10:46:03 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«Ман ҳанӯз ҳам бо китобҳои дар бачагӣ хондаам гуфтугӯ дорам»

Саидаҳмади Ҳасан  10 августи соли 1952 дар деҳаи Шаҳдрези Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл, ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон  чашм ба олами ҳастӣ кушуда. Соли 1971 баъди хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба факултаи филологияи тоҷик шомил шуда, онро соли 1976 хатм карда.

saidahmadi-hasan 200Саидаҳмади Ҳасан  10 августи соли 1952 дар деҳаи Шаҳдрези Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл, ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон  чашм ба олами ҳастӣ кушуда. Соли 1971 баъди хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба факултаи филологияи тоҷик шомил шуда, онро соли 1976 хатм карда. Пасон, солҳои 1976- 1981 дар мактабҳои рақами 1 ва 2- и ноҳияи Дӯстӣ ба ҳайси омӯзгор, ҷонишини директор оид ба кори таълиму тарбия заҳмат кашида, бо таъсиси рӯзномаи ноҳиявии “Ҳақиқати Ҷиликӯл”(собиқ “Байрақи коммунизм») пешаи рӯзноманигориро ихтиёр кард. Шурӯъ аз соли 1981 то соли 1995 дар идораи ҳамин рӯзнома ба сифати мусаҳҳеҳ, ходими адабӣ, мудири шуъба фаъолият нишон дода, аз соли 1995 то инҷониб ба ҳайси сармуҳаррири рӯзнома адои вазифа дорад.

Сайидаҳмади Ҳасан соли 1992 ба аъзогии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, соли 1998 ба аъзогии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуда, соли 2000 бо нишони сарисинагии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» сарфароз гардида.

Ибтидои солҳои 80- ум намунаи эҷодиёташ дар маҷмӯаҳои дастҷамъии «Навсафар», «Чашмасор»  ба нашр расида. Маҷмӯаҳои очерку ҳикоёт ва қиссаҳояш бо номҳои «Тақлид» (1989), «Боли мардум»(2000), «Дод аз дасти бозор» (2001), «Ҳамнавои зиндагӣ» (2003), «Ҷиликӯли бостонӣ», «Хурӯсчӯҷаҳо», «Накӯном» (2004), «Қиссаи Ких»(2011), «Ҷанговарони ҷасур» (2011, бо ҳаммуаллифии бостоншинос Давлат Халил), «Қиссаҳои ҷангӣ»(2015, бо ҳаммуаллфии Бобо Нуралӣ) аз тариқи нашриётҳои мухталиф рӯи чоп омадаанд. Соли 1991 повести ҳаҷвиаш  бо номи «Шикаст» дар маҷаллаи «Садои Шарқ», намунаи ҳикоёташ  дар китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» барои синфи 3 (соли 1995) нашр шуда.

Нависандаи Халқии Тоҷикистон шодравон Ҷонибек Акобирро устоди худ мешуморад.

Соҳиби 7 нафар фарзанд ва набераҳо.

Суҳбате доштем бо Сайидаҳмади Ҳасан, як тан адиби деҳот, перомуни он ки завқи китобхонӣ дар инсон аз куҷо маншаъ мегирад ва он чӣ нақше дошта метавонад дар тақдири инсон.

- Нахуст, суоли анъанавӣ: чӣ боис гардида ва ё кадомин омилҳо нақш бозида, ки дилбастагӣ ба насри бадеиро дар меҳвари қалби хеш ҷойгузин намудед?

- Ба ман насиб будааст, ки бинобар тезхон буданам, муаллимон шуруъ аз синфи сеюм хондани матнҳои бадеӣ, амсоли ҳикоя, афсона ва достонҳоро, чӣ аз китобҳои дарсӣ ва чӣ аз китобҳои алоҳидаи бадеӣ, ба зиммаам гузоранд, мисле ки уҳдадорам гардонда. Яъне, ҳамин ки мавзӯи нав бо чунин жанрҳо шуруъ меёфт, муаллимон эълон медоштанд: «Бодиққат бошед, ҳозир Сайдаҳмадҷон баланд- баланд мехонад, мазмунашро як бор нақл ҳам мекунад, ана, баъд мо саволу ҷавоб мегузаронем». Ҳосили ман, бардошти ман, дарёфти ман аз афсонаю ҳикоятҳо нисбат ба ҳамсинфонам дигаргуна буд: мани кӯдак дар дунёи дигар мезистам, дунёе, ки ба замми рангорангу зебо буданаш, дӯсту рақиб, сулҳу ҷанг, оромию нотинҷӣ, таззоду бархӯрдҳо дошт. Ва иҷборан асири  воқеоту ҳодисоти маводҳои хондашуда монда, хаёлан бо қаҳрамонони онҳо рӯз мегузарондам, бархӯрд доштам, зиёд аз тақдири онҳо меандешидам, шодию ғам ҳамшарикам буд, бо ғалабаи некӣ бар бадӣ, торикӣ бар рӯшноӣ руҳам меболид. Аз тасвири шаршара садои об, аз тасвири абр чак- чаки ба замин рехтани борон, аз тасвири деҳа овози бо ҳам омехтаи ба чаро рафтану омадани подаро мешунидам…  Эҳтимол дорад, муғчаи ихлосу шукуфти гули орзуям ба адабиёти бадеӣ аз ҳамон давра сарчашма гирифта.

- Чӣ хотироте дошта бошед?

- Чунон хотироти ширин, ки ҳатто мазаи асалу қаймоқ пеши он ночиз буда. Ёдам меояд, ки ҳини дар синфи сеюм хонданам китоби муқовааш сурхи ғафсе буд бо номи «Афсонаҳои халқи тоҷик», ки 17 сӯму 50 тин(агар хотиротам кундӣ накарда бошад) қиммат дошт. Муаллим(равонаш шод бод) Абдуғаффор Ҷалолов дар дарси хониш хондани, ана, ҳамон китобро мефармуд. Қиссаҳои аҷибу хотирмоне дошт китоб, ба мисли «Девонаҳусайнӣ», «Тоҳир ва Зуҳро», «Чӯбаки сандалвор» ва ғайраҳо, ки то имрӯз маро хаёлан савори бодбони баҳри хаёлот ба соҳилҳои дури дур ва нопайдоканор мебарад ва ҳеҷ не, ки фаромӯш карда бошам. Чунин менамуд, ки ин китоб муаллими дуюмамон буд, ки роҳи хубу роҳи бадро ба мо нишон медод, инсофу адолат ва ҷавонмардӣ меомӯхт, мавқеи инсон ва эҳтиром доштани онро бармало нишон додаю талқин мекарда. Ростӣ ҳамеша иқтизои онро дорам, ки ана ҳамон китоб, китоберо, ки бароям даричаи олами рангин, дунёи сеҳру афсона, ҷаҳони рангорангро мекушуд, боз як бори дигар бо чашмонам бубинам ва онро муҷаддадан  хонда, хешро дар гардуни зебои кӯдакӣ пиндорам.

Ва ё ҳамон давра бо оғози моҳи шарифи рамазон одатан калонҳои деҳа масҷидро дар хонаи мо қарор медоданд. Сӣ-чиҳил нафар ҷавонону солмандон шабҳо дар ҳуҷраи калони мо намози ҷамоат мегузориданд. Баъди адои намоз ҳар шаб маро хондани китоби «Гурӯғлӣ» мефармуданд. Ва мани хонандаи синфи чаҳорум як соат қиссаҳои аҷоибу ғароиби он китобро бо майлу рағбат, ҳатто, гуфтан мумкин, мисли одами гуруснаи нон, ҳарисона мехондам. Борҳо воқеъ шуда, ки ихлосманди қиссаи «Гурӯғлӣ» акаи Сироҷ(равонаш шод бод, қурбони ҷанги шаҳрвандӣ гардид) ба ман даҳ сӯмӣ мебахшид, ки он солҳо қимати як халта орд ҳамин қадар маблағро ташкил медод. Ёдам буда, ки мардум «Гурӯғлӣ»- ро зиёд дӯст медоштанд, байнашон инсонҳои фарҳехта кам набуд.  Зимни хондани банда аз паҳлавониҳои Авазу Нуралӣ ба ваҷд меомаданд, ба  ҳилаю найрангҳои Аҳмадшайтон қоил мешуданд. Ҳатто баъзан ҳамдигарро бо шӯхӣ Аҳмадшайтон ном мебурданд. Ҳайфо, ки имрӯз чунин иштиёқ дар қалби мардум ба китобу мутолиаи он кам монда ва ё намонда.

Мактабе, ки дар хурдӣ таҳсил доштам, ибтидоӣ буд. Китобхона надошт. Рӯзе муаллимамон Аҷик Мирзоев(устод соли гузашта аз дунё реҳлат карданд, равонашон шод бод), ки мо хонандагони синфи чаҳорумро сабақ мегуфтанд, аз дастам гирифта ба китобхонаи маркази ноҳия, ки ду километр фосила мегирифт, бурд. Чун дарро кушода қатори рафҳои пури китобро дидам, хаёлам ин ҷо боғистони китоб буда ва зуд мултафити он гардидам. Дар назари мани кӯдак гӯё ҳама китобҳои рӯйи олам ин ҷо ғуноварӣ шуда. Он шамимеро, ки бори аввал аз китобхона ҳис кардам, то имрӯз чун ҳавои матбуъ ба димоғам меояд- бӯи китоб, бӯи коғаз, бӯйе, ки фақат дар китобхона буда, на дар ҷои дигаре.

Маро ба ихтиёри худ гузоштанд, то дилхоҳ китобро интихоб намоям. Назарамро китобчаи хурдакаки суратҳои зебои рангадоштае ба худ кашид ва онро интихоб кардам. «Дастпӯшак» ном дошт китобча.

Аз китобхона ҷониби хона роҳ пеш гирифтам. Ҳариси хондани китоб, ки будам, сабрам шикаст ва роҳравон китобчаро кушода, саҳифа ба саҳифа мутолиа кардам. Мазмун ва ҷанбаи тарбиявии ин афсона  ҳоло ҳам ба ёдам монда. Ин афсона инсонҳоро ҳушдор медод, ки дар зиндагӣ бепарво набошанд. Воқеаҳои сеҳрангези дар афсона тасвирёфта маро чунон ба бағали худ кашиду мутеам гардонд, ки ба хона нарасида, хондани китобчаро анҷом додам. Бешак, ин китобча мазмунан мудовими китобҳои қаблан хондаам буд дар саҳнаи ҳаёт ва набардҳои зиндагӣ. Он ҳолат ба сарам борони маломат рехтам, ки чаро аз чунин китобчаҳо се- чорто нагирифтам. Китобча барои хондан як ҳафта муҳлат дошт ва то давраи  супурдан рӯзе як маротиба мутолиа доштам ва ҳар дафъа мисле ки бори аввал мехонда бошам, олами дигареро барои худ кашф мекардам. Тасвири манзараҳои ҷангал, боридани барф, зимистони қаҳратуне, ки музоҳими ҳаёти сангини ҳайвонҳо гардида, ҷонталошии мӯшак барои аз ҳалокат раҳидан… ҳамаи ин мани кӯдакро бо қолини парвози хаёлӣ ба олами рангине мебурд, муқайяди зиндагии дигаре мегардонд, ки тасаввураш лаззатбахш буда. Ростӣ имрӯз, ки ба синни шасту се- солагӣ расидаам, хаёлан бо китобҳои дар бачагӣ хондаам гуфтугӯ дорам.

- Оё волидайн дӯстдорию пайвандии шуморо ба китоб, ба ин ганҷи бебаҳо, ки дар замири инсон инқилоби фикриро меангезаду тухми некиро парвариш медиҳад, мушоҳида карда тавонистанд ва агар «ҳа» онро чӣ гуна пазируфтанд?

- Волидайн аз он лиҳоз, ки касалманд будаму дар кори ҷисмонӣ пештоз на, аз муттафиқ  гардиданам дар ҷодаи китобхонӣ парчами ҳамдилию ризоияти хешро барафрохтанд. Хосса, падарам, ки дилбохтаи санъат, шеъру ғазал, ҷазбманду муштоқи таронаҳои марғубу дилчаспи акка Шариф Ҷӯраев буданду дар маъракаҳои мардумӣ бо дутор ҳофизӣ доштанд, пандам медод: «Бачам, ту дар кори ҷисмонӣ пиёдаӣ, думи мактабу китоба бигир, ана, ҳамонҳо ёрат гардида, обруят мебахшанд, нони даҳонатро ёфта медиҳанд». Аммо шуғли девонавор китобхониамро модари отифаам талаққӣ накард, шояд аз ҳадди эътидол баромада будам. Ӯ либоси норизоӣ ба тан пӯшида, ҳам таъкид мекардаю ҳам ҳушдор медода, ки «Ту бачам, худат ҳис надорӣ, ки ҳаракатҳоят ноаён тағйир ёфта истодаанд. Ҳатто сари дастархон ҳам китоб мехонӣ, хавф мебарам, ки ғафлат фикрию васвосӣ нашавӣ?».

Оилаамон сернуфус буд, аммо ман хаёлан аз онҳо ҷудо будам, мунҳасири(иҳоташудаи) воқеоти китоби хондаам будам: бо қаҳрамонони асарҳо мезистам, аз тақдирашон меандешидам, дар ботин бо эшон гуфтугӯ доштам, ғусса мехӯрдам, дард мекашидам, гоҳи дигар ҷаҳони шодмониам домани васеъ мегирифт.

Дар синфҳои шашу ҳафт аллакай романхон шудам. Китобҳоро аз мағозаи китобфурӯшӣ мехаридам. Рафоҳи вақтамро дар мутолиаи китоб медидам. Китоб ҳотифи майлу хоҳишам буд. Ҳар андоза бисёр мехондагӣ шавам, ҳамон андоза дуди мухолифати модар боло мегирифт ва дар садади пешгирии ин кор мегардид. Аввал тавонистам, ки бо сабабе дар пеши роҳи ӯ монеа эҷод бикунам ва шасти ӯро каме ҳам бошад, паст фарорам. Сабаб ин гардида, ки тағои модарам бо номи Сафар Одинаев дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бенишон гашта буд, модарам дар ҳасраташ ғубори ғаму андӯҳ дошта, пайваста сиришки чашм меафшонд.

Боре асари калонҳаҷми «Вафо»- и устод Сотим Улуғзодаро харида хондам. Бинам, ҷараён ва инкишофи воқеоти асар ба он нақлҳое, ки модарам дар бораи тағояшон медоштанд, мисли гӯшту нохун хеле пайвандӣ доранд. Чун инро ба модарам дарак додам, фармуд, ки китобро баргашта аз сари нав наздаш бихонам. Барои муҷаддадан хондани китоб пару бол баровардам, мисле ки парвозӣ шуда. Ҳамин тариқ, баъди анҷоми  корҳои хона ман китоби «Вафо» мехондаму модарам чиллик ресида истода, гӯш фаро медоданд. Шиддати воқеоти асар модарамро ба таҳрик оварда, дар ҳасрати тағояшон аз дида об мерезонданд. Ҳам ман ва ҳам модарам сад дар сад хаёл доштем, ки нависанда дар бораи тағоямон навиштааст, чаро ки на танҳо номҳою касбҳои қаҳрамонон, балки воқиаҳои асар ҳам бо нақлҳои модарам ҳамрангӣ доштанд. Ҳавзи чашмони пуроби модарамро дида, ман ҳам баробари ӯ дар деги ғубору ҳасрат тар мешудам.

Ба ин васила модарам то хеле муддат рӯзҳояшро хаёлан бо воқеаҳои асар кӯр карда, мухолифаташро мавқуф гузошт ва ман лоуболона мутолиаи китоб доштам.  Аммо аз байн як сол гузашт ё на, рӯзе бинам, китобҳои хондаам аз ҷои гармашон ғайб зада. Тамоми кунҷу канор ва гӯшаҳои хонаро хокбез кардам, аммо аз онҳо на пай мондаю на ҳайдар. Баъд модарам узромез иқрор гаштанд: «Писарҷони ширинакам, ҳамаашонро ба танӯри алов андохтам, то ин ки шуълаи ишқи китобхониат сард бигардад. Ҷони оча, магар ман намехоҳам, ки ту хонию ояндаат пурнур ва гул барин шукуфо гардад? Аммо китобхониатро дида хавф мебарам, ки мабодо рӯзе ба ту ягон зиён расад. Китобхонӣ ҳам меъёр дорад. Китобхоние, ки ту дорӣ, девона шудан мумкин. Ҷони оча, ту- ку худат ҷисман касалмандӣ, боз намехоҳам рӯҳан бемор бигардӣ, саломатии ту барои ман аз ҳама гуна давлату сарват боло меистад».

- Эҷодиёти адиб гулшани рози худи адибро мемонад. Мегуфтед, ки нахустин гулҳои рози шумо, яъне чакидаҳои эҷод кай гулшанатонро сарсабз гардонд?

- Хишти нахустини фаъолияти рӯзноманигорию адабиам айёми мактабхонӣ гузошта шуд. Он давра баъзе хабарҳоям дар рӯзномаи «Ҳақиқати Колхозобод» ва лавҳаҳои адабиам дар нашрияи ҳамонвақта машҳури «Пионери Тоҷикистон» рӯйи чоп омада буданд. Айёми донишҷӯӣ бошад, дар нашрияҳои «Ба қуллаҳои дониш»- и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. «Машъал», «Пионери Тоҷикистон» пешниҳоди хонанда гардиданд. Ҳамон давра шоир Нозирҷон Боҳирӣ, ки дар нашрияи «Пионери Тоҷикистон» заҳмат мекашиданд, кӯмаку хайрхоҳиашонро дар чопи навиштаҳоям дареғ намедоштанд. Шурӯъ аз солҳои 80- ум то инҷониб дар таҳриру такмил ва нашри эҷодиётам устоди гиромиқадр, Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷонибек Акобир(рӯҳашон шод бод) заҳмат мекашиданд. Эшон устоди манн буданд.

- Ёд дорам, миёнаҳои солҳои 80- ум Сайидаҳмади Зардон низ ҳамроҳи Шумо дар рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Ҷиликӯл»(собиқ «Байрақи коммунизм») фаъолият дошт ва ҳарду ба хонандагон ҳамчун нависандаи ҳаҷвнигор шинохта шуда будед. Аммо имрӯз ҳарду ҷиддӣ менависед, чӣ боис гардида?

- Дар мавриди банда дуруст қайд кардед. Аммо Сайидаҳмади Зардон дар асарҳои ҷиддиаш ҳам образҳои ҳаҷвие меофарад, ки бо хислат, феълу атворашон дар адабиёти муосир такрорнашавандаанд. Хӯш, чаро ман аз ҳаҷв ба ҷиддӣ гузаштам? Ба фикрам ин таъсири ҷанги ҳамватанӣ буд. Инсонҳои эҷодкор ҳассосанд. Аз ҷузъитарин воқеоти нохӯш, манозири дилхарош, амали шигифтангез, сухани ноҷо алам мекашанд ва ин алам аз қалбашон зуд зудуда нашуда, тӯлонӣ азобашон медиҳад. Аз як хонаи мо дар ҷанги ҳамватанӣ чаҳор нафар бегуноҳ ба қатл расид. Дарду доғи фарзандон рагу пайванди падарамро дарун ба дарун обу адо кард, аммо инсони боғурур, ки буд, назди мардум рӯшод намедошт. Шабҳои дароз дар фироқи фарзандон мижжа таҳ карда наметавонист. Ҳар шаб соатҳои яку ду гирди хона панҷ- шаш маротиба чарх зада, бо овози баланд «вой бачаҳом, вой бачаҳом» гӯён нола медошт ва бо ҳамин васила алами қалбашро паст нишонда, ғанаб мерафт. Баъди се сол қиблагоҳ наздамон ногаҳон болои курпача дароз кашид ва байни ҳамагӣ ним соат ҷон ба ҷонофарин таслим кард. Хоҳари хурдиам, ки эркаи падар буд, қиблагоҳро зиёд дӯст медошт ва ӯ дар фироқи падар тоб наоварда, ғафлат аз дори дунё рафт. Аз ҳамаи ин дарду алами хонаводагӣ ва нобасомониҳои солҳои навадум шавқи зиндагӣ, ба як ҳисоб, дар қалби ман мурда буд, аз куҷо ба ҳаҷв ҷой мемонд?     

- Боре ҳам чунин шуда, ки ҳангоми чопи маҳсули қаламатон бо масъулини нашрияҳо ихтилофи назар воқеъ гардида бошад?

- Аввалан, кори эҷодӣ бе ихтилофи назар набуда. Бошад ҳам, он ба манфиати худи адиб хоҳад буд, зеро «Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад» фармудааст Мавлоно. Дар ин маврид хотираи неке дорам, ки алъон баён медорам: солҳои ҳаштодум «Бобои Мирзо» ном ҳикояи калонҳаҷмамро ба хотири чоп ба рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ»(имрӯз «Ҷумҳурият») супурдам. Устод Мутеулло Наҷмиддинов (равонашон шод бод!) онро варақ заданду иброз доштанд: «Ҳаҷмаш барои рӯзномаи мо калон, вале мешуданӣ бошад, манзури хонанда мегардонем». Аз байн ду- се моҳ чун хобу хаёле паси сар шуд. Рӯзе ба хонаи як дӯсти ҳамсоядеҳаамон меҳмон шудам. Модари дӯстам ҳини суҳбат аз ман суол кард:

- Сайдаҳмадҷон, аз он воқеа бохабар шудӣ?

- Аз кадом воқеа?- тааҷҷуб кардам.

Қисса кард:

- Навакак аз Кӯлоб, аз тӯйи хешовандонам баргаштам. Он ҷо, дар маъракаи занон, нақл карданд, ки дар шаҳри Кӯлоб ҳини ҷаноза болои мурда ҷанҷол шудааст.

- Ҷанҷоли чӣ?- ҳайратам афзуд.

Шарҳ дод:

- Шахсе дар гардани майит қарз доштааст. Қарзхоҳ пеш аз ҷаноза аз фарзандони майит даъвогари қарзаш шудааст. Майит се писари ҳузарби чорпаҳлуи куҳро зада талқон мекардагӣ доштааст, аммо яктааш набудааст. Дуи дигар ба ҷои амонатро баргардондан саркашӣ карда, қарзхоҳро «ҳилагар», «фиребгар», «туҳматчӣ» номидаанд. Маҷбур мешаванд, ки духтари майитро ҷеғ зананд то ҳақ ба ҳақдор бирасад. Духтар назди ҷанозахонон талаби қарзхоҳро тасдиқ мекунад.. Бечораи муштипар оби дида резонда, бо гардани хам «Ман сабабгори гуноҳ шудан намехоҳам, шахсан худам кор карда, ҳатман қарзро бармегардонам, фақат мурдаи падарамро дар нимароҳ намонед» гӯён зораю тазарруъ мекунад. Он лаҳза бо таклифи домулло аз ҳозирин як линга пул ҷамъ карда ба қарзхоҳ медиҳанд. Аммо ӯ ҷавонмардона пулҳоро баргардонда мегӯяд: «Ростӣ, мақсади ман баргардонда гирифтани қарзам набуд. Ин як санҷише буд дар ҳаёт то хостам бидонам, ки писарони майит ҷавонмардиашонро, яъне нангу номусашонро дар адо қарзи падар чӣ гуна нишон медода бошанд. Маълум гардид, ки нангу номуси духтари майит нисбат ба писаронаш дучанд болотар будааст».

Баъди анҷоми ин нақл аз дилам гузашт, ки дар маърака сухан аз ҳикояи ман рафтааст, зеро сужаи ҳикоя қариб ки чунин мазмун дошт. Бастаи «Тоҷикистони Советӣ»- ро варақ задам. Бинам, ҳикояам андаке пештар чоп шуда будаасту ман бехабар монда. Росташ, бинобар тангии вақт ҳикояро нахондам. Баъди як моҳ ба шаҳр омада, бо устод Мутеулло Наҷмиддинов вохӯрдам. Устод бо ҳамон бузургиашон аз худ хоксорӣ нишон дода, узромез гуфтанд:

- Сайдаҳмадҷон, ҳикояатон хуб баромада буд, вале аз зарурат ба он ҷумлае илова кардам. Агар он иловаи кӯчаки банда  ноҷо афтода бошад, бахшиш.

Аз дилам гузашт, ки устод дар ҳикояам илова дароварда будаанду ман ғофил. Кошки онро мехондаму воқиф мегардидам. Ҳозир мабодо фикрамро пурсанд, чӣ ҷавоб медиҳам? Шармандагӣ! Хайрият, устод аз иловаи воридкардаашон чизе напурсида, суханашонро шарҳ доданд:

- Охир, ин хел намешавад, ки аз се писар ҳарсе дар адои қарзи падар носипосу нохалаф бошанд. Мо бо эҷоди худ бояд тарбиятгару роҳнамои хонандагон бошем. Нагузорем, ки ҳисси дилсардӣ аз фарзандон дар вуҷуди волидайн тасаллут ёбад. Барои ҳамин дар ҳикояат як ҷумла бо ин мазмун илова кардам, ки «агар писари сеюми майит дар Шарқи Дур машғули хизмати аскарӣ нею ин ҷо ҳузур медоштанд, қарзи падарро, албатта, адо мекарданд». Росташро гӯям, ин фикр дар рӯзи читкахонӣ ба сарам омад.

Воқиан, устод ба ҳикояам ҳам дурандешонаю ҳам тарбиятгарона илова ворид карда буданд.

- Маълум, ки адабиёти бадеӣ тарбиятгари инсонҳост ва на саҳнаи театру на саҳнаи кино натавонанд ҷои онро иваз кард. Аммо рушди оламгири илму техника наздикию пайвандии одамонро бо адабиёти бадеӣ заиф гардондааст, яъне имрӯз кам китоб мехонанд, дастрасии мардум аз нархи дандоншикани китоб дида ба фитаҳои ду- се сомонаи филмҳои алоҳидаю силсилафилмҳо, ки онҳо ҳам бо сенарияи адибону алоқамандони адабиёт эҷод мегарданд, осонтар аст. Ба андешаи шумо, ҳамчун як адиби музофотӣ, ояндаи мутолиаи китоб дар ҷомеа мусбист ва ё манфӣ?

- Даҳ сол қабл ояндабинии олимеро дар рӯзномае хонда будам, ки гӯё насли солҳои 50- ум чӣ будани коғазро намедонанд, зеро то он давра пешрафти осмонхези  илму техника коғазро аз байн мебарад ва ҷои онро чизи дигаре, шояд ба таъбири имрӯза пластика ё ивазкунандаи нави он, гирад. Ба воқеият табдил ёфтани ин андешаи дурбинона қобили қабул ҳам шуданаш мумкин. Аммо ин набояд ҷои нигаронӣ бошад, зеро имрӯз рӯзномаю маҷалла  ва китобҳои илмию бадеиро тавассути сайтҳои интернетӣ низ фаровон мутолиа доранд, дар фитаҳо гирифта мехонанд. Ин ҳанӯз марҳалаҳои аввали кор буда. Ҳатто соли хониши имсола дар мактабҳои миёнаи Русия бачаҳо фаннеро тавассути китоби дарсии электронӣ хоҳанд омӯхт. Пас, хоҳ- нохоҳ бо имтидоди замон мутолиаи асарҳои бадеӣ аз ҷониби ҳаводорону завқмандони адабиёт, тариқи сайтҳои интернетӣ ва ҳамзамон дискҳо сурат мегирад. Имрӯз суръати рушди технологияи иноватсионӣ парвози ракетаро мемонад. Итминон аст, ки  солҳои панҷоҳум ҷои интернетро боз технологияи наву пешрафтаи дигаре хоҳад гирифт, ки алҳол дар тасаввури мо ибҳом буда. Дар ин сурат дастрасӣ ба асарҳои бадеӣ ва мутолиаи он бо шаклҳои дигар эҳтимол дорад, беҳтар гардад. Ҷои тардид набуда, мо аз қадим то имрӯз бо китобҳои коғазӣ одат карда омадем, боке нест, вақташ расад, бо маҳсули технологияҳои иноватсионии наве, ки китобро дар шакли дигар истеҳсол мекунад,  одат мекунем. Албатта, ҳар чизи нав ибтидо гумону шубҳаро тавлид месозад, аммо ба баъд он ҷои худро дар ҷомеа дармеёбад. Ин паргори ҳаёт аст: бо тақозоии давру замон майдони адабиёти бадеӣ гоҳе танг ва гоҳе васеъ мегардад, аммо ҳеҷ гоҳ холӣ нахоҳад монд, он хоҳ дар шакли китоби коғазӣ бошад ва ё ғайрикоғазӣ.

- Назари Шумо ба силсилафилмҳои бозорӣ чӣ гуна буда?

- Замоне буд, ки силсилафилмҳои Ғарб, амсоли «Сарватмандон ҳам мегирянд», «Санта Барбара», «Мариана», «Кармелита»… дар завқи қисме аз қишри ҷомеа ҳокимӣ доштанд. Онҳо бо вуҷуди паҳлуҳои мусбӣ доштанашон бо хусусиятҳои миллии мо ҳамсадо набуданд. Аммо имрӯз силсилафилмҳои туркӣ пештозанд, вақтҳои охир маҳсули ҳунармандонӣ ҳиндӣ ҳам дар бозор харидор дорад. Онҳо бо урфу одат ва хусусиятҳои миллии ҳаёти мо наздиканд. Аммо росташ ман ба ҳеҷ гуна чунин филмҳо, на Ғарбию  на Шарқӣ таваҷҷӯҳ надорам. Чаро? Зеро қариб, ки дар кулли чунин филмҳо тавоноии макру фиреб, ҳилаю найранг, дурандешии авомфиребона намоиш дода мешавад ва ё дар ҷои аввал меистанд. Рӯшантар гӯем, муборизаи некӣ бар бадӣ, нур бар зулмот, хайру сахо бар чоплусию ғоратгарӣ заифона аст. Қаҳрамонони мусбӣ аз оғоз то интиҳо бинобар аз фитнаҳои ҳаёт ғофил мондан бозичаи дасти қаҳрамонони манфӣ- маккорон, аёрон, ҳилагарон гардида(мисле ки гурбаи шикамсер бо сайди ба дастовардаи худ- муш бозӣ мекунад) дар деги оташи фитнаи онҳо месӯзанд. Маҳз бо ҳамин усул муаллифон барои ҷалби тамошобину бозоргир гардидани филм асабҳои тамошобинонро чунон бозӣ медоронанд, чарх мезанонад, пасту баланд мекунанд, ки ба онҳо хавфи бемориҳои рӯҳию фишорбаландӣ таҳдид мекунад. Аммо ҳастанд силсилафилмҳои мустақили туркӣ, ки сужаи онҳо мазмуни «чоҳкан зери чоҳ»- ро мемонад ва ба тамошобин ҳикмати бузурги Қуръони азиммушаънро хотиррасон мекунанд. Хушбахтона, чунин филмҳо гоҳҳо тавассути шабакаҳои телевизион намоиш дода мешаванд, ки ба манфиати ахлоқи ҷомеа равона мегарданд.

- Адибро чӣ гуна метавон тасаввур кард ва оё ҳар ки аз рӯйи ҳавою ҳавас шеъру ҳикоя эҷод дорад, адиб ном мегирад?

- Нависандагию шоирӣ истеъдоди модарзодист, ки аз ҷониби Худованд ба қисмате аз одамон ато мегардад, ба мисли рассомӣ, мутрибӣ… Тавре ки ҳама рубоб навохта наметавонанд ва ҳама расм кашида наметавонанд, ҳама шеъру ҳикоя ҳам навишта наметавонанд, дар ин ҷода оҷизу дасткӯтоҳанд. Масалан, чаро нависандагию шоирӣ, рассомию машшоқӣ ва хунёгарӣ метавонад авлодӣ шавад? Зеро ин истеъдод дар хуни инсон аст. Дар хун , ки ҳаст, аз падар ба фарзанд мегузарад. Албатта, бо тарбия метавон инсонро шоиру нависанда ва ё рассому овозхон кард, аммо он ояндаи хушбин надорад. Он дарбеҳи либосро мемонад ва ё мисли он ки тавассути ҷарроҳӣ ба инсон ягон узви сунъӣ мемонанду он дер ё зуд дар ҷисм мушкилот бунёд мекунад ва баъдан ғафлат тарки фаъолият хоҳад кард.

Тафаккури адиб баробари тафаккури ҷомеа нест, балки аз он пеш аст ва бояд ҳамин тавр ҳам бошад. Чун тафаккури адиб аз ҷомеа пеш аст, пас ояндаро ӯ наздиктар мебинад, ниёзҳои ҷомеаро дарк мекунад ва маҳзи ҳамин хонандагонро барои шукуфоии ҳаёт, бунёдкорию созандагӣ, ахлоқи ҳамида бо асари хеш пеш мебарад. Ба ин хотир агар гӯем, ки адиб парчамбардор, тарбиятгар ва муроқиби руҳи инсонҳост дар роҳи нек, ҳидоятгари худшиносии инсонҳост дар ин фалаки даввор, хато намешавад.

Адибро чӣ гуна метавон тасаввур кард? Фаразан, боғбон ниҳолро мисли фарзанд дӯст дошта парвариш мекунад, ҳар сол шоху навдаҳои зиёдатиашро мезанад, обу ғизо медиҳад. Табиб ҳам василаи табобат бо дору инсонро шифо мебахшад, ӯро ба по мехезонад. Аммо агар адибро дар мавқеи онҳо гузорем, намешавад, чаро ки ӯ на бо ҷисми инсону танаи дарахт, балки бо пиндор, андеша, тасаввур ва хаёлоти инсон сари кор мегирад, ӯро ба роҳи дуруст ҳидоят месозад, аз ӯ як инсони фикран солиму комил пешкаши хонанда мегардонад, то хонанда ҳам мисли ӯ бошад. Яъне адиб на шифобахши ҷисми инсон, балки тарбиятгари рӯҳи ӯст, ки чунин вазифаи мушкилро ҳунар ва ё касби дигар ҳеҷ гоҳ натавонад сариштаю уҳда кард.

Адибро боз чӣ гуна метавон тасаввур кард? Масалан, дигар одамон барги дарахтро сабз мебинанду бас. Аммо адиб ҳаёту мамоти баргро ба мисли ҳаёту мамоти инсон тасаввур карда, хаёлан бо он ҳамдард мешавад, гуфтугӯ менамояд. Масалан, ман ҳеҷ гоҳ намоишҳои телевизиониро дар бораи олами вуҳуш тамошо карда наметавонам, чаро ки асабам намебардорад. Ҳамин ки шер ё паланг ҳайвонеро аз галааш ҷудо карда дунболагир мешаванду бо иҳота ба замин хобонда, нӯши ҷон мекунанд, гӯё маро ва ё инсонеро хомталош мекарда бошанд, вуҷудамро даҳшат фаро мегирад ва зуд шабакаро тағйир медиҳам. Дар роҳ корвони мӯрчаҳоро бинам, поямро боло бардошта мегузарам, то ин ки зер накунам, зер кардам агар, як гӯшаи қалбамро ғам мегирад, ки онҳоро аз ҳаёт бенасиб гардондам. Охир ҷон ба ҳама ширин аст ва ҳама ҳаётро дӯст медорад, пас чаро онро, бигузор мӯрча ҳам бошад, аз ҳаёт маҳрум бисозем?

-Имрӯз қалами андешаи шумо сари кадом мавзуъ кор гирифтааст?

-Романеро бо номи «Худозада» таълиф карда, аз назари нависандаи хушбаён Сайидаҳмади Зардон гузарондам, бо тавсияи эшон таҳриру такмил карда, ба маҷаллаи миллии «Садои Шарқ» пешниҳод намудам. Боқӣ, ҳукми онҳо…

-Ташаккур мегӯем ба Шумо барои чунин як суҳбати самимӣ. Умед мебандем, ки асари наватон рӯи чоп омада, завқи ҳаётдӯстии хонандагонро боло мебардорад. 

-Аз Шумо ҳам ташаккур мекунам.

Мусоҳиб Давлати Султон, махсус барои «Рӯзгор» 

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi