештар ҷавонон нақш доранд, пурсон шудан хостем. Роҳбари тарҳи «Нигоҳи нав» ШоҳҶамшед Умарӣ дар ин мавзӯъ изҳори назар карда, гуфт: «Мехоҳам андешахои худро аз филми «Як ҷаҳон аз ману ту» оғоз кунам. Ин филм аз рӯйи филмномаи Бахтиёр Каримов дар таҳияи Муҳаббат Сатторӣ буд. Рости гап, ман ин китобро пештар хонда будам. Аз ин филм, ё бигӯем аз ин китоб, аз ин сенария тамоман чизи дигарро интизор будам. Дар тахайюли худам дигар хел фикр мекардам, ки ин китоб бояд чи хел филм шавад.

Ва хеле-хеле мутаассифам, ки чун филмро тамошо кардам, ба ман чандон писанд наомад. Аз он ки худам ҳам хеле ҷавон ҳастам дар ин соҳа, шояд ҳуқуқи чунин гуфтанро надошта бошам. Вале ин назари ман ҳамчун як тамошобин аст. Чанд ҷойе ҳаст, ки бояд тамошобин толорро тарк кунад. Ман вақте он китобро мехондам, бо мазмуни томаш, девона мешудам. Асосан як-ду саҳнае ҳаст, ки масалан бо писарак вақте бояд вомехӯрданд баъди чанд солҳо дар беморхона, вақте ин кӯдакча бистарӣ аст, онҷо медонед чӣ хел тасвир аст? Ба Худо, кам мешавад, ки ман аз хондани чизе, аз мутолиаи ин ё он асаре гирён шуда бошам. Барои ҳамин ҳам, ман он чизе, ки мехостам, дар рӯйи экран надидам».

2_safari-havoi_2015.jpg

Дар ин баробар, ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки «дар масъалаи филми «Сарнавишт» бошад, инҷо аллакай аз лиҳози техникӣ хеле хуб буд, аз лиҳози рангпардозӣ барои ман хуш омад. Мутаассифона, ман наметавонам самти техникиашро як ба як таҳлил кунам, лек дар умум гуфта метавонам, ки аз лиҳози техникӣ хеле хуб буд. Ҳам аз лиҳози фарогирии актёрони касбӣ. Онҷо касбӣҳам буданд, ғайрикасбӣҳам. То ҷое ман медонам, кори коргардони ин филм Муҳаммадрабӣ, ки дӯсти мо ҳам ҳаст, бад набуд».

Дар мавриди филмҳои баъдӣ, ки аксаран аз ҷониби насли ҷавон роҳандозӣ шудааст, ШоҳҶамшед Умарӣ умедвори пешниҳодоти рангин шуда, гуфт: «Назаррас шудан ё нашудани нақши ҷавонон аз худи онҳо вобаста аст. 80-90 дар сад ман бо боварӣ гуфта метавонам, аз оне, ки мо худамон дар ҳамин соҳа ҳастем ва як фестивали ҷашниву озмуни умумиҷумҳуриявӣ барои ҷавонон бо номи «Нигоҳи нав» дорем, дар пӯсти худ ҳис кардам, ки аз худи ҷавонон вобаста аст. Дастгирӣҳаст албатта, вале кӯшиш кардан даркор. Вақте худ ҳаракат мекунӣ, худро ба ҳар сӯ мезаниву кофтукобу ҷустуҷӯ мекунӣ, хоҳу нохоҳ ба ин ё он натиҷае ноил мешавӣ. Ман намегӯям, ки ба дилхоҳ даре даст мекӯбӣ, ҳатман онро ба рӯят мекушоянд ва ҳама шароитро медиҳанд. Не, ин хел нест. Ҳамеша бояд аввал худ ҷаҳд кунӣ ва аз тамоми имконоти рӯйи даст омада истифода барӣ».

3_safari-havoi_2015.jpg

Чун дар мавриди роҳкушоӣ ба ҷавонон ва тарҳҳои нав ба нави «Тоҷикфилм» аз раиси он ва продюсери филм Носир Саид ибрози назар хостем, хушҳолона режисёри филм Далер Раҳматовро фаро хонду ишора кард, ки «ана насли ҷавон, вақтест, ки онҳо зиёдтар муаррифӣ шаванд».

Дар масъалаи як рӯзи аввал, яъне дар нахустнамоиш бо даъватнома роҳандозӣ кардани намоиши филм Далер Раҳматов гуфт: «Бо даъватнома даъват кардем ва журналистон, адибон, ҳамкорону дӯстони мо аввалин тамошобин мешаванд. Аз 16-уми феврал то 28-ум дар «Кохи Ҷомӣ», театри «Ҷавонон» ва театри «Зебунисо» филм намоиш мешавад. Фурӯши билетҳо роҳандозӣ шудаву мардум ҳамагӣ метавонанд омада аз филми мо дидан кунанд. Афсӯс, ки «Кохи Ҷомӣ» ҳамагӣ 700 ҷой дорад. Барои ҳамин мо бо даъватнома меҳмононро таклиф кардем. Филми мо дар бораи ду нафарест, ки ҳарду ба ҳам монанд ҳастанд. Яктояш аз Аврупову яктояш тоҷик».

Вақти намоиш ҳам наздик омаду ба Кох ворид шудем, то нақшҳои нави ҳунармандонро шоҳид бошем. Чун ҳама ҷо ба ҷо мешуданд, режисёр Муҳаббат Сатторӣҳам бо қаҳрамони асосияш аз филми «Як ҷаҳон аз ману ту» - Рухшона Сатторӣ бо гулдастаҳо ҳозир шуданду баръакси дидгоҳҳои мухталиф ба ин филмашон, таҳиягари «Сафари ҳавоӣ» Акмал Ҳасанов луқма партофт: «Хуш омадед. Ин Айшвария Райи тоҷик наояд, чӣ хел мешавад баъд?».

4_safari-havoi_2015.jpg

Ҳамонгуна, ки Субҳони Ҷалил аз ҷолибияти оғози филму давомнокии он дарак дод, намоиши ғайримаъмулии филм бо садои ин ровии хушбаён аз паси парда ва таҷассуми шарҳаш бо аксҳо руҷӯъ шуд. Барои бинанда ҷолиб буд, ки якум нишон додани сурати нафаре даст дар ҷайби тафаккур барои чист? «Идея!»,- хитоб кард ровӣ. Бале, андешаи чигунагии филм ва идея маҳз аз тафаккур бармеояд. Шарҳи мазҳакаомез аз филми комедӣ буданаш дарак медод, вақте ровӣ мегуфт, ки ин ҳунармандон бо хоҳиши худ ба қаҳрамони филм будан розӣ шудаанду сурати қаҳрамони асосӣ - Асад Голубев аз пушт бо таҳдиди чанд нафари автоматбадаст нишон дода мешуд. Аҷибтар он буд, ки қаҳрамони дигари филм Раҳмондӯсти Қурбониён бо бузу бузғолаи қафояш нишон дода шуду ровӣ гуфт: «Дар ин филм ҳатто бузу гӯсфандон аз кастинг гузаштаанд».

Акнун ровӣ аз талоше ҳарф мезад, то ки ба гуфтааш, «орзуҳову хостаҳо ба ҳақиқати зебои дигаре табдил ёбанд».

5_safari-havoi_2015.jpg

Баъдан, ровӣ аз пушти парда ба саҳна баромад ва нахустнамоишро оғоз карду хитоб: «Дуруд дӯстони гиромӣ, хонумҳо ва ҷанобон! «Тоҷикфилм» ва “Art-Vision” аз Шумо барои иштирок дар рӯнамоии филми «Сафари ҳавоӣ» бисёр хурсанду хушҳол аст. Ҳафтае нест, ки филми наве рӯнамоӣ нашавад. Моҳе нест, ки инҷо як фестивал, як намоиш, як дидорбиние баргузор нагардад. Ин гувоҳи он аст, ки синамои тоҷик хеле рушд кард, пешрафт кард. Беҳуда нест, ки дар Паёми имсолаи президенти ҷумҳурӣ ишорае рафт ва боз ҳам ҳайати эҷодии филмро бори дигар вазифадор мекунад, ки боз натиҷаҳои беҳтару бештар ба даст биёранд. Боварӣ дорем, ки натиҷаҳои ин филм, натиҷаҳои ин даргоҳи ҳунар шуҳраи олам хоҳад буд.

Маҳз ҳамин кӯшишҳову ҳамин дастгирии давлату ҳукумат боиси он гардидааст, ки «Тоҷикфилм» фақат дар соли 2015 шаш филми навро пешниҳод мекунад. Дар давоми ин сол боз се сериали нав дар арафаи рӯнамоӣ аст. Яъне, филмҳои бисёрсериягӣ, ки мо тамошои онҳоро бисёр дӯст медорем. Вале тамошо кардани филмҳо дар толорҳо таъсир ва натиҷаи дигар дорад, чун шумо аз тамошои ин филм роҳат хоҳед буд ва фароғат хоҳед кард. Инҷо як филмест, ки ба қавле, «интернатсионалӣ» аст. Ҳам тоҷикону ҳам аз мардуми Чин ва актёрони Қирғизистон дар ин филм саҳм доштанд ва ман дар ҳавои кафкӯбиҳои шумо ҳайати эҷодиро даъват мекунам».

6_safari-havoi_2015.jpg

Ҳама ҳунармандони нақшдошта ба саҳна ҳозир шуданду Субҳон Ҷалил илова кард: «Нафақат филмҳои беҳтаринро мо дар диёри худамон ба навор бигирем, балки бигузор беҳтарин филмофарони дунё биёянд, дар табиати зебои Тоҷикистон, кӯҳу дашти Тоҷикистон филм ба навор бигиранд». Сипас ровӣ афзуд, ки «сюрпризаки дигар ҳаст. Чун ин филм «Сафари ҳавоӣ» ном дорад, ба ҳар чизи ҳавоӣ вобаста аст. Умедворам, ки баъди тамошои филм намеравед. Дар берун як пуфаки ҳавоиро ба ҳаво сар медиҳем. Дар дохили он ду билет хоҳад буд, бо соядасти беҳтарин актёроне, ки дар филм нақш офаридаанд. Касе дорад, бигирад ва сеанси дигар бепул хоҳад буд. Филм аз имрӯзу фардо то 28-уми феврал дар намоиш аст. Фикр мекунам, он ҳаловате, ки инҷо мегиред, то хонаҳои худ хоҳед бурд ва толор ҳар рӯз ҳамин гуна пур мешавад».

Намоиши филм пас аз суханронии кӯтоҳи коргардон Далер Раҳматов ва таҳиякунандаи он Акмал Ҳасанов оғоз шуд.

Достони ин филми мазҳакавӣ дар яке аз рустоҳои кӯҳистони Тоҷикистон ҷараён дорад, ки Сафар Булбулов, қаҳрамони аслии филм онҷо умр ба сар мебарад. Сафар рӯзе машғули чӯпонӣ аст, ки пӯфаке ҳавоӣ дар назди русто ба замин фуруд меояд ва ӯ дар дохили он нафари беҳушеро пайдо мекунад. Жан, як фаронсавӣ ва аз мухлисони Жул Верн, нависандаи фаронсавӣ аст, ки қасд дошта бо пӯфаки ҳавоӣ сайёраи Заминро давр бизанад.

7_safari-havoi_2015.jpg

Жан шабеҳи Сафар аст. Ин марди фаронсавӣ дар ватанаш бо хиёнати дӯстдухтараш рӯ ба рӯ шуд, манзили маскунии худро мефурӯшад ва дар ивази он пӯфаки ҳавоиро харидорӣ мекунад. Аммо замоне, ки Сафар мехост ба Жан кӯмак расонад ва машғули пайдо кардани об дар дохили сабади пӯфак буд, он ба ҳаво парвоз кардаву Сафарро бо худ мебарад. Пӯфаки ҳавоӣ Сафарро ба се кишвари ҳаммарзи Тоҷикистон - Чин, Қирғизистон ва Афғонистон мебарад, аммо Жан, ки мардуми русто ӯро Сафар мепиндоранд, саргузаштҳоеро дар русто мегузаронад.

Ҳатто холаи Сафар намефаҳмад, ки Жан Сафар набуда, балки як шаҳрванди хориҷист, ки тасодуфан ба деҳа омадааст. Сокинони деҳа бар ин ақидаанд, ки Сафар аз раъду барқ осеб дида ва дар тӯли чанд соат забони фаронсавиро аз худ кардааст. Бо франсузӣ сухан гуфтани қаҳрамонро духтари раиси деҳа Ситора, ки аз забони франсузӣ огоҳ буд, мефаҳмад. Дар поёни филм Сафар ва Жан бо ҳам дӯст мешаванд ва Жан ба Сафар барои сафари ӯ ба Қирғизистон кӯмак мекунад.

Асад Голубев, иҷрокунандаи нақши қаҳрамони аслии филм, Сафар ва Жан, ҳунарманде ҳирфаӣ нест ва ин нақши нахустинаш дар синамо аст. Вай мегӯяд, ки барои иҷрои ин нақш бештар кӯшидааст аз ҳунармандони ҳирфаӣ сабақ омӯзад. Асад Голубев гуфт: «Франсузиро фақат камтар медонам, дар мактаб хондам камтарак, тамом. Танҳо алифборо пурра медонам, вале инҷо кӯшиш кардам бехато ҳарф бизанам. Ман нақши ду ҷавонро бозидаам, ки хеле хуб баромад. Аз ҳама зиёд ба ман нақш дар ҳайат писанд омад».

8_safari-havoi_2015.jpg

Дар филми нав қатори Асад Голубев ҳунармандони ҳирфаӣ нақши қаҳрамононеро иҷро кардаанд. Нақши холаи Сафарро Нисо Муҳаммадҷонова, ҳунарманди маъруфи театр иҷро кардааст. Ҳамчунин, Асалбек Назриев, Аловиддин Абдуллоев, Қурбони Собир, Насриддин Нуриддинов, Раҳмондӯст Қурбониён, Лутфулло Давлат, Зулфия Содиқова ва Ҷумъахон Сироҷев аз ҳунармандони умдаи театр ва синамои тоҷик ҳастанд, ки нақшҳои қаҳрамононеро дар ин филм иҷро кардаанд. Мадина Назарамонова, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон нақши Ситора, қаҳрамони ҷавони филмро иҷро кардааст.

Тавре  Асад Голубев мегӯяд, Сафар ва Жан нахустин нақшҳое ҳастанд, ки ӯ дар синамо иҷро кардааст. Гуландом Муҳаббатова, Далер Раҳматов ва Улуғбек Содиқов достони филмро навиштаанд ва Иқбол Завқибеков мусиқии онро таҳия кардааст. Наворбардори филм Шӯҳрат Қурбонов буда, Далер Миҳтоҷов рассоми “Сафари ҳавоӣ ” аст.

Ҳунаршиносон мегӯянд, ки филми “Сафари ҳавоӣ” тибқи стандартҳои байналмилалии ҳунари филмсозӣ ва дар навори синамо таҳия шудааст. Ба гуфтаи иддае аз онҳо, ин беҳтарин филми мазҳакавӣ дар як даҳаи ахир дар Тоҷикистон аст ва имкон дорад ба ҷашнвораҳои байналмилалии синамо пешниҳод шавад.

Ба гуфтаи Субҳон Ҷалил, тарзи пешниҳоди филм низ, ки дар аввалаш ба гунае радиожурнал дошт, чизи нав аст ва таъсирбахшу мешуд аз ин ҳам хубтар сохта шавад. Далер Раҳматов бошад, мегӯяд: «Ман хурсандам, ки филм ба тамошобин маъқул шуд, хоса ба гурӯҳи эҷодии мо, чунки 90 фоизи гурӯҳи эҷодии мо филмро надида буданд. Аз табассуми онҳо дидам, ки филм маъқул шуду ман хеле хушбахт ҳастам. Оянда филмро дар тамоми кинотеатрҳову шаҳру навоҳӣ намоиш медиҳем. Ҳар қадар моро бинадагони зиёд тамошо кунанд, ҳамон қадар ин бурди мо аст».

9_safari-havoi_2015.jpg

Тавре ба масъалаи вазъи синамо дахл карда, адиби шинохта Абдурофеъ Рабизода мегӯяд, «кино санъати асосӣ аст. Барои чӣ? Барои он ки ҳар сол ҳарчанд Тоҷикистон 167 спектакл нишон дод дар театрҳо, ба спектаклҳо аз 1000 то 2000 кас зиёд намераванд. Агар як киноро телевизион як шаб нишон бидиҳад, 5-10 миллион нафар онро мебинанд. Ин санъати асосӣ аст, ки бе ягон ҷо бурдан ҳам, худаш парвоз карда меравад. Аз ҳамин нигоҳ, кишварҳои атроф ба санъати кино таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунанд. Масалан Русия. Вақте Путин сари кор омад, гуфт, ки «мо хеле қафо мондем». Зеро донист, ки ҳама аз мағзи сари рус вобаста аст, ки инҳо русӣ нестанд, ҳамеша тобеи ғарб. Ва ҳис карданд, ки ҳамааш ба кино вобаста аст.

Супориш дод ва акнун дуним-се ҳазор кино мебароранд дар Русия. Боз ҳар як шабакаи телевизионӣ кино мебарорад. Яъне, силсилафилмҳо. Бо ҳамин тафаккури мардуми Русия ҳам дигар шуд. Русия ҳам дар ҷаҳони пурпеч ҷойи худашро ёфт ва гуфта метавонист, ки «мо ҳастем». Масалан, Амрико ҳам ҳамин хел, дуним-се ҳазор филм мебарорад. Атрофҳои худамонро нигоҳ кунем агар, Ҳиндустон ҳам се ҳазор мебарорад. Афғонистони ба назари мо қафомода садто филм мебарорад, яъне қариб ҳар моҳ даҳтогӣ. Эрон 400 то 500 филми бадеӣ истеҳсол мекунад. Дар як сол инҷо 2000 филм тарҷума мекунанд. Ҳоло мо дӯстиву ҳамзабонӣ мегӯем, филмҳои тайёреро, ки онҳо тарҷума кардаанд, истифода бурда метавонем-ку!

Чун бо забони мо ҳарф мезананд, пул сарф намешавад. Ҳаминро ақлу хирадамон бисёр вақтҳо намегирад. Ё аз 12 шабакаи саросарии Афғонистон 8-тояш форсӣ-дарӣ аст. Ҳаминҳо ҳар кадомаш дар як ҳафта ду филм тарҷума мекунанд. Ҳол он ки, мо дар Тоҷикистон дар як сол ду филм тарҷума мекунем ё не. Яъне дар атроф кино фаъолияти беҳамто дорад. Дар Ӯзбекистон зиёда аз 100 киностудиҳои шахсӣҳастанд. Яктогӣ филм истеҳсол кунанд, 100-то мешавад. Худи ҳукуматашон ҳам барои зиёда аз 150 филм маблағҷудо мекунад. Қирғизистон ҳамчунин. Қазоқистон баробари он, ки дар даврони шӯравӣ буд, ҳамон қадар филм истеҳсол мекунад, яъне 350-400-то.

Аз они моро бигирем, то ҳозир, то як ду соли пештар ду ё се-чорто буд. Яъне, мо ҳанӯз ҳам дар он пояҳо, ҳатто дар он шумора ҳам нестем. Ҳол он ки, мо мардуми боистеъдоде ҳастем, ки сохта метавонем. Шояд ҳамин заруратҳо буд, ки президенти кишвар масъалаи рушди киноро ба миён гузошт. Тоҷикистон ягона кишварест, ки кадр тайёр карда намешавад. Президент ҳам гуфт дар ин масъала. Хуб аст, ки ҳунармандони бисёр фаъол рӯйи кор омаданд, ба мисли Далер Раҳматов. Кино нисбат ба дигар санъатҳо он қадар сиёсӣ нест. Масалан, газета танқид мекунад, вале дар кино ҳеҷ кас 30 ҳазор доллар дода, касеро танқид намекунад. Бисёртар филмҳои бадеӣ месозанд. Худи «Тоҷикфилм»-ро ҳам ҳоло шароитҳояш беҳтар шуда истодааст.

Хусусан порсол мо бо омадани Носир Саид ҳамон қадар филм истеҳсол кардем, ки замони шӯравӣ истеҳсол мешуд. Вале ин ҳоло ҳам кам аст. Барои он, ки аз атроф қафо намонем, бояд кӯшиш кард. Ана, соли оянда ҳам баъзе филмҳои кӯтоҳметраж ва комил ҳастанд, шабакаи филмҳои тасвирӣ ба кор даромад ва корҳои дигаре рафта истодааст. Агар камакак дастгирӣ бошад, ҳамааш хуб мешавад. Бояд филмҳо масалан дар «Баҳористон» бо забони модарӣ пахш шаванд, зеро ин телевизиони давлатӣ асту забони модаримон низ давлатист. Масалан, Франсия бо забони англисӣ ё олмонӣ ягон бор филм нишон намедиҳад. Ҳарчанд Амрикову Англияву Олмон давлатҳои калонтаринанд. Фақат бо забони франсузӣ. Кино санъати бузург аст, мо бояд онро истифода бурда тавонем».

Дар робита ба ин, ба изҳори раиси «Тоҷикфилм» Носир Саид, ҷавонони мо хеле фаъол шудаанд ва бархе корҳояшон лоиқи дастгирист. Қаблан, вақте дар мавриди роҳ ёфтани ҷавонони наворбардори ҳирфаӣ сухан мерафт, яке аз дӯстон гуфт, ки гарчи мо ҳамеша бо Георгий Дзалаев ифтихор мекунем, дар баробари Некрӯз Саидов наворбардороне чун Шӯҳрат Қурбонов ҳастанд, ки ҳирфаиянду дастгирӣ намеёбанд. Аммо, ин филм нишон дод, ки ҳунари ноб аз мадди назар дур намемонад ва яке аз муваффақиятҳои филм ҳам ин наворбардории Шӯҳрат Қурбонов аст, ки беназир инъикос ёфтааст.

Раиси «Тоҷиккино» Сафар Ҳақдод мегӯяд, ки «филми комедӣ сохтан бисёр як кори мураккаб аст. Мо бояд Далерҷонро табрик бигӯем, ки воқеан ҳам яке аз муваффақтарин филмҳои комедии даврони истиқлолро бачаҳо сохтанд. Ҳамин гуна филмҳоро бояд бештар бисозанд дар оянда, зеро тамошобини мо бештар лаззат бурдану хандидану танзи бисёр зебо шунидан хуш дорад».

Зулолаи НУР, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi